Зеҳн

ОДОБУ МАЪРИФАТ – ҲУСНАФЗОИ ИНСОН

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар зинаи аввали таҳсилот шогирдон марҳила ба марҳила аз мафҳумҳои некӣ, бадӣ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ, инсофу адолат, ғамхорию дилсӯзӣ, шарму ҳаё, саховат ва ғайра муфассалтар огаҳӣ меёбанд ва тобишҳои нави ин мафҳумҳоро дарк мекунанд. Ҳисси ватанхоҳӣ, ифтихори миллӣ ва инсонпарварии онҳо меафзояд. Хонандагон ба рафтору гуфтори худ бо назари танқид нигаристанро тадриҷан меомӯзанд. Ба онҳо ҳикмати «Пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек» ва мувофиқи он амал намудан омӯхтаву ташреҳ бахшида мешавад.

Ба моҳияти маънавият ва фарҳанг тавассути мутолиаи асарҳои ахлоқӣ, ки дар адабиёти мо фаровонанд, ҳамчунин, бо мадади суннатҳои мардумӣ метавон равшантар сарфаҳм рафт. Ин асарҳо ба толибилмон ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, поквиҷдонӣ, эҳсону саховат, адлу инсоф, шафқату меҳрубонӣ, ғамхорию дилсӯзӣ ва дигар сифатҳои писандидаро меомӯзанд. Дар ин марҳила олимпиадаю конфронсҳо гузаронида мешаванд.

Хонандагон ба нотавонон, оҷизон ва маъюбон мадад мерасонанд, ба афтодагон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Рӯзҳои «Меҳру шафқат», «Хайру эҳсон»созмон дода мешаванд, дар мавзуъҳои «Расми дӯстӣ», «Оини ҷавонмардӣ», «Саховату эҳсон»,

«Зиёни дурӯғу фиреб», «Амонат ва хиёнат»

маҳфилҳо ва баҳсу мунозираҳо баргузор мегарданд. Ташкили маҳфили мулоҳизаву мубоҳиса дар атрофи андарзҳои зерин хеле муфид хоҳад буд: Ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест. Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор. Накуӣ ба ҳар ҷо чу ояд ба кор, Накуӣ гузин в-аз бадӣ шарм дор. Зи чизи касон дур доред даст.

Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест, Зи бад бадтар ҳеҷ андеша нест. Аз нек шарофат, аз бад касофат. Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз, Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Ташаккул додани эҳсоси ифтихори миллӣ, ватанхоҳӣ ва башарпарварӣ, шинос намудани шогирдон бо сарватҳои моддию маънавии кишвар марҳилаи дигари маърифатомӯзии хонандагон аст. Суҳбатҳо перомуни мавзуъҳои «Забони мо - ҷаҳони мо», «Таърихи номҳо», «Маънии исми мо», шабнишиниҳо дар мавзуи ватандӯстӣ бо истифода аз осори адибони форсу тоҷик ба вусъати назари шогирдон мусоидат менамоянд. Тартиб додани гӯшаи «Тоҷикистон - сарзамини кӯҳсор», викторинаю маҳфилҳои гуногун, ба пешвози ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баргузор кардани шабнишиниҳои адабию мусиқӣ, маълумот дар бораи баъзе хусусиёти ин ҷашнҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии тарбиявӣ барои хонандагони зинаи аввали таҳсилот мебошанд.

Дар синфҳои дуюму сеюм дар сатҳи муайян шарҳ додани тобишҳои мафҳуми сиёсат ва сиёсатмадор, нақлҳо аз зиндагӣ ва салтанати шоҳони қадим (Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр), тавзеҳи сабабҳои комёбӣ ва нокомии ин шоҳон муфид хоҳад буд.

Истифода аз пандҳои бузургон - Рӯдакӣ, Кайковус, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон дар бораи оини кишвардорӣ, истифодаи зарбулмасалу мақолҳо, чун «Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад» ва суханони ҳакимон (аз ҷумла, гуфтори Саъдӣ: “Се чиз ба се чиз пойдор намонад: илм бе амал, мулк бе сиёсат ва мулк бе тиҷорат”), ташкили конфронси хонандагон оид ба «Бӯстон»-и Саъдӣ (боби «Дар сифати подшоҳон»), маълумот дар бораи арбобони сиёсӣ - Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншо Шотемуров, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, суҳбатҳо дар атрофи мақолаҳои иҷтимоию сиёсии рӯзномаҳо - «Садои мардум», «Ҷумҳурият», “Омӯзгор”, нашрияҳои кӯдакона ва ахбори садо ва симо низ дар маърифатмандии шогирдон нақши муассир мегузоранд.

Ба мактабиёни ин синну сол гузаронидани чорабиниҳои зайл мувофиқи мақсад мебошад: дар шогирдон ҳосил намудани тасаввуроти пурра оид ба ахлоқи нек, хулқу одоби ҳамида, сифатҳои неки инсонӣ; тавзеҳи талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»; дар хонандагон тарбия намуданн ҳисси муҳаббат ба Ватан, маҳал, диёри худ, ҷумҳурии соҳибистиқлол, эҳтиром ба халқ, ба забон, табиат, дӯстии халқҳо, анъанаҳои миллӣ; тарбияи ҳисси рафоқат, ҳурмати ҳамдигар, ҳимояи рафиқ, дӯст, ҳисси масъулият барои корҳои ҷамъиятӣ; ташкили корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ; ғамхорӣ нисбат ба волидон, калонсолон, нафақагирон, муҳтоҷон ва иштирокчиёну маҷруҳони ҷангҳо; тарбия намудани муносибати эҳтиёткорона ба ҷангал, об, сарватҳои табиат, ҳайвонот, наботот ва растаниҳо; дар шогирдон тарбия намудани рафтори шоиста дар оила, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ...

Бояд тазаккур дод, ки дар боло бурдани сатҳи маърифату одоби хонандагон, махсусан, нақши адабиёти бадеӣ калон аст. Аслан, адабиётро аҳли таҳқиқ ҳамчун муассиртарин манбаи тарбия тавсиф бахшидаанд. Асарҳои барҷаставу ҳикматбори адибони классики тоҷик садсолаҳост, ки дар тарбияи комили аҳли башар ҳиссаи сазовор мегузоранд. “Гулистон”-и Саъдии Шерозию “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро метавон ҳамчун дастури тарбиявӣ дар тамоми замонҳо пазируфт. Муҳтавои аксар навиштаҳои эҷодкорони тоҷик ба тарбияи инсонпарварию ватандӯстӣ, некиву накукорӣ, хушниҳодиву ростқавлӣ ва иродатмандию бошарафии хонандагон мусоидат мекунанд. “Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсиро асари қаҳрамонӣ меноманд, вале аз нигоҳи панду андарзомӯзӣ низ ин асар беҳамтост.

Ҷавҳари “Шоҳнома”-ро муборизаи неку бад ташкил медиҳад ва ҳадафи шоир собитгари бартарии неруи некист, даъват бад он аст, ки ҳамеша бояд бо некӣ гаравиду ба накукорӣ машғул шуд. Маънии зиндагӣ ҳамбаста бо аъмоли нек аст:

Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,

Чу дидед сармо, баҳор оваред!

Каломи мавзун муассир аст ва хонандагони зинаи аввали таҳсилот низ нисбат ба назм таваҷҷуҳманданду ба сухани бавазну гуворо шавқу завқи хоса доранд. Байту қитъаҳо, зарбулмасалу мақолоти равону ҷолибу самимиро зуд ва аксаран бадоҳатан ба хотир мегиранд. Омӯзгор бояд аз ин хислати умдаи шогирдон босамарона истифода барад ва дар ҷараёни таълиму тарбия ҳамеша ин омилро дар назар дошта бошад.

Умуман, тарбияи одоби ҳамида ва маърифатмандии хонандагон бо адабиёти бадеӣ пайванди қавӣ дорад ва аҳли таҳқиқ дуруст фармудаанд, ки “адабиёт сарчашмаи ташаккули маънавии шахс мебошад”.

Одоб ва маърифати хонандагон аз масоили муҳимми рушди маънавии насли наврас аст. Аз ин рӯ, аз зинаи аввали таҳсил ба ин ҷанбаи фаъолияти худ омӯзгорон бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Танҳо хонандаи боодобу бомаърифат метавонад ҳамчун шахси фаъоли ҷомеа ба воя бирасад.

Гулрухсор ФАЙЗУЛЛОЕВА –

омӯзгори мактаби №36,

ноҳияи Рӯдакӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2