Зеҳн

АФСОНА ДАР НАСРИ БАЧАГОНАИ ТОҶИК

КИ
Китобдор1 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Исматуллоев М. Р. Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

Жанрҳои насрии адабиёти бачагонаи тоҷик аз қабили ривоят, афсона, ҳикоя, повест ва ғайра барои боз ҳам васеътар ва чуқуртар омўхтани, моҳияти зиндагӣ ва бохабар шудан аз тамоми муаммоҳои ҳаёт ёрӣ мерасонанд. Ҳар як образ ва симое, ки дар ин ё он жанр офарида мешавад, барои атфоли синну соли гуногун шавқовар, гўшнавоз ва ибратомўз аст. Доир ба ин масъала профессор Бобокалонова чунин мегўяд: «Хонандаи асари бачагона айнан ба рафтору кирдор ва суханони қаҳрамони асари бадеӣ бовар мекунад. Ў одатан ҳамроҳи қаҳрамони асари бадеӣ азоби рўҳӣ мекашад, баробари ў шодӣ ва хурсандӣ мекунад, гиря ва бозӣ мекунад.

Темур ва Барис Голикови Гайдар, Садриддини Айнӣ, Собири Улуғзода, Мирсаиди Миршакар, Содиқи Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳасани Толис ва садҳо дигар қаҳрамонони офаридаи нависандагони мо намунаи ибрати наврасон гардидаанд».

Яке аз маъмултарин ва қадимтарин жанрҳои фолклор дар адабиёти бачагонаи тоҷик ин – афсона мебошад. Қисми зиёди афсонаҳо мазмуни фантастикӣ дошта, вале асоси ғоявии онҳоро ҳақиқати ҳаётӣ ташкил додаст. Дар афсонаҳо бештар орзу ва хаёлоти ширини мардуми меҳнаткаш инъикос ёфтааст. Афсонаҳоро инчунин маҷмўи ақида ва тасаввуроти халқ дар бораи зебоӣ, ҳодисаҳои табиат, муҳит, ҷамъият, муносибатҳои одамон номидан мумкин аст. Дар афсонаҳо ақлу заковат, идрок, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии халқ тасвири бадеии худро ёфтаанд.

Жанри афсона барои ташаккули фикр, ақида ва тасаввуроти бачаҳо аҳамияти бузург дорад. Онҳо махсусан дар хурдӣ табиатан ба афсона эҳтиёҷманд мебошанд ва ҳаёти воқеиро ба воситаи афсонаҳо дарк мекунанд, дар ақидаву фаҳмиши онҳо ҳама чиз, ҳамаи ҳодисаву воқеаҳои ҳаётӣ тобишҳои афсонавӣ доранд. Он дар ҷараёни бозиҳои гуногун худро ҳамчун қаҳрамонҳои афсонавӣ тасаввур карда, худ ба худ гап мезананд, ҳаракат ва амал мекунанд, аз хаёлоти худ ҳар хел қаҳрамонҳои аҷоибро бофта мебароянд. Ин тариқ муносибат ба афсонаҳо барои инкишофи тахаюли бачагон дорои аҳамияти калон мебошад. Жанри афсона хусусиятҳои ба худ хос дорад ва метавонад дар замири бачагон ташаккули фикр ва тасаввуроти онҳоро нисбат ба воқеаҳои ҳаёт бой гардонад ва дигар созад.

Оид ба нашри китобҳои фолклорӣ барои бачагон аз ҷумла, жанри афсона академик Р.Амонов чунин ибрози андеша менамояд: «Дар насри бачагона афсона барин жанри анъанавии адабиёти бачагона мавқеи худро торафт бештар вусъат медод ва мустаҳкам мекард.

Аввалан, бо ташаббуси нависандагон Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ бисёр афсонаҳои халқӣ ба чоп ҳозир шуд. Кибриё Лутфуллоева аввалин маҷмўи афсонаҳои машҳури халқии тоҷикро ба чоп ҳозир кард, ки ба он «Бузаки ҷингилапо», «Бибӣ Қунғузак», «Кана ва мўрча», «Хари ҳиллагар», «Рўбоҳ ва самак», «Шағол ва лаклактабиб» ва ғайраҳо дохил шудаанд».

Доир ба хелҳои гуногуни афсона ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки онҳо вобаста ба вусъати мавзўъ хеле зиёданд: доир ба меҳнат, адлу инсоф, дўст доштани табиату Ватан, зулму истибдод, ноаҳлӣ, зебоӣ, хизмат ба халқу ватан, ҳурмату эҳтироми волидайн, омўхтани, илму дониш, ишқу муҳаббат, бовиҷдониву софдилӣ ва афсонаҳои хаҷвӣ аз қабили «Айёру Маккор», «Лаку Пак», «Ду хасис», афсонаҳои тилисмӣ-муъҷизавӣ (фонтастикӣ) ва ғайра.

Гузашта аз он, адибони классик ҳақиқати ҳаётро, ки дар осори даҳонакии халқ ба шакли романтикӣ – хаёлу орзу акс меёфт, бо чашми хирад санҷида, моҳирона истифода мебурданд.

«Офариннома»-и Абўшакури Балхӣ, «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, «Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Рисолаи Дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ саршор аз афсонаву ривоятҳои халқӣ мебошанд, ки имрўз ҳам моҳияти тарбиявӣ ва таълимии худро гум накардаанд. Ғайр аз ин, дар адабиёти тоҷик ҳам барои наврасон ва ҳам барои калонсолон маҷмўаҳои махсуси афсонаҳо, монанди «Ҷавомеъ-ул- ҳикоёт»-и Авфӣ, «Самаки Айёр», «Ҳотами Той», «Чор дарвеш», «Ҳазору як шаб» ва амсоли ин маълуманд.

Ҷиҳати дигари қобили диққати афсонаҳо ин аст, ки вобаста ба давру замон, тағйироти ҷамъиятӣ гўяндагон онҳоро тағйиру такмил медиҳад. Вобаста ба ин масъала адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ чунин мегўяд: «Аҳамият, характер, образ ва мундариҷаи афсонаҳоро ҳам худи зиндагии халқи меҳнаткаш, сохти ҷамъиятӣ, муносибати истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ муайян мекунад.

Халқ афсонаҳои худро ба фаъолияти гуногуни меҳнатии худ, ба идея, ахлоқ, орзую ҳавас, кўшишу мубориза, ба характер ва шаклу вазъияти зиндагии давра вобаста кардааст».

Чунонки Н.Маъсумӣ қайд мекунад, материали эҷоди ин қабил афсонаҳоро ҳаёти ҳаррўзаи худи мардум медиҳад ва дар натиҷа ин намуди афсонаҳо ба омма наздик шуда, тамоми хислатҳои инсониро вобаста ба замони афсонаҳо дар худ таҷассум мекунад. Чунки ҳар замон проблемаҳои ҷиддии худро доро мебошад ва сюжети ин афсонаҳо вобаста ба масъалаҳои рўзмара сохта ва бофта мешавад.

Дар адабиёти пурғановати мо афсонаҳои зиёде мавҷуданд, ки доир ба ҳайвонот аз ҷиҳати сохт, забону услуб, образ мушаххас ва содаанд. Асоси сюжети ин намуд афсонаҳоро аксар вақт бо ҳам дучор шудани якчанд ҳайвонот ташкил медиҳад. Афсонаҳои «Бузаки ҷингилапо», «Хонача», «Гург ва рўбоҳ», Гурбачаи дайду», «Гурги нодон», «Канаҳаки рўкандаву мўканда», «Лакпактағо» ҳамин қобиланд.

Афсонаҳои сеҳрангез дар ҳаёти бачагон мавқеи муҳим доранд. Бачагон ин намуди афсонаҳоро бо шавқу ҳаваси зиёд мутолиа менамоянд. Дар онҳо халқ беҳтарин орзуҳои худро нисбат ба зиндагӣ иброз медоштанд. Аз қадим халқ орзу мекард, ки мисли уқоб озодона парвоз кунад, бо суръати тез роҳ рафта, ба манзили мақсуд расад. Чунончи дар афсонаҳои аҷоибу ғароиби «Аспи чўбин», «Алибобо ва чил роҳзан», «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок», «Ҳафтдодарон», «Чархи гардон ва дуки ларзон» ва ғайра аз орзуву умеди наҷибонаи халқ ифода ёфтааст.

Аз ин бармеояд, ки асоси ғоявӣ ва мундариҷавии афсонаҳои сеҳрангезро муборизаи ду қувва:

бадӣ ва некӣ, ба ҳам муқобилгузории онҳо ташкил медиҳад. Мақсади гўяндагони ин қабил афсонаҳо дар замири бачагон тарбия намудани идеалҳои наҷиби инсонӣ, ва ғояи ғалаба бар зидди қувватҳои бад аст. Манфиатҳои мардуми меҳнаткашро ба воситаи қаҳрамонҳои мусбат ҳифз намудан, хизмат ба халқу ватанро қарзи инсонии худ донистан, тазодҳои зиндагиро ба манфиати омма ҳал намудан, мақсади асосии ин навъи афсонаҳо аст. Дар ҳал намудани мушкилоти қаҳрамонони ин афсонаҳо баъзе ашёҳои рўзгор ба монанди шона, оина, чароғ, ангуштарин ва ғайра ёрӣ мерасонанд. Масалан, баъди он ки марди мағрибӣ дари чоҳи зеризаминиро ба рўи Аловаддин мебандад, ба ў ангуштарини сеҳрнокаш ёрӣ мерасонад. Ё ки шонаро қаҳрамон ба замин партояд, ҷангалзор пайдо мешавад, агар оинаро партояд, дарёи калони пуртуғён пайдо шуда, пеши роҳи дев, кампири ҷалоҷин ва дигар қувваҳои бадро мегирад.

Ҳамин тариқ, вобаста ба инкишофи сюжети афсона дар ҳар лаҳза паи ҳамдигар ҳодисаҳои «гўшношунидаву чашмнадида» ба амал омадан мегиранд ва қаҳрамонҳои мусбат ба саргузаштҳои аҷоибу ғароиб дучор меоянд. Яъне, афсонаҳои сеҳрангез на танҳо барои инкишофи тасаввуроти бачагон ёрӣ мерасонанд ва хаёлоти эҷодии онҳоро бою ғанӣ мегардонанд, балки дар онҳо қаҳрамонӣ, далерӣ, вафодорӣ, ростқавлӣ, ростгўӣ, ватандўстиву халқпарварӣ барин хислатҳои хуби инсониро мепарваранд.

Гузашта аз он, дар замони салтанати давлати абарқудрати собиқ Шўравӣ дар бораи таъсис додани «театри бачагона» ва ба саҳна гузоштани асарҳои фолклорӣ аз қабили афсонаҳои халқӣ дар байни олимон ва зиёиёни тоҷик ба миён омада буд. Ҳатто дар ин мавзўъ шоир ва драманависи тоҷик Наримон Бақозода «Театри бачагон канӣ?» (Адабиёт ва санъат, 21- уми маи соли 1987) мақолае чоп намуда буд. Ў пешниҳод намуда буд, ки дар заминаи театри «Лўхтак» таъсис намудани театри махсуси бачагонаи ҷумҳурӣ таъсис дода шавад, ки пешниҳод дар байни аҳли зиёи кишвар ва аҳли адаб ҳамовозии васеъро соҳиб гардида буд. Оид ба ин масъала профессор Ҷ.Бобокалонова андешаҳои ҷолиб намуда буд: «Ба саҳна гузошта шудани асари фолклорӣ рўйдоди хубест. Хоса мазмуни афсонаҳои халқӣ барои хурдсолон хеле мароқангезанд. Кадом кўдак намехоҳад, ки ба персонажҳои дилҷўи афсонаҳои халқӣ рўбарў ояд ва онҳоро бо чашмони хеш бубинад? Пас, ташкили театри кўдакон ҳатмӣ зарур аст.

Вобаста ба ин, офаридани асарҳои драмавӣ ба хурдсолон айни муддао аст. Табиист, ки тавассути инкишофи асарҳои саҳнавии бачагона танқиди он низ ба вуҷуд меояд ва инкишоф меёбад. Ҳайати театрҳоро лозим аст бо адибони бачагон бештар ҳамкорӣ кунанд, намунаҳои хуби назму насри халқӣ ва драмавиро ҳунармандона коргардонӣ намоянд, ба аҳли қалам талабномаҳо пешниҳод кунанд. Чунин усули кор ва ҳамкории эҷодию ҳунарӣ ба пешрафти нақди адабии адабиёти атфол кўмаки хубе мерасонад».

Хулоса, жанри афсона дар ташаккули шахсияти бачагон нақши бориз мегузорад.

Афсонаҳо онҳоро дар зиндагӣ ва кору рафтори ҳаррўза пухта гардонида, барои ба манфиати халқу ватан хизмат намудан раҳнамун месозад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба