Зеҳн

Орзуи модар – Ҳикоя

АХ
Ахбор31 октябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Сардор Раҳдор дар “Орзуи модар” талоши як духтареро ба қалам кашидааст, ки новобаста ба хурди ва ҳама мушкилиҳо бо писарбачаҳо ба кӯҳ мебарояд ва барои модари бемор сиёҳалаф ва занбуруғ меорад, то ҳаваси модар шиканад. Ин кушиш ва талоши духтар бори дигар исбот мекунад, ки новобаста ба ҷинс фарзанди хуб дар ҳама ҳолат метавонад ба падару модар хидмат кунад ва дуои неки онҳоро бигирад.

Ҳикоя

Баҳори имсола барвақт ва хеле серборон омад. Дашту ёлаву кӯҳу дара сарсабзу хуррам шуд. Калонсолон мегуфтанд, ки имсол соли занбӯруғу алаф ва гандуму мева аст.

Орзуи Модар Бачаҳо ба кӯвдоману дараҳо рафта занбӯруғу торон, сияҳалафу чукри меоварданд. Модарон ҳар замон занбӯруғбирён мекарданду сиёҳалаф мепухтанд.

Модари Саида бемор буд, ҳаваси ин хӯрокҳоро мекард. Ба кӯҳ танҳо писарбачаҳо барои занбӯруини мерафтанд. Модари Саида ду духтар дошт. Ба духтарҳо иҷозати ба кӯҳ рафтан намедод.

Як бегоҳ ӯ сарро аз болишт бардошта бо овози аламнок гуфт:

– Кош соҳиби писаре мебудаму ба кӯҳ рафта, занбӯруғу сияҳалафу чукри меовард.

Саида ин суханони модарро шунида афсӯс хӯрд, ки писар таваллуд нашудааст. То нисфи шаб хобаш набурд. Орзуи кӯҳравӣ лаҳзае ҳам ӯро ором нагузошт.

Вай субҳи барвақт хоҳараш Ситораро бедор карда оҳиста гуфт:

– Ман ба кӯҳ меравам. Ту аз назди модарам дур нарав ва ба кӯҳ рафтанамро ҳам нагӯй.

– Ту танҳо ба кӯҳ нарав! Занбӯруғзор хеле дур аст. Агар падарам пурсанд, чӣ гӯям? – пурсид Ситора.

– Ман танҳо намеравам, то омадани падарам бармегардам, – гуфт Саида ва нону зардолу гирифту аз дарвозаи ҳавлӣ баромад.

Саида медонист, ки ҳамсинфонаш Акрам, Наим ва Зафар имрӯз ба кӯҳ мераванд. Чун онҳо сӯйи кӯҳ равон шуданд, аз паси онҳо равон гардид.

Ҷӯраҳо то даромадгоҳи дара омадани Саидаро пай набурданд.

Вақте ки ӯро диданд, ба қафо баргардонидани Саида аллакай дер шуда буд. Бачаҳо ҳайрон монданд:

– Ту чаро бе маслиҳат чунин рафтор кардӣ? – гуфт Акрам, – охир ба кӯҳ баромадан барои ту хатарнок аст.

– Ман мехоҳам барои модарам сиёҳалаф чида барам. Модарам бисёр мехоҳад, ки барояшон шавлаи сиёҳалаф тайёр намоям. Илтимос, маро ҳамроҳ гиред, – илтиҷо кард Саида.

– Ман розӣ, – гуфт Наим.

Зафар ҳам розӣ шуд.

– Хайр, модоме ки аз пасамон омадӣ, акнун ҳамроҳи мо меравӣ, – гуфт Акрам.

Роҳ мушкил буд. Аз чанд руду ҷари гузаштанд. Саида ҳам ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз оби сард гузашт.

– Монда нашудӣ? – ба Саида рӯ оварда гуфт Акрам.

– Не, – гуфт Саида, аммо дар асл хеле хаста шуда буд. “Дар ҳақиқат кӯҳбароӣ кори мушкил будааст”, аз дил гузаронд ӯ, вале орзуи писар доштани модар ҳар замон дар гӯшаш садо медод.

Онҳо ба доманакӯҳе расиданд, ки пур аз занбӯруғ буд. Саида бори аввал бо чашми худ занбӯруғҳои сап-сафеди тару тозаро медид, ки мисли донаҳои шатранҷ атрофи сангҳо ва лаби ҷӯйҳо рӯида буданд.

– Торону сиёҳалаф дар куҷо? – пурсид Саида.

– Аз ин ҷо занбӯруғ мечинем, поёнтар мефуроему сиёҳалафу торон мечинем, – гуфт Зафар.

Саида бо шавқ занбӯруғҳоро чида, ба борхалтааш меандохт. Пеши назар чеҳраи модараш буд, ки занбӯруғҳоро дида, хурсанд мешавад.

– Занбӯруғҳоро дар борхалтаат бисёр нагир. Барои сиёҳалафу торон ҳам ҷой монад, – гуфтани Акрам ӯро ба худ овард.

Баъди чидани занбӯруғ сари чашмае тановул намуда, ба ҷустуҷӯйи торону сиёҳалаф рафтанд.

Саида барои модараш бештар сиёҳалаф чида, чанд дона торон ҳам гирифт.

– Ҳаво гарм нашуда баргаштан лозим, – гуфт Акрам.

– Мо омода, – гуфтанд ҳамроҳон.

– Ин тавр бошад рафтем, – гуфта роҳбалад шуд Акрам.

Гарчанде роҳ мушкил бошад ҳам, хурсанд намудани модараш ба дили Саида қуввату шоди мебахшид.

Саида ба хона расида тозон назди модар омад.

– Куҷо будӣ, ки ин қадар хастаӣ? – пурсид модар.

– Хаста нестам. Медонед, модарҷон, ман як гуноҳ кардам, – гунаҳгорона гуфт Саида.

– Чӣ хел гуноҳ?

– Ман, аз Шумо напурсида, ҳамроҳи ҳамсинфонам ба кӯҳ рафтам, – сарашро хам карда гуфт Саида.

– Кори хуб накардӣ, – ҷиддӣ чавоб дод модар.

– Модарҷон, барои чидани сиёҳалаф рафтам. Бобоям гуфтанд, ки сиёҳалаф барои шифои модарат зарур аст. Модарҷон, маро бубахшед, дигар такрор намекунам, – гуфт Саида.

– Э, ширинаки ман. Заҳмат кашиди. Роҳи дуру дарози хатарнокро тай намуди. Бо баҳонаи занбӯруини манзараҳои диёри биҳиштосоямонро диди, – Саидаро аз хиҷолат бароварда гуфт модар.

– Бале. Манзараҳои зебо, обҳои мусаффо, ҳавои тоза доштааст кӯҳсор, – ҷавоб дод Саида.

– Сайри табиат ба саломатии инсон манфиатовар аст. Тамошои табиат, обҳои мусаффо, меваҳои гуногун ба инсон нерӯ мебахшанд, – гуфт модар.

– Акнун ман роҳро омӯхтам. Шумо сиҳат шавед, ҳатман ҳамроҳ меравем, – хурсандона гуфт Саида.

– Албатта меравем. Имрӯз орзуи ман амалӣ шуд, ман мехостам, ки шумо ба камол раседу самараи меҳнати шуморо чашам. Аз роҳи дуру хавфнок бароям растаниҳои шифобахш овардӣ. Бо ин хел духтари нотарс дигар ман аз надоштани писар ҳасрат намекунам.

Аз шунидани ин суханҳо Саида ба ваҷд омада, худро беихтиёр ба оғӯши модар партофт.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба