Зеҳн

Абри сафед

АГ
Агенти Зеҳнӣ24 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Модарро эҳтиёт ва эҳтиром кунед, дӯст доред, ки онҳо сарчашмаи муҳаббати ҷовидонаанд.

Юсуфҷон Аҳмадзода
Шип-шип...
Шип-шип...
Ба гӯшам шарфаи по мерасад, шарфаи форам. Гоҳ аз дур ва гоҳ аз наздик. Ман гӯш бар он медиҳам.
Шип-шип...
Шип-шип...
Оҳ, ин чӣ шарфаи шинос ва ба дил ошност. Аммо чаро наметавонам онро амиқ дарк бикунам. Чаро? Чаро? Магар он наҷвои барги дарахтон аст, ки аз боди субҳ ба ҳам хӯрда пичиррос мезанад? Ё борон аст, ки дона-дона мерезад? Ва якто-якто ба рӯи сабзаҳо ғалтида, чун дурдонаҳо ба ҳар сӯ, ба ҳар тараф пош мехӯрад? Ана, ҳатто зангӯлачаҳо барин турфа садое мебарорад:
Динг-динг...
Динг-динг...
На, ин садои зангӯлача ҳам нест. Шояд шарфаи абри сафед бошад, ки аз гуфти модарам вай ана ҳамин хел

номаълум, оҳиста ва ноаён садо бароварда меояд ва... модарамро озод, рӯи болҳои нуқрагинаш бардошта, беозор аз бари кати ман мегузаронад. То ки ман, баррачаяки ӯ, аз хоби ноз бедор нашавам.
Не, афсона аст ин, тамоми модарам танҳо барои тасаллои ман мегӯяд, онро аз дилаш, худаш бофта мебарорад ва ман ҳам ҳар шаб ба уммеди дидани он ҳеҷ намехоҳам, ки мижжа таҳ бикунам. Вале субҳ... Наметавонам бедор бишавам. Маро хоб паҳш мекунад. Болопӯшро ба сар кашида, дар мағзи бистари гармакак ғунча мешавам ва ҳамвора саъй мекунам, то аз ин хоби масти ширин батамом ба ҳуш биёям ва аниқ бидонам, ки ин шарфаи рӯҳафзо... шарфаи пои модарам аст.
Бале, шарфаи пои модарам.
Бечора, кай аз хоб хеста бошад ӯ? Кайҳо, кайҳо. Албатта.

Вале ман боре кай аз хоб хестани ӯро надидастам ва ҳамчунон ба хоб рафтанашро. Хаёлам, модарам шабу рӯз бедор асту бедор.

Модарҷон. Кай аз хоб мехези?

Офтоб ҳанӯз набаромада, аз гулу гиёҳ ҳанӯз шабнам нафаромада ва бонги мурғони саҳар низ ба гӯш нарасида, баррачаяки ман. Ту ҳоло хоб кун, ки хоби бачагӣ ширин аст...

Бо ангушт як бари болопӯшро бардошта, аз роғи он нигоҳ мекунам.

Модарам рӯи ҳавлӣ нӯк-нӯки по мегардад. Нарм-нармакак қадам мениҳад. Хусусан аз сари чашма кӯзабадаст боло баромадани ӯро бо ҳавас тамошо мекунам.

Аз сари теппа, ки он то бари чашма зина-зина тоб хӯрдааст, аввал қарси чун барф сап-сафеди ӯ аз боди субҳ дар бари дӯшаш парпаракзанон намудор мешавад. Вай ба як даст кӯзаро дошта, дасти дигарашро ба сар мениҳад, ки то қарсашро бод набарад ва дар ин ҳол остинаш аз сари соид то буни китф фурӯ ғалтида, дар хаёлам, боли қувонро мемонад.

Модарам гӯё аз домани уфуқ, аз паси кӯҳҳои дуродури баланд монанди субҳ бадар меояд ва рӯи гандумгуни пурожангаш, магар аз тафси болобарой чун офтоб суп-сурх метобад.

Шип-шипи форами кафши нимдошти ӯ, ки аз роҳгардӣ хӯрдаву

фит шудааст, ҳангоми қадам ниҳодан қад-қади марзаи сабзаҳояш баланд, дар хомӯшии субҳ барӯало шунида мешавад. Вале ҳамин ки ба кати хобам наздиктар меояд... дигар...дигар шарфаи пои ӯро намешунавам.

Аз бари кати ман чи тавр мегузарӣ, ки шарфаи поятро намешунавам, модарҷон?

-Ман... ҳамту... -чашмони пурмеҳраш аз шодӣ шарар мерезанд. Чизе гуфтанист, аммо наметавонад, танҳо сари маро ба сандуқи дилаш фурӯ гузошта, ҳамвора сила мекунаду сила мекунад ва ниҳоят ана ҳамин хел як афсонаи аҷиб мебофад ӯ,- ҳамин ки ба кати ту наздик шудам, дар таги по як абри сап-сафеди калон пайдо мешавад ва маро беозор ба болояш савор карда, оҳиста бардошта мегузаронад. То ки ту, аз хоби ноз бедор нашавӣ, барачаяки ман...

Қирс-қирс шикастани пешдаргирон ва чирс-чирс сӯхтани онро мешунавам. Маълум, ки модарам дар сари оташдон аст. Чой меҷӯшонад ӯ.

Бӯи дуд, дуди тапиолуд, ки аз он бӯи деҳа ва ҳатто, бӯи хонаи мо меояд, аз роғи кӯрпаам даромада, димоғамро кимчӣ хел ба хориш меорад ва каме хушёр мекунад.

Акнун шарфаи пои модарамро аниқ мешунавам.

чашмонамро мемолад. Дастонаш бӯи алаф, бӯи коҳ, бӯи оташ, бӯи хамир ва бӯи шири навдӯшида мекунад.

Овозашро гӯё аз дур монандӣ обшор мешунавам маҳин-маҳин:

Баррачаи мастаки ман. Биҳез. Барои ту дар шоҳакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам...

Аммо ман қасдан худро ба хоб меандозам. Ва ҳамвора шир-шири обшорро мешунавам.

Шир-р-р-р...

Шир-р-р-р...

Не, ин садои обшор нест. Модарам шир медӯшад. Ва аранг-аранг ҳуммаси гӯсолача ба гӯш мерасад. Муқаррар, бо илтиҷо ба чашмони очааш менигарад вай.

Чунки гурусна аст. Шир мехоҳад... аммо... аммо шир аз даҳони хурма дамида мебарояд... ва... ва ... ба як абри сап-сафеди калон табдил меёбад. Модарамро ба болояш савор карда мепарад! Мепарад! Мепарад!... Вале ногоҳ шамоли сахте бархоста, ба ҳар тараф мебарад, ба ҳар сӯ кашола мекунад: гоҳ ба сари ҷангали анбӯҳ, гоҳ ба рӯи дарёҳои пурмавҷ, гоҳ ба рӯи баҳрҳои пуртӯфон. Ман аз тарс фарёд мезанам: «Оча! Оча-ҷон-н-н!!!» Лекин овозам намебарояд. Беҳолам, қудрате ва ёрое надорам, ки абри сафед якбора ба қуллаи сангине бархӯрда, монандӣ косаи чиннӣ ҷарангосзанон рост ба рӯи ҳавлиамон меафтад. Реза-реза мегардад...
Аз хоб як қад парида хестам ва дидам, ки дар рӯи ҳавлӣ хурмае шикаста ва дар сари он хоҳарам ҳайрон дикак нишаста. Қатраҳои кафки шир ба атроф ва ҷо-ҷо ба бару домани куртаи каб-кабудаш, ки дирӯз дар мотами модарам пӯшида буд, пош хӯрдааст.

Вай ҳар саҳар ба падарам шир ва нони гарм пухта мебурд ва аз он пас рост ба мактаб мешитофт. Акнун, ҳама кор ва ташвиши рӯзгор бар дӯши ӯ афтодааст, бечора.

Аммо падарам дар саҳрост. Вай ҳам азодор ва гурусна аст. Ба ӯ нону шир бояд бурд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2