Зеҳн

Пиёлаи шикаста

АГ
Агенти Зеҳнӣ27 октябри 2026 · 41 дақиқа хондан

Пиёлаи шикаста

Усто Мирзошарифи Гулшанро мардуми деҳаи Шикордара кайҳо боз дар сафи одамони барӯзӣ ном мегиранд. Ин марди тақрибан панҷоҳсолаи миёнқад, рӯйгирд, вале газгӯшту хушмуомила аз каму кости рӯзгор ҳаргиз пеши касе лаб намекушояд. Хайр, вай ки, ба гуфти худаш, як вақтҳо кулӯхро нон гуфта мегазид, ҳоло зиндагии тинҷу осуда, зани бофаросат,- ин ними давлати мард ҳисоб мешавад,- чор фарзанди қобил дорад ва чун устои гулдаст дар тамоми маъракаҳои деҳа болонишин аст. Одамон ӯро ба хотири ҳунараш не, балки сидқан дӯст медоранд ва болои дидаҳо мегардонанд, чунки усто ҳам бе ягон иззатталабӣ мудом ҳоҷати мардумро мебарорад, дар ғаму шодияш шарик мешавад. Мабодо касе баъди ба субут расонидани хизмат ба усто узр ё ташаккур бигӯяд, вай саросема, ҳатто сурх мешавад ва дастаи тешаашро ба локияш хаста, қалами рангаашро ба таги тоқӣ ё паси гӯшаш андармон карда ҳиҷолатомез пичиррос мезанад:

  • Ин гапа, нури дида, дуюмбора ба забонат нагир, ки хафа мешавам. Ҳунари ман садқаи сари Шумо. Ҳм, бе одам ҳунари усто чӣ қадр дорад?
    Мардум низоми рӯзгор, боғи дилкушо, ҳатто муомилаи хуши хурду калонро ба усто дида, худ ба худ мегӯянд:
  • Ҳамин Мирзошариф кӣ буд? Як сағираи дар ба дар, шикамаш аз нони мардум сер. Лекин аз рӯи феълу ҳунари хубаш ба дову дастгоҳ расид.
  • Ҳамаи ин гапи беҳуда,- ғур-ғур мекунанд баъзе кӯрдилон:- Ҳунар-а? Дигар устоҳо ҳам аз Мирзошариф як сари мӯй кам нестанд, лекин пишакашон аз гуруснагӣ болои бом мегардад. Гап сари рӯзӣ. Ҳм, одам барӯзӣ бошад, сагаш дастёраш мешавад.
  • Дигар устоҳо ҳам боҳунаранд, вале мисли Мирзошариф дилу нияти нек надоранд. Мудом дар андешаи обро лой кардану моҳӣ гирифтананд. Барои ҳамин ба чашми мардум мисли хор мехаланд,- мегӯянд ихлосмандони усто.
    Порсол колхоз дар қатори беҳтарин одамони меҳнатӣ ба усто мошини «Жигули» тӯҳфа кард. Ҳама гуфтанд, ки меарзад. Охир, дар тамоми иморатҳои колхоз, сутуну болорҳои гулбурӣ, дару дарвозаи одамон ҳунари дасти усто нақш бастааст.

Аммо, ба гуфти худи ӯ, мошин кирои гап надорад, муҳимаш, кундаи давлату қӯввати дил-модараш, солҳои охир оҷиз шуда бошад ҳам, барҳаёт аст. Барои ӯ аз ин бахти баланде нест..
Усто ҳар бегоҳ назди модари нобинояш нишаста, «очаҷон» гуён ӯро кӯдаквор чунон ҳолпурсиву дилҷӯӣ мекунад ва дар атрофаш парвонавор мегардад, ки фарзандонаш ба ваҷд омада, кунҷковона ба ӯ менигаранд. Онҳо бешак ҳайрон мешаванд, ки падарашон – Мирзошариф марди калон бошад ҳам, аз модар дил канда наметавонад.
Ҳа, қариб як гапи муҳимро фаромӯш кардем. Чаро хурду калон Мирзошарифро бо номи модараш кампири Гулшан ба забон мегитранд. Ин саволро бисёриҳо медиҳанд ва сабабашро кунҷковон аз худи кампир пурсидаанд. «О ман инро аз куҷо донам? - хаёломез ҷавоб додааст вай ва баъд аз чанде шарҳ додааст:- Падараш аз ҷанг барнагашт. Илоҳи гӯри ҷангҷӯ тах ба таҳ сӯзад. Мирзошарифро ман бо хуни ҷигар калон кардам» . Ана ҳамин Мирзошариф осуда буд. Вале чанд моҳ пеш аниқтараш, баъди он рӯз ки аз як шаҳри дур ба Шикордара ҷавони ҷомадондоре омаду мӯйсафеди Раҳматро суроғ кард, ба гирдоби ташвиш афтод. Ҷавон рӯи гандумгун, чашму абрӯи сип-сиёҳ дошт, аммо забони тоҷикиро намедонист. Русидонҳои деҳа, -ҳоло бисёрад, - дарҳол мақсадашро фаҳмиданд ва ӯро то ҳавлии бобои Раҳмат роҳбалад шуданд. Мӯйсафед, ки токҳои хоми акнгуро мебурид, баробари дидани ҷавон даме ба қиёфа, қаду басти ӯ нигарист, сипас ришашро хорхорон табассум карду ӯро ба оғӯш кашид ва шодиомез пичиррос зад:

  • О бачамарде-е! Охир суроғ карда омадӣ? Хайрият…
    Зани бобои Раҳмат, ки токҳои бурида дар оғӯш, ба сутуни хавоза такя карда аз ин манзара чашм намеканд, баъди он ки мӯйсафед маротибаи сеюм ҷавонро аз канораш раҳо кард, ниҳоят ба худ омада, ҳайратомез ғурунгид:
  • Мӯйсафед, меҳмона бисёр бамеҳр оғуш кардиву лекин ман нашинохтамаш…
  • Ҳм, аллакай пир шудаӣ?- хандакунон, вале хиҷолатзада пурсид мӯйсафед:-
    Наход акаи бачаҳота нашиносӣ?

Воқиан ҷавон ба мӯйсафеди Раҳмат ва фарзандони ӯ ончунон монанд буд, ки як себу ду тақсим.

  • Хонаат пури гандум-е! Чиба ягон маротиба дар ин бора мора огоҳ накардӣ?- ранҷишомез пурсид кампир ва ба ҷавон модарвор салом кард.
  • Дилам пур буд, ки калон шавад, кофта меояд,- чашмони пурнурашро ба занаш дӯхта, ҳазломез ҷавоб дод мӯйсафед.
  • Илоҳи умри Хизра биниву, лекин мабодо ин бача баъди сарат меомад, мо чӣ кор мекардем?
  • Ҳе занаки содда, мегӯянд, ки мардбача зинда бошад, баъди сад сол ҳам падараша кофта меёбад,- хаёломез гуфт бобои Раҳмат ва баъд аз андаке хомӯшӣ илова кард: - Хайр, агар ман намебудам, туву додароша меёфт…
    Дили занак аз ин сухани мӯйсафед об хӯрд, ки дарҳол аз паи оростани дастархон афтод.
    Бобои Раҳмат ба шарафи писари «ёфтак»-аш, - мардум дарҳол ба ӯ ҳамин хел ном монданд,- туй дод.

Овозаи омадани писари Раҳмат ҳамон замон ба гӯши кампири Гулшан расид.
Баъд нисфи шаб худи Мирзошариф аз хонаи бобои Раҳмат омада , ин хабари хушро ба ҷои узр ба модар гуфт:

  • Ҳозир аз ҳамон ҷо омадам. Мӯйсафеда муборакбод кардем, - қаноатманд шарҳ дод Мирзошариф.
  • Чӣ хубе! Чӣ хубе! – пичиррос зад кампир ва чеҳрааш аз ғояти хурсандӣ шукуфон гашт:- Чӣ хубе! Илоҳӣ ҳамаи ғарибу зиндаҷудоҳо ба дидори хешу табор бирасанд..- Кампир рӯи ҷогаҳ ба болиштҳо такя кард:- Албат Раҳмат хурсанд аст?
    Беҳад. Ҳм, дар дами пирӣ боз як қаноти дигар ёфт… Инженери завод калон будааст, писараш.

-Чӣ хубе! – боз гуфт кампир, вале рафта-рафта қиёфааш дигар шуд. Вай гӯё чашмакзании ситораҳоро тамошо мекарда бошад, лаҳзае нигоҳашро ба гунбази осмони нилӣ дӯхт, сипас пурсид:- Мирзошариф, мегӯм, ҳамин Раҳмати ҷигаррехта дар пеши чашми ҳама як бор зан гирифта буд. Боз ин бачааш аз куҷо пайдо шудааст?
Мирзошариф оҳиста, вале ширин хандид.

  • Модари ин бача вақти ҷанг ҳамроҳаш будааст.. Духтур …
  • Наход?! – кампир бо лаби остин чашмони обгирифтаашро тоза карда, сипас гиребон дошт.
  • Худаш мегӯяд. Ҷанг-да, баъд якдигарро гум кардаанд.
    Хомӯшӣ ба миён омад. Кампир палмосида-палмосида асои бодомияшро ёфт ва онро ба бистараш наздиктар ниҳода, нафаси осуда кашид. Одами оҷиз беасо мурғи бепар аст. Ӯ тарафи чап тоб хӯрда, пайкари наберааш Шаҳбонуро навозиш кард ва лаби курпаро ёфта, болои ӯ кашид. Шаҳбону шабҳо ҳамроҳ ва қуввати дили кампир аст.
  • Очаҷон, чой бифармоам?-Мирзошариф бархест.
  • Не.. Занҳо ҳам дар ҷанг будаанд, бачам?
  • Эҳа, бисёр…- Мирзошариф боз лаби суфа амонат нишаст.
  • Қаҳрамониҳое кардаанд, ки.. Табиб, хоҳари парастор… о тиррасидаву захмиҳора кӣ табобату нигоҳубин мекард. Аз Тоҷикистон ҳам буданд. Номи Ойгула нашунидаӣ? Лётчик буд.. Дар телевизор гоҳ-гоҳ занҳои ҷанговара нишон медиҳанд-ку.
  • Ҳм, телевизор барои одами бино. Шоҳбону-ку ҳамаша булбул барин нақл мекунад,- гуфт хаёломез кампиру боз пурсид:
  • Хайр, ба Раҳмату бачаҳош монандие дорад?
  • Чунон монанд, ки мегӯӣ каллаи Раҳмата канда, дар сари ӯ часпондаӣ.
    -Наход?! Чӣ хубе!- дар лабони кампир боз табассум дамид. Вай болиштҳоро дурусттар гузошт ва магар садои поймонии Мирзошарифро аз худаш дур шунид, ки овоз баровард:- Моҳ шом хӯрдааст, бачам?
  • Ҳа, ҳозир мебарояд.

-Барояд ҳам чароғи ҳавлиро накуш, ки дилам танг мешавад.

  • Шабҳои маҳтобӣ ҳам чароға намекушем-ку, очаҷон.
    Кампир гӯё сухани писарашро нашунид, ки дам назад. Не, худро ҳамин хел вонамуд кард. Вагарна « чароғ ҳам барои одами бино зарур бачам. Ин гапа барои таскини дили худам гуфтам. Акнун шабҳо чароғи ман Шаҳбону аст», - аз дил гузаронд ӯ ва рӯи бистари нарм дароз кашида чашмони кушода, вале нобинояшро ба осмони пурситораи деҳа дӯхт. Атроф дар назараш якбора хомӯши хомӯш гашт. Гӯё ҳама чизро аждаҳои торикӣ ба коми худ кашид ва аз ин дили кампир фишурда шуд. Вай паҳлу гашт ва бо панҷаҳояш сару рӯи Шаҳбонуро сила кард. Пеш дар чунин ҳолатҳо нафасгирии бомароми набера, нӯшхори говро, ки дар кунҷи ҳавлӣ баста шудааст, шохҷанги нобаҳангоми бӯзу гӯсфандон, хониши чирчирак, ҳатто овози ғукҳоро оромона гӯш карда, ба хаёлҳои ширин мерафту хобаш мебурд. Хаёлҳояш қариб ҳамранг буданд. Ӯ аввал фикр мекард, ки ҳоло осмон оина барин мусафо, ситораҳо мисли чашмони набераҳояш дурахшонанд. Себи рӯи ҳавлӣ пухта суп-сурх шудааст, бӯяш мудом ба димоғ мерасад. Пали гашничу пиёз чӣ? Келинаш гуфт, ки чунон дамидааст, ки кабкро меӯшонад… Се сол пеш гашничу пиёзро мудом худаш мекошт. Ва пеш аз хӯрокхӯрӣ даста-даста чида ба келинаш медод, ки майда-майда реза кунаду ба косаҳои хӯрок андозад. Ҳм, агар хӯрок аз гӯшти оҳу бошад ҳам, бе сабзавот ба ӯ намефорад. Дина бобои Анвар арӯс фуровард, базми зӯр дод. Овози ҳофизон аз ҳамон ҷо ба гӯшаш расид. Даъваташ карданд.
    Аввал нарафт. Гуфт, ки мани оҷиз куҷову базмравӣ? Ман то имрӯз насибаамро дидаму хӯрдам. Акнун навбати ҷавонҳо. Не, худи Анвар омад. Ба неву нестонаш нигоҳ накарда аз дасташ дошта хонааш бурд. «Ту одами табаррукӣ.
    Ба домоду арӯс як фотиҳа диҳӣ, сарам ба осмон мерасад»- гуфт. Эҳа, гапаша рад карда мешавад? «Сад фотеҳаи ман садақаи сари шумо», - ҷавоб дод кампири Гулшан ва сари домоду арӯсро сила кард, аз пешониашон бӯсид.Гуфтанд, ки арӯс мисли чӯҷаи парӣ хушрӯ аст. Дилаш гум зад, чашмонашро бо лаби рӯймол пок кард, вале заррае ҳам бино нашуданд.
    Кошки чашми бино медошту арӯсу домодро медид, ҳам осмони соф, ҳам себи хушбӯи сурҳ, ҳам дурахши ситораҳоро, ки ба чашмони набераҳояш монанданд, ҳам рӯи фарзандону ҳамдеҳагонашро.

Дар олам чизи зебои диданбоб беҳисоб. Дар се соли оҷизии ӯ деҳа бисёр зебо шудааст, мегӯянд.
Ҳоло хоб аз чашмаш тамоман гурехт. Фикру хаёлҳо ҷои хобро гирифтанд.
Фикру хаёлҳои тамоман дигар. Бачааш бобои Раҳматро кофта омадааст. Чӣ хубе? Кошки Мирзолатифи ӯ ҳам фардо ё пас фардо аз дар медаромад. Ҳар касе ин хабари хушро аввал ба кампир расонад, - эҳа, тамоми дороияш чӣ? – ҷонашро ба ӯ мебахшад, тоҷи сараш мекунад. Ҳм, дороӣ пеши ёфт шудани фарзанд чӣ қадре дорад? Чирки даст аст дороӣ.. Мирзолатиф дар хаёли модар ҳоло марди чорпаҳлу, баобрӯ, сардори ягон идора шудааст. Охир, ӯ нисбат ба Мирзошариф хело шуданӣ буд. Э вазифаву обрӯи ӯ барои модари ҷигарсӯхта чӣ лозим? Дар дами пирӣ ӯро ёбаду ба оғӯшаш гирад, аз сару рӯяш бӯсаду бӯсад, овозашро шунавад бас, дигар ормонаш намемонад. Ӯро надида аз дунё гузарад чӣ? Панҷаи ҳасраташ беруни хок. Кампир умед дорад, ки рӯзе Мирзолатиф ба пои худ ба ҳавлӣ медарояд. Дар хаёлаш он лаҳза чашмонаш ҳам бино мешаванд. Кай мерасад он рӯз?!
Мирзолатиф гоҳ-гоҳ ба хобаш медарояд, лекин ҳамон зайле, ки бори охирон ӯро дида буд: -панҷ шашсола. Вай нигоҳи маҳзунашро аз модар канда, лолу ҳайрон баробари амакаш қадам зада аз деҳа дур мешавад. Дили бача ҳам ба рафтан моил набуд. Кошкӣ амакаш хабаргирӣ намеомад. Гуфт, ки хурондану пӯшонидани ду бача ба ту мушкил ва додарзодаашро ба таҳдашт бурд, ки хориву зорӣ набинад. Не, дар таи дил дарди дигар ҳам дошт амакаш, мехост додараш аз ҷанг баргардаду бинад, ки ӯ сарпарасти фарзандаш шудааст. Аммо ба он рӯз нарасид. Ӯро ҳам ба ҷанг бурданду нобуд шуд ва Мирзолатиф ҳам ғайб зад. Ба деҳаи амакаш рафта ӯро суроғ кард. Гуфтанд, ки як намоянда ба бачаҳои ятиму бепарастор Мирзолатифро ноҳия бурд. Кошки он вақт ӯро бо амакаш намедод. Мисли Мирзоршариф, сер ё гурусна, ба азобу шиканҷа ҳам бошад , дар пеши чашмаш меистод. Акнун гӯшти бадани худашро канда, пеши саг партояд ҳам бефоида.. Ҳа, баъди ҳар хоббинӣ дили ӯ ба сӯзиш меояд ва дар ин ҳолатҳо зӯраш танҳо ба гиря мерасад. Солҳое, ки ҷавонтар буд ва қуввату дармон дошт, бо ҳар баҳона сӯзи дилу оби чашмонашро ба мардум рӯшод намекард.

Дар хона куртаву эзори кӯҳнаи Мирзолатифро аз бӯхча бароварда, бӯй мекашиду ба дида мемолид ва ашк мерехт, дар саҳро бо баҳонае лаби чашма ё паси бутта нишаста,дил холӣ мекард. Ҳоло куртаву эзори бача дар қучо бошад?

  • Шукронаи ҷони ин бачата бикун,- гуфтанд насиҳатомез дилогоҳҳо.
  • Сад бор шукр мегӯям, лекин ҷои Мирзолатиф дар дилам холӣ мемонад.
    Охир, як бачаи моҳ барин нозанина гум кунӣ..- нолишкунон ҷавоб медод ӯ:- Магар фарзанд, лахти ҷигара фаромӯш карда мешавад?
  • Чӣ илоҷ? Он рӯзҳои сиёҳ ҳатто мардҳо бенишон гаштанд.
    Солҳои зиёде паси сар шуданд. Тифлони солҳои ҷанг мардони баркамол, соҳиби хона. зану фарзанданд. Онҳо низ даҳшати солҳои ҷанро баъдтар аз китобҳо хондаанд, дар киноҳо тамошо кардаанд, аз ҳикояти бибиву бобо, падару модарашон шуниданду фаҳмидаанд. Дар тӯли ин солҳо чанд падару модар фарзанд ва чанд тани дигар наздиконашонро ёфтанд. Ба деҳаи Шикордара аз бачаҳои гумшуда танҳо як кас баргашт. Сарват- писари Азимаи говдӯш. Ин ҳам хеле дер, аввали солҳои шастум буд. Ӯ модарашро суроғкунон то ферма рафт. Марду зан, пиру ҷавон ба истиқболаш баромаданд. Вай магар аз ин ҳангома сарҳисобашро гум кард, ки саросема «Кто Агзима?» пурсид. Он вақтҳо давраи номдории Азима буд, пешқадам, садрнишини маҷлисҳо, зани шавҳари панҷумаш-мудири ферма. Азима мисли баъзе модарҳо аз шодии омадани фарзандаш аз ҳуш нарафт, ашк ҳам нарехт. Ӯ даме ҳайкалвор рост истод, сипас нигоҳи карахту беҷонашро аз ҷавон барканд.. Дигар шудани ваҷоҳаташро ҳама диданд. Дили Гулшан он лаҳза фишурда шуд. Вай пиндошт, ки Азима сарҳисобашро гум кардааст. Баъзан аз шодии беинтиҳо, аз хабари ниҳоят хуши ногаҳонӣ ҳам инсон ба ҳоли табоҳ меафтад-ку. «О занак, ҳушат ба куҷо рафт? Писарат омадааст, бирав…»- аз қафо пичиррос зад ӯ ва оҳиста Азимаро ба пеш тела дод. Ӯ худро пас кашид. «Мабодо ягон бачаи бегона бошад»,- овози ӯ аранге ба гӯши Гулшан расид. «Бегона ҳам бошад, фарзанди одам аст. Модар гуфта наздат омадааст»,- коҳишомез гуфт ӯ, лекин ҷавоби Азимаро нашунид, зеро занҳо яктараф истода, марде ӯро ба ҷавон нишон дод.

Сарват, ҷавони лоғари баландболо, дар сар кепка, мӯяш то китф ҳамоил ва дар даст ҷомадон, ки алҳол бесаранҷому кунҷковона ба ҳар як зан менигарист, якбора ба пеш такон хӯрд. Ҷомадон аз дасташ афтод, чеҳрааш шукуфон гашт.
Вай мисли кӯдак пеши Азима сари зону нишаста, дастони ӯро байни кафҳояш дошта бӯсид ва ба дидагонаш молид.
Ба чашми бисёриҳо об давид. Аммо Азима ҳанӯз ҳам ҳайкалвор рост меистод. Ба назар чунин мерасид, ки ӯро мехкуб кардаанд ва ёрои ҷунбидан надорад.

  • Бихезон бачара, занаки ношукри кутоҳақл!- хитоб кад мӯйсафеде. Ӯ ин суханро ҳам ба эътмибор нагирифт. Магар сардмеҳрияш ба дили Сарват ҳам шубҳа ангехт, ки оҳиста аз ҷояш бархест, даме ба чашмони ӯ нигарист, сипас илтичоомез пичиррос зад: «Ача, я ваш сын, Сарват! Искал, очень искал..» ва баргашта ҷомадонашро аз дасти зане, ки онро аз рӯи замин бардошта буд, гирифта кушод ва як либосворию рӯймоли шолро бароварда, тарафи Азима дароз кард. «Бери, ача. Это мой подарок». Нигоҳи Азима аз рӯи одамон лағжида, ба косагулҳои дилкаши рӯймол андармон гашт, баъд ҷон гирифт, лабони бо ҳам фишӯрдааш ҳам хаёле ба табассум моил шуданд ва дастони ларзонаш ба пеш ҳаракат карданд. Ӯ бахшишро ҳарисона гирифта ба синааш пахш кард ва ба гулҳои дилрабои рӯймол ба меҳр нигарист.
  • Ҳм, бо бача бегонаву бо тӯҳфаҳош хеш, - пичинг зад касе:- Ҳирси молу чиз аз азал одама шармандаву бадном мекард.
    Ана ҳамон рӯзу шаб ҳам Гулшан дар танҳоӣ ашки талх рехт. Ба ҳоли Сарват ҳам гиристу ба сангдилии Азима ҳам. Не, Азимаро нафрин кард. Охир, баъди дар ҷанг бенишон гаштани шавҳар худаш писарашро бурда ба хонаи бачагон супорида, аз «бори зиёдатӣ» халос шуда буд. Ба Сарват хаёлан гуфт, ки шӯрбахто, кошки модаратро намеёфтӣ ва дар ғарибиҳо меҳри ӯро парварида мегаштӣ. Чӣ фоида аз он дидорбинӣ, ки ба дили гармиат оби сард резад, меҳратро аз олам биканад. «Кошки Мирзолатиф ҳам биояд,- гуфта буд ба худ Гулшан:- Тӯҳфа наорад, худаш тӯҳфа. Забона ҳам фаромӯш карда бошад, боке не.

Боз ёдаш медиҳам, чунон ёдаш медиҳам, ки булбули ширнинзабон шавад.
Ҳм, кӣ забони модараша ёд намегирад? Не, Мирзолатиф бачаи бамағзу баномус буд, забони худаша ҳеҷ гоҳ фаромуш накардааст…»
Ҳамон вақт ҳам ба дилаш алов рехт. Аз Мирзошариф хоҳиш кард, ки аз паи ҷустуҷӯи додараш шавад. Ҳм, бача не, ҷони ширин аст ин Мирзошариф, дар умраш гапи модарро нагардондааст. Бачаи меҳнатрӯзӣ як соли дароз овораи додарковӣ шуд. Аз идораҳои боло мадад пурсид, ба ҳар канор рафту мактуб навишт. Хайр, кӣ намехоҳад, додари гумшудаашро ёбад? Додарони зиёде пайдо кард, ҳамаашон Мирзолатиф ном доштанд. Онҳо аз ҳар диёр, ҳар хел одам буданд: яке зиндадилу ҳазлкаш, дигаре хаёлӣ, пурандеша. Баъзеашон падару модар ба ёд ҳам оварда наметавонистанд..
Паи ҳам ба хона момаданд. Не, онҳоро худи Мирзошариф овард.
Маротибаи аввал вақте ки омад-омади Мирзолатифи бокугӣ ба гӯшаш расид, Гулшан худро гум кард. Охир, нури чашми гумшудааш Мирзолатиф меояд. Шабу рӯз роҳ мепоид, ҳар соат даҳ карат сари кӯча мерафту бармегашт ва ба келинаш таъкид мекард, ки ҳавлиро об зада рӯбад..

  • Ягон кори дигар бифармо, амма,- шакархандомез гуфт келинаш:- Ҳавлира ҳозир рӯфтам.
  • Аз дили беқарор мегӯм ин гапа. Ту намедонӣ, ки аз дили ман ҳозир чиҳо мегузарад.
    Мирзошариф додарашро дар аэропорти Душанбе пешвоз гирифт ва мошинсавор овард. Мардуми деҳа,- илоҳи хока гиранд, зар шавад:- Мирзолатифро бо тантана пешвоз гирифтанд, раҳораҳ бар сараш қанду қандалот пошиданд. Гулшан дар ҳолате, ки дилаш гуп-гуп мезад ва мадори рост истодан надошт, ӯро модарвор ба канор гирифту аз пешониаш бӯсид. Ҳар ду, ҳам Гулшан ва ҳам Мирзолатифи бокугӣ,- ашки шодӣ рехтанд. Не, ашки Гулшан ғаму шодиомез буд…
    Мирзошариф гӯсфанд кушт, ба хотири омадани додараш зиёфат дод, ӯро обу иззат кард. Мирзолатиф се рӯз дар хонаи онҳо истод, аз ҳаёти гузаштаву имрӯзааш ҳикоят кард. Нафткаш будааст, зиндагии хуб доштааст. Бачаи хушмуомила, ба дили Гулшан ҷо гирифт.

Рӯзи хайрухуш даст ба китфи ӯ ниҳода хеле гап зад. Гулшан лафзашро сарфаҳм нарафт, вале аз чеҳраи шукуфон, нигоҳи саршори меҳр, ҳарорати суханаш пай бурд, ки суханҳои ширин мегӯяд. Балки ҳамон лаҳза Мирзошариф мақсади ӯро ба модар фаҳмонд. Гуфтааст, ки оча, биё Боку барамат. Хонаи ман, набераҳоятро бин.
-Ҷони оча, баъдтар меравам,- ваъда дод Гулшан ва илова кард:- Аз ман ба бачаҳот салом расон, бибӯсашон…
Баъди гусел модар пеши Мирзошариф гиреҳи дил кушод. Гуфт, ки ун ғариб Мирзолатифи ӯ набуд.

  • Чиба ин гапа дар рӯяш нагуфтӣ, оча?- овози Мирзошариф ранҷишомез баромад:- Вай дилпуру хурсанд рафт…
  • Аз роҳи дур омада буд,- андешаманд ҷавоб дод Гулшан:- Ноумед кардани одам, бачам, ҳаргиз савоб нест. Ман ӯро дар дилам фарзанд хондам…
    Мирзолатифи бокугӣ ҳоло ҳам мактуб менависад, аз аҳволи модар пурсон мешавад.
    Мирзошариф баъди гусели Мирзолатиф боз ду «додар» -и дигарро ба хона овард.
  • Оча, боз як бачаи дигарата ёфтам,- ҳазломез мужда мерасонд ӯ.
  • Ҷонам садқаи бачаи додарёб,- шодиомез пичиррос мезад Гулшан ва бачаи навашро бо иззату эҳтиром пешвоз мегирифт. Баъдтар тафси дилаш паст шуд.
    Не, дид, ки Мирзошариф хаёлӣ шудааст, дар ташвиш афтод. «Мабодо бачаам ба дарду ғаме мубтало шавад», - гузаронд аз дил ва ба ӯ фармуд, ки дигар овора нашав, насиби дидор бошад, худаш кофта меояд, дар асл мағзи устухонаш мисли ангишт сӯхт.
    Ана имшаб боз ҳамон дарди бехобӣ ёраш шуд. О чӣ хел хобаш барад?
    Писараш бобои Раҳматро суроғу пай карда омадааст, аз роҳи дур омадааст. Чӣ хубе! Кошки дидаи бино медошту рафта писари ёфтаки мӯйсафедро медид, муборакбодаш мекард. Албатта муборакбодаш мекунад! Раҳмат худи пагоҳ назди кампир меояду ҳамаашро ба ӯ як ба як мегӯяд. Ҳм, марди дилсафед аст ӯ.

Кампир пешакӣ медонад, ки Раҳмат биояд, чӣ суханҳо ба забон меорад.

  • Ҷоната маст кунад, Гулшане. Ҳоло ҳам хобӣ? Аз роҳпоира кӯки чашмом канду наёмадӣ.
  • Куҷо?- тарафи овоз менигарад Гулшан ва дасташро дар ҳаво барои салом муаллақ монда меғурунгад,- Хонат пури гандум, маст барин гап мезанӣ…
  • Хонаи мо охир, - шодиомез мегӯяд Раҳмат ва бо панҷаҳоим шахшулаш дасти ӯро беозор медорад: - Дарак надорӣ?
  • Ҳамаша шунидам. Муборак бошад. Кошки дигарҳо ҳам мисли ту шод гарданд. Лекин зиёфата танҳо хурдӣ.
  • Эҳа, гумон мекунӣ, ки бе ту аз гулӯмон ягон чиз мегузарад? Ана ҳиссата овардам.
    Вай, Гулшан ҳам шод мешавад, ҳам хиҷолат мекашад. Шодияшро маълум намекунад, вале намедонад аз хиҷолат нигоҳашро ба кадом тараф гурезонад.
  • Чиба заҳмат кашидӣ, муйсафед?
  • Ҳамин ҳам заҳмат шуд?- оромона ҷавоб медиҳад Раҳмат ва зарфи пури хӯроку дастовезро ба зани Мирзошариф супорида ҳазломез мегӯяд:- Гӯё шутурат оварда бошам. Ин насиба. Аз дӯст ёд, гуфтаанд..
    Кампир дар дил кӯдаквор шод мешавад. Охир ӯро фаромӯш накардаанд.
    Барои миннатдорӣ сухан меҷӯяд, суханҳои беҳтарин. Аммо овози Раҳмат боз ба гӯшаш мерасад:
  • Омадам, ки бо дасти худам хона барамат.
  • Э мани оҷиза куҷову ҷойравӣ,- саросема пичиррос мезанад кампир ва боз барои изҳори шодӣ фурсат намеёбад, зеро Раҳмат аз оринҷаш дошта, ӯро мехезонад.
  • Ин гапа нагӯй, Гулшан. Оҷизии туву биноии дигарҳо…

Вақте ки аз дарди чашм гуё заминро бо дандон меканду умедаш ба зиндагӣ намонда буд, Раҳмат ҳар рӯз хабараш мегирифт. «Гулшан, себу анорат овардам, бихӯр, рӯи дилат равшан шавад..»- мегуфт ӯ.

  • Нону намаката биҳил бикун, Раҳматшоҳ, роҳи халосӣ нест, бо ҳамин дард мемурам,- нолишкунон мегуфт Гулшан.

  • Ин гапҳои беҳудара мон. Дилшикастагӣ, ғамхурӣ офат аст… фоида надорад. Дард дар бадани бемор меҳмон аст, мегӯянд. Ҳамааш мегузарад,- омирона ҷавоб дод Раҳмат.
    Ҳа, дард гузашт, лекин чашми бино ҳам намонд. Рӯзи оҷиз шуданаш ончунон ба даҳшат афтод, ки ба худ марг хост. Ҳм, дунёи зебо ба шаби сиёҳ табдил ёфт, аз шаби сиёҳ ҳам сиёҳтар, тип-торик. Ҳамон вақт ҳам чашмонашро хеле молид, вале чизеро надид, ҳатто рӯи набераашро. Ба талвоса афтод, бо ангуштони ларзон ба навбат пилки чашмонашро поину боло кашид. Бефоида.
    Ҳатто мисли пештара хира ҳам бошад, чизеро надид. Фиғон кашид, даст сари зону зад. Ба Мирзошариф, ки ҷонҳавлӣ гирдаш мегашт, фармуд, ки дурусттар ба чашмонаш нигарад. Сад маротиба нигарист бача. Ба овози гирифта ҷавоб дод, ки ғуборе надоранд чашмонаш. Баъд келину набераҳояш гиристанд, хона мотамсаро,бозори гардон шуд.
    Раҳмат омад.

  • Чӣ ҳол дорӣ, Гулшан?-пурсид.
    -Ҳоли мурдаҳора,- пичиррос зад вай:- Дунё дар назарам гӯр барин торик аст.. Ин хел зиндагӣ ба кӣ даркор?

  • Худата мард бигир, Гулшан. Чашми бинои ту Мирзошарифу набераҳоят…
    Овози Раҳмат хаёле ларзид. Гулшан ҳамаашро пайхас кард. Раҳматро сулфа гирифт. Не, ӯ маҷбуран худро ба сулфа андохт. Сипас хона хомӯши хомӯш гашт, гӯё нишастагон ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд. Гулшан донист, мӯйсафед лаб таги дандон ниҳода бесадо ашк рехт. Вай ҳатто пай бурд, ки китфону риши муйсафед майда-майда ларзиданд ва ба чашми дигарон ҳам об давид. Хайрият хомӯшӣ шикаст, балки худи кампир онро барҳам дод. Гуфт, ки зиқ нашавед, қисмати ман ҳамин будааст, чӣ кор кунам? Хайр то имрӯз ҳафтод пушти инсон бо ҳамин сухан худашро тасалло бахшидааст. Вагарна лаънат ба ҳамин хел қисмат, ки дар дами пирӣ оҷизат бикунад! Боз хандаву шӯхӣ оғоз ёфт, нақлҳои аҷиб ҳам карданд. Вақти рафтан Раҳмат ҳамин асои бодомиашро ба ӯ бахшид. Гулшан минатдор шуд. Охир, барои одами оҷиз асо мисли дастгир зарур аст.

Дар тӯли се сол вай ба кӯрӣ одат кард. Ҷои чашмони нобинояшро гӯшу ҳуш, дасту асояш гирифтанд. Булбулаки ширинзабонаш- Шоҳбону чӣ? Агар ӯ набошад, дили кампир аз тангӣ торс мекафад Ҳар рӯз вай аз дидаву шунидааш нақлҳои тоза ба тоза мекунад.
Кампир паҳлу гашт ва бо панҷааш сари набераашро ёфта навозиш кард, сипас кокулони мисли бирешим мулоиму майдабофи и Шаҳбону ба кафаш омаданд. Онҳоро шумурд ва саҳар аз садои сулфаи Мирзхошариф бедор шуд.
Дасташ ба болишти холӣ расид. Ширинзабонаки мома- Шаҳбону набуд. Вай барвақт хеста, сабадро гирифта ба боғ даромадааст, то себу шафтолуҳои рехтаро бичинад.
Мирзошариф ба очаҷонаш хайрухуш кард, то ки ба кор равад. Гулшан чун ҳамеша ба вай «роҳат сафеду корат бобарор шавад» -нагуфт. Балки бо гӯшаи рӯймол кунҷи лабонашро пок карда бедимоғ пурсид:

  • Бачам, илоҳӣ хонаат пури гандум шавад, ҳамин хел меистӣ?
  • Чӣ кор кунам, очаҷон?
  • Бузғола гум шавад, чанд кас ба суроғаш мебарояд,- овози кампир гиряомез баромад: - Ҳамон додари нозанинат ҳеҷ ба ёдат мерасад? Чашми бино медоштам, худам рӯи олама мекафтам..
    Мирзошариф музтар монд. Воқиан шаб худаш ҳам дар ҳамин хусус хеле фикр кард ва як кунҷи дилаш хиҷил буд. Охир дар зиндагияш тамоми чиз мерасад, ғайр аз додар. Вай хаёлан додари зиндаҷудояшро пеши назар меорад:
    марди қоматбаланд, хушсимо, бамаънӣ, ҳангоми суханронӣ аз забонаш гуё шаҳд мерезад.. Ва дили Мирзошариф ширин-ширин гум мезанад. Охир модараш доимо таъкид мекунад, ки Мирзолатиф нусхаи раҳмати падарат буд ва амакаш ҳам барои ҳамин ӯро бурд.
    Ана аз ҳамон рӯз инҷониб Мирзошариф мисли моку саргардон шуда, боз бародар ҷустан дорад. Вай ҳамин, ки ба одамони ниёзманд рӯ ба рӯ меояд ва хоҳишашонро мешунавад, хиҷолатомез мегӯяд:
  • Узр дорам, нури дида. Бахт ёрам шаваду додарамро биёбам, модарам осуда гардад, хонаатро ҳам мепӯшонаму дару тирезаҳоро ҳам месозам.

Охир аз одам танҳо некӣ ба ёдгор мемонад.
Ба наздикӣ Мирзошариф аз водии Кӯлоб бениҳоят хурсанд омад. Шумо гумон мекунед, ки вай дар ин сафар додарашро ёфт? Не, лекин дӯсти айёми кӯдакиаш Рустам- додарзодаи ҳамдеҳааш мулло Ёқубро пайдо кард. Ҳарчанд ки Рустам- саринженери базаи автомобилӣ аз ин боздид шод гаштанашро зоҳир насохт ва ба назар ҳатто бемеҳр ҳам намуд, Мирзошариф ончунон ба ваҷд омад, ки ӯро бародарвор ба оғӯш кашиду бо овози ларзон пурсид:

  • Маро шинохтӣ ё не? Ман Мирзошарифам, бачаи кампири Гулшан, дар ёдат ҳаст? Ҳамроҳ бо хар алаф меовардем, дар шохобҳои Кофарниҳон оббозӣ мекардем.
    Рустам дам назад, танҳо дар лабонаш хаёле табассум дамид ва нигоҳи чашмони хаставу маҳзунашро ба чеҳраи шукуфони усто Мирзошариф дӯхту сар ҷунбонд.

  • О нури дида, барои чӣ аз деҳа гурехтӣ? Ун вақтҳо дар бораи ту як гапу қиссаҳои баде мешунидем, ки гуфтан надорад. Хайрият, зиндаву саломат будаӣ,- гуфт Мирзошариф ва ба қиёфи чун мардони қуҳансоли заҳматкашида обутоб ёфта, пешонии пурчин, муйсари мошубиринҷи Рустам нигариста гилаомез илова кард:- Роҳи деҳа, хешу таборро фаромӯш кардӣ, нури дида? Як порча хат ҳам нанавиштӣ, ин нағз не… Баъзеҳо аз он тарафи дунё соле як, ё ду маротиба омада, зодгоҳ, хешу таборашонро мебинанд.

  • Фурсат нарасид,- хиҷолатомез гуфт Рустам ва нафаси чуқур кашид:- Ягон вақт, насиб кунад, меравам.

  • Ин гапат баҳона, нури дида. Наход дар чил сари сол барои дидани зодгоҳ, ёру ошно вақт наёфтӣ? Ҳар моҳ Душанбе мерави-а? Як бор сари қадам дароӣ, намешавад? О дар деха амак дорӣ, мулло Ёқуб. Дар ёдат ҳаст? – Мирзошариф кунҷковона ба чашмони Рустам нигарист. Вай панҷаҳояшро ба ҳам молида дандон сафед накард ва ақаллан аз рӯи дил бегонавор ҳам аҳволи амакашро напурсид. Аз ин муомилаи ӯ дили Мирзошариф таҳ кашид ва ба худ хулоса баровард, ки одам аз назди хешу табор дур шавад, меҳру муҳаббаташ мекостааст.

  • Ҳоло ҳам зинда ҳаст?- ногоҳ пурсид Рустам.

  • Ҳа, муйсафед шудаааст, салааш дег барин, ришу фашаш бадвоҳима…
    Одами бадавлат аст, бачаҳои хуб дорад.

  • Ҳамон солҳо ҳам бадавлат буд,- вақте ки ба хона рафта, дар ҳуҷра нишастанд, дар сари дастархон пичирос зад Рустам ва Мирзошариф дид, ки лабони ӯ мисли одами дардманд фишурда шуданд: –Лекин муллоӣ намекард…
    Баъзеҳо ба пирӣ расанд, нури дида , худошиносу насиҳатгар мешаванд,- гуфт хаёломез Мирзошариф ва хандид: - Ин як машғулият, таскини дами пирӣ аст.
    Хайр, ба деҳа рафта, чӣ бигӯм?

  • Ба модарат, ба ёру ошноҳо, агар маро фаромӯш накарда бошанд, салом расон,- пичирррос зад Рустам.

  • Ба мулло Ёқуб чӣ? – пас аз хеле хомӯшӣ пурсид Мирзошариф ва илова кард: - Мӯйсафед хурсанд мешавад. Худата аз хешҳо дур нагир, қуввати диланд онҳо. Хоҳӣ – нахоҳӣ мисли гӯшту нохун бо ҳам пайвандед, нури дида, ягон рӯз даркор мешаванд.
    Рустам, ки бо сари хамида меистод, китф дарҳам кашид ва хастаҳол оваз баровард:

  • Бигӯ, ки зинда аст, ҳамин бас.
    Мирзошариф шомгоҳон, гарду ғубори роҳро аз сару либосаш наафшонда ба ҳавлии мулло Ёқуб даромад. Мӯйсафеди сиёҳтоби баланқомат, куртаи қадимадӯхтаи гарданаш шероздор ва эзори суфи оҳорӣ дар тан, рӯи се қабат яккандози болои кат каҷпаҳлу нишаста, тасбеҳ мегардонд. Вай бо нигоҳи карахту беҷонаш ҳанӯз аз назди дарвоза Мирзошарифро истиқбол гирифт, вале ҳарфе назада, чашмони сурхтоби обравашро аз ӯ намеканд, яъне аз ваҷоҳати усто донистанӣ буд, ки ба чӣ мақсад ба даргоҳи ӯ қадам ниҳодааст.
    Писарони мулло Ёқуб усторо бо эҳтиром пешвоз гирифтанд ва кунҷковона гуфт.

  • Хӯш омадед, акаи усто, шамоли куҷо Шуморо ба хонаи мо овард? Моро

ҳам ёд мекардаед
-Ҳа, нури дида, бобои Муллоро як зиёрат кунам, гуфтам,- ба кат наздик шуда, бо овози баланд маънидорона гуфт Мирзошариф:- Ин кас ҳам одами табаррук шудаанд.
Аз ин гап магар дили мулло Ёқуб об хӯрд, ки вай тасбеҳашро байни кафаш ҷамъ оварда, ба он се маротиба куфу суф намуда, дар рӯву дидаҳояш молид ва бо тааммули хоса онро ба шонадон ниҳода, сипас нимхез шада, бо нӯги ангуштонаш бузургворона ба усто салом карду пурсид:

  • Ягон кӯдакат бетоб шуд, усто?

  • Не, ҳама нағз.

  • Кампир бақувват аст?

  • Ҳа .

  • Боз ман хавотир шудам,- мулло шонаи чӯбинашро бароварда, аввал абрӯҳо, сипас ришашро шона кард ва чанд тори мӯйи нуқратобашро, ки байни дандонҳои шона монда буд, бо эҳтиёт гирифта, ба шонадон ниҳоду боз гуфт:- Гумон кардам, ки тӯмору таштоб ё дудӣ лозим шудаст.

  • Духтурҳо ки ҳастанд, шуморо ташвиш намедиҳем, бобои мулло,- шӯхиомез гуфт Мирзошариф ва ба хира шудани табъи мулло Ёқӯб эътибор надода, ба сари мақсад омад: - Аз Кӯлоб баргаштам.

  • Харидори ту беҳисоб,- ғурунгид мулло Ёқуб ва давоми суханаш коҳишомез баромад:- Иморатҳои ин ҷо кам буд, ки боз Кӯлоб мардикорӣ рафтӣ? Таноби нафса каш, ки ягон рӯз балои ҷонат мешавад. Поят дар ин водӣ, дастат дар вилояти дигар.. Чӣ, Қорун шудан мехоҳӣ?

  • Худат медонӣ ку, нури дида, ризқи устову мулло мардум аз азал дар кисаи ҳоҷатмандон аст,- пичингомез гуфт Мирзошариф ва ширин хандида илова кард:- Ба як зарурат рафта будам. Тасодуфан Рустама ёфтам.

  • Кадом Рустама?- мулло Ёқуб тасбеҳашро бароварда гардондан гирифт.

  • Рустами Аброр, додарзодата.

  • Илоҳӣ тавба!- мулло Ёқуб чунон такон хӯрд, ки тасбеҳ аз дасташ афтод ва чашмонаш аз ғояти ҳайрат калонтар кушода шуданд.- Шӯхӣ намекунӣ? Зинда будааст?!

  • Чӣ ҷои шӯхӣ? Марди бамаънӣ, баобру шудааст. Маро хонааш бурд.
    Писарони мулло Ёқуб дастархону чой оварда, ба қиёфаи ҷиддиву андешаманди падар ва чеҳраи хушҳолонаи Мирзошариф рамузгирона нигариста. таҳпурсӣ карданд:

  • Рустами додарзодаи падарата ёфтам. Шодиёнагирӣ омадам,- шарҳ дод Мирзошариф. Аз ин мужда фарзандони мулло шод гашта, қад-қад парида, хурду калони ҳавлиро воқиф гардониданд, ки амакашон зинда будааст, ёфт шудааст.

  • Боз ягон Рустами дигар набошад?-мулло Ёқуб шубҳаомез ба чашмони Мирзошариф нигарист: - Ҳамон солҳо хабари маргаш омада буд-ку.
    -Наход ман Рустама нашиносам, нури дида,- овози Мирзошариф ранҷишомез баромад: - Мо фарзанди падар барин аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштем, як пора нона меёфтем, якҷоя мехӯрдем.

  • Одами обруманд аст, гуфтӣ?- пурсид мулло Ёқуб ва тасбеҳро ба ҷебакаш андохт.

  • Ҳа, саринженери автобаза.

  • Наход?- ҳайратомез нидо кард мулло Ёқӯб ва сари зону нишаст:- Ҷувонмарг-е, одам шудааст-а?- ӯ даме ба хаёл рафта, таги манаҳашро кафмол кард, сипас коҳишомез гуфт:- Носипоса бин, як бор суроғ намекунад, ки хешу табораш зинда ё мурда. Ҳм, сағира ки саг барин дайду шуд, мазаи нони мардума чашид, ҳамара аз хотир мебаровардааст.

  • Суроғ кардан қарзи мо буд, падар,- ба сӯҳбат шарик шуд писари каклонии мулло Ёқуб: -Лекин бепарвоӣ кардем.
    -Охир, ҳамон солҳо овоза шуда буд, ки дар Кофарниҳон ғарқ шудааст,- ғурунгид мулло Ёқуб.- Оши ҳафту чилу сари солаша ҳам дода будем.

  • Бар гузашта салавот гӯед, падар! – овози писараш аз шодӣ саршор буд:- Ин ҳам бахти баланди мо, ки сиҳату саломат, одами калон, саринженери автобаза будаст. Охир, баъзе касон бо хирагӣ, бегонаҳои соҳибмансаба хеш мегиранду… Шод шудан лозим, ба мо номаш кифоя.- Писар даме хомӯш истод ва маънидорона ба падараш, ки бо ангуштони борики заифаш рӯи дастархон хатҳо мекашид, назар афканд ва илова намуд:- Он каса оварда эҳтиром мекунем.

Бигузор дӯсту душман бинаду донад, ки аз кундаву решаи мо ҳам одами зӯр баромадааст..
Аз ин мужда ҳеҷ кас монанди кампири Гулшан шод нашуд. Вай чашмони нобинояшро даме бо лаби рӯймолаш молида, тез-тез мижа зада, фараҳмандона нидо кард:
-Ҳай-ҳай, чӣ хубе! Хайрият, ки аз Аброру Ғунча ҳам нишона мондааст.
Тухми инсон ҳам фарзанду номи одама нигоҳ медоштагӣ ҳам,- кампир даме ба хаёл рафт, баъд пурсид:- Мирзошариф, дар ёд дорӣ , ҳамон сол, вақте ки Рустам ғайб зад, сад хел овозаи бад паҳн шуд.

  • Кору хабари шум, очаҷон, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
  • Хайрият, ки бисёр овозаҳои нохуш дурӯғ мебароянд.- маънидорона луқма партофт кампир ва боз овозаш саршори шодӣ гашт: -Чӣ хубе, аз Аброру Ғунча ҳам нишона мондааст. Кори савоб кардӣ, бачам, даракаша ёфтӣ,- ӯ мисли одами шалпар нафаси чуқур кашид ва палмосида- палмосида асояшро ёфта ба паҳлуяш наздиктар ниҳод ва пичиррос зад:- Гитлери бадзот- илоҳи ҳафт пушташ дар оташи дузах сӯзад!-халқи олама нотинҷу титу парешон кард.
    Ҳозир ки мулк осудаву нон фаровон аст, касе фарзанд гум намекунад.- Кампир даме хомӯш монд, сипас пурсид:- Ёқуб хурсанд шуд?
  • Ҳа, очаҷон,- дудиланамо ҷавоб дод Мирзошариф.
  • Пеш алифа аз таёқ фарқ намекард,- ногоҳ бо писханд гуфт кампир:- Солҳои охир якбора ном баровард, мулло Ёқуб шуд.
    Кампир ба хаёл рафт. Кӣ медонад, ки дар ин лаҳза аз дили ӯ чиҳое гузашт.
    Андешаҳои талху ширини кампираки оҷизро худаш медонаду бас. Вале ғулғулаи якшанбе ҳафтаи гузашта ҳушу ёди тамоми мардуми деҳаро ба худ кашид. Аз пири ҳафтодсола то тифлони роҳгард сӯи базмгоҳ – хонаи мулло Ёқуб тохтанд. Охир, Рустам омад. Не, ӯро худи Мирзошариф бо мошинаш овард. Писарони мулло Ёқуб дар саргаҳи кӯчаи рӯфтаву обзада меҳмонро ба оғӯши кушода пешвоз гирифтанд ва пиразане бар сараш қанду қандалот пош дод, сипас доиразанону рақскунон ӯро аз болои пойандози шоҳӣ гузаронда, ба ҳавлии мӯҳташам, ки аз бӯи махмуркунандаи нони гаврму овози хушу пурнишоти магнитофон ва ҷунбуҷӯли одамон лабрез буд, дароварданд.

Рустам зоҳиран ором менамуд, вале лабонаш ноаён меларзиданд. Нигоҳи ӯ дару девор ва дарахтони пиру ҷавони ҳавлиро палмосида , аз гузаштаи на чандон дур осор меҷӯст. Ва дар ин лаҳзаи пурғавғои кӯтоҳ ӯ дар ин ҳавлии бодабдаба ғайр аз дарахтони пири чормағзу тут , ки аз гуфтаи модар аранге ба ёд дорад, дастниҳолони падаранд, дигар чизи шиносеро надид ва дилаш бо ҳамин андаке ҳам равшан шуд. Вай, болои китфаш дасти навозишу дар гӯшаш пурсупоси меҳромези одамон, дар дил ба дарахтони сершоху барги туту чормағз, ки сояи ғафсашон ба нисфи ҳавлӣ афтода буд, салом гуфт ва хаёлан танаи гуё аз меҳнату машаққати зиёд мисли панҷаву кафи дасти деҳқон кафидаву пухта шудаашонро ба оғӯш кашида, рӯяшро фарзандвор ба онҳо молида, ашк рехт, ашки ҳасрат, ашки шодӣ. Охир, аз ҳавлии пешина нишонае намондааст, вале дастаниҳолони падар, шоҳидони талхиву ширинииҳои айёми кӯдакиаш, дар замини ин макон то ҳанӯз решаи бақувват доранд, сарсабзу бовиқоранд. Нигоҳи ӯ даме ба занону духтарон, ки чеҳраи гулгунашон аз ҳарорати оташ мисли шафақ арғувонӣ метофт ва онҳо бо як чолокиву маҳорати хоса аз танур нони қағаз барин сафеди чапотӣ меканданд, андармон шуд, дар лабонаш табассуми ширине дамид. Сипас якрӯя гашт ва чашмаш ба марде, ки гӯсфанди ҳисории сарбуридаро дар шохи дарахти себи кунҷи боғ якпоя овехта , бо зарби мушту панҷа пӯсташро аз тан мекашид, афтод. Ӯ лаҳзае истоду заҳрханде кард. «Аҷиб,- пичиррос зад: - Дарахтони туту чормағз мондаанд».

  • Туту чормағз дарахти нағз, дарозумр,- ҳарчанд аз заҳрханд ва тааҷҷуби Рустам чизеро нафаҳмида бошад ҳам, луқма партофт Мирзошариф ва ӯро аз пайроҳаи чӯбин боло гузаронида, ба ҳуҷраи барқад даровард, ки он ҷо мулло Ёқуб, куртаву эзори суф ва ҷелаки сабз дар тан, салаи калони бирешимии дастибофти кабудфом дар сар, тасбеҳи ақиқгун дар даст, бо салобат рост меистод.
    Рустаму Мирзошариф баробар салом доданд. Мулло Ёқӯб тасбеҳро саросема дар кафаш ҷамъ оварда, ба он кӯфу суф карду ба дидаҳояш молид ва онро ба ҷебакаш ниҳод, сипас оғуш кушода лабаш ба ханда моил, бо виқор сӯи меҳмон қадам ниҳод.

Онҳо ҳамдигарро ончунон ки Мирзошарифу дигарон мепиндоштанд, гарму ҷӯшон ба оғӯш накашидаанд, дар чашмонашон ҳам осори ғами ҷудоӣ- об пайдо нашуд.
Хона дар як мижа задан аз деҳотиён ончунон пур гашт, ки сӯзан партоӣ рост меистод. Онҳо ба ин рӯзу соати нек мулло Ёқӯбу Рустамро муборакбод карданд. Баъди он ки ҳама давра нишастанду хонаро хомӯшӣ фаро гирифт, овози ларзону нолишомези мӯйсафед баромад:

  • А бача, ин қадар сол дар куҷо мегаштӣ? Охир, чашмом дар фироқи ту хира шуданд,- ӯ чашмони сурхчатобашро пок карда, оҳи вазнин кашид: - Сиҳату саломат ҳастӣ?
  • Зинда,- бо шакарханд ҷавоб дод Рустам, ки аз рӯи мулло Ёқӯб чашм намеканд: - Дунё кушод…зиндаем..
  • Э беэътиқод-е, - ғурунгид мӯйсафед: - Зану фарзанд , хонаву дар дорӣ?- аз чӣ бошад, вай аз болои дастархон, ки писаараш густурда, рӯи он нону кулча, қандинаву мева мениҳод, чашм намеканд: - Одами калон ки шудаӣ, дигар моро фаромӯш кардӣ-а?
  • Роҳи деҳаро наёфтам,- Рустам ришханд зад.- Лекин Мирзошариф роҳбалад шуд.
  • Кори хуб шуд, нури дида,-маънидорона гуфт Мирзошариф: - Мӯйсафеда дар зиндагияш дидӣ. Одам ба одам ғанимат, ҳамин хел не, бобои мулло ? Хешу табор,- эҳа, қуввати дилу қаноти одам аст. Ана бин, ҳамаи нишастагиҳо ба мову шумо кундашарику пайвандавнд, дар рӯзи мушкил нангшарикат мешаванд.
    Рустам маънидорона сар ҷунбонд.
  • Бобои мулло, чой гиред, дастам сӯхт!- овози ногаҳонӣ, вале ҳазломези чойкаш хомӯшии хонаро шикаст. Вай аз он тарафи дастархон сари зону хеста, дуқат шуда, пиёлаи осмониранги қадимсохти балғамиро, ки мулло Ёқуб солҳои охир танҳо дар он чой менӯшид, бо лутф тарафи мӯйсафед дароз кард.

Мулло магар ҳушу ёдаш побанди дигар ҷой буд, ки ғайри одат саросема хам шуда «бисмилоҳ» гуфта пиёларо дошт ва акнун қоматашро бардоштанӣ буд, ки ангущтонаш мисли одами фалаҷ ба ларза омаданд. Ӯ аз ин магар ба даҳшат афтод, ки пиёла аз чангаш раҳо шуда, болои похсаи наботи қирадори рӯи лаълӣ афтода, се пора гашт ва чояш ба чор тарафи дастархон пош хӯрд. «Лоҳавла вало қуввата» гӯён мулло аз ҷояш ҷаҳид ва ба чойкаш теғи нигоҳашро афканд.

  • Ҳеҷ гап не, - тасаллоомез овоз баровард чанд тан:- Ҳар балое буд, ба сари пиёла рехт.
  • Хосияташ бад,- бо қаҳру алам ғурунгид мулло Ёқуб ва бедимоғ ба ҷояш нишаст: - Ин пиёла ягона баракату нишонаи дасти калонҳо буд. Ин ҳам рафт…
  • Дила хун накунед, бобои мулло, бало ба пасаш,- бепарво луқма партофт касе: - Як чиз равад, дигараш меояд. Рустамшоҳ- нишонаи раҳматӣ Аброри додаратона ёфтед. Пиёла азиз бошад, ба ягон устои ҳунарманд супоред, ширеш молида пайвандад, банд занад…
  • Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил, гуфтаанд,- ба гап шарик шуд Мирзошариф, ки пораҳои пиёларо бафурсат ҷо ба ҷо мегузошт.- Ана бинед, ҳусну зебоии пештарааш намонд.- Вай даме ба андеша рафт, сипас дар лабонаш шакарханде дамид:- Ин ҳам дили инсон барин нозук, шикасту озор ёфт, доғаш мемонад. Усто хуни ҷигар ҳурад ҳам, ба асли қадим пайваста наметавонад.
  • Ба хокаш вобаста аст, - аз кунҷи ҳуҷра луқма партофт касе: - Лекин дар Япон устоҳои моҳире будаанд, ки кӯзаҳои шикастаро ҳам чунон пайванд мекардаанд, ки аз пештарааш зеботар…
    Баъди шикастани пиёла хотири муло Ёқӯб озурда гашт ва сӯҳбат шира набаст. Рустам ҳанӯз бо сари хамида меистод. Ҳавои хона гӯё барои ӯ вазнинӣ кард, ки нафаси тӯлонӣ кашиду аз киса қуттии сигарету гӯгирд баровард. Як дона сигарет гирифта ба лаб ниҳод ва дид, ки мулло Ёқуб, ҷабинаш пурчин, бо гӯшаи чашм нафратомез ба сигарет менигарад. Рустам сар бардошт ва ба қиёфаи аз ғояти хушҳолӣ шукуфони нишастагон назар афканд. Онҳо бо ҳарорат дар хусуси писари ёфтаи бобои Раҳмат, пиёлаи шикаставу пайванд кардани он ҳанӯз қисса мегуфтанд.

Ӯ даме ба неъматҳои фаровони рӯи дастархон зеҳн монду табассум кард, сипас гӯгирду қуттии сигарет дар даст аз ҷой бархест.

  • Чаро дарҳол хестӣ, ака?- изтиробомез пурсид писари мулло:- Ақаллан як пиёла чой бигир. Хӯрок тайёр, ҳорзир меорам…
  • Сигарет кашам, додар,- пичиррос зад Рустам.
  • Туфлиҳои амаката пеш мон, - амр кард мулло:- Дуд карданӣ бошад, ҳавои кушод беҳтар. Бӯяш дар гӯр, мана касал мекунад.
  • Солҳои пеш дуд медодед-ку,- луқма партофт касе.
  • Барои фиреби назар.. Аз беақлӣ буд ҳамааш,- ғурунгид мулло Ёқуб ва фатво овард: – Дар зарурат раво бувад, гуфтаанд азизон.
  • Муллои ҳозирзамон ҳамин хел мешавад. Дар ҷавонӣ шаробнӯшӣ, папироскашӣ, занбозӣ, дар пирӣ муллоӣ,- ҳазломез пичинг зал Мирзошариф:
  • Ҳамааш аз рӯи қонун. Гуфтаи муллоро ба ҷо биёру кардааша не…
    Хонаро ханда пур кард, аммо Мирзошариф аз паси Рустам ноайён баромад ва надид, ки мулло Ёқӯбро холу ранги рӯяш ба чӣ дастур афтод ва барои ин беэҳтиромиаш ӯро чӣ коҳише намуд.
    Рустам, ки дуди кабудчатоби сигарет болои сараш печутоб хӯрда ба ҳаво меомехт, ба танаи дарахти туту чормағз навозишкорона даст расонда, даме шоху навдаҳои бузургу парешони онҳоро тамошо кард, сипас ба зану духтарони нонпаз бамеҳр нигариста, аз дарвоза баромад ва сӯи Кофарниҳон тоб хӯрд. Ӯ ончунон оҳиста қадам мениҳод, ки замини зери пояш озор наёбад ва ба кӯдакони бозингари лаби ҷӯй, ба дару девор, боғзорону фазои лоҷувардии деҳа, ки парастуҳои бебоку озод дар васати он болу пар мезаданд, ҳарисона чашм медавонду лабонаш пир-пир мпариданд.
  • Солҳои бачагиро ба ёд меорӣ-а? – дар шафати ӯ қадам ниҳода, пурсид Мирзошариф, вале ҷавоб нашуниду аз гуфтааш пушаймон гашт, дилаш фишурда шуд. Охир, вай акнун дид, ки чашмони Рустам пурнаманд ва ӯ дам ба дам онҳоро бо дастрӯймол пок мекард. Ҳарду то баландии соҳил хомӯш рафтанд. Рустам лаҳзае ба дарёи хурӯшон назар афканд, баъд хамбида дар соҳил сари по нишаст ва бо оби сардаки кафколуду кабудтоб дасту рӯй шӯсту се-чор каф нӯшид.

Чеҳраи ӯ тару тоза ва равшантар гашта буд.

  • Аҷиб, обу ҳавои зодгоҳ дигар хел будааст,- ба баландӣ баромада пичиррос зад ӯ ва ба ҳамвории соҳил, ки солҳо боз бозигоҳи бачаҳосту писараке бо ду кучук фориғболона бозӣ дошт, хеле нигарист ва ногоҳ пурсид:
  • Мирзо, дар ёдат ҳаст, баъзе одамон кучукҳоро ба хурҷин ё халта андохта аз дарё мегузаронданду сар медоданд?
  • Ҳа, нури дида,- бо шакарханд ҷавоб дод Мирзошариф ва ба чеҳраи пурхаёли Рустам зеҳн монда, илова кард:- Ун корҳои носавоб ба хотири он буданд, ки кучукҳо роҳи деҳаву хонаи соҳибонашонро гум кунанду нонхӯр кам шавад.
  • Аҷиб, - аранге овоз баровард Рустам ва усто Мирзошариф саргарми нақл пай набурд, ки чӣ хел ранги рӯи дӯсти айёми бачагиаш канду лабони ларзонашро зери дандон ниҳод, то мабодо аз нӯги забонаш барояд, ки як субҳи торику сарди якшанбеи зимистон ҳамин амакаш- ҳоло мулло Ёқуби номдору соҳибдастархон, пандомӯзи дигарон ӯро аз шафати кӯдаконаш хоболуд бархезонда, чашмонашро бо руймоли кӯҳнае баста, пораи нони хушкеро дар бағалаш ниҳода, харсавор аз дарёи Кофарниҳон гузаронд ва бурда дар мобайни бозор фуроварду таҳдидомез гуфт, ки то омадани ӯ агар латтаро кушояд, гӯшу биниашро мебурад. Вай то пурғавғо шудани бозор аз хунукӣ карахт гашта бошад ҳам, даст сӯи чашмбанд набурд. Сипас мӯйсафеде, шояд аз раҳм бошад, коҳишомез гуфт, ки аз ҷонат сер шудаӣ, сағира, дасту поят ях барин кабуд гаштанд-е. Чашмонат дард мекунанд?- «Амакма интизорам»- овози Рустам хиррӣ, пуралам, ҳаросон баромад. Ҳамон мӯйсафед, гӯё Хоҷаи Хизри афсонавӣ буд, ки чашми ӯро кушод ва аз дасташ дошта, бурду пеши оташдони гарми ошпаз шинонд. Баъд ӯ гирист, бисёр гирист, боалам гирист, то даме ки як амаки шапкадор ӯро ба сағирхона бурда супорид. Ва аз он ҷо баъди хеле пурсупос сару либоси наваш пӯшонданд.
    Чанд сол пас, вақте ки ақлаш пухт, донист, ки амакаш мисли кучукаш бо найранг ӯро аз хонааш, аз деҳа рондааст. Не, ӯ ин саргузашти талхро то ҳол ба ҳеҷ кас нагуфтаасту намегӯяд.

Ба ақидаи ӯ кирдорҳои пасти баъзе одамонро ба забон наовардан беҳ, зеро шаъни ИНСОН –ро доғдор мекунанд.

  • Рӯзгори танг дар дили одамон ҳарос андохта буд,- хаёломез гуфт Мирзошариф:- Ҳар кас ғами ҷони худро мехӯрад, нури дида.

  • Рӯзи мушкил имтиҳони ИНСОН аст, - аз деҳа чашм наканда посух дод Рустам.- ОДАМРО аз ноодам ҷудо мекунад рӯзи сахтӣ.
    Дар ин лаҳза модари усто Мирзошариф- кампири Гулшан асои бодомӣ дар даст, ба танаи дарахти себ такя зада, аз забони булбулаки гӯёяш Шаҳбону ҳикоят мешунид. Ҳикояти дар назди хонаи мулло Ёқуб чи тавр одамон бо ҳашамат ва тантана Рустамро пешвоз гирифтанд, ба сараш қанду қандалот пошиданд, ӯро аз рӯи пойандози шоҳӣ гузарониданд.

  • Чӣ хубе,- пичиррос мезад кампираки лоғар:- Нишонаи раҳматӣ Ғунчаву Аброр ҳам ёфт шуд. Кошки ягон рӯз Мирзолатифа мо ҳам ҳамин хел пешвоз гирем.

  • Пеш-пеши амакам, агар биёяд, худам арғушт меравам,- шодиомез мегуфт булбулаки гуё Шаҳбону :- Хушрӯ арғушт меравам.
    Дили кампир сафед мешавад ва ӯ дасташро дароз карда, рӯву мӯйи булбулаки ширинзабонашро меёбаду навозиш мекунад ва чашмони нобинояшро бо умед ба гӯшаи рӯймол пок намуда, сӯи офтоббаро медӯзад.
    Кошкӣ дидаи бино медошту рафта Рустамро медид. Ӯ албатта ҷавонмарди чорпаҳлу шудааст. Мулло Ёқубро чашми дидан надошта бошад ҳам, муборакбод мекард. Ба Аброр додар мешавад, додари ҳамтан. Аброр ҷони одам буд. Ёқуб чӣ? Ҳм, аз як палак ду хел ҳандалак. Гурсӯхтаи беимон баъди омадани хати сиҳи падари Мирзошариф, дар ҳамон рӯзҳое,ки аз ғаму андӯҳ Гулшан хун мегирист, якбор «ошиқи шайдо» шуд. Нисфҳои шаб дуздвор дар паси дару тиеза пайдо шуда изҳори муҳаббат мекард.

  • Одами зану фарзанддор шарм намекунӣ, ҳар шаб омада пишак барин ба дару тирезаи ман ханҷол зада, кӯдакома метарсонӣ,- Гулшан сари фарзандони аз тарс ларзонашро силакунон гуфта буд таваллоомез.- Мон ба ғаму дарди худамон бизием.

  • Ба як нон кӣ сер мешавад?- овози Ёқуб беҳаё ва писхандомез буд. – Ризқата пеши по назан, бева, пушаймон мешавӣ, аз ман беҳаша намеёбӣ, рӯймолат овардам.

  • Рӯймолат кафанат шавад, ноодам! Ту ба марги ҷавонмардҳо шодӣ мекунӣа?!
    Ва Гулшан надонист, ки овозаш чӣ хел баромад ва дар торикӣ чӣ хел аловковаки зарангиро аз кунҷи девор гирифта, тамбаро ба пояш зада афтонду бо шаст дарро кушода чӯбро ба сари Ёқуб зад. Баъд аз нолишу нафрини ӯ ба худ омад ва дар торикӣ аранге дид, ки Ёқуб пешониашро дошта сӯи баромадгоҳ медаваду фарзандонаш гиря доранд.

  • Дар решаат алов, сояи наҳс! – овози Гулшан ба гӯшаш бегона расид. Ашк, ғазаб, алам, хорӣ гулӯяшро фишурдааст.
    Хайр, бало ба пасаш. Он рӯзҳои наҳс ҳам гузаштанд. Гузаштанду хотирааш дар ёди Гулшан, нақши сиёҳаш дар пешонии Ёқуб монд. Не, Гулшан дар дил кинаву кудурат надорад. Дар ин лаҳзаи хурсандӣ кошкӣ чашми бино медошту рафта нишонаи Аброру Ғунча- Рустамро медид, Ёқубро муборакбод мекард, аз тамошои деҳа ҳаловат мебурд, ба чашми мисли ситораҳо дурахшони Шаҳбону менигарист.. ва имрӯз ё фардо аз дар даромадани нури чашмаш Мирзолатиф, пеш-пеши ӯ рақсидани наберааш , офтоб, дунёи равшан.. ҳама чизро медид.
    Лекин на кампири Гулшан, на булбулаки гуёаш- Шаҳбону ҳоло дарак надоранд, ки пиёлаи меросии балғамии мулло Ёқӯб шикастаасту вай дар андешаи пайванд кардани он дилхун аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2