ЗАҲРИ ИШҚ
Ошиқон, Шамсу Парвин, бомдодон, дар теппаи баланди деҳаи хушманзараи Харангон болои сабзаву майсазор, паҳлуи ҳам дароз кашида, тулуи хуршедро интизор буданд Ҳамин ки офтоб аз паси қуллаи қаторкӯҳҳои Ҳисор чеҳраи зарҳалинашро намоён карда, нурҳои нуқрафомашро болои мавҷудоти замин равона намуд, духтар сабук қомат бардошта, даст сӯи лаълии сурхчатоби само дароз карда, ба дилдодааш муроҷиат намуд:
- Шамси ман! Ана, ҳамин тавр мехоҳам, ки бо ҷилои нури гарми ҳаловатбахшат ҳаёти ояндаи маро дурахшон намоӣ, - ва худро ба оғӯши ҷавон ҳаво дод.
Суҳбати ширину гуворои онҳо то ғуруби офтоб давом кард ва асное, ки Моҳ ҷойи Хуршедро гирифта, ба атроф равшанӣ бахшид, Шамс эҳсосоти қалбашро ба забон овард:
- Парвин, парвонаат мешавам. Зиндагии маро ҳамчун моҳ равшанӣ бубахш.!
- Савганд ёд мекунам, - паризод шаҳзодаи худро аз нав ба оғӯш гирифта гуфт: - Маҳбуби дилу ҷонам, дониста мон, ки ман як падару модар дорам.
Бори нахуст бо шунидани вазъи иҷтимоии хешовандони ояндааш чеҳраи Шамс тира гардид ва ин тағйироти рӯҳии ошиқашро Парвин аз сабаби эҳсосоти баланд ва шавқу шӯри ҷавонӣ надидаву нафаҳмида монд…
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Парвинро Гулноз пешвоз гирифт. Духтар чун кабӯтар худро ба бағали модараш ҳаво дода, ба сурудан даромад.
- Модарҷон, донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расонидам. Барои хониши аъло ва ахлоқи намунавӣ маро дар Донишкадаи улуми кимиё ба кор пазируфтанд. Дар як зум аз донишҷӯй ба омӯзгор табдил ёфтам.
- Табрик, ҷигарбандам, - модар аз ҳар ду рухсораи анормонанди фарзандаш бо меҳр бӯсид. - Акнун масъалаи оилавиатро фикр карданамон лозим.
- Ин масъала ҳам ҳал шудагӣ, модарҷон, - Парвин аз дасти модар гирифт ва онҳо ба сӯи баромадгоҳ гом бардоштанд. - Пас аз ду ҳафта хостгорони Шамс ба талаби ман меоянд.
- Ту он ҷавонро дар ҳақиқат дӯст медорӣ? – Модар аз қадамзанӣ истода Гулноз ба рӯи духтараш зеҳн монд.
- Ба қадри ҷонам, - чеҳраи Парвин боз ҳам дурахшонтар гардид. - Бе Шамсам зиндагӣ бароям маънӣ надорад.
- Ин тавр ки бошад, розӣ кардани падарат ба зиммаи ман, - Гулноз аз сарнавишти ояндаи духтараш хотирҷамъ гардид.
Ду ҳафта гузашт. Аз Шамс дараке нашуд. Парвин пас аз он шаби висол, ки барояш ба достону афсона табдил ёфта буду рӯзҳои интизорӣ бошитоб сипарӣ мешуд, хӯру хобро гум кард.
Духтари бақадрасида, дарди ишқро бо азоб пушти сар мекард. Қалби фишурдааш ӯро ба сӯи кӯҳу дашт даъват менамуд. Пайваста ин фикр дар сараш чарх мезад: наход, ҷавонмарди болобаланди нозанини интихобкардааш ӯро аллакай фаромӯш карда, ваъдаи дурӯғ дода бошад? Ҳарчанд модар суханони таскинбахш гуфта, ба хотираш меовард, ки ҳаёт пасту баландиҳо ва роҳу равиши худро дорад ва ҳар лаҳза ҳар гуна ҳодисаю воқеаҳо рух доданаш мумкин аст, вале дили пуртуғёни духтарро эҳсосоти номаълуме ранҷ медод.
Ҳури биҳишт бехабар буд аз он ки рӯзе Бекмурод Ҷӯразода Шамсро дар бараш нишонду гуфт:
- Писарам! Ман бояд саратро ҷуфт кунам. Духтари дӯстам - Бодомгул ба балоғат расидааст.
Волидайнашон нияти бо мо хешу табор шудан доранд. Қосимзода олими машҳур мебошад. Бо ин марди фозил хешу табор шудан меарзад. Олими варзида, инчунин, ваъда додааст, ки туро дар кафедрааш ба кор мегирад. Мабодо дилдодае дошта бошӣ ва ё ба нозанине ваъдаи издивоҷ дода бошӣ? Росташро бигӯй, то баъд пушаймон нашавӣ.
- Ман ҳеҷ касро дӯст намедорам, - Шамс чашмонашро аз нигоҳи ҷиддии падар гурезонд ва ӯ дастгоҳу дукон, ҳашамату шаъну шуҳрати падарарӯси ояндаашро, ки ҳамроҳи падараш чандин маротиба ба меҳмонӣ омада дида буду ҳасад мебурд ва ин ҳамаро дар муқоиса ба ҳолу аҳволи волидайни хокпоши Парвин гузошта, дарҳол розигиашро дод. Ҳатто сурху сафед нашуда илова кард: - на дилдодае дораму на ба касе ваъдаи издивоҷ додаам.
- Бисёр хуб, - аз ҷой хест Ҷӯразода. - Ин тавр ки бошад, ҳафтаи оянда тӯйи хонадоршавиатро мегузаронам…
Парвин бо ба итмом расидани муҳлати таътил ба пойтахт шитофт. Аз ба низом даровардани вақти корӣ ва ошноӣ пайдо кардан ба талаботи кафедра як моҳ сипарӣ гашт. Ба донишҷӯён таълим медоду фикраш ба Шамс банд буд. Оқибат тоқат накарда, як бегоҳ ба дари ҳавлии боҳашамате наздик шуда, овози соҳибхоназанро шунид:
- Бодомгул, келинаки дӯстдорам, вақти аз кор баргаштани шавҳарат шуд. Тезтар дастурхонро оро дода, Шамсҷонатро бо чеҳраи кушод ва лаби пурханда пешвоз бигир.
Ҳуш аз сари Парвин парид. Дунё ба назараш торик шуд. Сараш чарх зада, ба девор такя кард.
- Духтарам, нотоб шудед, - гуфтани зане аранге ба гӯшаш даромад. - Ёрии таъҷилиро ҷеғ занам?
- Не, не, холаҷон, - Парвин зуд худро ба даст гирифта, ба сӯи хиёбони асосӣ калавида - калавида қадам зад.
Дар машғулиятҳои назариявию амалӣ, дар кӯча, дар хобгоҳ, байни одамони равуокунанда, суҳбату нишастҳо танҳо сухани модари Шамс дар гӯшаш садо медод. Касеву чизеро надида, худро болои фарш партофта, соатҳо мегирист ва як фикр чун путк дар сараш мезад: хиёнати бадкирдорро набояд бахшид! Худ ба худ пичирросзанон гуфтугӯ дошт: ба аъмоли зишташ бояд ҷазо диҳам!
Парвин дар ҳолати бехудӣ қарор дошт. Агар ӯ зинда монад, фардо рӯзи қиёмат ба мардум, ба падару модар, ба арвоҳи ишқи покаш чӣ ҷавоб медиҳад? Шишачаҳои спирту кислота, найчаю колбаҳоро дар дасташ чарх занонда, роҳу равиши ниқор гирифтанро меҷуст. Дар охир чораи ҷазо доданро ёфт. Як шаби сарди зимистон маҳлули кислотаи натрийро ба қисми чапи рӯйи зебояш пошид ва аз сӯзиши дарди ҷонкоҳ аз ҳуш рафт. Баъди як шабонарӯз худро дар беморхона дид, ки ҷавонзани табиб болои сараш рост истода, бо меҳр пурсид:
- Духтари нозанин, ин чӣ амале буд, ки ба худ раво дидед? Чаро ба рӯйи зебоятон тамға задед?
- Бо ин рамзи ишқам ба хиёнаткор ҷазо дода, ӯро шармандаву шармсор карданиям, - сели ашк аз ҳар ду чашмони шаҳлои духтар болои рухсораҳои заъфаронаш ба шоридан даромад. - Бо ҳамин рамз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мегардам, ба мардум нишон медиҳам, ки ин доғи сӯхта амали хиёнати ноҷавонмарде мебошад.
Табиб гумон кард, ки духтар каме аз ақл бегона шудааст ва тоб хӯрда, бе овоз аз палата баромад. Ҳеҷ ба ақли расояш намедаромад, ки бо доғ, бо рамз ва бо ними рӯйи сӯхта ба хиёнаткор ҷазо додан мумкин бошад.
Ҳодисаи рӯй сӯзондани Парвин зуд дар байни аҳолии шаҳр овозаю афсона гардид. Мардум ин воқеаро бо ҳар тарзу усул байни худ муҳокима мекарданд ва ҳар кас бо тахмину гумон рафтори духтарро баҳо медод.
Ба ҷойи кори Шамс дӯсташ Файзимат даромада, бори аввал ин рӯйдодро расонд.
- Медонӣ - чӣ, Шамсиддин, дар Донишкадаи кимиё духтаре аз алами ишқи марди бевафо рӯяшро бо маҳлули кислота сӯзондааст. Марг ба он ҷавонмарди хиёнаткор, ки бо рафтори зишташ духтарро ба ин аҳвол овардааст! Агар ман бо он ҷавон рӯ ба рӯ мешудам ба рӯяш туф мекардам. Ӯ ҳаққи дар рӯи замин зистанро надорад.
Э, ба ту чӣ шуд, ки ранги рӯят парид. Бемор - ку нестӣ?
- Ҳамин шаб нороҳат хобидам, - Шамс дигар ҷавоб наёфт. - Каме худро вазнин ҳис карда истодаам. Бахшиш, дӯстам, ман бояд ба хона равам, Шамс ҷузвдонашро бардошта аз коргоҳ баромада рафт.
- Рав, рав, - дар навбати худ тавсия дод Файзимат. - Саломатӣ барои инсон гавҳари ноёб аст.
Худро эҳтиёт бикун. Дорую дармонро зуд истифода бар.
Лоҷувард, арӯси Шамс, чойники чойи сабз ва пиёларо болои миз гузошта, ба гап даромад.
- Шамсҷон, ман имрӯз дар дохили троллейбус духтари мавзунқомати зебочеҳраеро дидам.
Сад афсӯс, ки қисми чапи рӯйи духтар сӯхта, ҳусни худододашро доғдор кардааст. Мардум бо пичир - пичир мегуфтанд, ки аз алами ишқи кадом як номард, хиёнати ҷавони булҳавасе ба ин аъмол даст зада, ба рӯяш маҳлули кислота пошида будааст. Лаънат ба он духтаре, ки бо чунин бадкирдор сар ба як болин монад.
Эҳ - ҳа, мард, ба шумо чӣ шуд, ки пиёла аз дастатон афтид?
- Қадре бетобам ва илтимос маро ба ҳоли худ гузор, - гӯён Шамс ба хонаи хоб гузашт.
Бегоҳӣ адабиётшиноси шинохта Акмалиддин Бухоризода ба хонаи дӯсташ Бекмурод Ҷӯразода ба меҳмонӣ омад ва ҳини тановули хӯроки шом аз навигариҳои рӯз ҳарф зада, дар омади гап хабари навро ба забон овард.
- Дӯстам, кайҳо боз дар шаҳр овоза паҳн шудааст, ки як муаллимаи донишкадаи кимиё барои хиёнати ошиқаш ба рӯяш маҳлули кислота пошида, бо ин амалаш гӯё аз дилдодааш ниқор гирифтан хостааст. Мегӯянд, ки духтари паризод ҷавонеро ниҳоят дӯст медоштааст. Лекин он аблаҳ ба муҳаббати зан хиёнат карда, бо духтари як олими машҳур ақди никоҳ баста будааст.
Ҳоло ҷавонони мо бисёр булҳавас шудаанд.
Ҷасорати маъшуқа бесобиқа аст, зеро ки дар таърихи ишқи дилдодагон ин ҳодиса бори аввал рӯй додааст. Агар он номард писари худам мебуд аз баҳраш гузашта, аз хона мерондамаш.
- Шамсҷон, чӣ гап шуд? - соҳиби хона ба писари аз ҷой хеставу ба сӯи ташнобхона равон гаштааш муроҷиат намуд, - Магар суҳбати мо ба ту нафорид, ки авзоят беҷо гашт. Ба фикрам, ин гапу калоча ба ту дахл надоштагист?!
- Имрӯз кор бисёр буд, - бо овози базӯр шунаво посух гардонд Шамс.
- Мехоҳам қадре дароз кашам.
- Ихтиёрат, - ва Бекмурод рӯй ба дӯсташ гардонида пурсид: - Боз чӣ гуна гапу хабарҳои нав?..
Парвин сари роҳ ба гурӯҳи ҷанозагароне, ки тобутро ба сӯи қабристони Сари Осиё мебурданд, бо чашмони дурахшон менигарист. Аз наздаш мӯйсафеде гузашта пурсид:
- Майит бо кадом сабаб ин ҷаҳонро падруд гуфта бошад?
- Мардум мегӯянд, ки заҳри ишқ нӯшида будааст, - бо ифтихор ҷавоб гардонд Парвин ва тоб хӯрда аз назди мӯйсафед дур шуд.
- Заҳри ишқ? Ё тавба! Ин хел дору ҳам мешудааст - а, - ҳайрон китф боло кашид пирамард ва илова кард, - аҷаб кашфиёте!
Зариф ҒУЛОМ –
адиб
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё