ҲАМКОРӢ ОМИЛИ КОМЁБИСТ
Дар масъалаи солимии ҷисмониву рӯҳии кӯдак оила нақши муҳим дорад. Ҳамкории шахсиятҳои масъули Фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, муассисаҳои таълимӣ бо волидайн дар росткорӣ, адолатпарварӣ, босабрӣ, ботамкинӣ, таълиму тарбия яке аз масъалаҳои меҳнатдӯстӣ, шарму ҳаё, сарфакорӣ бояд тарбия мубрамтарин дар илмҳои педагогика, кард. Барои тарбияи хуби фарзанд, падару модар психология, инчунин, дар амалияи бояд моҳияти тарбияро амиқ дарк намоянд, таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад.
маҳорати педагогиро доро бошанд. Усулҳои зерини тарбиявӣ ба волидайн тавсия карда Ҳадафи аввалиндараҷаи таълими мешаванд: ибтидоии муосир, ҳифзи солимии - волидайн барои тарбия ҳар рӯз вақти ҷисмониву рӯҳӣ, муайян кардани муайянеро ҷудо намоянд ва фарзанд дар маркази қобилиятҳои эҷодии кӯдак ва ниҳоят, диққати онҳо қарор гирад; рушди шахсияти ӯ мебошад.
- дар оила фароҳам овардани шароити моддӣ ва ахлоқӣ ногузир аст, ки он заминаи камолоти фарзанд мебошад. Аммо тамоми ашёро муҳайё кардан ноҷоиз аст, ҳар як чиз он гоҳ қадр карда мешавад, ки инсон бо меҳнат ба он ноил гардад;
- дар ҷараёни тарбия волидон ҳамақида бошанд, яъне дар гуногунфикрӣ тарбияи дуруст ҳосил намешавад;
- ба тарбияи фарзанд ақраборо низ ҷалб карда, ақидаи онҳо ба назар гирифта шавад (агар зарурут бошад);
- дар тарбия онҳо ҳолати миёнаро ишғол намоянд, яъне на сахтгиру серталаб, на бепарвою саҳлангор бошанд;
- муҳаббат ба фарзанд каме рӯйпӯшона ошкор гардад, то ки ӯ “нозпарвар” нагардад;
- волидайн аз хислатҳои манфии фарзанд бохабар шуда, барои ислоҳи онҳо ӯро водор намоянд;
- талаботи муайянро ба зиммаи фарзанд гузоранд;
- ба ҷазои ҷисмонӣ набояд роҳ дод, ки он дуршавии фарзандро ба вуҷуд меоварад;
- барои корҳои ноҷоизаш ҷазои босазо (бидуни таҳқир) ва барои корҳои некаш ба фарзанд ҳатман таҳсин хонанд;
- қобилияти фарзандро аз меъёр беш таъриф накунанд, ки он дар ӯ “манманӣ” – ро пайдо мекунад;
- нисбат ба рафтори нолоиқи ӯ гоҳо ранҷиши худро баён намоянд;
- волидайн тарбияи нодурусти фарзандро чун хатои худ эҳсос карда, ба бартараф кардани он ҳар чи зудтар кӯшиш намоянд, дар акси ҳол он ҷаҳди зиёдро металабад;
- волидайн дар оила ҳокимияти номаҳдуд надоранд, онҳо танҳо ба ҳаёт ва тарбия кардани фарзандон дар назди қонун ҷавобгаранд;
- волидайне, ки аз ҷиҳати маънавӣ муфлисанд, имконияти наку тарбия кардани фарзандро надоранд;
- шаробнӯшӣ ва сигоркашӣ намунаи бадтарин барои фарзанд аст;
- падаре, ки уҳдадориҳои худро иҷро намекунад ва ё аз он даст мекашад, рӯҳан хароб мегардад.
- бо омӯзгорон робитаи доимӣ дошта, аз сатҳи таълими фарзанд огоҳ бошанд.
Бо дарназардошти тамоюлҳои мусбати зиёди замон дар назди омӯзгор вазифаҳои бисёре меистанд. Яке аз вазифаҳои басо муҳими шахсиятҳои масъули таълиму тарбия дар мактаб ба волидайн зимни суҳбат, маърӯза, лексия, машварат инкишоф додани хусусиятҳои хоси тарбияи кӯдакон ва роҳҳои муомила бо онҳо мебошад.
Вазифаи дигари басо масъулиятталаби муаллим тибқи нишондодҳои фанҳои таълимӣ тарбия кардани кӯдакон мебошад. Зеро ҳар як фанни таълимӣ шогирдонро пайваста бо панду ҳикматҳои ниёгону муосир, анъанаҳои миллӣ, ба хушрафторӣ, одаму одамгарӣ, раҳму шафқат, аклу заковат, лутфу эҳсос ҳидоят намуда, навдаҳои навниҳолонро пурбор мегардонад. Ба роҳбарони синфҳои минбаъда лозим аст, ки барои сербории ин навдаҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо осебе набинанд.
Ҳамчунин, вазифаи хеле муҳим ва зарури муаллимон ва роҳбарони синф толибилмонро ба маҳфилҳои дилчаспашон ҷалб намудан, ба мутолиаи адабиёти бадеӣ, илмӣ - оммавии мувофиқ ташвиқ кардан; дониши онҳоро баланд бардоштан, қобилияту истеъдодашонро ривоҷ додан аст.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» мефармояд: «Чун дар воқеоту ҳодисот аз машварат гурез нест, бояд ки машварат бо аҳли ҳикмат ва азҳоби таҷриба ва мардуми дурандешу пирони оқибатбин воқеъ шавад ва тадбири ин тоифа собит аст».
Воқеан, барои волидайн машваратгари соҳибтаҷриба, мутахассиси касбӣ - муаллим бениҳоят зарур аст. Нақши муҳимро дар соҳибмаърифатшудан ва шахсиятҳои баркамол гардидани фарзандони миллат муаллим иҷро менамояд. Омӯзгор дар рафти фаъолияи таълимии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда метавонад, агар:
- робитаи мунтазами байниҳамии волидайн ва омӯзгор идома ёбад.
- муҳити солими ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад;
- муносибати хайрхоҳонаи байниҳамии омӯзгор ва волидайн танҳо баҳри нигоҳ доштани солимии кӯдак ва ташаккули шахсияти он нигаронида шавад;
- муоширати софи психикии байниҳамии омӯзгор ва волидайн вуҷуд дошта бошад;
- талаботи ягонаи омӯзгор ва волидон барои мактаббачагон татбиқ шавад.
Ҳамчунин ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо волидон аз тарафи омӯзгор бояд ба баъзе қоидаҳои муошират эътибор зоҳир карда шавад:
1. Дар раванди муоширати байниҳамдигарӣ сухан гуфтан ва гӯш кардани шарики худ зарур аст. Дар муколамаи муаллим ва волидайн кинояҳои дағалона, эродҳои истеҳзоангез, беэътиноии умумӣ ғайри қобили қабул аст.
2. Муошират бидуни ба инобат гирифтани вазъият ва табъи ҳамсӯҳбат боиси костагии равонӣ мегардад. Бепарво набудан нисбат ба андешаҳои ҳамкалом хеле муҳим аст. Масалан, агар муаллим ба падару модар бо табассум салом диҳад, волидайн ҳам чунин ҷавоб медиҳад.
3. Бо волидайн баҳс накунед, баҳс боиси кинаву бегонагӣ мегардад. Муайян кардан лозим аст, ки волидайн дар бораи фарзандашон чӣ фикр доранд ва ӯро чӣ гуна қабул мекунанд.
Хомӯш, бо табассум, ҳар он чизеро, ки ба шумо гуфта мешавад, гӯш кунед. Фаҳмидани волидайнро дар вазъияти ӯ изҳор кунед ва умуман, тарафдори ташаккулёбии шахсияти мактаббача буданатонро баён созед. Таъкид намоед, ки барояшон некӣ орзу мекунед ва ин ҳама барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти фарзанди онҳо мебошад.
Дар хотир дошта бошед, ки дар мактаб муаллим сарвар аст ва шумо вазъиятро назорат мекунед. Вазъиятро зери назорат гиред, такя ба дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии хеш намуда, фаъолияти педагогиро ба роҳ монед, суханҳои сари ҷаҳл ибрознамудаи волидонро ба дил нагиред ва ҳеҷ гоҳ табъи худро вайрон накунед.
Ҳамин тавр, омӯзгор шахсияти аввалиндараҷаест, ки дар раванди таълиму тарбия бурд ва бохтҳои он маҳз ба маҳорати педагогии ӯ вобастагӣ дорад. Тамоми пешравию комёбиҳое, ки дар рафти ҳамкории омӯзгор ва волидайн сар мезанад, танҳо ва танҳо ба хотири ташаккули шахсияти мактаббача нигаронида мешавад. Аз тарафи омӯзгор ба волидайн фаҳмонидани ин матлаб, ки ҳама талошаш ба хотири таъмини пешрафти хонанда дар раванди таълиму тарбия ва ташаккули ҳаматарафаи ӯ нигаронида шудааст, муҳим ҳисобида мешавад.
Наргиза ҒАФУРОВА –
омӯзгори кафедраи педагогикаи умумии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё