ЗЕБОИПАРАСТӢ
Намои педагогӣ ва мушаххасан ташкили Солҳои охир олимони соҳаи намои муассисаи таълимиро баррасӣ намуда, мо педагогика ва психология ба масъалаи ба истифодаи истилоҳҳое, аз қабили «муҳити намои (визуализатсия)-и муассисаи таълимӣ» ва «фазои таълимӣ» рӯ меорем.
таълимӣ дар муҳити таҳсилотӣ ва Истилоҳи «муҳити таълимӣ» яке аз фазои мактабӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир категорияҳои нисбатан ҷавони илми педагогика мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар маҳсуб меёбад, ки нисбатан нав мебошад, вале сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ба таври устувор ба системаи мафҳумҳои он таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ворид гаштааст. Амсилаҳои ишорашуда гуногун умумӣ ба ташаккули зеҳни хонандагон бошанд ҳам, онҳоро мавҷудияти раҳёфти мусоидат менамояд ва дар баробари ин, байнифаннӣ, кӯшиши ба инобат гирифтани диққатҷалбкунанда будани намои таъсири омилҳои гуногун ба раванди ягонаи муассисаи таълимӣ дар муҳити таълимӣ муттаҳид месозад.
таҳсилотӣ ба рӯҳияи хонандагон Оид ба намои муассисаи таълимӣ олимон таъсири мусбӣ расонида,ба ташаккули нуқтаи назари гуногун доранд. Ба андешаи В.А. зеҳни хонандагон низ таъсиргузор Ясвин, муҳити таълимӣ низоми таъсирот ва мебошад.
шароити ташаккули шахсият аст, ки дар иҳотаи иҷтимоӣ ва фазоӣ-ашёӣ ҷойгузин аст. Мақсади амалкарди муҳити таълимӣ, инкишофи афроди аз лиҳози иҷтимоӣ фаъол мебошад, ки омодаанд ва қодиранд муҳити хешро вобаста аз арзишҳо ва меъёрҳои қабулшудаи рафтор дигаргун созанд.
Худи арзишҳо низ дар шароити мансубият ба ин ё он муҳити таълимӣ ташаккул меёбанд.
В.В. Рубтсов муҳити таълимиро ҳамчун низоми таъсироти бавосита ва бевоситаи таълимӣ-тарбиявӣ медонад, ки омодагиҳои ниҳонӣ ё ошкорои педагогии омӯзгоронро татбиқ месозад ва тавсифгари ҳадаф, вазифаҳо, методҳо, воситаҳо ва шаклҳои раванди таълим мебошанд. Чунонки мебинем, дар таърифи мазкур диққати асосӣ ба хусусияти ҳамкорӣ ва сифатҳои шахсиятии омӯзгор нигаронида мешавад.
Мо ҷонибдори онем, ки ҳар як муҳити таълимӣ ба сифати институти иҷтимоигардии шахсият баромад мекунад. Бо дарназардошти ин, барои ташкили муваффақонаи муҳити таълимӣ, аз ҷумла, намои муассисаи таълимӣ ногузир бояд ба масъалаи зуҳуроти қонуниятҳои иҷтимоӣ-психологӣ дар муҳити таълимии дорои мазмуну дараҷаҳои гуногун муроҷиат намоем. Муҳити таълимӣ маҷмуи омилҳои моддии раванди таълим ва муносибатҳои байнишахсӣ аст, ки субъектҳои таълим дар раванди ҳамкории худ барқарор мекунанд. Одамон муҳити таълимиро ташкил мекунанд, ба он мунтазам таъсир мерасонанд, вале муҳити таълимӣ низ дар навбати худ ногузир ба ҳар як субъекти раванди таълим таъсир мерасонад. Аксаран, вақте сухан дар бораи муҳити таълимӣ меравад, муҳити мушаххаси ягон муассисаи таълимӣ ё муҳити мушаххаси ин ё он муассиса дар назар дошта мешавад. Чунин муҳитро ҳамчун муҳити маҳдуди таълимӣ ном бурдан мумкин аст.
