Афсонаи пеш аз хоб
Адиб ҳама корро анҷом додааст, то таваҷҷуҳи хонандаро ба хондани китоб ҷалб созад. Тарзи нигориш, баён ва равиши эҷод барои муваффақ шудани адиб созгор аст. “Афсонаи пеш аз хоб” хонандаи хурдсоли худро бо суолу ҷавобҳои Доро бо узвҳои бадани худ ба масири наве мебарад, ки дар он инсон метавонад дар ҳамоҳангӣ бо худ дар зиндагӣ муваффақ ва комёб гардад.
Барои даст ёфтан ба чунин натиҷа танҳо зарур аст, ки мо аз хислатҳои манфии худ, ба мисли ғурур ва ҳавобаландӣ, худпарастӣ ва худхоҳӣ, раҳо ёбем ва бо гўш додани ҳарфи бузургону эҳтиром кардани калонсолон ва омўзгорон одат кунем.
Доро мисли бисту як иафар ҳамсинфаш як бачаи муқаррарист. Ҳар субҳ ба мактаб меравад, нисфирӯз ба хона бармегардад, рӯзҳои шанбею якшанбе истироҳат дорад. Одобу донишаш бад нест. Агар андак кӯшиш кунад, ба қатори бачаҳои боинтизом дохил хоҳад шуд.
Доро мисли бисту як нафар ҳамсинфаш як бачаи муқаррарист. Ҳар субҳ ба мактаб меравад, нисфирўз ба хона бармегардад, рўзҳои шанбеву якшанбе истироҳат дорад.
Одобу донишаш бад нест. Агар андак кўшиш кунад, ба қатори бачаҳои боинтизом дохил хоҳад шуд. Саводаш миёна, яъне рўзномааш пури “чор” асту гоҳ-гоҳ “панҷ” ҳам ба назар мерасад. Тозаю озода мегардад. Мисли Даврону Гуландом хушрў расм кашида натавонад ҳам, рубоб менавозад ва суруд мехонад. Дар ҳалли муаммо ва чистонгўиву чистонёбӣ ягон кас ба Доро баробар шуда наметавонад. Аммо футболро хуш надорад. Бозии теннисро зиёдтар меписандад.
Хуллас, Доро як бачаи муқаррарист. Лекин вай соҳиби як истеъдод аст, ки ягон бачаи олам надорад ва ҳар бача онро орзу мекунад!
Аммо аз ин хусус ҳеҷ кас хабар надорад. Падару модар, бибию бобо, хоҳару бародар, ҳақу ҳамсояҳо, ҳатто омӯзгорону ҳамсинфонаш огоҳ нестанд...
Баъзан лозим мешавад, ки Доро якбора бо чанд узви бадани худ дурудароз гуфтугӯ кунад. Ин қисса ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна як гуфтугӯи дароз аст, ки пагоҳӣ огоз ёфту шабҳангом анҷом ёфт.
Инак, бодиққат гӯш кунед.
Пагоҳӣ Доро ба мактаб омад. Дарси аввал хондан буд. Доро баҳои хуб гирифт. Аз дарси дуюм, ҳисоб, баҳояш аъло шуд. Вале вақте дарси сеюм сар шуд, Доро бо ҳар узви худ гуфтугў мекунад. Пагоҳӣ аз хоб хеста мепурсад:
– Пойҳо, пойҳо, шумо акнун чӣ кор мекунед?
Пойҳо мегўянд:
– Мо туро берун мебарем...
Ё Доро ба оина нигоҳ карда мегўяд:
– Салом, чашмони ман!
– Дуруд ба ту ! – ҷавоб медиҳад ду чашм баробар.
Доро метавонад бо гўш, бинӣ, даҳону дандон, абрувону мижаҳояш ҳам гап занад. Ҳар замон бо мўйи сараш гуфтугў мекунад. Дуруст, ки баъзан ғалоғула мехезад, зеро дар сар ҳазор-ҳазор мўй ҳаст ва ҳар кадоми он чизе гуфтан мехоҳад.
Бо дасту пой чӣ, бо нохуни ҳар ангушт гуфтугў карданашро шунавед, ангушти ҳайрат мегазед.
5Доро фаҳмид, ки қаламҳои рангаю албомашро наовардаст, дар хона фаромӯш кардаст.
- Барои чӣ бекор нишастӣ? - пурсид муаллима.
- Кани қалами рангаат? Куҷост албомат?
Доро дарҳол ба чашму гӯшу забону даҳон, умуман, ба тамоми узвҳои худ амр дод: «Зинҳор дурӯғ нагӯед!» Узвҳо бо як овоз ҷавоб доданд:
- Дар хона.
Аммо аз ин хусус ҳеч кас хабар надорад. Падару модар, бибию бобо, хоҳару бародар, ҳақу ҳамсояҳо, ҳатто, омўзгорону ҳамсинфонаш огоҳ нестанд...
Баъзан лозим мешавад, ки Доро якбора бо чанд узви бадани худ дурудароз гуфтугў кунад. Ин қисса ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна як гуфтугўи дароз аст, ки пагоҳӣ оғоз ёфту шабҳангом анҷом ёфт.
Инак, бодиққат гўш кунед.
Пагоҳӣ Доро ба мактаб омад. Дарси аввал хондан буд.
Доро баҳои хуб гирифт. Аз дарси дуюм, ҳисоб, баҳояш аъло шуд. Вале вақте дарси сеюм сар шуд, Доро фаҳмид, ки қаламҳои рангаю албомашро наовардааст, дар хона фаромўш кардааст.
– Барои чӣ бекор нишастӣ? – пурсид муаллима.
– Ку қаламҳои рангаат? Куҷост албомат?
Доро дарҳол ба чашму гўшу забону даҳон, умуман, ба тамоми узвҳои худ амр дод: “Зинҳор дурўғ нагўед!” Узвҳо бо як овоз ҷавоб доданд:
– Дар хона.
6мизи худ қаламу қоғази тоза оварда дод, ки Доро расми себ кашад.
Себе, ки Доро дар он қоғаз тасвир намуд, хушрӯ баромад. Муаллима дар кунҷи поён ва рости қоғаз баҳои хуб гузошту бори дигар огоҳ кард:
- Фаромӯшхотир нашав!
Дар мактаб ҳамин хел воқеа рӯй дод. Аммо дар – Барои чӣ?
– Барои он ки фаромўш шудааст.
– Кӣ акнун расми себ мекашад?
Доро ба ин суол ҷавоб дода натавонист. Хиҷолат кашиду сар хам кард.
– Дигар такрор нашавад, Доро! – огоҳ кард омўзгор ва аз мизи худ қаламу коғази тоза оварда дод, ки Доро расми себ кашад.
Себе, ки Доро дар он коғаз тасвир намуд, зебо баромад.
Муаллима дар поёни расм баҳои хуб гузошту бори дигар огоҳ кард:
– Фаромўшхотир нашав!
Дар мактаб ҳамин хел воқеа рўй дод. Аммо дар хона Доро тамоми рўз ошуфтаю парешон буд. Борҳо аз худ пурсид, ки чаро қаламҳои рангаю албомашро нагирифт. Хатои кист?
Дар куҷо ва чаро иштибоҳ кард?
Ба ин суолҳо дергоҳ ҷавоб пайдо карда натавонист. Шаб омад. Ҳаво торик шуд. Доро либосашро кашиду ба ҷойгаҳ даромад. Боз ҳамон суолҳо ба сараш омаданд: “Чаро қаламҳои рангаю албом фаромўш шуданд. Хатои кист? Гуноҳи чист? Дар куҷо ва чаро иштибоҳ кардам ?...”
«Аҳа! - ба худ омада нидо кард Доро. - Модарам
огоҳ ҳам карда будаст. Пас, чаро фаромӯш шуданд?..»
Ин лаҳза ба хона модараш даромад.
– Дороҷон, – гуфт вай, – ту имрўз қаламу албоматро фаромўш карда, мактаб рафтӣ. Вақте ношто мекардӣ, ба хотират ҳам расондам. Бо вуҷуди ин дар рўйи миз гузошта рафтӣ.
Бачаи фаромўшхотир нашав.
“Аҳа! – ба худ омад Доро. – Модарам огоҳ ҳам карда будааст. Пас, чаро фаромўш шуданд?...”
Нохост ба ёдаш расид, ки ин ҳамаро бояд аз чашму гўшу даҳону дасту пой ва дигар узвҳо пурсид.
- Вазифаи мо фақат роҳ рафтан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Туро аз зинаҳо бо эҳтиёт фаровардем, аз чораҳои пурмошин осонакак гузарондем, пешпо нахӯрдем, чусту чолок будем.
Туро ба мактаб дар вақташ расондем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби саволатро аз дастҳо пурс, Доро.
Доро ба пойҳояш ташаккур гуфту аз дастонаш пурсид:
Доро дар ҷойгаҳ рў ба боло гашт ва аз пойҳояш пурсид:
– Пойҳои ман, пойҳои ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда будааст-ку!
Пойҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо танҳо роҳ рафтан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Туро аз зинаҳо бо эҳтиёт фаровардем, аз чорроҳаи пурмошин осонакак гузарондем, пешпо нахўрдем, чусту чолок будем. Туро ба мактаб дар вақташ расондем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем.
Ҷавоби суолатро аз дастҳо пурс, Доро.
- Дастони ман, дастони ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда будаст-ку!
Дастҳо чунин ҷавоб доданд:
- Вазифаи мо фақат бардоштану бурдани китобдон буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Ёд дорӣ, дар автобус роҳкиро супурдем, як қуттичаи холиро аз рӯйи роҳ гирифта ба партовгоҳ афкандем, вақте ба мактаб расидӣ, бо бачаҳо вохӯрӣ кардем, чун ба ошхона даромадй, мо якдигарро тоза шустем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби саволатро аз забон пурс, Доро.
Доро ба дастонаш ташаккур гуфту аз даҳонаш Доро ба пойҳояш ташаккур гуфту аз дастонаш пурсид:
– Дастони ман, дастони ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда будааст-ку!
Дастҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо фақат бардоштану бурдани китобдон буд.
Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Ёд дорӣ, дар автобус роҳкиро супурдем, як қуттичаи холиро аз рўйи роҳ гирифта, ба партовгоҳ афкандем, вақте ба мактаб расидӣ, бо бачаҳо вохўрӣ кардем, чун ба ошхона даромадӣ, мо якдигарро тоза шустем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз забон пурс, Доро.
Забон чунин ҷавоб дод:
- Вазифаи ман фақат сухан гуфтан буд. Ман ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додам. Вақте аз хона берун мерафтй, ба модарат «Хайр!» - гуфтам, вақте дар кӯча пирамарде рақами хатсайри мошинеро пурсид, «Ҳаждаҳ!» - гуфтам, ба роҳгузарону ҳамсинфону омӯзгорон салом додам, ба саволҳои муаллима ҷавоби дуруст гардондам, ҳатто суруд хондам. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби саволатро аз чашмҳо пурс, Доро.
Доро ба дастонаш ташаккур гуфту аз даҳонаш пурсид:
– Забони ман, забони ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдӣ? Модарам огоҳ карда будаст-ку!
Забон чунин ҷавоб дод:
– Вазифаи ман фақат сухан гуфтан буд. Ман ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додам. Вақте аз хона берун мерафтӣ, ба модарат “Хайр!” – гуфтам, вақте дар кўча пирамарде рақами хатсайри мошинеро пурсид “Ҳаждаҳ!” – гуфтам, ба роҳгузарону ҳамсинфону омўзгорон салом додам, ба суолҳои муаллима дуруст ҷавоб додам, ҳатто суруд ҳам хондам. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз чашмҳо пурс, Доро.
Мо дар вақти варзиш карданат, либос пӯшиданат, ба мактаб рафтану аз мактаб омаданат бедору ҳушёр будем. Мо китоб хондем, ки ту савод бигирӣ, мо чароғаки сурхро дида, туро боздоштем, вақте чароғак сабз шуд, фармудем, ки аз роҳ гузарӣ. Агар мо ҳамроҳи ту намебудем, ҳатто аз хона берун рафта наметавонистӣ. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби саволатро аз гӯшҳо пурс, Доро.
Доро ба забонаш ташаккур гуфту аз чашмонаш пурсид:
– Чашмони ман, чашмони ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда будааст-ку!
Чашмҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо фақат дидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Мо дар варзиш карданат, либос пўшиданат, ба мактаб рафтану аз мактаб омаданат бедору ҳушёр будем. Мо китоб хондем, ки ту савод бигирӣ, мо чароғаки сурхро дида туро боздоштем, вақте чароғак сабз шуд, фармудем, ки аз роҳ гузар. Агар мо ҳамроҳи ту намебудем, ҳатто аз хона берун рафта наметавонистӣ. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз гўшҳо пурс, Доро.
Гӯшҳо чунин ҷавоб доданд:
Вазифаи мо фақат шунидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Мо садои занги соатро шунида, туро бедор кардем, хониши булбулонро шунида, туро хурсанд кардем. «Дороҷон, наҳорй тайёр аст!» - гуфтани мораратро мо ба ту хабар додем. Дар мактаб чӣ гуфтану чӣ пурсидани Доро ба чашмонаш ташаккур гуфту аз гўшҳояш пурсид:
– Гўшҳои ман, гўшҳои ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда будааст-ку!
Гўшҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо фақат шунидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Мо садои занги соатро шунида, туро бедор кардем, хониши булбулонро шунида, туро хурсанд кардем. “Дороҷон, наҳорӣ тайёр аст!” – гуфтани модаратро мо ба ту хабар додем. Дар мактаб чӣ гуфтану чӣ пурсидани муаллимаро мо шунидем. Дар роҳ ба чанд кас салом гуфтӣ, ҷавобӣ салому таҳсину офарини онҳоро шунидан кори мо буд ва мо инро хуб анҷом додем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз майнаат пурс, Доро.
муаллимаро мо шунидем. Дар роҳ ба чанд кас салом гуфтӣ, ҷавоби салому таҳскну офарини онҳоро шунидан кори мо буд ва мо хуб анҷом додем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби саволатро аз майнаат пурс, Доро.
Доро ба гӯшҳояш ташаккур гуфту аз майнааш пурсид:
- Майнаи ман, майнаи ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдӣ? Модарам огоҳ карда будаст-ку!
Майна чунин ҷавоб дод:
Доро ба гўшҳояш ташаккур гуфту аз майнааш пурсид:
– Майнаи ман, майнаи ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдӣ? Модарам огоҳ карда будааст-ку!
Майна чунин ҷавоб дод:
– Ман ҳокими гўшҳоям, ман ҳокими чашмонам, ман ҳокими забонам, ман ҳокими дасту пой ва тамоми узвҳои туям.
Агар ман ҳушёр набошам, ҳамаи узвҳо хато мекунанд. Вақте модарат туро огоҳ кард, ки қаламу албоматро бигирӣ, ту ба ман кори дигар фармудӣ, ба кори беҳуда машғул кардӣ. Аз ин сабаб гўшҳо нашуниданд.
- Ман ҳокими гӯшҳоям, ман ҳокими чашмонам, ман ҳокими забонам, ман ҳокими дасту пой ва тамоми узвҳои туям. Агар ман ҳушёр набошам, ҳамаи узвҳо хато мекунанд. Вақте модарат туро огоҳ кард, ки қаламу албоматро бигир, ту ба ман кори дигар фармудӣ, ба кори беҳуда машғул кардӣ. Аз ин сабаб гӯшҳо нашуниданд.
- Он кори беҳуда чӣ буд? - тааҷҷуб кард Доро.
– Он кори беҳуда чӣ буд? – тааҷҷуб кард Доро.
Майна чунин ҷавоб дод:
– Ту он лаҳза пойафзол мепўшидӣ. Онро дирўз туҳфа карда буданд. Наву оҳарӣ, чармину хушҷило, хушдўхту хушнамуд... Хаёл мекардӣ, ки пойафзолат беҳтарин аст ва дар сифатон ҳеҷ кас чунин попўш надорад... Хулоса, ба таърифу ман-манӣ овора шуда, сухани модаратро нашунидӣ.
– Дуруст, – дарҳол иқрор шуд Доро. – Маҳз чунин буд.
Дар ёдам ҳаст, ба попўшиҳои навам мафтун шуда, ҳамаро фаромўш кардам. Бобоям рост мегуфтаанд: “Таърифу ман-манӣ ақлро тира мекунад...” Бубахш, ки ба кори ту халал расондам.
– Минбаъд ҳушёр бош, – маслиҳат дод майна ба Доро.
– Ҳар кор ки мекунӣ, дидаву дониста бикун!
Доро ба майна ҳам ташаккур гуфт ва аз пойҳову дастон, аз забону чашмон ва гўшҳояш узр пурсид.
Ба зудӣ ўро хоб бурд, хоби ширин...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё