НАБЗИ ЗАМОН ШИНОХТИ ЗАН ВА ИНЪИКОСИ МАҚОМИ Ӯ ДАР ПАЁМ
Мавқеи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти сиёсати давлат дар самти дастгирии занон занони тоҷик таъсири амиқи худро назаррас буда, аз солҳои аввали Истиқлоли гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии давлатӣ масъалаи беҳгардонии шароити занон онҳо мусоидат намуд. Бо шарофати барои фаъолияти босамари онҳо дар ҳама соҳибистиқлолӣ занону бонувон соҳаҳои ҳаёт ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи тавонистанд собит созанд, ки дар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, рисолати роҳбариро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин метавонанд сарбаландона иҷро аст, ки ҳамеша дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси намоянд. Шинохти қудрати фитрии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа аз фаъолияти босамари занону бонувон ва ҳам инро эътироф намояд.
ташаббусҳои созандаи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид месозанд, ки Ҳукумат ва давлат дар кадом соҳае бошад, занону бонувонро дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, 26 январи соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат доир ба ин масъала таъкид намуданд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.” Бояд гуфт, ки стратегияи номбурда марҳилаи аввали татбиқи худ, яъне марҳилаи солҳои 2011-2020-ро ҷамъбаст намуд. Таҳияи стратегияи мазкур, аслан, ҷиҳати татбиқи як қатор санаду барномаҳои давлатӣ, ки барои дастгирии занону бонувон ба тасвиб расонида шудаанд, дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”; Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999 №5; қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001– 2010” аз 8 августи соли 2001 №391 ва “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016” аз 1 ноябри соли 2006 №496 ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дахлдор роҳандозӣ шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020”, соли 2010 таҳти рақами 269, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шудааст. Стратегияи мазкур аз самтҳои зерин иборат мебошад:
1. Вазъи зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат; 2. Фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат; 3. Дастгирии рушди соҳибкории занон; 4. Масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон; 5. Занон ва тандурустӣ; 6. Ташаккули дарки зарурати таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо дар тафаккури ҷамъиятӣ; 7. Самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон; 8. Омилҳои таҳкими оила; 9. Индикаторҳо ва механизмҳои асосии татбиқи стратегия.
Ҳар як самти стратегия дар худ ҳадафу мақсадҳои махсус ва нақшаи роҳҳои гуногуни татбиқи онҳоро доро мебошад. Хушбахтона, имрӯз метавон гуфт, ки дар натиҷаи ҷамъбаст гардидани марҳилаи аввали татбиқи стратегияи мазкур, аз рӯйи ҳар як самт ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Масалан, дар самти якуми стратегия – “Вазъи зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат” имрӯз занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар зан ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақрибан 30 фоиз расидааст. Имрӯз аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ беш аз 23 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки теъдоди зиёди онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Натиҷаҳое, ки дар татбиқи самти дуюми стратегия –“Фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат” ба даст оварда шудаанд, бозгӯйи онанд, ки солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳазорон нафар бонувону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.
Имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувон дар бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар сохтмонҳои азими мамлакат софдилона заҳмат мекашанд. Дар деҳоти кишвар бошад, корҳои вазнину заҳматталаб ба дӯши занону бонувон қарор дорад. Ғайр аз ин, имрӯз дар мамлакат роҳбарии аксари хоҷагиҳои деҳқониро занон ба зимма гирифта, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ фаъолона гузошта истодаанд.
Инчунин, дар марҳалаи солҳои 2011–2020 Ҳукумат барои дастрасии бештари занон ба иқтисодиёт ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, корхонаҳои саноатии зиёдро бунёд намуд, ки ин иқдом барои занони деҳот ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо шароит фароҳам оварда, ҷиҳати бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардидани онҳо мусоидат намуд.
Бояд гуфт, ки дар давраи солҳои 2011 – 2020 ҷиҳати татбиқи самти сеюми стратегия – “Дастгирии рушди соҳибкории занон” як иқдоми назаррас аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Ин аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории занон ду баробар, яъне дар ҳаҷми ду миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Ин дастгирии Сарвари давлат ба рушди соҳибкории бонувони тоҷик мусоидат намуда, имкон дод, ки ҳавасмандии занон барои фаъолият дар ин самт бештар гардад.
Аз ин нигоҳ, имрӯз дастовардҳои занону бонувони тоҷик дар соҳаи саноат низ қобили таҳсину офарин мебошад. Онҳо дар корхонаҳои хурду бузурги мамлакат заҳмат кашида, дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръат фаъолона иштирок доранд.
Садҳо нафар занони ботаҷрибаю қавиирода солҳои охир корхонаҳои хусусӣ, аз ҷумла, коргоҳу марказҳои нассоҷиву дӯзандагӣ таъсис дода, барои ҳазорҳо нафар занону бонувон ҷойҳои корӣ муҳайё гардид. Занони соҳибкор дар бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони «Маорифи Тоҷикистон» – №1, январи соли 2022
иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон, ки ҳадафи асосии самти чоруми Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, як иқдоми бузург аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ки он таъсиси квотаи Президентӣ мебошад. Ба шарофати ин ғамхориҳо нисбат ба занону духтарони тоҷик сатҳи фарогирии духтарон бо таҳсил хеле боло рафта, дар байни онҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд баъди хатми мактаб, на фақат дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, балки берун аз он таҳсили худро такмил диҳанд. Ин аст, ки ҳамасола барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ аз он беш аз 1000 ҷой барои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ҷудо мегардад. Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи Президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, айни ҳол 100 ҳазор нафари дигар дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯи мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Пас, тибқи таҳлилҳои баъзе самтҳои “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020”, натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки бо ҷамъбасти марҳилаи аввали стратегияи мазкур, масъалаи дастгирии занон сол то сол ҳалли худро беҳтару хубтар ёфта истода, бо оғози марҳилаи дуюми он, яъне марҳилаи солҳои 2021–2030 бовар кардан мумкин аст, ки ба дастовардҳои нав дар бахши дастгирии занону бонувон ноил мегардем. Таҳлили фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар, набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад. Аз ин рӯ, ки санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.” Дар баробари ин гуфтаҳо, Сарвари давлат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, вазифа гузоштанд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ теъдоди занону бонувонро то ба 30 фоиз ва теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд то ба 25 фоиз расонида шаванд.
Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо – занону бонувонро водор месозад, ки тамоми кӯшиши хешро баҳри рушди мамлакат равона созем ва бо заҳмати софдилонаи худ дар ин масир ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъйю талош намоем.
Фарзона ХУДОЙДОДОВА –
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё