Зеҳн

ДОИР БА МАСОИЛИ ТАРБИЯВӢ

БА
Барномасоз21 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Солҳои охир таълифи китобу дастурҳои нави таълимӣ бо шеваи ҷадид, ки ба низоми муосири таҳсилот ҷавобгӯ бошад, муттасил рӯи кор омада истодааст. Дастури таълимии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулбоқӣ Нуров таҳти унвони “Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ” низ дар заминаи ҳамин талабот нигошта шуда, аз афзалият ва бартарияти хос бархӯрдор аст. Марҳилаи нави таърихӣ дар роҳи дурусти низоми таълим ва тарбият, муносибати хонандагонро ба зиндагӣ тағйир дода, донишҳои назарии онҳоро такмил мебахшад ва миёни дониши онҳо ва воқеияти зиндагӣ пайванди табиӣ ба вуҷуд меоварад.

Бо дарназардошти тақозои замон ва ниёзҳои маорифи кунунии кишвар, ки ҳадафи умдатарини он бунёди маорифи миллист, ба табъ расидани дастури профессор А.Нуров ҳамчун падидаи тоза дар соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Профессор Абдулбоқӣ Нуров аз муваффақтарин олимони соҳаи педагогикаи тоҷик аст, ки солиёни зиёд ба пажуҳишу таҳқиқ ва таълиму тадрис машғул буда, дар ин роҳи пурмашаққат тавфиқ ба ӯ ҳамроҳ будааст. Ҳамчун донишманди ҷӯянда перомуни масъалаҳои муҳимми таълиму тарбия таҳқиқ анҷом дода, дар баробари ин, мақолаву рисола, дастуру китобҳои таълимӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намуда, ба нашр расонидааст.

Таълифоти зиёди ин олими нуктасанҷ ва дақиқназар дар хидмати донишҷӯёну омӯзгорон ва пажӯҳишгарони илми педагогика қарор гирифтаанд. Зиёда аз ин, дар таҳияи барномаҳои таълими умумии педагогӣ низ устод дасти тамом дорад. Муаллиф дар эҷоди ин дастур равишҳои хоси тарбиявиро ҳамаҷониба ба таҳлил гирифта, бо такя намудан ба асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла, Қонун “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия, Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фикру мулоҳизоти дархӯри замон ва пурарзиш баён доштааст. Муаллифи дастур кӯшидааст, ки перомуни масъалаҳои муҳимми тарбия аз мисолҳои возеҳу рӯшан ва арзишҳои маънавию ахлоқӣ ҳар як маводи таълимиро асоснок кунад. Инчунин, дар он тарзи тартиб додани шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ ҳамчун намуна оварда шудааст, ки кори омӯзгоронро дар таҳия намудани нақшаи корӣ то андозае осон мекунад. Махсусияти ин дастур боз дар он аст, ки дар он роҳу равишҳои ташкил ва баргузор намудани тадбирҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ ва берун аз дарс ҳадафмандона ва мушаххас матраҳ ёфтааст. Дар баробари ин, пас аз ҳар маводи таълимӣ саволу супоришҳо барои мустаҳкамкунии мавзуъ ва феҳристи адабиёти зарурӣ фароҳам омадааст, то ки ҷӯяндагони илму дониш бо дастрас намудани адабиёт маърифати комил аз ин фан ҳосил кунанд.

Парвариш ва ташаккул додани шахсияти нав, ки ҳамсафару ҳамрадифи замон бошад, дар шароити кунунӣ аз муҳимтарин масоили тарбиявӣ ва маърифатӣ ба шумор меояд. Бо пайгирӣ аз ин нуктаи муҳим, муаллифи дастури мазкур таъкид ба он доштааст, ки: “Дар тарбияи насли наврас нақши асосиро муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебозанд ва инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро таъмин менамоянд. Зеро ки дар шароити имрӯза танҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд ягонагӣ ва алоқамандии ҳама тарафҳои инкишофи шахсиятро ба дӯш гиранд”. Воқеан ҳам, таълимгоҳ ягона маркази парвариши донишу маърифат ва хулқу атвори писандидаи инсон ба шумор рафта, аз дигар сӯ, камоли шахсияти ҳар фарди ҳушманду бедор аз хираду заковати ҳар кас вобаста мебошад. Дар ин раванд нақши омӯзгор дар тарбияи насли инсон муассир ва бориз ба назар меояд. Танҳо омӯзгор бо фаъолияти хастанопазир дар ташаккулёбии шахсияти насли ояндасози ҷомеа саҳми боарзиш мегузорад.

Ҷойгоҳ ва манзалати омӯзгор, махсусан, тарбиятдиҳандагони таҳсилоти ибтидоӣ, ки поягузорони аслии саводу дониш дар ниҳоди хонандагон маҳсуб меёбанд, дар пешорӯи аҳли ҷомеа шоёни тақдир аст. Муаллиф ба шахсияти омӯзгор арҷ гузошта, афзудааст: “Омӯзгори мактаби ибтидоиро дар ҷомеа на фақат барои омӯзгори аввалин буданаш, ҳамчунин, барои поягузори илму маърифат ва навниҳолони солимро тарбия карданаш эҳтиром мекунанд”. Ҳадафи омӯзгор дар ҷомеа тарбия ва ба камол расондани насли солим аст. Ин рисолати омӯзгори воқеӣ дар дастур ба камоли садоқатмандӣ таъкид ва таъйид ёфтааст.

Нақши роҳбари синфро ба ҳайси тарбиятгари воқеӣ дар ин ҷода набояд аз назарҳо дур андохт. Ба андешаи муҳаққиқи донишманд, маҳз ба туфайли заҳмати содиқонаи роҳбари синф шогирдон роҳи росту мустақими тарбияро паймуда, аз пайи ислоҳи хислатҳои нописандидаи худ мегарданд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор, хосса роҳбари синф он аст, ки характеру хислати шогирдонро дар алоҳидагӣ роҳу усулҳои омӯхта, муносибат кардан бо онҳоро дарёбад.

Дар зимн, шахсияти ҳар як нафарро ба унвони инсони воқеӣ пазируфта, дар рушду нумуи сифатҳои ахлоқии шогирдон саҳми худро гузорад. Ҳар як роҳбари синф ба сифати равоншиноси озмуда, аз нигоҳи равонӣ ба сурати инфиродӣ тарбиятгирандагонашро бояд омӯзад. Пасон ба хусусиятҳои синнусолӣ, инкишофи ақлӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ, худтарбиякунӣ ва худташаккулдиҳии шогирди хеш диққати асосӣ дода, дар такомули ахлоқии фардии онҳо мусоидат намояд. Таҳия ва ба қолаби нақша даровардани корҳои тарбиявӣ аз асоситарин масъулиятҳоеанд, ки ба дӯши роҳбари синф вогузор шудаанд. Чунки нақшаи корҳои тарбиявӣ низом ва мураттабии фаъолияти кории солонаи роҳбари синфро таъмин мекунад. Ба андешаи муаллиф, дар тартиб додани нақша “хусусиятҳои синну сол, дараҷаи дониш ва шароиту вазъияти талабагон” ба эътибор гирифта шуда, аз омӯзгор эҷодкориву навоварӣ ва маҳорати хоси касбиро тақозо дорад. Ҳамзамон, намунаи нақшаи корҳои тарбиявӣ ва мавзуъҳо дар дастур қайд гардидааст, то ки омӯзгорони ояндаро дар кори тарбия мушкилӣ ва ғалатфаҳмие пеш наояд.

Мусанниф дар фасли “Методҳои таъсиррасонии педагогӣ” дар хусуси моҳият ва ҳадафи таъсири педагогӣ мулоҳизаҳои судманд ироа дошта, дар усули таъсиррасонии педагогӣ “муносибати гуманизми ҳақиқии педагог нисбат ба насли наврас”-ро афзал ва муҳим медонад.

Педагоги намоёни рус А.С. Макаренко низ ин маъниро таъкид доштааст: “Муҳаббати самимӣ нисбат ба тарбиятгирандагон ҳатман серталаб буданро тақозо мекунад. Мо чӣ қадаре ки нисбат ба одам серталаб бошем, ӯ ҳамон қадар аз ҷиҳати ахлоқӣ хубтар тарбия меёбад”. Вобаста ба ин, муҳаққиқ дар заминаи таъсиррасонии педагогӣ дар хусуси масъалаи талаботи педагогӣ, дурнамо, ҳавасмандгардонӣ, маҳкумкунӣ ва афкори умум, андешаҳои қобили таваҷҷуҳ баён дошта, хулосаи мантиқӣ ва муътамад низ бардошт намудааст. Афкори умумро дар тарбияи шахс тавонотарин метод арзёбӣ намуда, қудрати гурӯҳ (коллектив)-ро дар ташаккули шахсият боарзиш ва нақшгузин донистааст, ки ин баҳои мунсифона ва воқеъбинона аст. Дар дастур нақши оила ҳамчун ниҳоди калидӣ дар тарбияи фарзанд шинохта шудааст. Инсон дар тамоми давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ин нуқтаи назар, муаллиф ҳамбастагии мустаҳками волидону омӯзгоронро, ки тарбиятгарони воқеӣ дар парвариши насли наврас ба шумор меоянд, таъкид дошта, иртиботи қавии падару модарон бо муассисаҳои таълимиро муҳимтарин василаи таълиму тарбияи судовар ва пурманфиат арзёбӣ намудааст. Арзишнокии ин дастур боз дар он аст, ки истилоҳот ва мафҳумҳои асосии ин фан бисёр равону возеҳ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд, ки донишомӯзон аз он ба таври шоиста баҳрабардорӣ хоҳанд намуд. Шарҳи 44 истилоҳ ва мафҳумҳои фаннӣ доманаи донишҳои донишҷӯёнро фарох намуда, дар азхудкунии мавзуъҳо ва дар амал татбиқ намудани маводи таълимӣ ба онҳо мадад мерасонад. Дар хотимаи дастури таълими зикршуда ба сифати замима овардани матни комили Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бозгӯкунандаи он аст, ки ин ду ҳуҷҷати муҳимми тарбиявӣ ҳамчун раҳнамову роҳкушо барои ҳар як тарбиядиҳандаву тарбиягиранда зарур аст. Маҳз донистан ва ба моҳияти ин аснод дуруст сарфаҳм рафтан ба фаъолияти корҳои тарбиявӣ мусоидат мекунад. Ба ибораи дигар, ҳар як омӯзгор муваззаф аст, ки кулли аркону паҳлуҳои муассири ин санадҳои меъёриро наку ҳифз кунад ва дар ҷодаи фаъолият аз ин аснод моҳирона кор гирад.

Дуруст аст, ки тарбия кори ҳамагон буда, дар баробари рушду равнақи ҷомеа ниёз ба навҷӯӣ ва тозакориҳои назаррас дорад. Аз ин ҷиҳат, тавсия менамоем, ки дар таҳия ва тадвини нашри баъдӣ, муаллифи дастур бо истифода аз паёмҳои ахлоқӣ-тарбиявии бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва офаридаҳои соҳибназарони хориҷӣ бо мақсади пурбортару муҳтавомандтар гардидани маводи омӯхтанӣ мисолҳои мушаххасу муфидро ҷой диҳад. Ин имконият фароҳам меорад, ки хонандаи дастури таълимӣ фарохтару комилтар оид ба масъалаҳои мубрами тарбиявӣ дониш ҳосил кунад.

Ҳасан ҶӮРАЕВ – устоди факултети педагогикаи

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ

Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавиши давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ РАҲМОН

Рӯзи аввали фарвардин ҳамвора оғози соли нави эрониёни қадим буда, ҳамеша онро Наврӯз номидаанд ва ҷашни бузурге будааст. Мардуми Суғд онро ба забони худ «Навсард», яъне соли нав номидаанд. …одат шуда буд, ки дар ин ҷашн ҳар касе барои дӯстони худ ширинӣ мефиристод ва ин одат … дар миёни туркони усмонӣ низ роҳ ёфт.

Саид НАФИСӢ

Наврӯз ҳамчун ҷашни мардуми эронинажод нишона аз таҷлили ҷадиди ҳар сол аст.

М. БОЙС (шарқшинос)

Ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо, рост омадани ин ид, табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: «Ҳамал (манзур номи бурҷе, ки мувофиқ ба моҳи фарвардин аст), ҳама чизҳо дар амал». Дар ҳақиқат ин иди ба ҳаракат омадани киштҳои ғалла, дона ва сар шудани кишту кор ва дигар ҳосилоти заминӣ аст, ки инсонро сер карда ва сабаби баҳои ҳаёти ӯ мешавад.

Садриддин АЙНӢ

Насими муборакқадами баҳорӣ муғчаҳои дарахтонро хабари арӯсӣ меорад.

Пилтаи сафеди нӯги занҷираи мӯйҳои маҳини духтарон ҳамчун баҳор сафедкорӣ мекунад. Офтоб мисли тоқии симдӯзии духтарон зарҳал меафшонад. Табиат медамад, дил метапад, хаёли ошиқ ба сайронгаҳи муҳаббат мепарад, сабзаҳо пардаи заминро дарида, ба офтоб салом медиҳанд. Наврӯз, ту ҳамчун боқимондаи сурудҳо ва навиштаҳои устод Рӯдакӣ азиз ва муқаддасӣ, ... ҳар кӣ дар зиндагӣ ба умри бузург омаду рафт, албатта, бо умеди рӯзи нав даргузашт. Пас ту ҳайкали рафтагони мо ҳастӣ.

Лоиқ ШЕРАЛӢ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2