Зеҳн

ТАҲҚИҚИ ОБРАЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БА
Барномасоз22 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Ҳеҷ як давру замон бидуни ғояи пешбаранда ба муваффақиятҳо ноил шуда наметавонад. Барои дуруст тавзеҳ бахшидани сиёсату ғояи давр дар ҳаёти иҷтимоӣ василаи таҳрикдиҳандае лозим аст, ки он публитсистика мебошад. Публитсистика тавъам бо рӯҳияву қонунмандиҳои замон, ҳамвора марому мақсадҳои пешқадамро тарғибу ташвиқ мекунад.

Хусусан, дар публитсистикаи замони муосир, ин мақсаду маром бештар тасвири раванди бунёдкорӣ, сохтмонҳои азими аср, ситоиши ваҳдату истиқлоли миллӣ аст, ки дар пасманзари ин ҳама бунёдкориҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор до ранд.

Саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму таъмини якпорчагӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ басо бузург аст.

Бинобар ин, дар осори публитсистии солҳои охир корномаву қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари ин чеҳраи шинохта ба таври фарогир ва серпаҳлӯ таҷассум ва мавриди тасвиру ситоиш қарор гирифтааст. Ин мавзуъ аз тарафи рӯзноманигор ва муҳаққиқи ҷавон Охунзода Насриддин пажуҳиш гардида, дар шакли рисолаи илмӣ бо номи “Образи Пешвои миллат дар публитсистикаи китобӣ” аз тарафи Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба нашр расидааст. Рисола дорои аҳамияти бузурги илмию амалӣ буда, яке аз тадқиқотҳои муҳим, мубрам ва дар илми тоҷик нисбатан нав ба ҳисоб меравад.

Рисола аз муқаддима, се боб, шаш фасл, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат аст.

Дар муқаддимаи рисола муаллиф аҳамият, ҳадаф ва мавзуи таҳқиқро, дар рисола муаррифӣ намудааст.

Муаллиф зикр мекунад, ки ба ин мавзуъ муҳаққиқони дигар кишварҳо, хусусан, ИДМ таваҷҷуҳи хоса доранд ва пажуҳишҳои таҳқиқгарони русро мисол овардааст. Ӯ осори ба мавзуи таҳқиқ ба се бахш ҷудо намудааст. Якум, асарҳои назариявию пажуҳишӣ, ки дар навбати худ ба ду гурӯҳ: асарҳои назариявию таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ҷудо карда шудаанд. Дуюм, осори умумӣ доир ба мавзуи таҳқиқ, ки ба онҳо бештар навиштаҳои ҷанбаи илмию оммавидошта дохил мешаванд. Ба гурӯҳи сеюм, тақризу мақолаҳои илмию оммавие дохил мешаванд, ки дар онҳо ҳусну қубҳи осори публитсистии марбут ба иқдом, ташаббус ва корнамоиҳои Пешвои миллат таҳлилу арзёбӣ шудаанд. Ҳамзамон, муаллиф объекти таҳқиқ ва таълифоти донишмандони соҳаро, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, дар охир мухтасар овардааст.

Дар боби якуми рисола «Тавсифи умумии осори публитсистӣ доир ба Пешвои миллат»

муаллиф зимни омӯзиш ва таҳлили асарҳои мавриди назар заминаҳои таърихии ташаккули образи Эмомалӣ Раҳмон ва симои ӯро дар асарҳои алоҳидаи публитсистӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додааст. Хидматҳои таърихию мондагори Пешвои миллатро муҳаққиқ вобаста ба даҳ омил баҳогузорӣ намудааст. Аз ҷумла, бо сарварии хирадмандона ва фидокориҳои Пешвои миллат ба даст омадани сулҳу осоиш ва ҳамчун падидаи сиёсӣ ҳукмфармо гардидани ваҳдати миллӣ, пешгирӣ намудани хатари азбайнравии давлати Тоҷикистон, рушду тақвияти бунёдкорӣ дар мамлакат, инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузва муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон, низоми комилан нави давлатдорӣ ва рушду такомули иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин, Н. Охунзода асарҳоеро, ки фаъолият ва корномаҳои Сарвари давлатро инъикос кардаанд, ба панҷ гурӯҳ ҷудо намудааст.

Дар боби дуюм – «Вижагиҳои тасвири симои Пешвои миллат дар публитсистикаи китобӣ»

тасвири корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ дар таҳкими истиқлоли миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф дар ин боб асарҳоеро ёдрас мешавад, ки дар онҳо бевосита фаъолияти Президент чун воқеияти бебаҳс нишон дода шудааст. Ин асарҳо аз ду гурӯҳ, хусусияти таърихидошта, ки аз ҷониби муаррихону сиёсатмадорон навишта шудаанд ва асарҳои публитсистӣ, ки муаллифонашон адибону публитсистон мебошанд, ҷудо намудааст. «Ситораи ғолиб»-и А. Достиев, «Корвони истиқлол – ба сӯйи истиқбол», «Ҳомии сулҳу ваҳдат»-и М.

Тоштемиров ва З. Сайидзода, «Роҳ ба сӯйи созиш»-и В. Сухомлинов ва Г. Шалаев (тарҷума аз забони русӣ), «Меъмори ваҳдат»-и С. Мирзошоҳ ва Ш. Ҳаниф, «Ҷасорат»-и Ш. Мӯсо аз ҷумлаи ин асарҳоянд. Муаллиф иқдому ташаббусҳои Президентро дар бунёди ҷомеаи демократӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки дар публитсистикаи китобӣ таҷассум шудааст, ба бахшҳои алоҳида, аз қабили иқтисод, сиёсати иҷтимоӣ, муносибати байналмилалӣ иборат мебошад. Муҳаққиқи ҷавон осори публитсистии марбут ба ҷабҳаҳои созандагӣ, пешрафти саноату иқтисодиёти кишварро, ки дар онҳо нақши Эмомалӣ Раҳмон бузург аст, ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст: асарҳои аз ҷиҳати бадеӣ пурқувват, ки ба онҳо қиссаҳои мустанади адибон Бахтиёри Муртазо «Нақби Истиқлол» ва Шералӣ Мӯсо «Мардистон», «Достони Роғун», «Ҷасорат» ва асарҳое, ки дар онҳо таҳлилу таҳқиқи журналистӣ ва нақлу бозгӯйи фаъолияти Сарвари давлат дар такя ба арқому далоил бартарӣ дорад, дохил мешаванд. Ин гуна асарҳо сирф публитсистианд ва муаллиф ба онҳо китоби М. Тоштемиров, С. Фаттоев – «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон», Н.Абдулваҳҳоб, У.Шерхон «Ваҳдатовар», А.Раҳим «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо»-ро шомил намуда, ин асарҳоро дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намудааст.

Дар боби сеюми рисола муаллиф имконоти жанрҳои публитсистиро дар офаридани образи Пешвои миллат, воқеият ва аносири ҳунарӣ дар тасвири образи ин қаҳрамон арзёбӣ кардааст.

Муаллиф асарҳои Бахтиёри Муртазо – «Нақби Истиқлол», Шералӣ Мӯсо – «Мардистон», «Достони Роғун», «Ҷасорат», С. Мирзошоҳ ва Ш. Ҳаниф – «Меъмори ваҳдат», А.Ҳамдам, Л.Чигрин – «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-ро ҳамчун осори ба воқеият рабтдошта ворид мекунад.

Дар ин боб муаллиф, ҳамчунин, вижагиҳои жанрии осори мавриди пажуҳишро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла, ду жанри марказӣ – лавҳа ва очеркро, ки ба василаи ин жанрҳо қаҳрамониву бунёдкориҳои Пешвои миллат инъикос гардидаанд, муфассал арзёбӣ шудаанд. Дар фасли «Воқеият ва аносири ҳунарӣ дар тасвири образи қаҳрамон» воситаҳои тасвири сухан, образнокӣ, сюжет, равиши публитсистӣ, аносири бадеият, забон ва услуб, нигоришот, муқоиса, тасвирҳои эпизодӣ, хусусиятҳои умдаи осори мавриди пажуҳиш қароргирифта таҳлил гардида, дар ҳама ҳолат образи Президент ба ҳайси сарвари созандаву ободкор, ватандӯсту мардумпарвар таҷассуми худро ёфтааст.

Ифтихор ЮСУФӢ –

ходими илмии Пажуҳишгоҳи

илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2