ТАЪЛИМИ БАДЕИЁТИ ТАСВИРҲОИ ТАВСИФӢ ДАР АШЪОРИ ШАМСУДДИНИ ШОҲИН
Тавсиф зинаи нахустини тахайюли шоирона буда, идроки зебоишиносии шахсиятро таҷассум мекунад. дар бораи омӯзиши улуми балоғати суннатӣ, махсусан, тавсиф профессор Х. Шарифов чунин навиштааст: «… асоси ҳамаи образҳо ва тасвирҳои фаҳлавиёт, шеъру тарона ва афсонаҳои халқӣ тавсиф мебошад. дарёфти ҳиссии ашё ба воситаи сифати он мумкин аст ва таъбири «абри сиёҳ», ки абр бо ин сифат аз кулли абрҳо фарқ дорад, аз мушоҳидаи ҳиссӣ ҳосил шудааст».
Дар илми адабиётшиносии русӣ тавсифро ибтидои бадеият шинохта, чун воситаи баён медонанд. Аз рӯи ақидаи Б.В.Томашевский, «тавсиф ба сухан оҳанги муассирӣ мебахшад ва вазифаи он таъкид ва ба дараҷаи аввал баровардани аломати муайяни мавсуф мебошад. Яъне ба ибораи дигар сифати умдатарини онро, ки бе он ҳам доро мебошад, дар мадди назари хонанда ҷилва медиҳад».
Тавсиф як шакли калимаи васф буда, маънои таъриф карданро дорад. Нависанда барои тасвири барҷастаи образи муайяни одамон, воқеа ва манзараҳои табиат, сифатҳои хоси онҳоро меорад. Ин тарзи тасвир тавсиф номида мешавад. Маъшуқ дар ғазалиёти Шоҳин ҳамчун таҷассумгари зебоии инсон ифода ёфтааст. Дар ғазалиёти Шамсуддини Шоҳин тавсиф бештар дар тасвири маҳбуба ба кор рафта, шоир онро ҳунармандона ва зебо ифода намудааст. «Дилбар»-еро, ки шоир тасвир кардааст, ганҷинаи ҳусну малоҳат ва зебоиҳои олам буда, дили ошиқро мафтуну шайдо кардааст:
Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро, Қади сарву лаби лаълу хати райҳони туро.
То бар он чоки гиребон набарам дасти умед, Ҳаргиз аз каф наниҳам гӯшаи домони туро Дил ба як бор бипардохтам аз фикри китоб, Дидам он дам, ки хати ғолияафшони туро.
Бо рақибон макун эҳсон, ки аз ин тирадилон Шиканад, он ки намак хӯрд, намакдони туро.
Эҷодиёти Шамсуддини Шоҳин аз лиҳози забон равон, фаҳмо ва пуробуранг мебошад.
ғазалиёти Шоҳин дар мавзУъҳои ҳасбиҳол, тасвири манзараҳои табиат, панду ахлоқ, фалсафа, ирфон ва бештар дар ишқу муҳаббати инсонӣ, ишқи илоҳӣ иншо шудаанд. Дар ғазалиёти шоир танҳо маъниҳои бикр, хаёлоти рангин ва шеърияти баланд сабаб шудаанд, ки эҷодиёти ӯ дар кошонаи дили мардум ҷой гирад. Шоҳин бо камоли ифтихор менависад:
Ҳар куҷо тухми муҳаббат буд, деҳқони азал Ҷамъ карду як ба як дар синаи Шоҳин бикишт.
Ғазалиёти Шоҳин бештар аз тасвири шӯру шавқи ишқ ва хуррамии ҳаёт иборат аст. ҳолат ва кайфиятҳои ботинии ушшоқ монанди: меҳру кин, нозу ниёз, қаҳру лутф, дарду дармон, васлу ҳиҷрон, нокомиву комёбӣ, вафодориву паймоншиканӣ, яъсу умед, шодиву андуҳ, беқарориву шикебоӣ, истиғнову ниёзмандӣ, саркашиву таслим, ризову шикоят ва хулоса он чи ки ошиқи сӯхтадил ва беқарор дар ғазалиёти шӯрангези Шоҳин бо беҳтарин таъбирҳо ифода ёфтаанд.
Шуд фасли гул, азимати сайри чаман кунед,
Гар фурсат аст, як-ду-се рӯзе ватан кунед.
Ҷоме, ки мекашеду нишоте, ки мекунед,
Дар пойи гул кашеду ба рӯйи суманкунед…
Гар хирқа в-ар китоб ба симе равон диҳед,
В-он симсарфи суҳбати он симтан кунед.
Тангаш ба бар кашед чу ҷон коми дил аз ӯ
Ҳосил ба шаккари лабу себи зақан кунед.
Лекин ба шарти он ки дар аснои он нишот
Ёд аз муқими гӯшаи байтулҳазан кунед.
Шоҳинсифат ба ёди қадаш ҷон агар диҳам,
Аз нахли сарв тахтаи тобути ман кунед.
Дар ғазалиёти шоир аслан паҳлуҳои гуногуни ишқ-эҳсосоти қалбии инсон, васфи қаду қомат, чашму абрувони ёр, зулфумижгон, бесабрӣ, дардуфироқ, интизории ёр инъикос ёфтааст.
Аз пайи моҳии соқи ту ба по афтодаст
Сари зулфи ту, ки қуллоби наҳанг аст маро.
Аз камонхонаи абруи ту дар дил дорам
Ки ба ҳар ғамза чи миқдор хаданг аст маро…
Мекашад теғ ба сар аз ҳасад абрӯйи туам,
Ки чаро домани зулфи ту ба чанг аст маро?
Дар ин ғазал тавсиф дар ибораҳои «дами теғи фаранг», «сари зулфи ту», «қуллоби наҳанг», «камонхонаи абру», «домани зулфи ту», «наргиси фаттон», «чанги паланг» омадаанд, ки агар аз як тараф, таъсири шеърро зиёд карда бошанд, аз тарафи дигар, завқу ҳунари шоирро нишон додааст.
Дил зи ёди қади ӯ майли хами зулфаш кард,
Булбул аз шохи гуле дар қафасе меояд.
***
То дил андар хами он зулфи парешон наравад,
Сари шӯридаи ман бар сари сомон наравад.
Нест сарве ба чаман, к-аз сари хиҷлат шуда об,
Дар қадамҳои ту, эй сарви хиромон, наравад.
Маҳорати нигорандагии Шоҳин дар истифодаи санъати тавсиф хеле хуб намоён мешавад.
Дар ғазалиёти Шоҳин тавсифҳо аз тарафе таъсири шеърро афзояд, аз тарафи дигар, завқу ҷилваҳои ҳунари шоирро дар офаридани шеър намоиш медиҳад. Дар баъзе ғазалиёти шоир тасвири нигоҳи ёрро чунон зебову моҳирона бо истифода аз ибораи «тири нигоҳат» ба қалам додааст, ки мегӯяд:
Нозук дили ман чун кунад, эй наргиси ҷонон?
К-аз ҷавшани ҷон мегузарад тири нигоҳат.
Умуман, бо истифодаи ин навъи санъати бадеӣ шоир тавонистааст, тамоми ҳиссиёти равониеро, ки ошиқ нисбат ба дидори маъшуқа дар ниҳод мепарварад, ба таври хоса баён намояд. Маҳорати суханварии Шоҳин нишон дод, ки ин навъи санъат дар ғазалиёти шоир ба таври васеъ истифода шудааст ва ба ғазалиёти ӯ тасвирҳои зебое зам намуда, оҳангнокӣ ва равонии онҳоро таъмин месозад, инчунин, ҷанбаи ҳунарии ғазалиёти шоирро қувват мебахшанд.
Барно САИДОВА –
номзади илми филология,
Моҳрухсор АКРАМОВА –
номзади илмҳои педагогӣ,
ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё