УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ШИНОХТИ МУЪМИН ҚАНОАТ
(Бахшида ба 90-солагии Муъмин Қаноат)
Ҷиҳати муҳими масъалаи матраҳшаванда дар адабиёти муосири тоҷик, Муъмин Қаноат аз шогирдони асил ва ворисияти адабӣ, шинохти эҷодкорон ва дастпарвари мактаби адабии устод Мирзо дарёфти чеҳраҳои соҳибистеъдод аз ҷониби Турсунзода ба ҳисоб меравад. Устод Мирзо устодон ба шумор меравад. Ин масъаларо Турсунзода ҳам аз чунин шогирд хушнуд дар мисоли ду чеҳраи намоёни адабиёти буд. Устод дар рушди маънавии ӯ саҳми муосир устод - Турсунзода ва Муъмин босазо гузоштааст. Мусаллам аст, ки то Қаноат метавон баррасӣ намуд.
Имрӯз аз ҷониби адибону олимон доир ба Баъд аз устод Айнӣ шогирдаш Мирзо паҳлуҳои гуногуни осору рӯзгор ва Турсунзода кори ӯро идома дод. Устод фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии устод Турсунзода бе муҳобот зимомдори илму Мирзо Турсунзода асарҳои зиёде таълиф адаби тоҷик буда, рисолати сарварӣ ва гардидаанд, ки ҳар кадоми ин осор тарбияи адибони ҷавонро дар адабиёти дар мавриди худ қимати илмию адабиро муосир анҷом додааст.
Қобили қайд аст, ки шинохти Муъмин Қаноат ба ҳайсият, фардият, ворисият ва осори устод Турсунзода, ба хусус, давом бахшидани мактаби адабӣ дорои арзиши муҳими илмӣ ва адабӣ буда метавонад. Ҳамин ҷанбаҳои муҳимми мероси адабии ӯ аз тарафи адибон ва муҳаққиқон дар китобу рисолаҳо ва мақолаҳои алоҳида ёдовар шуда бошад ҳам, аммо андешаҳои Муъмин Қаноат ҳамчун шогирди бевоситаи устод Турсунзода қобили таваҷҷуҳи махсус аст. Афкору мулоҳизаҳои ӯ дар мавриди устод Турсунзода аз назари таҷриба, таҳлил ва таъсири адабӣ дар мақолаю суханрониҳо ва ёддоштҳояш баён шудаанд. Муъмин Қаноат доир ба рӯзгору осор ва шахсияти устод Турсунзода андешаҳо ва бардоштҳои ҷолибу омӯзанда иброз доштааст, ки хусусиятҳои фардӣ, фаъолияти эҷодӣ ва дигар ҷиҳатҳои мактаби эҷодии ӯро ошкор сохтааст.
Далели равшани он шеъри “Барои ҳурмати мӯи сафедаш” (1963), сипас, мақолаи “Назм ва низоми замон” (1976), “Алвидоъ, устод” (1977), “Устоди назми оламгир” (1980), “Суханро вазну тамкини замин бояд” (1982) ва ғайра мебошад.
Аммо чуноне ки аз фаъолияти эҷодии Муъмин Қаноат мушоҳида мегардад, алоқамандӣ ва пайвастагии ӯ ба осори устод Турсунзода ҳанӯз аз даврони мактабхониаш (солҳои 1949- 1951) оғоз гардидааст.
Ҳамин дилбастагӣ ва шефтагии зиёд ба ашъори устод Турсунзода боиси он гардидаст, ки дар пайравӣ ба силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” панҷ дафтар шеър машқ намояд, вале онҳоро дар ягон рӯзнома ё маҷалла чоп накардааст. Муъмин Қаноат дар як суҳбат гуфта будааст, ки он панҷ дафтар шеър то ҳанӯз дар бойгониам маҳфузанд. Тавре ӯ дар ин мавзуъ қайд намудааст:
“Ман дар пайравӣ ба достони “Мавҷи табрикҳо”-и муаллим Турсунзода ба муносибати ҳафтодсолагии Сталин манзума навишта, ба муаллим Раҳимзода фиристода будам”. Аз ин лиҳоз, маълум мегардад, ашъори устод Турсунзодаро на танҳо мутолиа мекард, балки достонҳои ӯро сармашқи кори эҷодии худ қарор дода буд, ки ин мазмунро дар шеъри “Барои ҳурмати мӯи сафедаш” (1963) ифода намудааст:
Барои хотири шеъраш, ки онро
Ба роҳи хеш болу пар ниҳодам.
Барои шеъри мардумошнояш,
Ки аз он шеъри худро сар намудам.
Ин аст, ки робитаи ғоибонаи Муъмин Қаноат ба устоди назми оламгир аз ин силсилаи шеърҳои шогирдонааш гувоҳӣ медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, баъди хатми мактаби миёна - соли 1951 Муъмин Қаноат ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Ва бори нахуст ба дидани чеҳраи мубораки устод Турсунзода дар маҳфили донишгоҳ аз наздик мушарраф мешавад.
Вале ба таъкид бояд ёдовар шуд, ки устод Турсунзода аз маҳорату истеъдоди Муъмин Қаноат ба василаи Боқӣ Раҳимзода воқиф мешавад. Бино ба гуфтаи адабиётшинос А. Набавӣ:
“Устод бо ҳидояти Боқӣ Раҳимзода аз истеъдоди Муъминшоҳ огоҳ мешавад ва сипас дар ташаккули шоириаш бевосита саҳм мегирад, шеърҳояшро хондаву маслиҳат медиҳад, ҷиҳати сусташро бе рую риё нишон дода, бовариии ӯро ба ҳунараш бештар месозад”. Суҳбат бо устод Турсунзода ва воқиф шудан аз маҳорати баланду ояндаи неки Муъмин Қаноат ин гуна сурат гирифтааст.
Баъди омӯзиши ҷиддии улуми филологӣ, таърих ва фалсафа дар пайравӣ ба шеъри Абулқосим Лоҳутӣ дар бораи инқилоби машрутахоҳони Эрон шеъри “нави достонгуна” эҷод мекунад. Ва рӯзе ҳамроҳи Басир Расо ба Иттифоқи нависандагон рафта, ба дафтари Боқӣ Раҳимзода медароянд. Устод Раҳимзода ӯро назди Мирзо Турсунзода мебарад ва баъди аҳволпурсӣ мухтасар гуфтааст, ки шеър овардааст ва ҳамон манзумаро мехонад, ки як байташ ин аст:
Эрон фиреби фитнаи иғвогарон хӯрад,
Ҳайф аст, ки шер саблати сайди сагон хӯрад.
Худи Муъмин Қаноат мушоҳида ва бардошти устод Турсунзодаро чунин ёдовар шудааст:
“Муаллим Турсунзода шеърҳоро гӯш карда, ишора карданд, ки саводи шоириаш хуб буда, забону тарзи тасвири нодир дорад”. Худи ҳамон лаҳза устод Турсунзода ба Боқӣ Раҳимзода супориш медиҳад, “ӯро зери назорат мегирӣ”. Ҳамчунин, аз рӯи супориш баъзе шеърҳои шоирони хориҷиро тарҷума карда меовард.
Пас аз хатми донишгоҳ ба тавсия ва супориши бевоситаи устод Турсунзода Муъмин Қаноат барои кор ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват шуд. Устод Турсунзода на танҳо ба Муъмин Қаноат ғамхории падарона ва бародарона менамуд, балки ҳамаи навқаламонро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекард. Ба назари адабиётшинос Худоӣ Шарифзода: “Устод Турсунзода дар шахси Муъмин Қаноат касеро дидан мехост, ки баъди сари ӯ номи тоҷикон ва манфиатҳои адабиёти тоҷикиро дар доираи васеътаре муаррифӣ ва ҳимоя карда тавонад”. Акнун баъди ба кор даъват шудани Муъмин Қаноат шиносоӣ ба устод Турсунзода вусъати бештар пайдо мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки робитаи наздики Муъмин Қаноат ба устод Турсунзода барои рушду равнақ ёфтани маҳорати шоирӣ ва ба қуллаи муроду мақсуд расидан боис шуд. Гузашта аз ин, ҳангоми аз назаргузаронии шеърҳои навэҷошудаи Муъмин Қаноат устод Турсунзода диққати махсус зоҳир намуда, камбудияшро рӯйрост мегуфтааст. Ва баробари вусъат ёфтани ҳусни ҳамкорӣ бо устод Турсунзода боз ҳам бештар ошно мешавад ва солҳои зиёде дар бараш ба ҳайси муовин кору фаъолият менамояд. Аз ин ба баъд, шинохти Муъмин Қаноат ба осори Мирзо Турсунзода рафта – рафта васеътару фаррохтар гардида, бардошту таассуроти хешро дар шеъри болозикр, ки соли 1963 иншо шудааст, ба пуррагӣ дарк менамоем. Як порча аз он:
Қасам бар ҷону виҷдони ҷавонам:
Агар дар шеър қутби нав кушоям,
Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,
Ба назди шеъри ӯ таъзим намоям!
Ин шеър аз 8 байт иборат буда, мазмуну муҳтавояш чунин зоҳир мешавад. Ӯ солҳои 60- уми асри 20 ба майдони адабиёт омада, эътироф кардааст, ки фаъолияти эҷодиашро аз каломи оташин ва таъсирбахши устод Турсунзода оғоз намудааст.
Мулоҳизаҳои Муъмин Қаноат на танҳо дар ин шеъри зикргардида зоҳир мешавад, чуноне ки дар боло таъкид намудем, балки дар мақолаҳои алоҳидааш, аз ҷумла, дар китоби “Ёддоштҳо ва бардоштҳо”(2012) вобаста ба шинохти устод Турсунзода ва осори арзишманди ӯ афкору мулоҳизаҳои ҷолиб баён намудааст. Як бахши фаъолияти адабии Муъмин Қаноатро афкори адабии ба Мирзо Турсунзода бахшидааш ташкил менамояд. Гуфтан мумкин аст, ки фикру мулоҳизаҳои Муъмин Қаноат дар шинохти шахсияти устод Турсунзода ба таври бевосита аз шеъри “Барои ҳурмати мӯи сафедаш” (1963) оғоз шуда, то охирин таълифоти насриаш “Ёддоштҳо ва бардоштҳо” (2012) ва минбаъд ҳам дар мусоҳибаҳою суханрониҳояш баён гардидаанд. Ӯ дар ҳар мақолаю суханронияш ба ин ё он паҳлуи ҳунару маҳорати шоирӣ ва инсонии устодаш назар намудааст.
Аз ҷумла, назарашро перомуни хусусиятҳо, барҷастагиҳо ва масъалаҳои дигари ашъори устод Турсунзода дар мақолаи “Назм ва низоми замон “(1976) чунин иброз медорад: “Бешубҳа, шеъри Мирзо Турсунзода бо ҷанбаи лирикӣ- публитсистии худ дар якҷоягӣ олами бузурге дорад, ки дар он ҷунбиши гаҳвора ва гардиши сайёра, ғурриши дарёҳо ва сукути саҳроҳо, пайвастани дастҳои дӯстӣ ва занҷираҳои ситам, аллаи модари тоҷик ва гиряи модари Шарқ фурӯ нишастани ҷангу ҷӯшҳо ва парвози киштиҳои кайҳонӣ дида ва шунида мешавад”.
Махсусиятҳои фардӣ ва эҷодии устод Турсунзода на танҳо мавриди таваҷҷуҳи олимон ва донишмандон, балки восита ва сарчашмаи ҷолибу ҷазби шоирон низ будааст. Муъмин Қаноат дар идомаи мақолаи болозикр, ба нақду баррасии чанд шеъри устод ӯро ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ, тарранумгари озодӣ маънидод намудааст: “Набояд маъниҳо ва лафзҳи сабук рӯи об бошанд, нашояд, ки ҳар чизи чашмрас дархӯри шеър бошад. Амиқии фикр ва шиддати эҳсос шеърро баландӣ мебахшанд. Охир, назми олӣ ҳам як навъи сохмони эҳсосу афкор аст”. Дар ҳақиқат, ин гуна хусусият дар шеъри устод Турсунзода мушоҳида мегардад.
Ғайр аз ин, Қаноат баъди 4 рӯзи даргузашти устод Турсунзода сӯгномаи хеле таъсирбахшу симимии ҷигарсӯз бо номи “Алвидоъ, устод” менависад: “Мо нависандагони тоҷик, нависандагони тамоми мамлакат, дӯстон ва шогирдон Шуморо ҳамчунон дидем ва ҳамчунин дарёфтем. То ҷаҳон ва инсон ва сухан боқист, аз файзи нури шеъри заминӣ ва осмонии Шумо гармӣ ва равшанӣ меҷӯем. Бо дарди ҷонкоҳ ва олами алам мегӯем:
Чун ашк марез пок дар домани хок,
Бо ханда марав ту аз лаби хандоне.
Дар ҳамин сӯгнома ба фардияти устод Турсунзода ин тавр баҳо медиҳад: “Шоиру нависандагони тоҷик - хурду бузург парвардаи дасти навозишкор ва сахтгири ӯянд. Ҳамчун инсон, ҳамчун нависанда – мо ҳама аз шахсияти устод Мирзо Турсунзода аз фаъолияти ҷамъиятии ӯ аз шеъри оламгири ӯ об хӯрдаем ва камол ёфтаем”. Ин мазмун идомаи мантиқии шеъри “Барои ҳурмати мӯи сафедаш” мебошад. Мирзо Турсунзода барои Қаноат на танҳо устод, балки падари маънавӣ ҳам ба ҳисоб мерафт ва борҳо ӯро падар гуфтааст. Дар охири ин сӯгнома ба дард чунин мегӯяд: “Алвидоъ, устоди бузургвор, алвидоъ падари меҳрубон! Ба Шумо хоби абад, ба шеъри Шумо умри абад!” Муъмин Қаноат дар мусоҳибае бо номи “Устоди назми оламгир” (1980) аз ҳайсияти устод Турсунзода сухан мекунад. Ҳамчунин, дар мақолаи дигар таҳти унвони “Суханро вазну тамкини замин бояд” (1982) ба сабки устодаш чунин ибрози назар намудааст: “Ҳар як сатри Турсунзода саҳли мумтанеъ аст. Шеъри вайро тифл ҳам мефаҳмаду пири барҷомонда ҳам... Ҳар як шеъри ӯ гӯйё як ҷузъе буд, ки ба хотири офариниши кул гуфта шудааст... Бо вуҷуди тазвиҷи мавзуъҳо, ғояҳо вай дар ҳунари шоирӣ, беш аз ҳама, ба ду чиз эътибори ҷиддӣ медод: яке моҳияти ғоя, ки бояд ҳатман ба манфиати саодати башарият хизмат кунад, дигаре роҳу воситаҳои мувофиқтару муассиртарини баёни он ғоя... Барои ифодаи пуртаъсирии ғоя бошад, ҳама чизи шеър - ҳам вазну қофия, ҳам имконияту қонунияти жанрҳои адабӣ роли муҳим мебозанд”. Ҳамин ҳунару маҳорати кордонӣ, хислатҳои нек ва шикастанафасии Муъмин Қаноат боиси он гардид, ки аз соли 1968 ҳамчун муовини раёсати ИНТ кор кунад. Дар симои ӯ оянда раиси Иттифоқро медид ва номзадии ӯро ба ин вазифа салоҳ медонист. Ӯро барои роҳбарӣ омода карда буд. Ин аст, ки Муъмин Қаноат зикр мекунад: “Вале дар равиши сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ман рисолати муаллим Турсунзодаро давом додам”.
Устод Турсунзода ба шогирдаш эътимоду боварии комил дошт ва ӯро ҳамчун фарзанд ҳимояту пуштибонӣ менамуд ва Муъмин Қаноат ҳам устодашро эҳтиром менамуд ва мекӯшид, ки ба боварӣ сазовор бошад. Муъмин Қаноат дар суҳбаташ бо Раҳим Мусулмониён дар бораи муносибати устодаш чунин гуфтааст: “Воқеъан маро чун фарзанд дӯст медошт”. Инчунин, мусоҳиб суол мекунад, ки “Оё иттифоқ афтода, ки ягон сухан ва ё кори устод Турсунзода шуморо сахт оташин карда бошад?
Посух: - Устод ҳаргиз маро ҷанг намекард. Гоҳо иттифоқ меафтод, ки устод аз мусофират ва ё бемористон омада буд. Кор дар вақташ иҷро нашуда буд ва ё кайфияте дилхоҳ надошт. Дар чунин ҳолатҳо устод дар ҳузури ман устод Боқӣ Раҳимзода ва бештар шодравон Фотеҳ Ниёзиро сарзаниш мекард”. Ё ҷои дигар дар бораи ғамхориҳои устод чунин ёдовар мешавад: “Муаллим, меҳрубон, ғамхор, аммо сахтгир буданд...” Гузашта аз ин, устод Турсунзода низ дар мавриди Муъмин Қаноат ва осори ӯ изҳори назар намудааст. Ба хусус, дар бораи шеъри “Мавҷҳои бародарӣ” чунин гуфтааст: “Хушбахт он бародари шаҳид, ки чунин бародари шоир дорад. Муъмин на танҳо бародари худро зинда гардонид, балки ба ҳазорон қурбониёни Ватан ҳайкал гузошт”. Дар мавриди дигар тавассути суҳбати телефонӣ бо Расул Ғамзатов дар хусуси достони Қаноат чунин гуфтааст:
“...Муъминшоҳ? Ӯ бо “Суруши Сталинград” чунон банд аст, ки гоҳ-гоҳ пазмонаш мешаваму намеёбамаш. Дина ронандаро фиристодам, аз Чорбед ёфта овардаш. Як боби достонро хонд, хеле шод шудам. Расулоқо! Бовар кунед, ин достон на танҳо дар Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар тамоми олам ғулғула меафканад. Ҳамин ки тарҷума шуд, бароят мефиристам. Хону завқ кун”.
Аз қазовати худи Муъмин Қаноат бармеояд, ки то охирин лаҳзаҳои ҳаёт бо устодаш буд ва васияташро ҳам ба шоирди ягонааш - Қаноат гуфтааст: “Худатро ва Иттифоқро эҳтиёт кун”. Аз ин ҷумлаҳо пай бурдан мумкин аст, ки то чи ҳад ба шогирдаш боварию эътимод дорад ва бо самимият сухан кардааст.
Эҳтироми бузурги Муъмин Қаноат нисбат ба Мирзо Турсунзода ба ҳамагон равшан аст ва дар китоби “Ёддоштҳо ва бардоштҳо” ба ӯ чунин баҳои муносиб медиҳад: “Барои аҳли адаб шахсияти устод Турсунзода сазовори ҳама гуна таҳсину офарин аст. Устод як инсони софу содаву самимӣ буд. Шеъраш низ чунин хусусият дошт. Аз рӯҳи ҳақиқатхоҳу муҳаббатҷӯи ӯ маҷро мегирифт. Инсони хайрхоҳу адабпарвар буд. Устод дар заминаҳои гуногуни иҷтимоӣ бобати ривоҷу густариши фарҳанги ин миллат хидмати арзандае анҷом додааст”. Чун ба фикру андешаҳои Қаноат дуруст тааммуқ намоем, чеҳраи устод Турсунзода бештар дурахш мекунад ва дар умум шахсияти ӯро ин гуна шинохт кардааст: “Ба қуллаи Турсунзода расидан маҳол аст. Ва ин як амри воқеъ аст. Охир ӯ на танҳо сари мо, сарвари мо, зимомдори илму адабу ҳунари мо буд. Замину замон қудрати ӯро аз мо рабудан надоранд. Шахсан худи ман сайёраи заминро бе ӯ тасаввур карда наметавонад”. Албатта, баррасии тамоми фикру мулоҳизаҳо ва назару бардошти Муъмин Қаноат ба шахсияти устод Турсунзода ва осораш аз маҷоли ин мақола берун аст ва бо ин чанд ифодаи назарҳо иктифо мекунем.
Назриддин СОЛЕҲЗОДА –
муҳаққиқ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё