Намози Ҳотами Асам
Шахсе аз Ҳотами Асам суол кард:
- Ту чӣ гуна намоз мехони?
Ҳотами Асам:
- Вақти намоз, ки ояд, рафта таҳорат мегирам. Тавба мекунам, аз меҳру муҳаббати дунё рӯ мегардонам. Аз ҳама гуна феълу рафторе, ки сабаби таърифкунии ман мегардад, дури меҷӯям. Дар ақлу ҳушам кинаву ҳасад ҷо намекунам. Баъдан ба намоз истода, тарафи қибла мегардам. Каъбаро пеши чашмам меорам. Ҳам бо умеде, ки намозам қабул мегардад ва ҳам бо тарс аз он ки намозам қабул намегардад. Ва фикри онро мекунам ки Аллоҳ Таъоло(ҷ.ҷ) маро дида истодааст. Тасаввур мекунам ки дар тарафи ростам Ҷаннат ва дар тарафи чапам ҷаҳаннам, аз пуштам Азроил(а.с) ва намози хондаам охирон намоз аст. Худро дар пули сирот ҳис мекунам, ки қадам гузоштаам. Бо тасаввурот Аллоҳу Акбар гуфта, намозро оғоз мекунам. Худро дар ҳузури Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ) фикр карда, бо дили фараҳ рукуъ мекунам ва бо ҳузн ба саҷда меравам. Аз Аллоҳ Таъоло(ҷ.ҷ) ноумед нашуда, дуо мекунам. Ихлосамро аз даст надода, салом мекунам. Ин аст, тарзи 30-соли хониши намози банда.
Мо ҳам дуо мекунем ва ҳам кӯшиш мекунем, ки намозамонро чун бузургонамон адо намоем. Чи саодат ба бузургонамон, ки дар надоштани шароит чунин тақводор буданд. Банда худро фикр мекунам, ки дар шароите қарор дорем ки аз гузаштаамон хело ва хело ҳам боло мебошем, аммо аз маҳалли тақво гузар намекунем. Аз худам шарм мекунам, ки назди бегонагон бо гузаштаамон фахр мекунам. Ҳар, ки содиқона дар дини Ислом аст, пас ӯ аз мост. Дар ҳаққи банда ҳам дуогӯ бошен, ба ҳар яко яки мо низ тақво ёру рафиқ бигардад.
Пайваста дар фикри он бошем, ки мо аз куҷо омадем ва ба куҷо меравем.
Шахсе, ки бо тайёрӣ умрашро паси сар мекунад, марг барояш Раҳмат аст!!!
Боқӣ аз пушти ислоҳи намозҳоямон бошем ва намози худро бо намози Ҳотами Асам муқоиса намоем.
Ассаломуалейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё