ИТТИФОҚИ КАСАБА – ҲОМИИ ҲАМА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.10.2019) таъкид намуданд, ки: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар Вобаста ба таъкидҳои Пешвои миллат, фаъолияти ҳамарӯза назорати ҷамъиятиро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Иттифоқи ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву касабаи кормандони маориф ва илми иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии моликият, амалӣ намоянд».
сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ва амалӣ кардани вазифаҳои дар он зикргардида, Оиннома, қарорҳои Анҷумани XIII, Барномаи амали Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2028, санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ), шарикии иҷтимоӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Зеро ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба, яъне кормандони соҳа аз ҳадафҳои асосии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Танҳо дар се моҳи якуми соли равон аз ҷониби нозирони меҳнат ва ҳуқуқ 239 амрнома ба корфармоён дода шудааст, ки тибқи он 784 камбудӣ ошкор ва 678 камбудӣ бартараф шуд. Тибқи ҳисоботи нозирони ҳуқуқ 43 амрнома дода шудааст, ки теъдоди камбудиҳои ошкоргардида 240 буда, 212 камбудӣ бартараф шудааст.
Масъалаи аз муоинаи тиббӣ гузаштани корманд аз ҳисоби маблағи корфармо яке аз масъалаҳои ҳалталаб то ҳол боқӣ мондааст. Зеро тибқи моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад.
Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 333, қисми 7 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз муоинаи тиббӣ гузаштани корманд аз ҳисоби маблағҳои корфармо амалӣ карда мешавад. Агар солҳои пешин қарздории музди меҳнати кормандони соҳа дар вилояти Хатлон зиёдтар мушоҳида мегардид, хушбахтона, дар соли 2022, манзури мо семоҳаи якуми соли равон бартараф гардид.
Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, (шаҳри Бохтар, 24 феврали соли 2022) ба ҳалли ин мушкилот мусоидат кард.
Мушкилоти дигаре, ки имрӯз дар соҳа ҷой дорад, сари вақт ҷудо нагардидани маблағ барои пардохти сафархарҷии омӯзгорон ҷиҳати фарогирии онҳо ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мебошад. Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо Вазорати маориф ва илм барои рафъи ҳалли ин мушкилот, иқдоми ҷиддиро рӯйи кор гирифтанд.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври асоснок мушкилоти соҳаи маорифро ба унвони вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки аз ҷониби вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро пазируфта шуд. Ин ҳолат саҳифаи наверо дар доираи шарикии иҷтимоӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бозгӯӣ менамояд.
Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, дар қатори дигар кумитаҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба рафти иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ назорати ҷамъиятӣ мебарад. Дар сурати риоя накардани шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ иттифоқҳои касаба ҳуқуқ дорад, ба тарафи дигари созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ оид ба рафъи ин қонуншиканиҳо пешниҳод равон менамоянд, ки он дар муҳлати муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баррасӣ гардад.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд. Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2021 – 2023 мавриди амал қарор дорад. Қабули Созишномаи генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доим дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар асоси ин ҳуҷҷат, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ баста мешаванд.
Муносибатҳои меҳнатӣ шакли ҳуқуқии ташкили ҷамъият буда, дар пешрафти сохти ҷомеа ва идоракунии он мавқеи хоса дорад. Муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ҳар як шакли идоракунии давлатӣ мавҷуд буд, вале дар даврони капитализм ҳимояи ҳуқуқи инсон ва донишҳои ҳуқуқӣ рушд намуд. Маҳз дар ҳамин давра ҷамъиятҳое пайдо гардиданд, ки ҳуқуқҳои кормандон ва занонро дар корхонаву ташкилотҳо ҳимоя менамуданд.
Яке аз санаҳои ба ҳаракати Иттифоқҳои касаба алоқаманд 1 Май маҳсуб меёбад, ки мардуми меҳнаткаши тамоми дунё онро ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон қайд менамоянд. Дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла, дар кишвари мо низ аъзои иттифоқи касаба ошкоро ва якдилона бо корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ вохӯрию суҳбатҳо ва музокироту муколама анҷом медиҳанд.
Дар маҷмуъ, Иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд.
Зулҳия НОЗАКЗОДА –
раиси Иттифоқи касабаи
кормандони маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё