Зеҳн

ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 13 дақиқа хондан

Роҳнамои Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар рушди фаъолияти Роҳнамои фанни Омодагии ибтидоии ватанпарастии хонандагони синфҳои ҳарбӣ ҳуҷҷати меъёрие мебошад, ки дар болоӣ дар самтҳои таълимӣ оид ба аз асоси Конститутсияи Ҷумҳурии бар намудани дониши асосҳои хизмати Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарбӣ, ҳуқуқу вазифаҳои даъватшаванда «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии ва ҳуқуқи байналмилалӣ, бехатарии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии фардӣ ва бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои Тоҷикистон, Консепсияи стандартҳои хавфноку фавқулодаи табиию техногенӣ фаннии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ва иҷтимоӣ, расондани ёриҳои аввалин, татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим, омодагӣ то соли 2020, Стандарти давлатии фанни ба ҳифзи марзу буми Ватан талаботи «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» ва дигар ягонаро таъмин месозад. Омӯзиши фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф инкишофи шахсияти хонанда нақши таҳия гардидааст.

умда дошта, чолокӣ, покизагӣ, тандурустӣ, озодагӣ, иродатмандӣ, самимият, тобоварӣ ва зиракӣ барин сифатҳои инсониро парваришу сайқал медиҳад. Донишҳои низомӣ дар баробари тарбияи эҳсосу андешаи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва садоқату фидокорӣ, мақому манзалат ва эътибори шахсро таҳким мебахшад.

Роҳнамо ҳадафҳои зайлро амалӣ менамояд: - риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳур Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», талаботи оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ; ташаккули қобилиятҳои ҷисмонию равонӣ ва сифатҳои шахсияти хонандагон чун маърифати воло, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, садоқату фидокорӣ ва хизмати содиқона ба Ватан; донистани ҳуқуқи шаҳрвандии хеш ва муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқи байналмилалӣ; тайёр шудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва содиқона хизмат намудан ба халқу Ватани худ; инкишофи чолокӣ, покизагӣ, тандурустӣ, озодагӣ ва зиракии сиёсӣ тариқи гирифтани донишҳои назариявию амалии низомӣ; эҳтироми арзишҳои фарҳангию таърихии миллӣ ва умумибашарӣ; ташаккули маҳоратҳои худогоҳию хештаншиносӣ, ватанпарастиву масъулиятшиносӣ, меҳнатқариниву бунёдкорӣ, таҳаммулпазириву башардӯстӣ ва ободсозиву муҳаббат ба Ватан; таҳким бахшидани қобилияти хонандагон оид ба фаъолияти мустақилона дар шароити ғайримуқаррарӣ.

Роҳнамо муайянкунандаи мазмун ва мундариҷаи фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ буда, бо мақсади танзими ҷараёни таълими фанни мазкур дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия шудааст. Роҳнамо мақсаду вазифаҳои фан, усулҳои таълими онро муайян намуда, талаботи мазмуну мундариҷаи барнома, китоби дарсӣ ва маводи таълимиро дар асоси назарияи илмию таълимӣ роҳандозӣ менамояд. Фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ибтидоӣ таълим дода мешавад. Ин марҳила хонандагонро ба қадамҳои аввалин бобати дарёфти донишҳои ҳарбӣ ва салоҳиятҳои низомӣ ворид сохта, онҳоро ба ҳаёти сарбозӣ ва касби пуршарафи афсарӣ ошно менамояд. Ҳамзамон, таълими Омодагии ибтидоии ҳарбӣ баҳри инкишофи тафаккур, баёни андеша, зиракии сиёсӣ, мулоҳизаронӣ, ташаккули самимият ва ҷаҳонбинии хонандагон ёрии амалӣ мерасонад, дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил ва ҳаёт имконияти васеъ фароҳам меоварад. Мазмуни фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар асоси илмҳои муосири низомӣ, дидактика, педагогика ва психология ташкил ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз, ҳамаи самтҳои таълими фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ, бо мақсади такмили малакаҳои низомии хонандагон дар робита бо фанҳои таъриху ҳуқуқ, физика, геометрия, география, химия ва тарбияи ҷисмонӣ омӯхта мешаванд. Ҷиҳати тарбия ва тақвияти унсурҳои зикршуда роҳбари ҳарбӣ бояд дониши баланди илмию сиёсӣ, истеъдоди шоистаи низомӣ, қобилияти хуби омӯзгорӣ, малакаҳои афсарӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ дошта, асосҳои педагогика, психология ва методикаи таълими фанни омодагии дифои ҳарбиро аъло донад. Маводи таҳиягашта барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинони таълимиву тарбиявӣ ва роҳбарони ҳарбӣ ҳамчун дастури раҳнамо тавсия гардида, тарзи таҳияи нақшаи таълимию тақвимӣ, истифода аз барномаи таълимӣ, роҳи дуруст интихоб намудани мавзуъ аз китоби дарсӣ, низоми баҳогузорӣ, холдиҳӣ ва тарзи истифодаи мухталифи санҷишҳои шифоҳию тестӣ ва ҷалби хонандаро баҳри дуруст аз бар намудани ҳар як машғулияти ин фан пешниход гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорон мусоидат хоҳад намуд.

ТАТБИҚИ РОҲНАМО

1.1. Самтҳои татбиқ Роҳнамо дар асоси стандарт, барнома, китоби дарсӣ, маводи таълимию методӣ ва аёниятҳои таълимии фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ таҳия гашта, метавонад барои роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимӣ маводи хуби ёрирасон бошад.

Роҳнамои мазкур, пеш аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо мақсади танзими мазмун, мундариҷа ва ҷараёни таълиму арзёбии фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар зинаи сеюми таҳсилот истифода бурда мешавад.

Роҳнаморо ташкилотҳои роҳбарикунандаи Вазорати маориф ва илм, мақомоти давлатӣ ва хадамоти соҳавӣ ҳангоми арзёбии сифати дониш, малакаю маҳорати низомии таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ метавонанд мавриди истифода қарор диҳанд.

1.2. Мақсади роҳнамо Роҳнамо мисли доираҳои тасвиршуда раванди Стандарт Барнома амалишавии стандарт, барнома, банақшагирӣ, таълим, Нақша Таълим машқ ва арзёбии фанни Омодагии ибтидоии ҳарбиро дар Машқ Арзёбӣ синфҳои 10-11 нишон медиҳад. Агар ба ҷойгиршавии доираҳо диққат диҳем, мебинем, ки натиҷаҳои ҳар як машғулият ҷиҳати банақшагирии машғулияти дигар робита дорад. Мақсади асосии роҳнамои омӯзгор, баланд бардоштани сифати таълим тавассути истифодаи самараноки стандарт, барнома, нақшаи таълимӣ, усулҳои таълим, маводи таълимӣ, машқҳои низомӣ, арзёбӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни онҳо буда, робитаи низоми таҳсилро бо маҷмуи натиҷаҳои таълими босалоҳият ва нишондиҳандаҳои онҳо таъмин намудан аст. Чунин натиҷагирии пай дар пай ба асосҳои дониши ҳарбӣ, малакаҳои низомӣ, мутобиқшавии ҷисми хонанда ба машқ ва сарбории ҷисму рӯҳ хуб мусоидат хоҳад намуд. Амалҳое, ки тавассути машқҳои низомӣ иҷро карда мешаванд, этикаи рафтор, суръати ҳаракат, тавоноии рӯҳию ҷисмӣ ва инкишофи баданро меафзояд. Рушди зеҳну нерумандӣ ҳангоми машқҳои низомӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ афзуда, фардро масъул мегардонад. Дар ин давра хонанда ба аввалин малакаҳои низомӣ шиносоӣ пайдо намуда, рафтори худро дигаргун месозад, масъулияти худро ба танзим медарорад, солимии рӯҳиву равониашро такмил медиҳад, ҷисмро ба шароити мухталиф рақобатпазир мегардонад, ҳифзи зиндагию солимиро дар ҳолатҳои хавфноку фавқулода таъмин менамояд.

1.3. Роҳнамо дар самтҳои зерин ба шумо ёрӣ хоҳад расонд:

Татбиқи Стандарт ва барномаи таълимии фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои 10 – 11;

Таҳияи нақшаи тақвимӣ- мавзуӣ;

Банақшагирии фаъолияти роҳбари ҳарбӣ дар таълими фан ва иттиҳодияи методӣ; Ҳангоми тарҳрезию банақшагирии машғулият ва машқ; Ҳангоми назорат ва арзёбии сифати таълим аз ҷониби маъмурияти муассиса, шуъбаҳои маъорифи ноҳия, шаҳр, вилоят ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф; Таҳлили раванди таълим ва дарс; Ҳангоми муаррифии дастовардҳои низомии хонандагон ба падару модар.

1.4. Кадом корҳоро дар қадами аввал вобаста ба истифодаи роҳнамо анҷом бояд дод?

- Стандарти фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва роҳнаморо хонед.

- Ҷадвали салоҳиятҳои фанни Омодагии ибтидоии ҳарбиро барои синфи 10 ва 11 бо мундариҷаи китоб муқоиса намоед.

- Барои таҳияи нақшаҳои тақвимӣ ва дарсӣ роҳнаморо ба сифати дастурамал истифода баред.

- Барои арзёбии савияи дониш ва ба салоҳиятҳо ноил гаштани хонандагони синфҳои 10 – 11 аз нишондиҳандаҳои роҳнамо истифода баред.

1.5. Натиҷаҳо ва мақсади таълим Натиҷаҳои таълим натиҷаҳои ниҳоиеанд, ки аз машқҳои ҳарбӣ бармеоянд: гузоришдиҳӣ, машқи саф, машқҳои тактикӣ, машқҳои тирандозӣ, расондани ёриҳои аввалини тиббӣ, машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва ғайра.

Мақсади таълими машқ ҳангоми машғулиятҳо пайдо намудани малакаву маҳорати низомӣ, ба ин васила дар ниҳоди хонандагон тарбия намудани хислатҳои ватандӯстӣ, озодагӣ, ҷасурӣ, далерӣ, меҳнатдӯстӣ.

1.6. Натиҷаҳои таълим ва мувофиқати онҳо ба машқҳо Натиҷаҳои таълими ҳар як машғулият дар мувофиқат бо талабот ба сатҳи дониш ва салоҳиятҳои хонанда дар охир арзёбӣ шудаанд. Дар хотир доред, ки ин таҷрибаи ғайримуқаррарист ва танҳо барои дуруст ба нақша гирифтани раванди таълим ва арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонанда пешниҳод шудааст. Шумо метавонед барои татбиқи натиҷаҳои таълим китобҳои дарсӣ ё маводи дигари ёрирасони таълимро истифода баред.

Намунаҳои матн ва машқҳо дар асоси китобҳои дарсии мушаххас тавсия шаванд ҳам ин маънои танҳо истифодаи ҳамин маводро надорад. Роҳбарони ҳарбӣ метавонанд аз китобҳои дарсии пешин, маводи таълимии дигар ва таҷрибаи омӯзгории хеш низ фаровон истифода баранд.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

3.1. Мафҳумҳои асосии таълимӣ Барномаи таълим. Ҳуҷҷати таълимие, ки мазмун, талабот ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон, ҳаҷм, инчунин, тартиби омӯхтан ва таълими ин ё он фаслу ҷузъҳои онро муайян мекунад.

Воситаҳои таълим. Воситаҳое, ки ҳамчун манбаи иттилооти таълимӣ ва воситаи азхуднамоии мазмуни маводи таълим барои рушд ва тарбияи хонанда хидмат мекунад (китоби дарсӣ, луғатҳо, харитаҳо, нақшаҳо, мусаввараҳо, ашёи табиӣ ва маводи дигаре, ки манбаи дониш ҳисоб меёбад).

Дастовардҳои таълимии хонандагон. Натиҷаи ниҳоие, ки донишомӯз дар раванди таҳсил ба даст меорад.

Арзёбӣ. Баррасии ҷанбаҳои мусбат ва манфии амал, маҳорат, қобилият ва баҳодиҳӣ.

Арзёбии ташаккулдиҳанда. Усули баҳодиҳиест, ки тавассути он муаллиму хонандагон раванди таълимро таҳлил карда, хулосаи зарурӣ мебароранд. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳанда ба муаллимон имкон медиҳанд, ки раванди таълимро мушоҳида намоянд. Ин навъи арзёбӣ барои дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотӣ ва иртиботии нав мусоидат менамояд.

Арзёбии ҷамъбастӣ. Барои муайян намудани сатҳи ташаккули дониш, маҳорату малакаи низомӣ, салоҳиятнокӣ ҳангоми ба анҷом расонидани омӯзиши мавзуъ то давраи муайян таъйин мегардад. Он аз рӯи натиҷаҳои корҳои санҷишии тестӣ, гузоришҳо ва амалҳои низомии хонанда анҷом дода мешавад. Баҳои ҷамъбастии он асосӣ дониста мешавад.

Арзёбии ташхисӣ. Муайянкунии сатҳи ибтидоии ташаккули донишҳо, малакаю маҳорат ва қобилиятҳои донишомӯз мебошад.

Иттиҳодияи методӣ. Яке аз равишҳои ташкили кори методӣ барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таълимӣ ҳисоб меёбад.

Завқ. Муносибати донишомӯз ба ҳодиса ва воқеаҳои зиндагӣ, ба омӯхтани илму дониш ва ғайра.

Зеҳн. Фаҳм, ҳуш, идрок, зиракӣ, ҳофиза, ёд.

Малака. Қудрат, тавоноӣ, қобилият барои иҷрои коре.

Маҳорат. Ҳушёрӣ, чолокӣ, моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ ва ҳунармандӣ ҳангоми иҷрои коре.

Метод. Равиши назарӣ ва амалии донистани воқеият ва иҷрои амал.

Меъёр. Дараҷа ва нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ва таснифот анҷом дода мешавад.

Мониторинг. Низоми ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдориву интишори иттилоот оид ба низоми таълиму тарбия ё унсурҳои алоҳидаи он, ки имкон медиҳад вазъи объект дар ҳама гуна ҳолат арзёбӣ ва дурнамои он муайян карда шавад.

Нақшаи таълимӣ. Ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.

Натиҷаҳои таълим. Натиҷаҳои ниҳоие, ки аз омӯзиш ба даст меоянд.

Нишондиҳандаҳо. Намунаи далелҳое, ки аз ноил гаштан ё нагаштани донишомӯз ба натиҷаи таълим шаҳодат медиҳанд ва тавассути онҳо сатҳи пешрафт ва нокомӣ муайян мегардад.

Роҳнамоӣ. Яке аз шаклҳои шиносоӣ бо таҷрибаи педагогӣ (омӯзгорӣ), ки дар ҷараёни он омӯзгори навкор ва навомӯз таҳти роҳбарии бевоситаи омӯзгор-устод тарзу равишҳои заруриро амалан аз худ мекунад. Роҳнамоӣ метавонад дастаҷамъӣ ва инфиродӣ бошад.

Салоҳиятнокӣ. Қобилияти пурраи инсон барои мустақилона истифода кардани унсурҳои гуногуни дониш, малакаю маҳорат ва шаклҳои фаъолият дар ҳолатҳои муайян (таълимӣ, инфиродӣ, касбӣ).

Стратегия. Роҳу равиши ноил гардидан ба мақсад.

Тавсияҳои методӣ. Маҷмуи пешниҳод ва нишондодҳое, ки барои ҳаллу фасли мушкилот бештар мувофиқанд.

Усул. Маҷмуи роҳу равиш ва тарзу усули омӯхтан, донистан, фаҳмидан, идрок буда, барои самарабахш гардондани ҷараёни таълим мунтазам истифода карда мешавад.

Такмили ихтисос. Низоми омодасозӣ ва бозомӯзии роҳбарони ҳарбӣ, кормандони илмӣ ва дигар категорияҳои кормандони соҳаи маориф.

Таҷҳизоти таълимӣ. Таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад.

Тест. Тарзи санҷиши дониш бо истифодаи воситаҳое, ки аз маҷмуи супоришҳо иборат буда, бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш, маҳорат ва дигар хусусиятҳои хонандагон истифода мешавад.

Технологияи иттилоотиву иртиботӣ. Технологияи компютерӣ, нусхабардорӣ, тахтаи электронӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки дар ҷараёни таълим истифода мешаванд.

3.2. Намудҳои дарс:

дарс - лексия - дарсест, ки маводи пешниҳодшавандаи нақшаи таълимӣ ба хонандагон тавассути лексия фаҳмонида мешавад; дарс - семинар - дарсест, ки дар он мавзуи дарс бо иштироки фаъоли худи хонандагон матраҳ мегардад; дарс - мубоҳиса - дарсест, ки дар он мавзуъ байни хонандагон ва омӯзгор ба тарзи баҳсу мунозира, баёни ақида, масъалагузорӣ сурат мегирад; дарс - конференсия - дарсест, ки мавзуи мушаххас аз тарафи хонандагон маърӯза мегардад ва дар охир натиҷабардорӣ мешавад; дарс - суолу ҷавоб (Чӣ? Кай? Дар куҷо?) – дарсест, ки ба таври суолу ҷавоб сурат гирифта, маълумоти дақиқ ва мушахасро дар бораи мавзуъ медиҳад; дарс-мусобиқа - дарсест, ки хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд ва байнашон дар атрофи мавзуъ мусобиқа сурат мегирад;

дарс-саёҳат-дарсест, ки аз синфхона берун дар шакли амалӣ доир мегардад; дарс-таҳқиқот- дарсест, ки вобаста ба мавзуъ дар шакли пажӯҳиш сурат гирифта, ба дарси амалӣ робитаи зич дорад; дарс - театр (саҳна) - дар синф ва берун аз он бо намоиш ва иҷрои саҳнаҳо сурат мегирад; дарс - расона (мултимедӣ)- дарсест, ки дар он технологияи муосир фаровон истифода мегардад; дарс - суҳбат - дарсест, ки дар он суҳбати ошкоро атрофи ягон мавзуъ сурат мегирад; дарс - таҷрибаомӯзӣ - дарсест, ки тариқи корҳои амалӣ дониши хонандагон мустаҳакам гардида, малакаашон такмил меёбад; дарс - проблема - дарсест, ки мавзуъ ба таври проблемавӣ матраҳ гардида, барои пурқувватгардонии дониш, малака, маҳорат ва эҷодкории хонандагон мусоидат менамояд; дарси омехта - дарсест, ки дар он истифодаи зиёда аз ду усули дарсгузарӣ истифода мегардад. Масалан, дар баробари истифодаи методи лексия боз дар рафти дарс суҳбат, баҳс, андешаронӣ, проблемагузорӣ, саҳна ва ғайраро истифода намудан мумкин аст. Омӯзгор бо салоҳдиди худ метавонад методҳоеро истифода барад, ки барои донишандӯзии хонандагон мусоидат намояд; дарс - машқ - дарсест, ки дар он омӯзгор амалро ба хонандагон нишон дода, бо онҳо дар якҷоягӣ ва алоҳида машқ менамояд.

3.3. Мафҳумҳои асосии фаннӣ Амрҳои низомӣ. Маҷмуи истилоҳоти низомие, ки барои иҷрои ин ё он амали низомӣ кӯтоҳ, возеҳ, фаҳмо, бо риояи меъёр аз тарафи сардорон, бо овози афсарӣ ба зердастон дода мешавад.

Азимут. Ҳамаи ашёву объектҳои сатҳи Замин нисбат ба самти Шимол бо кунҷҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Аз ин ҷо кунҷи байни самти Шимол ва самти объекти дар маҳал воқеъгардидаро азимут меноманд.

Дастурамал. Тарзу усули корбарӣ дар соҳа.

Кашшофӣ. Муайян намудани самтҳои ҳадаф ва макони зарурӣ.

Кодекси рафтор. Тарзи рафтор, гуфтор ва амал ҳангоми адои вазифа.

Омодагӣ. Тайёрӣ.

Оинномаҳо. Маҷмуи қоидаву қонунҳои хизмати низомӣ.

Релеф. Шакли сатҳи замин.

Стандарт. Меъёр, талаботи муқарраргардида.

Стандарти фаннӣ. Санадест, ки дар он мазмуну муҳтавои фан дар нақшаи таълимӣ омӯзиши он пешбинигардида, ҳаҷми сарбории таълимӣ, роҳу усули самаранок истифода бурдани буҷаи вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида, тибқи талаботи бозори меҳнат омода намудани барномаи таълимӣ, сатҳи азхудкунии дониш аз тарафи таълимгирандагон, инчунин, талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни мазкур ифода гардидааст.

Тактика. Санъати сафороии лашкар. Амалиёт дар майдони муҳориба.

Уфуқ. Агар мо ба баландӣ баромада, ба атроф назар андозем, чунин менамояд, ки гӯё осмон ба сатҳи Замин рафта мерасад. Инро уфуқ меноманд. 4 самти уфуқ мавҷуд аст: Шимол, Шарқ, Ҷануб, Ғарб.

Хаританигорӣ. Кор бо харитаи маҳал, муайян намудани ҷои ист дар маҳал. Нақшабардории мавзеъ.

Экватор. Хатти росте ки кураи заминро ба ду қисми баробар тақсим менамояд.

Қутбнамо барои муайян намудани уфуқҳо ва ёфтани ягон самт хизмат менамояд.

Ҳолати фавқулода. Вазъияте, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиию техногенӣ ва дигар омилҳо ба вуҷуд омада, хисороти зиёд меорад.

Қурбоналӣ ЗИЁЕВ – мутахассиси фанни ОДҲ-и шуъбаи фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбии ПРМ АТТ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2