Зеҳн

Илон Маск аз оғози соли 2024 қариб 10 миллиард долларро барои сахтафзори зеҳни сунъӣ сарф кардааст.

КИ
Китобдор1 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки Илон Маск, соҳибкори маъруф ва бунёдгузори ширкатҳое монанди Тесла ва SpaceX, бо сармоягузории бузург дар ҳавзаи зеҳни сунъӣ, қадами бузурге дар ҷиҳати пешрафти ин технология бардоштааст. Ширкатҳои Тесла ва xAI, ки ба Маск тааллуқ доранд, дар соли 2024 беш аз 10 миллиард долларро барои хариди сахтафзорҳои пуриқтидор барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъии худ сарф кардаанд. Ин сармоягузории азим аз аҳамияти стратегии зеҳни сунъӣ дар барномаҳои дарозмуддати Маск дарак медиҳад.

Яке аз муҳимтарин сармоягузориҳои Маск, сохтани абаркомпютери Мемфис дар ширкати xAI аст. Ин абаркомпютер бо истифода аз 100 ҳазор протсессори графикии H100 Nvidia, қудрати ҳисобкунии хеле баландро барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ фароҳам меорад. Бархе коршиносон бар он назаранд, ки Маск барои эҷоди ин абаркомпютер қариб 2 миллиард доллар харҷ кардааст.

Аз сӯи дигар, Тесла низ бо муаррифии хӯшаи зеҳни сунъии Кортекс, қадами бузурге дар ҷиҳати рушди технологияи ронандагии худкорона бардоштааст. Ин хӯша аз таркиби 50 ҳазор протсессори графикии H100 Nvidia ва 20 ҳазор чипи ихтисосии Dojo Тесла ташкил шудааст ва ба омӯзиши моделҳои зеҳни сунъии зарурӣ барои ронандагии худкоронаи ин ширкат машғул аст. Арзиши таркибии ин хӯша қариб 4 миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Ширкати xAI ҳамчунин абаркомпютери Колоссусро роҳандозӣ кардааст, ки бо истифода аз 150 ҳазор протсессори графикии H100 ва 50 ҳазор протсессори графикии H200 Nvidia, ба яке аз пуриқтидортарин абаркомпютерҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон табдил шудааст. Ин абаркомпютерҳо ба xAI имкон медиҳанд, ки моделҳои забонии бузург ва мураккабро омӯзонанд ва дар заминаҳои мухталиф, монанди коркарди забони табиӣ ва биноии мошинӣ, пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳ эҷод кунанд. Арзиши тақрибии сохтани абаркомпютери Колоссус низ қариб 4 миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Сармоягузориҳои азими Маск дар ҳавзаи зеҳни сунъӣ, нишондиҳандаи рақобати шадид байни ширкатҳои бузурги технология барои тасаллут бар ин ҳавза аст. Ширкатҳое монанди OpenAI, Google ва Microsoft низ сармоягузориҳои бузургеро дар ҳавзаи зеҳни сунъӣ анҷом додаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳои босуръат дар ҳавзаи зеҳни сунъӣ, интизор меравад, ки ин технология дар ояндаи наздик таҳаввулоти бузургеро дар зиндагии инсон эҷод кунад. Аз худкорона шудани худравҳо гирифта то рушди роботҳои ҳушманд ва пешрафт дар заминаи пизишкӣ; бинобар ин, пардохти қариб 10 миллиард доллар ҷиҳати хариди сахтафзори зеҳни сунъӣ аз ҷониби Илон Маск, барои пойбарҷо мондан дар иқтисоди оянда, ки ба назар мерасад бо зеҳни сунъӣ гиреҳ хӯрдааст, мантиқӣ ба назар мерасад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба