Зеҳн

ҒАЛАТ НАВИШТАН АЙБ АСТ

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Мутаассифона, нуқтаву нуктаро баъзеҳо имрӯз ҳам фарқ намекунанд. Масоили зиёди назариву амалии бахши Устоди шодравон Муҳаммадҷон забон ва мушкилоти имло дар давраи Шакурӣ ба хотири рафъи чунин истиқлол то ҷое ҳалли худро ёфта бошанд камбудҳо китоби пурмуҳтавои худро ҳам, ба сабаби беэътиноии ҳамкасбону қисман таъкидан “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта қаламбадастон баъзан навиштаҳои ғалат мақоме дорад” ном ниҳода буданд, то мушоҳида мегарданд, ки мояи таассуф аст.

хонандагон имлои саҳеҳи калимаҳоро ёд Далелҳое, ки ҳоло дар атрофи онҳо андеша бигиранд ва дар гуфтору навишт ғалат изҳор карданием, ба назар шояд ҷузъӣ ё хурд накунанд. Аз ин дидгоҳ мазмуни он намоянд, аммо аслан доир ба имло масъала сухане, ки дар урф маъмул аст – “ хурду бузург намешавад, яъне аз ҳеҷ ғалате Олимон аз пайи нуқот нараванд” имрӯз чашм пӯшидан нашояд. Байти Соиби Табрезӣ қобили истифода буда наметавонад. Ин ҳам ба иртиботи ҳамин қазия аст:

воҳиди хурдтарини забон низ боястӣ дар Зи нуқта ҳарфшиносон китобдон ҷойи худ гузошта шавад! шудаанд, Воқеан, дар корбурди баъзе Ба чашми кам манигар нуқтаи сувайдоро.

аломатҳои китобат бетафовутӣ эҳсос мешавад. Чунончи, дар истеъмоли аломати тире (–) ва нимтире (-). Ин аломатҳо ками дар кам дар мавқеи худ ба кор мераванд, дар сурати беҷо омадан чун нуқси техникӣ маънидод мегарданд, ё айб ба гардани компютер бор мешавад.

Хушбахтона, дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, таҳти № 268 ба табъ расид, ҷойи корбурди аломатҳои мазкур ҳам таъйин шудааст, аз ҷумла, тире (–) дар ҳашт маврид ва нимтире (-) дар шонздаҳ маврид кор фармуда мешавад.

Ғалатнависӣ дар имлои ҷонишинҳои таъйинӣ ҳоло ҳам аз байн нарафтааст.

Ҷонишинҳои таъйинии ҳар кӣ ва ҳар чӣ :

дар нашри аввал ва охири “Луғати имло’ (мураттибан: Абдуқодир Маниёзов, Абдусаттор Мирзоев, - Душанбе: Маориф 1991, с. 18) ҳамин гуна пешниҳод гардидаанд. Қаблан низ ҳамин тавр навишта мешуданд. Мутаассифона, ин ду ҷонишини таркибӣ аз доираи “Қоидаҳои имло”- и аз 4 октябри соли 2011 тасдиқшуда берун мондаанд ва аз ҳамин сабаб дар навишти онҳо ҳаррангӣ ба чашм мехӯрад, назири ҳар ки, ҳар чи, ҳарчӣ, ҳар чӣ.

Дар Қоидаҳои имлои нав тарзи навишти ин ҷонишинҳо (ҳар ки, ҳар чи, с. 30) таъйид гардидааст, ки дигар ҷойи раҳгумӣ нест. Лозим ба ёдоварист, ки калимаи модалии ҳарчи (мисол:

ҳарчи омадед) бо и навишта мешавад ва имлои онро бо ҷонишини таъйинии ҳар чи (... ҳар чи ба саратон ояд, аз ҷаноби олӣ гила накунед. — С. Айнӣ) набояд омехта кард.

Калимаи ҳар низ, (чун ҷонишини таъйинӣ) аз шумораи як, ду, се ...ҷудо меояд. Ин қоида дар дастурҳо ҳаст, аммо дар рӯзномаҳо бо шумораи ду бештар якҷо навишта мешавад: “ Ин фазилатро ҷузъи муҳимми услуби эҷодии ҳарду шоир метавон ҳукм кард... (“Адабиёт ва санъат”, 2021, 29 апрел, с. 15).

Дар байни ҳиссачаи инкории на ва маҳдудии танҳо бояд фосила (на танҳо) мавҷуд бошад.

Лекин дар бисёр маврид онҳоро якҷо меоранд. Ба ин мисол таваҷҷуҳ шавад: “... Рӯдакӣ натанҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати Сомониён, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост...” (“Адабиёт ва санъат”, 2021,19 август , с. 10). На фақат муродифи на танҳост, онро ҳамеша дуруст менависанд. Аз ҷумла: “Мавзуи озодии халқҳои Шарқро ман ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳам кард. Ин мароми асосии на фақат эҷоди бадеии ман, балки тамоми фаъолияти ҷамъиятии ман аст” (“Адабиёт ва санъат”, 2021, 29 апрел, с. 14). Имлодонҳо дар дастурҳои худ қайд кардаанд, ки ҳиссачаи на танҳо бо феълҳои тасрифӣ якҷо навишта мешавад: нагирифт, намегирифт, нагуфт ва ...( Б. Ниёзмуҳаммадов, Ш. Ниёзӣ, А. Каримов.

“Забони тоҷикӣ”. Қ. 1. Фонетика ва морфология (барои синфҳои У-У1). — Душанбе: НДТ, 1962.

с. 259).

Эроди дигар — корбурди ғалати пайвандаки тобеъкунандаи таркибии чунонки дар ҷумлаи зер: “...( — ихтисори мо) сӯзи шоирона чуноне дар шеъри устод Турсунзода ҳаст, дар шеъри Поиз Ҳанифӣ дучор намегардем” (“Адабиёт ва санъат”, 2019, 12 сентябр, с. 7). Аз заъфи баёни муаллиф сарфи назар мекунем, аммо бо истинод ба назари донишмандон — забоншиносон ва луғатдонҳои забардаст, устодони каломи бадеъ — Тӯрақул Зеҳнӣ ва Носирҷон Маъсумӣ нуқси пайвандаки чунонеро таъкид мекунем.

Устод Зеҳнӣ: “ Ин калима ( чунонки — О.М.) ба вазифаи пайвандак аз устод Рӯдакӣ сар карда то ба ҳамаи асарҳои С. Айнӣ ба шакли собит ва тағйирнопазири шакли чунонки ба кор рафтааст... Аҷобат дар ин ҷост, ки дар натиҷаи бехабар будан аз қоидаҳои забон баъзе ходимони газета, радио ва тарҷумонҳо аз охири чуноне ки пайвандаки “ки”-ро партофта, танҳо чунонеро ба кор мебаранд, ки ин низ дар забон ҳаракати худсарона мебошад. (“Тоҷикистони советӣ”, 24 августи 1958). Зимнан, устод дар ҳамин мақола дар таркиби пайвандаки мазкур дохил шудани як пасванди ношиносии е-и маҷҳулро, ки вазифааш “маълумро номаъмул кардан аст”, бемавқеъ шуморидаанд:'“ Яъне, модом ки он ва ки ҳар ду якҷо баён ва эзоҳ мекунад, дохил шудани суффикси номаълумӣ хатост” (Ҳамон ҷо).

Устод Маъсумӣ: “Чанд сол аст, ки хонандагони газета ва шунавандагони радио калимаи чуноне ва ифодаи чи тавреро мехонанд ва мешунаванд. Чунин шаклҳои ифода ба гӯш бегона мерасанд ва дар забон ҳам бегона мебошанд. ... Ин шакли ифода (чуноне) аз аввали солҳои панҷоҳум сар карда ба забони газетаҳо дохил шудааст”.

Устод иллати дар забони мо пайдо шудани чунин шакл (чуноне) - ро дар таъсири тарҷума дарёфта, боз илова кардаанд: “ шаклҳои ифодаи чуноне, чи тавре, чи тарзе, чи навъе ҳамчун тарҷумаи ноқису вайрони калимаи русии как, инчунин, шакли ифодаи чуноне ки, ҳамчун тарзи нодурусти аз рӯи қолаби чи тавре'ки сохташуда дар забони тоҷикӣ (адабӣ ва умумихалқӣ) бегонаанд ва бояд аз кор фармудани онҳо худдорӣ кунем” (“ Чуноне ё чунонки ?” Дар китоби “Асарҳои мунтахаб”, Ҷ. 2. - Душанбе: Ирфон, 1980,с. 347-349).

Хулоса, бехато ва бомазмун навиштан вазифаи ҳар яки мост.

Меҳрубон ОДИНАЗОДА –

устоди кафедраи забони тоҷикӣ

ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2