Зеҳн

Хусусиятҳои шифобахши пиёзи анзур

ЗЕ
Зеҳн16 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Анзур рустании доруист. Мизоҷаш гарм, дар дараҷаи сеюм хушк ва дар дараҷаи дуюм он намнок мебошад. Маззаи пиёзи анзур сӯзон ва таъсиркунанда буда, таркиби фоиданокиаш барои бисёр бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сар ба монанди луоби обилаи мағзи сар, эпилепсия, дарди сар аз хунукӣ ба амал омада, чархзании сар, аъзои фалаҷ (паралич) шудаи сустии сару бадан, сустшавии хотира, фаромӯшхотирӣ, қавӣ кардани биниши чашм, хуфаи кӯҳна, тангшавии роҳи нафас, гӯшдард, ҳазмкунии хӯрок дар меъда, обкунии санги шошадон, мӯшакҳои асаб ва ғайра бисёр фоидабахш мебошад.

Пиёзи онро дар хамир ё латтаи тар печонда, дар қӯри оташ бипазанду бо шаш миқдори он намак ва каме равған даромехта, 8 г аз он ба дили наҳор бихӯранд, исҳол меорад, ба бемориҳои лисарғус (летаргия), саръ, молихулиё, дарди нимсара, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, нотавон гаштани узвҳо, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан), каҷ шудани рӯ, нисён (фаромӯшхотирӣ) шифо мебахшад; чашмро қавӣ ва тез мекунад; ба даруни гавҳарак фуромадани зардобро, ки чашмро нобино мегардонад, манъ месозад; дарди гӯш, зиқи нафас, сурфаи куҳна, дамкӯтаҳӣ ва дағалии узвҳои даруни синаро ба эътидол меоварад; меъда ва ҳалқумро қувват мебахшад; хун қай карданро манъ ва хӯрокро ҳазм мекунад; барои зардпарвин, истисқо, сахтии сипурз, дарди рӯдаҳо, дарди буғумҳо ва ирқуннасо (радикулит) даво мебошад; санги хичакро майда карда мерезонад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, дарди асабҳоро таскин медиҳад, ба ҷойҳои танга-танга мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2