Истилоҳи муҳити таълимӣ ба маънои васеъаш метавонад доираи васеи муассисаи таълимиро фаро гирад. Муҳити маҳдуди таълимӣ иттиҳоди вазифавӣ ва фазоии субъектҳои раванди таълим аст, ки миёни онҳо алоқамандиҳои зичи гуногунҷабҳаи гурӯҳӣ барқарор мегарданд.
Ба андешаи мо, қисматҳои асосие, ки сохтори асосии намои муассисаи таълимиро ташкил медиҳанд, инҳо мебошанд: таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ-тарбиявӣ. Ҳар як қисмати мазкур доираи муайяни фазои таълимиро ташкил мекунад ва дар навбати, худ ҳар як қисмат аз модулҳо таркиб ёфтааст, ки воҳиди ҳадди ақали фазои таълимиро ташкил мекунанд. Дар чаҳорчӯбаи ҳар як қисмат самти муайяни таълим татбиқ мегардад ва маҷмӯи вазифаҳои якхелааи таълимӣ ҳал мегарданд. Ҳамзамон, дар ҷаҳорчӯбаи ҳар як модул вазифаҳои мушаххаси педагогӣ ҳалли худро меёбанд. Ҳар як қисмат ва ҳар як модул метавонанд аз мавқеъҳои ташкилӣ-сохторӣ ва мазмунӣ-сохторӣ баррасӣ гарданд. Вазифаҳои онҳо, аз як тараф, махсус буда, аз ҷониби вазифаҳои ташкилӣ-педагогӣ муайян мегарданд, аз тарафи дигар, қисман ба принсипи «пуррагардонии тарафайн» мувофиқат мекунад. Хатҳои баҳам алоқаманд ва якдигарро буррандаи қисматҳо ва модулҳо «шабака»-и фазои таълимии муассисаро ташкил медиҳанд.
Ба андешаи мо, визуализатсия ба монанди воситаҳои визуалӣ ба ҷузъи ашёӣ-маводии фазои таълимӣ мансубанд. Маҳз онҳо шакли зоҳиран идрокшавандаро ташкил дода, ба рӯҳияи хонанда ва омӯзгор таъсири мусбат мерасонанд. Агар унсурҳои педагогии фазои таълимӣ ба соҳаи маърифатӣшууронаи шахс таъсир расонанд, пас, воситаҳои визуалӣ ба соҳаи эмотсионалӣ-психикӣ таъсири бевосита доранд. Ба шарофати воситаҳои визуалӣ эҳсоси ҳузур, мақбулии психологии унсурҳои мувофиқи маводии фазои таълимӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Бе гузаронидани таҳқиқоти мувофиқи психологӣ интихоби мазмуни ин ё он рангҳо, унсурҳои фазоиро муқаррар намудан қобили қабул нест. Барои ороиши унсурҳои муайян маҷмуи муайяни тавсияҳое мавҷуданд, ки бо дарназардошти маълумоти илми психология ва ороиш (дизайн) коркард шудаанд. Ин тавсияҳоро дар амалияи муассисаи таълимӣ бояд истифода намуд.
Идроки визуалӣ (биноӣ) ва усулҳои мувофиқи офаридану истифодабарии он ба принсипҳои умумиэстетикӣ такя намуда, бояд ба инҳо мувофиқат кунанд. То андозае онҳо ба истилоҳи «санъат»
мувофиқ ҳастанд. Вазъияти муосири иҷтимоӣ-фарҳангӣ чунон аст, ки тӯли ҳаёти як насли инсонӣ якчанд насли арзишҳои фарҳангӣ иваз мегарданд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳар яке аз онҳо дар намои мувофиқи фазои таълимӣ инъикоси худро меёбанд. Инкишофи босуръати технологияҳо имконияти тамоси мунтазами инсонро бо санъат таъмин месозад. Дар муҳити ороишгарон (дизайнерҳо), ки биноҳо ва синфҳои мактабиро лоиҳакашӣ мекунанд, ғояҳои муҳити таълимии тағйирпазир пешниҳод мегарданд. Моҳияти ғояи мазкур дар он аст, ки тавассути маводи муосир ва воситаҳои мултимедиа шакли ба таври биноӣ идрокшавандаи муассисаи таъимиро вобаста ба ин ё он меъёр ё вазъиятҳои мушаххас тағйирпазир намудан имконпазир гардад. Масалан, ранги деворҳоро ҳангоми имтиҳонсупорӣ дигаргун намудан ё худ асбобҳои аёнии девориро ҳар рӯз иваз намудан. Бадбахтии ҷомеаи муосирро дар ҷудо намудани хонандагон аз «санъати бузург»
баррасӣ намудан мумкин аст. Хонандагони мактаб бо офаридаҳои чи устодони гузашта ва чи муосир ошно нестанд. Ин норасоиро метавон туфайли офаридани образҳои тасвирии мултимедиалӣ бевосита дар мактаб ҷуброн намуд, яъне ҳангоми тавассути дар девори мактаб ё синф тавассути проектор намоиш додани асарҳои санъат ё пахш намудани мусиқии муайян тавассути шабакаи мактабӣ. Дар робита истифодаи шабакаи интернетӣ метавонад аҳамияти калон расонад. Тавассути он метавон саёҳатҳои виртуалиро ба осорхонаҳои калонтарини ҷаҳон таъмин намуд ва инчунин, ба сомонаҳое ворид гардид, ки эҷодиёти рассомон, мусиқанавозон, нависандаҳо ва шоиронро васф мекунанд. Дар ин самт ягон монеаи ҷиддии техникӣ дар фазои таълимӣ мавҷуд нест.
Дарк намудан зарур аст, ки шиносоии лаҳзавӣ бо осори санъат дар доираи фанҳои анъанавии таълимӣ наметавонад таъсири мувофиқро ба шахсияти хонанда дошта бошад. Ба хонанда имкон фароҳам овардан зарур аст, то ба соҳаи мувофиқи санъат ба таври амиқ ворид гардад. Воситаҳои муосири техникӣ имкон фароҳам меоранд имкониятҳои мазкур амалӣ гарданд. Истифодаи техника ва мултимедиа, инчунин, имкон медиҳад аз расмкашиҳо ва навиштаҷот дар деворҳои мактаб ҷилавгирӣ карда шавад. Хонанда метавонад инро тавассути воситаҳои мазкур бофарҳангона амалӣ намояд ва агар омӯзгор хоҳад, метавонад ин фаъолнокии хонандаро шакли таълимӣ-бозӣ диҳад.
Табиист, ки татбиқ намудани усулҳои мувофиқи офаридан ва дигаргун сохтани намои муассисаи таълимӣ танҳо дар сурати сатҳи зарурии тахассуи омӯзгор имконпазир мегардад.
Мутаассифона, низоми такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон ба ин кам имкон медиҳад.
Дар баробари ин, дараҷаи маълумоти қисмати зиёди омӯзгорон ҳанӯз ба онҳо имкон намедиҳад, то технология ва усулҳои мувофиқро дар фаъолияти касбии ҳаррӯзаашон истифода намоянд.
Воситаи муҳимми фазои таълимӣ истифодаи лоиҳасозии бадеӣ дар ташкили намои муассисаи таълимӣ ва тадриси фанҳои таълимӣ ба шумор мераванд. Ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда бояд бо принсипҳои асосӣ ва ғояҳои (зебоишиносии) техникӣ ошно бошанд. Барои омӯзгор, дар баробари ин, истифодаи бошууронаи онҳо ҳангоми дигаргунсозии қисмати ашёӣ-маводии фазои таълимӣ низ аҳамияти хоса касб мекунад.
Воситаи муҳимми истифодаи васоити визуалӣ, татбиқи онҳо бевосита дар раванди таълим маҳсуб меёбад. Методҳои визуалии таълим айни замон дар раванди дарс ба таври васеъ истифода мегарданд. Азбаски принсипи дидактикӣ, аёният дар раванди тадрис мавқеи хоса дорад, методҳои визуалӣ инкишоф меёбад ва такмил дода мешаванд. Воситаҳои визуалӣ (аёнӣ) дар раванди таълим бо мақсадҳои гуногуни дидактикӣ истифода бурда мешаванд. Масалан, ҳамчун воситаи таълим, ҳамчун услҳои методӣ, ки имкониятҳои маърифатии методҳои шифоҳиро таҳким мебаххшанд, ҳамчун намуна барои дарки кори амалии дарпешистода. Методҳои визуалии таълим дар сурате вазифаи методи мушахасро иҷро карда метавонанд, ки хонандагон дар раванди мушоҳида ва идроки ашё, объектҳо ва ё равандҳо тавассути узвҳои ҳис ахбори муайянро оид ба онҳо ба даст меоранд, тавассути муқоиса ва ёфтани аломатҳои монанду фарқкунанда онҳоро дарк мекунанд ва дар ин замина дар ӯ донишҳои муайян ташаккул меёбанд. Донишҳои мазкур минбаъд зимни фикран коркард намудани онҳо дар шакли нақл, намоишдиҳӣ ва фаҳмонидан пешниҳод мегарданд. Методҳои визуалии таълим бо он тавсиф меёбанд, ки дар раванди истифодаи онҳо бо мақсади гирифтани донишҳои нав дастурҳои визуалӣ истифода мегарданд. Ҳамин тариқ, ҳангоми истифодаи методҳои визуалӣ ба сифати сарчашмаи дониш системаи образҳои динамикӣ ва статикӣ баромад мекунанд, ки онро матни баранда ё матни ахборӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар бисёре аз дарсҳо объектҳои табиӣ, тасвирҳо ва ҷадвалҳои гуногун ва дигар воситаҳои аёнии динамикӣ ва статикӣ намоиш дода мешаванд. Хонандагон мустақилона ё аз рӯи супориши муаллим дастурҳои визуалиро таҳлилу дарк мекунанд ва сипас хулоса мебароранд. Дар ҳар як вазъияти мушаххаси таълимӣ ҳангоми истифодаи методҳои визуалӣ инкишофи фаъолӣ дар идрок ва таҳлил дар назар дошта мешавад. Аз ин лиҳоз, дар назди хонанда супоришҳои мушаххаси маърифатӣ гузошта мешаванд. Дар онҳо нишон дода мешавад, ки чиро муайян намудан, чиро мушоҳида кардан ва чиро азхуд намудан зарур аст.
Барои истифодаи муваффақонаи методҳои визуалӣ шароити зерин заруранд: кӯшидан, то ашё (объект) ё раванд мақсаднок баррасӣ гардад, хусусиятҳои асосии он муайян гарданд.
Мушоҳида метавонад гурӯҳӣ ё фардӣ бошад.
Паиҳамии мушоҳида тавассути супоришҳои қаблан гузошташуда таъмин мегардад.
Супориш метавонад шифоҳӣ бошад, дар тахтаи синф ё кортҳои махсус қайд гардад. Дар он нишон дода мешавад, ки объектро чӣ гуна мушоҳида намудан зарур аст, ба чӣ диққати асосӣ дода шавад, кадом аломатҳо ҷудо карда шаванд ва ғ. Пеш аз намоиш додан вақт барои омӯзиши объект ҷудо карда мешавад. Ҳангоми омӯзиши объекти табиии намоишдодашаванда онро бо тасвири китобӣ, ҷадвал ё дигар воситаҳои визуалии мавҷуда муқоиса намуда, дар ин замина ҷавоби супоришро омода намудан тавсия дода мешавад. Дар раванди намоиш ба хонандагон тавсия дод мешавад, ки аз китоби дарсӣ истифода намуда, ахбори матнии тавсифдиҳандаи аломатҳои объекти муоинашавандаро ёбанд.
Баҳриддин МУҲИДДИНЗОДА –
мудири шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосири
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё