МАҲОРАТИ КАСБӢ - ОМИЛИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТ
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки аз рӯйи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ва филиалҳои он ба амал бароварда шуда, ҳамасола мудирон ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, нозирон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, инчунин, омӯзгорону кормандони дигари соҳаи маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар муассисаҳои такмили ихтисос аз курсҳои такмили маҳорати касбӣ мегузаранд.
Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017, №357 “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” тасдиқ гардид, ки дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши созгор гузошта истодааст. Барномаи мазкур бо дарназардошти талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҳуҷҷати инъикоскунандаи вазъи муосири системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф мебошад. Барномаҳои таълимии такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, шакл ва давомнокии он аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва муқаррар карда мешаванд.
Банақшагирӣ, ташкил ва низоми маблағгузории системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” муайян намудааст. Банақшагирӣ ва ташкил намудани курсҳо тавассути системаи сезинагии такмили ихтисос (муассисаи таълимӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ) ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади расонидани ёрии таълимию методӣ ба иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ дар татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва кадрҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ Шӯрои методӣ ташкил карда шудааст.
Вазифа ва шаклҳои асосии фаъолияти кори Шӯрои методӣ дар асоси таҳлил ва мушоҳидаҳо муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар самти корҳои методӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли он, омӯзиш, баррасӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, баланд бардоштани дараҷаи илмию методӣ, омӯзиш, таҳлили вазъи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои эҷодкорӣ ва таъмини фазои ягонаи таълимиву тарбиявӣ дар самти ташаккул ва рушди шахсияти омӯзгорони фаннӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ ҷузъи сохтории Шӯрои методии муассисаи таълимӣ буда, роҳбарони он дар Шӯрои методӣ ва Шӯрои методӣ дар Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ оид ба фаъолияташон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Тибқи талаботи моддаи 38 банди 2, сархати 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” муассисаи таълимӣ вазифадор аст, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд. Ҷиҳати иҷрои банди мазкур роҳбари муассисаи таълимӣ (дар ибтидои соли таҳсил) дар асоси пешниҳоди Шӯрои методӣ ва аъзои он нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгоронро таҳия (барои 1 сол ва 5 сол) намуда, ба кабинети методии раёсат (шуъба)-и маорифи шаҳр (ноҳия) пешниҳод менамояд. Мутобиқи моддаи 34, сархати 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва воҳидҳои сохтории худро вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, ташкил ва таъмин менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар назди Раёсати маорифи вилоят, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва ноҳиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кабинети методӣ таъсис дода шудааст, ки қисми таркибии мақомоти марбута ба ҳисоб меравад. Кабинети методӣ фаъолияташро дар робитаю ҳамкорӣ, бо раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, берун аз мактабӣ ва ғайраҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзиии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар муассисаҳои тобеи вазорат ва вазоратҳою муассисаҳои дахлдор ба роҳ мемонад.
Вазифаи кабинети методӣ, расонидани ёрии амалӣ-методӣ дар фосилаи байни курсҳои такмили ихтисос, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва ҳавасмандгардонии рушди малакаҳои касбии омӯзгорон тавассути гузаронидани Шӯроҳои методӣ, озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқи моддаи 36, сархати 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мақомоти маҳаллии идоракунии соҳаи маориф такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша дароварда, ташкил мекунад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди қонуни мазкур, кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгоронро аз ҳар як муассисаҳои таълимӣ (тибқи рӯйхат вобаста ба ҳар як фанни таълимӣ) талаб намуда, нақшаи дурнамои шаҳр ва ё ноҳияҳоро таҳия ва ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он пешниҳод менамоянд.
Донишкада ва филиалҳои он дар навбати худ тибқи дархости ҳар як шаҳру ноҳия, нақшаи баргузории курсҳоро барои соли оянда таҳия намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамоянд. Инчунин, дар асоси ин маълумот аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида маблағгузории хароҷоти аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ба нақша гирифта мешавад. Пас аз барасмиятдарории нақша, мудир ва мушовирони кабинети методӣ омӯзгоронро тибқи ҷадвал аз рӯи рӯйхат ба курсҳо сафарбар менамоянд. Шунавандагони курс баъд аз бозгашт аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар иттиҳодия ва ё Шӯрои методӣ оид ба шакл, усул ва навовариҳои омӯхтаашонро ба ҳамкасбон баррасӣ менамоянд. Инчунин, бо мақсади муайян намудани самаранокии баргузории курсҳои ташкилнамудаи Донишкада ва филиалҳои он ба мушовирони кабинетҳои методӣ, маъмурият ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки ба дарсҳои омӯзгороне, ки аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд, баъд аз бозгашт иштирок намоянд. Бояд тазаккур дод, ки воқеан, соҳаи маориф дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии кишварамон нақши калидӣ мебозад ва аз ҳар як корманди соҳаи маориф масъулияти баланди касбиро талаб менамояд.
Беҳрӯз АМИРУЛЛОЗОДА – директори мактаби №37, ноҳияи Сино
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё