УСУЛИ ТАЪЛИМИ «УМУМИЯТ ВА ФАРҚИЯТИ ЗАРФ АЗ СИФАТ»
Мақсади таълим: то охири дарс Сохтори масъалаи таълим ба он хонандагон бояд: вобаста аст, ки то кадом андоза ба аз матн зарфҳоро муайян карда, мақсади дарс расидан самарабахш аст.
шарҳ дода тавонанд; Истифодаи метод ҳеҷ гоҳ мақсади умумият ва фарқияти зарфро аз таълим буда наметавонад, лекин ҳамчун сифат муайян кунанд. воситаи ба мақсад расидан хидмат Мавзуъ: Умумият ва фарқияти зарф аз мекунад. Ҳама гуна муошират шакли сифат ҳамкорӣ аст. Аз ин лиҳоз, усули таълими Навъи дарс: Мустаҳкам намудани интерактивӣ барои омӯзиши забон дониш ва малакаи хонандагон самарабахш аст. Нақшаи намунавии Равиши дарс: таълими мавзуи зарфро, ки дар он 1. Ҷудо кардани донишҳои такягоҳӣ методҳои интерактивӣ барои мустаҳкам (мустаҳкамкунии донишҳо) ва танзими намудани дониши мавзуӣ истифода бурда онҳо шудааст, пешниҳод менамоем.
Хонандагонро ба гурӯҳҳои дунафарӣ муттаҳид намуда, кортҳое, ки дар он саволҳо навишта шудаанд, ба онҳо тақсим мекунем.
Қадами 1. Блитс-пурсиш 1. Зарф чун ҳиссаи нутқ чиро ифода мекунад?
2. Ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
3. Зарфҳо ба кадом гурӯҳи ҳиссаҳои нутқ вобаста мешаванд?
4. Дар ҷумла зарфҳо ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меоянд?
5. Шакли ҷамъ доранд?
6. Бандаки изофӣ қабул мекунанд?
7. Бо пешоянду пасояндҳо меоянд?
8. Аз ҷиҳати маъно чанд хел мешаванд?
9. Дараҷа доранд?
Қадами 2. Тасдиқ ва инкор.
Савол ва масъалаҳо доир ба сифат 1. Сифат аъзои ҷумла аст 2. Мустақилмаъност.
3. Ба саволҳо ҷавоб намешавад.
4. Аломати амалро ифода мекунад.
5. Аъзои ҷумла намешавад.
6. Асосан ба вазифаи мубтадо меояд.
7. Шакли ҷамъ дорад.
8. Аффиксҳои махсуси калимасозӣ дорад.
9. Дараҷа надорад.
10. Бо феъл вобаста мешавад.
11. Сифат бо исм тавассути изофат алоқаманд мешаванд.
12. Сифатҳо аслӣ ва нисбӣ мешаванд.
1. Муайян кардани имкони истифодаи ин донишҳо: ба воситаи ин донишҳо чиро муайян кардан мумкин аст, ин донишҳоро дар куҷо истифода карда метавонем?
Қадами 3. Аҳамияти сифат ва зарфро дар нутқ гӯед.
3. Озмудани донишҳо.
Кори инфиродӣ
Супориш:
Ҷумла ва порчаҳоро хонед ва ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доштани калимаҳои ишорашударо шарҳ диҳед.
1. Одамон ба ҳар тараф тез-тез мерафтанд. (С.А.) 2. Рӯди Шофирком лаболаб пуроб буд. (С.А.) 3. Уқоб баланд парвоз мекунад.
4. Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав, Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза, нав ба нав. (Ҳофизи Шерозӣ) Нақшаро ба дафтарашон кашед;
Дар сутуни аввал калимаҳоро нависанд, дар сутуни дуюм саволҳои онҳо ва дар сутуни сеюм чиро ифода кардани онҳоро нависанд.
Калима Савол Мазмуни ифода
тез-тез
лаболаб
баланд
тоза ба тоза
нав ба нав
4. Иҷрои машқҳо аз рӯйи намуна
Қадами 4. Кори дунафарӣ.
Супориш:
Ҷумлаҳоро хонед. Фарқияти калимаҳои ишорашударо аз зарфҳо баён кунед.
1. Падарам корди тез харид.
2. Ӯ пиёлаи лаболаб пуробро ба наздаш гузошт.
3. Суҳроб бо овози баланд фарёд намуд.
4. Бозувони сахту пурқувваташ аз варзишгар будани ӯ гувоҳӣ медод.
5. Саид либосҳои тозаву нав пӯшида буд.
6. Мо ба назди бинои баланде расидем.
Арзёбии ҷавобҳо.
5. Иҷрои машқҳо доир ба истифодаи донишҳо дар шароити нав
Қадами 4. Кори гурӯҳӣ. Диаграммаи Венн.
Супориш ба гурӯҳҳо.
Гурӯҳи 1. Хусусиятҳои сифат.
Гурӯҳи 2. Умумияти сифат ва зарф.
Гурӯҳи 3. Тафовути зарф аз сифат.
Қадами 6. Муаррифии кори гурӯҳҳо.
• Аз ҳар гурӯҳ якнафарӣ кори худро муаррифӣ менамоянд.
• Саволу ҷавоб:
- Зарф чиро мефаҳмондааст?
- Зарф аз кадом ҷиҳат ба сифат монанд аст?
- Фарқи зарфро аз сифат чӣ тавр муайян мекунед?
Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки ҷумлаҳоро пурра намоянд:
• Сифат аломати ___________-ро мефаҳмонад. Ба саволҳои ..................... ҷавоб мешавад.
Мисол: гули сурх.
• Зарф аломати ___________-ро мефаҳмонад. Ба саволҳои ......................
ҷавоб мешавад. Мисол: тез гузашт.
Дар нақша умумият ва фарқиятҳои зарфу сифатро менависанд:
Зарф
Сифат Аломати амал, тарз, миқдору
Аломат ва хусусияти дараҷа, замону макон, сабабу
Ҳис. нутқ. Ба савол ашёро ифода мекунад. мақсади воқеъ гардидани амал
ҷавоб мешаванд. Саволҳо: чӣ хел?, чӣ ва аломати онро ифода
Аъзои ҷумла гуна? Асосан ба вазифаи мекунад. Ба саволҳои чӣ тавр?,
мешаванд. Дараҷа муайянкунанда меояд. чӣ тарз?, кай?, дар куҷо?,
чаро?, то чӣ андоза?, чӣ қадар?
доранд Сифат ва исм тавассути
ҷавоб мешавад. Асосан ба
(-тар, -тарин) изофат алоқаманд
вазифаи ҳол меояд. Бандаки
Шакли ҷамъ мешаванд. Бо пешоянду
изофӣ қабул намекунад. Бо надоранд. Аффиксҳои пасоянд меояд.
пешоянду пасоянд меояд.
махсуси калимасоз доранд.
6. Анҷоми дарс.
Қадами 7. Арзёбии кори гурӯҳҳо.
Қадами 8. Хулоса ва арзёбӣ. Рӯзномаи дубахша.
Масъала: Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки ҷадвалро пур кунанд.
Пеш ман фикр мекардам Акнун фаҳмидам
Қадами 9. Вазифаи хонагӣ.
Бо истифодаи калимаҳои зерин ҷумлаҳо тартиб диҳед ва сипас, роҳҳои сохта шудани онҳоро шарҳ диҳед. Саволҳо гузоред ва муайян кунед, ки ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд.
Ҷиддӣ, оқилона, одилона, фаъолона, бо ҷиддият, бо тамоми неру, самимӣ, самимона, ботартиб, бонизом, бомулоҳиза, боилтифот, бодиққат, дақиқона, масъулиятшиносона.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим омӯзгорро лозим аст, ки дар дарсҳо аз методу усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, шогирдонро ба ҷустуҷӯ, мустақилият ва фикрронӣ водор намояд.
Наргис ЗИЁЕВА –
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби байналмилалии Президентӣ
дар шаҳри Душанбе
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё