Қиссаи воқеӣ
Ҷавондухтари ятиме, ки ғайр аз модараш касе надошт, шавҳар кард. Бадбахтона, шавҳараш ниҳоят марди дуруштхӯй буд ва дар ҳаққаш
хеле зулму ситам мекард. На танҳо шавҳараш, ҳатто аҳли оилааш низ бо ӯ муомилаи бад мекарданд, шабу рӯз мисли хидматгор кор мефармуданд, вале бо вуҷуди он дашному азияти зиёд мекарданд, баъзан ҳатто мезаданд. Зани бечора аз ночорӣ ба модараш шикоят мекард, вале модараш ягона кӯмаке, ки аз дасташ меомад, ҳамроҳ гиря кардан буду халос.
Ба ҳамин ҳол даҳ сол гузашт. Муносибати шавҳараш ва аҳли шавҳараш бадтар шуда буд. Рӯзе модари он зани ситамдида бемори вазнин шуд ва эҳсос кард, ки маргаш наздик аст. Зан гиря карду гуфт:
- Ягона шахсе, ки маро дилбардорӣ мекардӣ, пас ман чӣ кор кунам?
Модар гуфт:
- Агар пас аз марги ман дилат танг гардад, ба хонаам биё, ракъате чанд намоз бихон ва ҳангоми саҷда дарди дилатро ба Аллоҳ гӯй.
Модар аз олам чашм пӯшид. Пас аз гӯру чӯби модар, ягона шахси тасаллидиҳандаи зан, гӯё дар олам танҳо монд. Дигар касе намонда буд, ки дил холӣ кунад, аз ҳоли бадаш шикоят кунад. Аз рӯи васияти модараш ҳафтае як ё ду маротиба ба хонаи модар меомад, намоз
мехонд ва ба Аллоҳ Таъоло рози дил мегуфт.
Чун як моҳ бо ин минвол гузашт, аҳли хонаводаи шавҳараш ин равуои ӯро пай бурданд ва ба шавҳараш гуфтанд:
- Ҳамсарат ҳафтае як — ду маротиба ба хонаи модараш меравад, дар ҳоле, ки он ҷо касе зиндагӣ намекунад, ғамгин меравад, вале шоду
табассумкунон бармегардад. Ҳатман, бо касе вомехӯрад, ба ту хиёнат карда истодааст.
Шавҳар аз ин суханон дарғазаб шуд ва қарор кард, ки ҳамсарашро ҳангоми хиёнат дастгир кунад. Рӯзе, ки ҳамсараш ба хонаи модар
рафт, оҳиста аз қафояш рафт. Дид, ки ҳамсараш таҳорат карда, ба намоз оғоз кард, саҷдаи дурудароз мекунад. Бесадо наздик шуд,
шунид, ки дар саҷда гиря мекунад ва мегӯяд:
- Парвардигоро, шавҳарамро ҳидоят кун. Аҳли оилаашро ҳидоят кун. Онҳо маро азият медиҳанд. Парвардигоро, ба қалби шавҳарам
раҳм андоз, меҳр андоз. Ман ӯро дӯст медорам, вале ӯ ба ман танҳо дарду ранҷ мерасонад. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ сухани пурмеҳру муҳаббат нашунидаам. Ман ӯро мебахшам, Парвардигоро ту ҳам ӯро бахш.
Аз ин суханон шавҳар ба гиря оғоз кард, зуд рафта, ҳамсарашро ба оғӯш кашид, аз ӯ узру бахшиш пурсид ва ваъда дод, ки дигар зулм
нахоҳад кард.
Ҳамон шаб зан дар хоб дид, ки шахсе мегӯяд:
- Наздиктарин инсон бароят модарат буд, ба ӯ даҳ сол шикоят кардӣ, вале ӯ ба ту натавонист кӯмаке намояд. Ҳамагӣ як моҳ ба Аллоҳ
Таъоло шикоят кардӣ, Аллоҳ дуоятро қабул ва мустаҷоб кард ва ҳолатро ба беҳтарин ҳол тағйир дод. Бидон, ки раҳмати Аллоҳ аз раҳми
модар нисбат ба фарзандаш наздиктар аст!
СубҳонАллоҳ, ки бо як дуо ҳолати бандаашро тағйир медиҳад!
СубҳонАллоҳ, ки ба мо аз модаронамон меҳрубонтару наздиктар аст!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё