Калиди ганҷи дониш
Қадами нахустини тифл ба мактаб бо рўи даст овардани китоби аввалини савод «Алифбо» оғоз меёбад, ки муаллифаш устод М.Лутфуллоев аст.
«Алифбо» барои кўдакони навомўз худ мактаби махсусест, мактаби муҳаббат ба таҳсил, ба китоб, ба хондану навиштан, ба забони модарӣ ва ба омўзгор. Устод М.Лутфуллоев бо таҳияи ин «калиди ганҷ» тавонистааст, ки кўдаконро бо камоли маҳорат ба дунёи дониш ворид созад, ба бинои таҳсилашон асоси муътамад гузорад.
Ман ҳамчун омўзгор ҳар гоҳе китоби «Алифбо»-ро ба даст мегирам, ба донишу заковат ва дурандешии ин марди фозил аҳсан мехонам. Ў китобро тарзе таълиф намудааст, ки дил мехоҳад такрор ба такрор варақ гардонию аз мазмуну муҳтавояш ҳаловат барӣ.
Расмҳои зебою шавқбахш «Алифбо»-ро боз ҳам зебою хонданӣ гардондаанд. Дар оғози китоб овардани иқтибос аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо чунин сатрҳо оғоз мегарданд: «Хон, дониш омўз, фарзанди азизам, ки бузургон гуфтаанд: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад!» барои кўдакон хеле бамавриду муассир мебошад ва ин суханон як умр аз хотирашон фаромўш нахоҳад шуд. Дар саҳифаҳои аввали китоб, ҳамчунин, ҷой дода шудани Нишони давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди Миллии Тоҷикистон, акси қаҳрамонони Тоҷикистон ҷиҳати худшиносию ватандўстии кўдакон хеле муфид мебошад.
Устод М.Лутфуллоев дар баробари мактаббачагонро ба ҳарфҳо ошно намудан, калимаю ибораю ҷумлаҳоеро дар китоб ҷой додааст, ки завқи бачаро ба хондан афзун мегардонанд. Ҳар як расми китоб кўдаконро ба андеша водор месозад. Дар ҳар як саҳифаи «Алифбо» мувофиқи ҳарфҳо сурати табиату манзараҳои Тоҷикистон, ҳайвоноту парандагон ҷой дода шудаасту бачагон водор мешаванд, ки вобаста ба онҳо ба андеша раванд, сухан гўянд.
Дар «Алифбо» вобаста ба ҳар як ҳарф расмҳое оварда шудаанд, ки кўдаконро ба дўст доштани падар, модар, бобою модаркалон ҳидоят менамоянд. Китоби «Алифбо» боз аз он ҷиҳат барои бачагон ҷолиб аст, ки дар он мувофиқан ба афсонаҳои халқи тоҷик расмҳо кашида шудаанд. Масалан, расмҳо оид ба афсонаҳои «Рўбоҳ ва панир», «Рўбоҳ ва ангур», «Мўрча ва кабўтар» ба завқи мактаббача хеле мувофиқ мебошанд. Китоби «Алифбо» ба хонандагон на танҳо ҳарфҳо, ҳиҷоҳо ва калимаҳоро меомўзад, инчунин, онҳоро ба меҳнатдўстию ватандўстӣ даъват месозад. Акси табиату наботот дар китоб хурдтараконро ба ҳифзи муҳити зисту нигоҳубини онҳо талқин менамояд.
Устод М.Лутфуллоев дар «Алифбо» шеърҳои хеле хубу равону самимии кўдаконаро овардаанд. Масалан, шеъри Меҳмон Бахтӣ «Китоби хоно», ки дар ситоиши «Алифбо» гуфта шудааст, барои хонандагон завқбахшу мақбул аст.
Олими маъруфи тоҷик, академик М.Лутфуллоев бо китоби «Алифбо» дар ба камол расонидани насли наврас саҳми калон дорад. Ин китоб, ки дар давраи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзи вуҷуд намудааст, ифодагари талаботи давру замон мебошад. Устод кўшиш кардааст, ки насли имрўза ба қадри соҳибистиқлолии Ватан бирасад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.
Хизмати устод М.Лутфуллоев дар рушди маорифи ҷумҳуриамон хеле калон буда, асарҳои таълимию илмии навиштаи ў барои ғанӣ гардонидани саҳифаҳои таърихи миллат аҳамияти калон доранд.
Таманнои онро дорем, ки устоди арҷманди мо ҳамеша сиҳатманду даст дар кор бошанд ва барои саодати халқу миллат идомаи фаъолият намоянд.
Бо ҳадафи такмили сифати таълиму тарбия ва мутобиқсозии мазмуну мундариҷаи таълим, стандартҳои фаннӣ,
барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба талаботи замон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таълими салоҳиятнокро пешниҳод кардааст. Дар стандарти таълимии фанни забони модарӣ (тоҷикӣ) салоҳиятҳо дар чор самт муқаррар шудаанд ва ҳар як самт се салоҳиятро фаро мегирад. Ин се самти салоҳият хондан, навиштан ва гуфтану шунидан мебошанд.
Дар синфи якум ба техникаи навиштан бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Навиштани матн вақти нисбатан маҳдудро дар бар мегирад. Дар синфҳои сеюм ва чорум бошад, ба эҷоди матн бештар диққат дода мешавад. Зимнан, муҳимтарин қоидаҳои навишти матн, махсусан, риояи сохтор, пайдарпайии мантиқии ибораю таркиби ҷумлаҳо, истифодаи воситаҳои тасвир дар маркази омўзиш қарор мегиранд. Вобаста ба самти навиштан дар синфи якум хонандагон тариқи истифодаи ашёи хатнависӣ, риояи навишт дар рахҳои хурду калон, риояи ҳошиягузорӣ, эътибор ба тарафҳои чапу ростро меомўзанд. Ҳамчунин, ба қоидаҳои навишти ҳарфҳои хурду калон, тариқи васлшавии ҳарфҳо диққат дода мешавад. Омўзиши қоидаҳои аз сатр ба сатр кўчонидани ҳиссаи калима низ муҳим аст. Хонандагон тадриҷан бо аломатҳои китобат ва истифодаи онҳо ошно мешаванд.
Дар адабиёти методӣ оид ба самти навиштан маҳорату малакаҳои зерин таъкиду ташреҳ шудаанд:
-малакаҳои беғалатнависӣ ва риояи имло;
-маҳорату малакаи истифодаи луғатҳо дар нутқи хаттӣ;
-маҳорати навишти беғалату босуръат;
-маҳорати тартиб додани муколама, саволу ҷавоб;
-маҳорату малакаи муҳокимаи сохтор, мазмуну матнҳо, ислоҳи ғалатҳо;
-маҳорати нигориши баъзе асноди расмӣ ва ҷадвалу нақшаҳо....
Бояд гуфт, ки навиштан ва омўзиши он дар синфҳои ибтидоӣ аз муҳимтарин масоили таълим аст ва нахустҳадафаш он мебошад, ки шогирдон аз оғоз ба зебою беғалат навиштан одат кунанд.
Оид ба география дар қатори дигар асарҳо як силсила китобҳое навишта шудаанд, ки бо аҳди қадим тааллуқ доранд ва хеле шуҳратёфтаанд. Яке аз онҳо асари машҳури ҷуғрофиёдон ва таърихнигори Юнони Қадим Страбон мебошад, ки «География» ном дорад ва ба таъкиди муаррихон, соли 7-и мелодӣ навишта шудааст. Ин асари барҷастаю фарогир, чунонки пажўҳишгарон ишора намудаанд, аз 17 китоб иборат мебошад. Муаллиф дар он бар асоси санаду далелҳои ҷуғрофиётӣ мавқеи ҷойгиршавии кишварҳою вилоятҳо, мардуму халқиятҳои сокини онҳо, масофаву масоҳат, шароити табиӣ, иқлиму обу ҳаво ва монанди инҳоро тавзеҳу тавсиф бахшидааст. Страбон қисми зиёди умрашро ҷиҳати гирдоварии мавод барои китоби «География» ва иншои он бахшидааст, ки ин садоқату муҳаббати ўро ба пешаю машғулияташ собит менамояд. Ин олиму муҳаққиқи варзида бо ҳадафи ҳар чӣ дақиқу саҳеҳ офаридани асараш ба кишварҳои зиёде сафар кардаву дар китобхонаҳои машҳуру ғании замонаш (аз ҷумла, Китобхонаи Рум, Китобхонаи Искандарияи Миср) ба мутолиа машғул шудааст. Страбон кўшидааст, ки «География»-ашро ҳамчун асари дақиқу дастурии мардумшиносӣ ва раҳнамои ҷуғрофиёиву таърихӣ таълиф намояд ва ба ин муваффақ ҳам шудааст. Ин асар минбаъд аз ҷониби олимон барои тасвири харитаи мукаммали Замин васеъ истифода шудааст.
Мутаассифона, то замони мо нусхаи мукаммали «География»-и Страбон боқӣ намондааст. Шакли нисбатан мукаммали он соли 1472 ба забони лотинӣ тарҷумаю нашр гардида, нусхаи юнонии он соли 1516 ба табъ расидааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё