Зеҳн

БАРОИ МОДАРАМ ЧӢ КАРДАМ?

БА
Барномасоз26 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Имрӯзҳо хатмкунандагони бахши тоҷикии факултаи педагогикаи Донишкадаи омӯзгории вилояти Тошканд таҷрибаи педагогии ниҳоии худро дар мактабҳои миёнаи тоҷикии рақамҳои 7 ва 10-и шаҳри Ангрен мегузаронанд.

Чанде пеш мо — таҷрибаомӯзони мактаби рақами 7 — бахшида ба баҳори нозанин ва дунёи рангини модарон чорабиние гузаронидем.

Баъди машқу тамринҳои пайдарпай роҳбари таҷрибаомӯзони гурӯҳи мо, муаллимаи меҳрубон ва дар айни замон сахтгир Зулхумор Турсунова, ки ба хонандагони синфи 2-«в» сабақ медоданд, ба хулосае омаданд, ки ману ҳамкурсам Мухтасар Мирзоева барандагони ин чорабинӣ бошем. Омодагиҳо идома меёфтанд…

Ниҳоят, он рӯзи фархунда фаро расид. Дар толори мактаб, ки идона оро дода шуда буд, хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо падару модаронашон, бештар бо модарон, гирди ҳам омада буданд. Ҳама чеҳраҳо идона ва лабҳо пуртабассум буданд. Гулу гулдастаҳои дар дасти модарон чеҳраҳои онҳоро боз ҳам шукуфотар ва толорро муаттартар менамуданд. Ҳама интизори саҳнаҳои ҷолибу шеърхонии хонандагони синфи дуюм ва таҷрибаомӯзон буданд.

Нахуст муаллима Зулхумор ҷашнро кушода эълон карданд. Сипас Мухтасар ҳозиринро хайрамақдам гуфта, порае аз «Баҳория»-и устод Рӯдакӣ ва шеъре аз «Модарнома»-и Лоиқи ширинкалом қироат намуд.

Инак, навбати ман фаро расид. Ман бо андаке ҳаяҷон назди микрофон омада, оғоз кардам:

— Сад ҷону дил фидои як муддаои модар…

Ногоҳ чашмам ба «модарам» афтод, ки дастагуле дар даст дар қатори аввал нишаста буд. Овозам ларзид. Худро ба даст гирифта, боз оғоз кардам:

— Сад ҷону дил фидои як муддаои модар… Модарҷон! Очаҷон!..

Дилам мехост аз саҳна поён шаваму худро ба оғӯши «модарам» партоям. Ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Аз миёни сели ашк «модарҷонам»-ро хира-хира медидам: бо либосҳои кӯҳистонӣ, дар лаби ҷӯйи Дуоб…

Боз кӯшидам худро ба даст гирам:

— Сад ҷону дил фидои як муддаои модар… Очаҷон! Модаракам!.. Модарҷонам!..

Хайрият, пардаро пӯшиданд. Аз толор садои ғулғула меомад. Ман ба худ омадам. Хиҷолат мекашидам. Мухтасар тозон наздам омад. Муаллима Зулхумор коғазҳоро аз дастам гирифта, ба ҳамсабақам Фаридуни Тоҷизода супурданд. Ҷашн идома ёфт.

Мухтасар пурсид:

— Магар фаромӯш кардӣ?

— Ҳа! — гуфтам.

Муаллима илова намуданд:

— Ҳеҷ гап не, худатро ба даст гир! Хафа нашав, хеле табиӣ баромад!

Ман хомӯшона, калавида-калавида ба кунҷи рости саҳна гузаштам. Аз паси парда ба «модарҷонам» менигаристаму худ ба худ мегуфтам: «Оҳ, модарҷон! Чӣ қадар ба ҳам монандед — гӯё як себи дукафон!..»


Ман хурдакак будам, дар синфи якум мехондам. Нахустин устодам дар мактаб, Комил Чориев, бахшида ба ҷашни бонувон маҳфиле оростанд. Дар он модарони ҳамаи хонандагони синфамон иштирок доштанд.

Мо ҳар кадом гул ё гулдастае дар даст, дар васфи модари муътабар, Ватани муқаддас ё баҳори нозанин шеъре қироат карда, сипас гулҳоямонро ба модаронамон тақдим менамудем. Ман шеъри зеринро қироат кардам:

Сад ҷону дил фидои
Як муддаои модар…
Фатҳу кушоиш орад
Дасти дуои модар!..

Шеърро мехондаму аз модарам чашм намекандам. Ба назарам, зеботарин чеҳра чеҳраи модарҷонам буд. Дар чашмонаш чакраҳои ашк чун марҷон бозӣ мекарду медурахшиданд. Ҷилои он дурдонаҳо гӯё ба ҳуснаш ҳусни нав зам менамуд.

Пас аз қироати шеър гулдастаамро ба модарҷонам тақдим кардам. Модарам сарамро сила карда, аз пешониам бӯсид. Ман аз фурсат истифода бурда, бо ангуштонам ашки чашмонашро пок кардам. Ҳайрон будам, ки модарам ҳам ашк мерехту ҳам табассум мекард.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ҳама ба хонаҳои худ раҳсипор шудем. Модарам беист сарамро сила мекард. Ашки чашмонаш канда намешуд. Ҳайрониям аз гиряи беисти ӯ афзунтар мегашт. Ниҳоят, тааҷҷубамро пинҳон карда натавониста, пурсидам:

— Очаҷон, чаро гиря мекунед? Магар шеърро нодуруст хондам? Тобатон нест магар?

— Не, писарам, ман аз ту хурсандам. Шеърро хуб хондӣ. Ман аз хурсандӣ гиря мекунам, — гуфт модарам ва идома дод: — Ман имрӯз хеле хурсандам, барои ҳамин мегирям, писарчеки модарҷонаш! Оҳ, бачекам, ман ин рӯзро даҳсолаҳо интизор шудам. Чандин сол ҳамсояҳо фавҷ-фавҷ, даст ба дасти фарзандонашон, барои таҷлили Соли наву Иди алифбо, ҷашни бонувону дигар чорабиниҳо сӯйи мактаб мешитофтанду мани бечора ба хона даромада, дарро ба рӯям мебастам ва соатҳо гиря мекардам. Ана, ҳамон гиряҳо гиряи ғам буду он ашкҳо ашки талх. Мегиристаму ба даргоҳи Худованд менолидам: «Худоё, Худовандо, чӣ кардам, ки бар дӯшам ғами фаровон бор кардиву ба нохуни фарзанд зорам кардӣ?!» Ҳама падару модарон якҷоя бо фарзандонашон дар мактаб хурсандӣ мекарданду ман дар хона ашки ғам мерехтам. Баъди чанд соат дар кӯча садои рафтуомад шунида мешуду мефаҳмидам, ки ид поён ёфтааст. Як гӯшаи пардаи тирезаро боло мекардаму ба модарону фарзандони хушҳол менигаристам. Боз гиря гулӯгирам мекард. Ба худ мегуфтам: «Гулнор, Гулнор, бошад, ки ту ҳам фарзанддор шавию ба мардум ҳамроҳ гардӣ!» Писаракам, орзу карда будам. Ана, он чиро аз Худо талабида будам, гирифтам. Шукри Худо, ки имрӯз ба мардум пайвастам.

Ман рӯймолчаамро аз киса гирифта, ашки чашмони модарамро пок кардам. Модарам дасти навозиш бар сарам гузошту гуфт:

— Раҳмат, бачекам.


Аз миён чанд сол гузашт. Ман оҳиста-оҳиста калон шудам ва фаҳмидам, ки модарам ҳаждаҳ соли расо азоби бефарзандӣ кашидааст. Пас аз ҳаждаҳ соли интизорӣ Худованд ба ӯ фарзанд ато кардааст. Бо гузашти солҳо мо шаш нафар шудем: чор писару ду духтар.

Модарам «ба муродам расидам» гуфта, номи маро Дилмурод гузоштааст. Бо вуҷуди он ки инро медонистам, боре аз ӯ пурсидам:

— Модарҷон, барои чӣ номи маро Дилмурод мондаед?

Модарам оҳе кашиду кафи пояшро нишон дод. Дидам, ки дар кафи пояш изи захме ҳаст. Сабабашро пурсидам. Модарам гуфт:

— Эҳ, писарам, напурс. Ту напурсу ман нагӯям. Барои фарзанддор шудан, бар замми гиряву нола ба даргоҳи Худованд, аз ҳар мӯе мадад меҷустам. Боре кампири Оқиламо ба ман маслиҳат дод, ки агар дам нагирифта аз хона то мазори болои Дуоб даваму мазорро зиёрат карда, нияти неке кунам, он ниятам амалӣ мешавад. Гуфт, ки агар пойлуч давам, дуоям тезтар иҷобат мешавад. Ман кампири Оқиламоро дар хона танҳо монда, барои зиёрат берун шудам. Ҷониби мазор ҳарчи тезтар медавидам. Ҳамин ки охирин хонаи деҳаро пушти сар кардам, пойафзоламро кашида, пойлуч давидам. Медавидаму медавидам… Як вақт ҳис кардам, ки поям месӯзад. Бинам, чӯбчаи хушке ба поям хеле чуқур халидааст. Чӯбро кашида гирифтаму давиданро идома додам. Ниҳоят, ба сари мазор расидам. Мазорро зиёрат кардаму зор-зор гиристам. Аз чашмонам ашку аз поям хун мешорид. Баъди анҷоми зиёрат поямро бо рӯймолчаам баста, пойафзоламро пӯшидам ва сӯйи деҳа роҳ пеш гирифтам.

Модарам лаҳзае хомӯш монду боз идома дод:

— Дидам, ки роҳ рафта наметавонам. Роҳ ноҳамвор буду пасту баланд. Ҳайрон шудам, ки чӣ гуна аз байни ин харсангҳо то ба мазор расидаам. Рӯйи харсангҳо хуни поямро дида, тааҷҷубам бештар мешуд: чӣ хел аз болои ин сангҳо ҷастухез карда гузаштаам? Бо як азобе ба ҳамворӣ расидам. Чун поён фуромадам, чашмам ба тағои Саидат афтод. Вақте аз ҳолам бохабар шуд, маро хеле сарзаниш карду захми поямро аз нав баст… Оҳ, писаракам, то ба дунё омадани шумоён чӣ азобҳое накашидам! Ана, бачем, бачекам, он ҳама азобҳо паси сар шуданд. Акнун ту бояд бихонӣ, калон шавӣ, ба ман ёрирасону ба мардум хизматрасон бошӣ. Ҳама умедам ба шумоён аст…


Ҳамин тавр, рӯзу ҳафтаҳо ва моҳу солҳо мисли дарё мегузаштанд. Мо — шаш нафар фарзандони як модари ҳумоюнбахт — калон мешудему қад мекашидем.

Боре бемор шудам ва маро ба духтури деҳа нишон доданд. Духтур тавсия дод, ки маро ба шифохонаи марказии ноҳия баранд. Падару модарам маро ба он ҷо бурданд. Духтурон маслиҳат доданд, ки ҷарроҳӣ шавам.

Вақте маро барои ҷарроҳӣ ба ҳуҷраи дигар мебурданд, модаракам, бо вуҷуди монеъ шудани духтурон, аз дунболи кати чархдори ман мерафт ва пайваста дар ҳаққам дуо мекард.

Ҳар гоҳ ин такудави модарамро ба ёд меорам, гиря гулӯгирам мекунад ва беихтиёр аз чашмонам ашк мерезад.

Баъд аз ҷарроҳӣ як духтур падарамро оҳиста ба ҳуҷраи ҳамшафат даровард. Модари кунҷкову ҳушёрам чизеро пай бурда, аз пушти дар ба гуфтугӯйи онҳо гӯш андохт.

— Писаратонро ҷарроҳӣ кардем. Касалиаш вазнин аст. Ба фикрам, одам намешавад, — гуфт духтур…

Баробари шунидани ин суханон оҳу нолаи модарам бар фалак печид. Ӯ ба сӯйи ман шитофт, вале шифокорон садди роҳаш шуданд. Модарам зорӣ мекард:

— Акоҷон, илтимос, гузоред як бор рӯйи писаракамро бинам! Чӣ хоҳед, медиҳам!

Онҳо иҷозат намедоданд:

— Не, апаҷон, мумкин нест. Ба палата гузаронем, баъд мебинед.

Пас аз ин дили модарам заъф кард ва ӯ муддате беҳуш шуд.

Намедонам, чанд рӯз дар ҳолати вазнин хобида будам. Чашмонамро кушодам: модарҷони меҳрубонам болои сарам нишаста, дар ҳаққам дуо мекард:

— Эй Худоҷон, агар ҷон даркор бошад, ҷони маро гиру ба писаракам шифо деҳ, Худоҷон!..

Ин суханони модарам ҳеҷ гоҳ аз ёдам намераванд.

Вақте модарҷонам дид, ки ба худ омадаам, ашк аз чашмонаш бештар ҷорӣ шуду садои гиряаш баландтар гардид. Ман пичиррос задам:

— Очаҷон, чаро гиря мекунед? Ман нағзам.

Ҳис кардам, ки дар ин се-чор рӯз модарам хеле хаста шуда, қоматаш низ хамида гаштааст. Нафаскашиаш ҳам дигар шуда буд. Пайваста оҳ мекашид. Гӯё ба бемории вазнине гирифтор буд. Гоҳе гиря гулӯгираш мекард.


Ман аз шифохона баромадам. Шармам меомад, ки калон шудааму модарам маро мисли кӯдак навозишкунон ба хона мебарад. Ӯ пайваста сарамро сила мекард. Танҳо ҳамон вақт ҳис кардам, ки дасташ меларзад. Ёд дорам, мегуфт:

— Худоро шукр, писарҷонам соқу саломат монд…

Мегуфту ашк мерехт.

Бузургӣ ёфт рӯзе кӯдаки хурд
Ба ин домони пурасрори модар.
Кушода чашми ӯ соҳибназар шуд
Зи нури дидаи бедори модар.

Оре, модари зорам, модари меҳрубонам ба ивази ҷони худ ҷони маро харид. На камолоти фарзандонашро диду на тӯйи арӯсии онҳоро.

Модарам барои ман ба ҷон додан розӣ шуд. Вале ман барои модарам чӣ кардам?

Ҳанӯз ҳам бовар карда наметавонам, ки модарам бо як дарди ногаҳонӣ ҷон дод. На «писарам» гуфту на чизи дигар…

Рӯзи дафни модарам додараки кенҷаам, ки ҳанӯз хурд буд, аз домони ман дошта, аз дунболи тобут мерафту мепурсид:

— Акоҷон, одамон очаҷонамро куҷо мебаранд?

Саволҳои додарамро шунида, гиряам бештар мешуд. Ба худ мегуфтам: «Ин додари ман чӣ гуноҳ дорад, ки аз навозиши модар маҳрум монд?»

Додарам боз мепурсид:

— Акоҷон, модарамро баранд, ман бо кӣ мехобам? Гап занед, очаҷонамро куҷо мебаранд?

Гиря гулӯгирам мекард. Ба ӯ гуфтам:

— Модарамонро ба роҳи дур мебаранд, дигар намеоранд.

Вале додарам умедашро кандан намехост.

Солҳо мегузаштанд. Додари кенҷаамон ҳам калон шуд. Ҳар баҳор рӯйи қабрҳо сабзаву гулҳои гуногун мерӯянд. Ба назарам, гулҳои рӯйи қабри модарам ба дигар гулҳо монанд нестанд. Сари қабраш нишаста, фарёд мекунам:

— Модари бечораам ҳаёташро ба ман бахшид! Вале ман барои модарам чӣ кардам?

Ҳар бор рӯю мӯйи хоҳаронамро мебинам, гӯё модарамро дида бошам. Ҳар кунҷу канори хонаамон модарамро ба хотирам меоварад.

Ва имрӯз чашмам ба ҷавонзане афтод, ки ба модарам чунон монанд буд, ки гӯё як себи дукафон бошанд. Вале ӯ модарам набуд. Модари фарзанде буд, ки барояш шеър хонду дастагуле ҳадя намуд…

Дилмурод Асадови Абдусамад
Хатмкунандаи бахши тоҷикии Донишкадаи омӯзгории вилояти Тошканд
Ангрен, 2012

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2