Зеҳн

КАДОМАШ ДУРУСТ АСТ: «ТУ» Ё «ШУМО»?

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Мақолаи шоир, луғатнигор, драматург Абдусалом Деҳотӣ бо ҳамин унвон соли 1958 нашр шудааст. Мақолаи мазкур бо дархости хонандаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» Тошев навишта шуда, дар шумораи 1-уми июни соли 1958-и рӯзномаи номбурда ба нашр расидааст. Чунонки мебинем, аз нашри мақола беш аз 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аз ҷиҳати муҳтаво ҳанӯз моҳияти худро гум накардааст.

Дуруст аст, ки масъалаи мазкур бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Саидамирзода чанд сол пеш ба миён гузошта шуда буд. Мавсуф таҳти унвони «Ба модар ту нагӯем» мақолае дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», №-2, 2012 ба нашр расонда, дар он андешаи якчанд олими забоншиносу шаҳрвандони дорои касбҳои гуногун оварда шуда, дар охир хулосаи дақиқу пурмуҳтавои худи ӯ манзур гаштааст, ки ба андешаи мо, басо бамавриду ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир мебошад. Аз хулосаи ӯ чанд ҷумлаашро барои Шумо, хонандагони муҳтарам меорем, ки гуфтаи моро тасдиқ менамоянд: «…Дунё дар ҳоли тағйир аст. Танҳо дар такя ба таърих наметавон муносибатҳои ҷадидро роҳандозӣ намуд. Забон ҳам догма нест, дар баробари пешрафту фарҳангу тамаддун бояд аз вожаҳои наву зарурӣ истифода гардад. Дар акси ҳол ин забон аз байн меравад.

Ҳамчунин, муносибат миёни волидайну фарзандон ҳам дигар мешавад. Агар гузаштагонамон ба волидайн “ту” мегуфтанд, чаро мо ба онҳо “шумо” гуфта муроҷиат нанамоем?

Агар модар ба тифли гаҳвора “ту” мегӯяд, чаро дар посух ба ӯ “шумо” - ро истифода намебарем? Билохира, қарни 21 асту равобити байналмилалӣ тарзи нави муносибатро аз мо тақозо дорад. Биёед, ба модар “ту” нагӯем. Ин сарчашмаи ҳаёт, муҳаббат, самимият ва бузургиро эҳтиром гузорем. Хонандаи азиз, чӣ назар дорад?»

Олимони соҳибунвон ба ҷойи ин ки воқеиятро дуруст ва аз нигоҳи талаботи ҷомеаи кунунӣ дарк карда, ҷавобу маслиҳатҳои пухта диҳанд, ба ҳарзагӯиву тафриқагузории байни минтақаҳои кишвар роҳ кушоданд. Чӣ чиз инҷонибро водор сохт, ки мақолаи Абдусалом Деҳотиро таҳия намоям. Дар маъракаи ёдбуде иштирок доштам. Тасодуфан гап сари коста шудани ахлоқу зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба якдигар рафт. Ба хотирам гуфтаи К.Маркс омад, ки фармудааст:

«дар ҷомеаи сармоядорӣ одам гурги одам аст». Байни мусоҳибон чунин ишораҳо рафту яке изҳор дошт, ки ин «шумо”- гӯиҳо хоси минтақаи мо нест.

Ҳанӯз ҳам «минтақабозӣ» зинда аст, ҳатто дар байни на танҳо миёнсолон, балки дар байни ҷавонон ҳам ин кору амали ношоям дар ҳоли ривоҷ ёфтан аст. Ҳамин минтақабозиҳо буданду ҳастанд, ки ба пешравии кишварамон зарарҳои моддию маънавӣ расониданд ва мерасонанд.

Ҳадафи мо аз таҳияи ин мақола он аст, ки бори дигар он дар муҳокима гузошта шавад. Дар муҳокима на танҳо олимон, балки ашхоси дорои касбу пешаҳои гуногун ширкат варзида, мулоҳизаҳояшонро баён доранд, беҳтар аст.

Кадомаш дуруст аст-«ту» ё «Шумо»?

(Ҷавоб ба саволи рафиқ Тошев)
Мувофиқи хоҳиши редаксияи газета ба он савол ҷавоб медиҳам ва пешакӣ хотиррасон мекунам, ки ин фикри шахсии ман аст ва дар ин хусус фикри рафиқони дигарро ҳам, ки намояндагони чанд лаҳҷаи забони тоҷикӣ бошанд, гирифтан беҳтар мешуд.

Назар ба мушоҳидаи мо, мавқеъ ва мавриди истеъмоли ҷонишини «ту» ва «шумо» хеле мураккабтар ва гуногунтар аст аз он, ки дар мактуби рафиқ Тошев нишон дода шудааст.

Аввалан, аз худ калонро дар ҷануби республика «ту», дар шимол «шумо» мегӯянд, гуфта, дар ин хусус ҳамаи тоҷиконро ба ду ҳиссаи баробар ҷудо кардан дуруст нест, зеро ки дар таомули аҳолии як қисми ҷануб (масалан, Ҳисор, Шаҳринав) дар ин маврид «шумо»-гӯӣ ҳам ҳаст.

Тоҷикони кӯҳистони Қаротегин ва Дарвоз ба хурду калон, хоҳ одами наздик бошаду хоҳ бегона, “ту” гуфта муроҷиат мекунанд. Таомули аҳолии вилояти Кӯлоб дар ин хусус аз таомули Қаротегин ва Дарвозиён асосан фарқе надорад. Лекин дар байни кӯлобиён баъзан каси аз худ калон ва муҳтарамро «шумо» гуфта хитоб кардан ҳам дида мешавад. Ба ҳамин тариқ, дар кӯҳистони Тоҷикистон ҷонишини «шумо» асосан ба маънои ҷамъ (шумоён, шумоҳо) кор фармуда мешавад, ки ин мувофиқи қоидаи забони адабӣ мебошад.

Акнун, биёем ба таомули аҳолии шимоли Тоҷикистон, инчунин, Фарғона, Самарқанд ва Бухоро барин шаҳрҳои қадими тоҷикнишини Ӯзбекистон. Дар ин ҷоҳо ҷонишини «шумо» на фақат аз тарафи хурдон, балки аз тарафи калонсолон барои эҳтиром нисбат ба хурдсолон ҳам кор фармуда мешавад. Масалан, як пирамард ба як ҷавони ҳаммаҳаллаи худаш ё ҷавони барои ӯ тамоман ношинос «шумо дар кадом идора кор мекунед?» гуфта муроҷиат мекунад.

Ин қоида дар бисёр забонҳои дигар, аз он ҷумла, дар забони русӣ ҳам ҳаст. Баъзе касон дар мавридҳои ҷудогона фарзандони хурдсолашон ё бачагони ба худ шиносро низ «шумо-шумо»

мегӯянд, ки ин аз талаботи одоби муомила истисно буда, фақат як шакли навозиш асту бас.

Шакли ҷамъи ҷонишини шохаи дуюм дар талаффузи ин қисми халқамон «шумоҳо», «шумоҳон»

(дурусташ «шумоён») мебошад. Пас, кадоми инҳо ва дар кадом маврид дуруст аст?

Албатта, ҳамаро «ту» гуфта хитоб кардани тоҷикони кӯҳистон аз одоб аст, на аз сабаби ҳурмат накарданашон ин ё он касро. Онҳо на танҳо дар гуфтугӯи одии байни худ, балки дар маҷлисҳои расмӣ низ ҳамин тавр гап мезананд ва касе, ки аз ин одат огоҳ аст, аз «ту»-гӯии инҳо намеранҷад. Дар омади гап як хотираи худро баён мекунам, ки аз мавзуъ дур нест. Соли 1938, вақти ба Дарвоз сафар кардан, дар Қалъаи Хум як ҷавони тақрибан 18-19-сола аз ман «бача, ту аз Ленинобод ҳастӣ?»- гӯён пурсид. Ман он вақт 27 – сола будам. Азбаски дар байни ду-се рӯзи сафар аз қоидаҳои муомилаи дарвозиён огоҳ шуда будам, на аз «бача» гуфтан ва на аз «ту»-гӯии он ҷавони наврас наранҷидам. Агар дар он маврид ба ҷои ман ягон каси аз қоидаи лаҳҷаи маҳаллӣ бехабар мебуд, «ту» магар гаҳвораи маро ҷунбонда будӣ, ки ин тавр беэҳтиромӣ мекунӣ? – гӯён он ҷавонро коҳиш мекард.

Аммо дар баробари ин, ба назар гирифтан лозим аст, ки забони адабӣ барои ҳамаи тоҷикон ягона дар бобати муомила бо одамон қоидаи мустаҳками дар давоми солҳои дароз коркардашуда дорад. Риояи ин қоидаро на фақат муомила ва муносибатҳои байни мо ва халқҳои дигар (республикаҳои баробарӣ) низ талаб мекунад. Агар сухан дар бораи алоқаҳои байналхалқӣ равад, риояи он қоидаи забон шарти аввалин аст. Аз рӯи ин қоида, ба ҳар меҳмон ва ба ҳар касе, ки боэҳтиром муомила кардан лозим бошад, қатъи назар аз калон ё хурд будани солаш, «шумо»

гуфта муроҷиат кардан зарур аст.

Фарз кунем, ки ба Тоҷикистон аз республикаи Озарбойҷон, аз хориҷа, масалан, аз Эрон ягон меҳмон омад, агар мо ба вай «хуш омадӣ» гуфта бо ҷонишини «ту» гапзанон кунем, ин аз рӯи одоб намешавад. Ё ин ки дар мактаб муаллимони худро «ту-ту» гуфтани талабагон ҳам аз назокати муомилаи маданӣ дур аст. Бояд ҳатман «шумо» гуфта хитоб кунанд. Таҷрибаи мактабҳои олии Душанбе нишон медиҳад, ки донишҷуёни кӯҳистонӣ дар гуфтугӯ ба қоидаи умумии забони адабӣ хуб риоя мекунанд, аз он ҷумла, ҷонишини «шумо»-ро дар мавқеаш кор мефармоянд, ки ин, албатта, натиҷаи тарбияи мактабҳо, таъсири матбуот, забони саҳнаи театр ва радиои тоҷикӣ мебошад.
Модоме ки сухан дар ин мавзуъ рафт, беҳтар аст, ки боз як ҷиҳати он ногуфта намонад. Дар байни як қисми калони халқи мо аз қадим боз таомуле ҳаст, ки мард занашро «ту» мегӯяду баръакс, зан шавҳарашро «шумо». Маълум аст, ки ин боқимондаи муносибати феодалии ҳақиршуморандаи зан аст ва мо бояд ин одатро батадриҷ нест кунем. Ба хушбахтӣ, ман ҳоло бисёр оилаҳои зиёии худамонро медонам, ки онҳо ин нобаробариро барҳам додаанд, яъне зану шавҳар дар муомила бо ҳамдигар ҷонишинҳои якхела (ё» ту», ё «шумо»)-ро ба кор мебаранд ва ин мувофиқи нормаи ахлоқи ҷамъият мебошад.

«Тарки одат – амри маҳол» мегӯянд. Албатта, онҳое, ки даҳҳо сол боз одат кардаанд, нобаробарии мазкурро якбора ва зуд ислоҳ карда наметавонанд. Аммо ба ҷавонони навхонадор ва минбаъд хонадоршаванда муомилаи байни ҳамдигарашонро аз аввал ба як асоси баробар, ё «шумо-шумо» ё «ту-ту» бурдан хеле осон ва беҳтар аст.

Таҳияи С. АМИНОВ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2