Зеҳн

АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БА САЛОМАТИИ ИНСОН

ВА
Валиев Султон4 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки муҳит-макони зист ва фаъолияти инсон ва олами модии офаридаи ӯ мебошад. Муҳити зист иборат аст аз муҳити табиӣ ва муҳити сунъӣ (техногенӣ), яъне маҷмӯи унсурҳои муҳити зистро дар бар мегирад, ки аз моддаҳои табиӣ бо меҳнат ва иродаи бошууронаи инсон ба вуҷуд омадаанд ва дар табиат монанд надоранд. Ва мутаъсифона дар асри 21, ки асри техникаи навин маҳсуб меёбад истеҳсолоти ҷамъиятӣ муҳити атрофро тағйир дода, ба он бевосита ё бавосита таъсир мерасонад. Ин таъсир ва оқибатҳои манфии он вақте, ки миқёси фаъолияти инсон, ки қариб тамоми лифофаи географии Заминро фаро гирифтааст, бо таъсири равандҳои табиии умумиҷаҳонӣ муқоисашаванда гардид. Дар ин навбат муҳофизати табиат, ки асоси ҳаёти инсонро метавонад ташкил намеояд аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишварамон маҷмӯи дастурҳо ва барномаҳо таҳти унвони “Муҳофизати табиат”, маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҳифз, истифодабарии оқилона ва барқарор намудани сарватҳои табиии Замин, аз ҷумла гуногунии намудҳои олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, тозагии обҳо ва ҳавои атмосфера ба тавсиб расида амалигардониаш зери назорати қатъист.

Вале, мутаъсифона хатари тағйирёбии бебозгашти муҳити табиии минтақаҳои алоҳидаи кураи замин ба туфайли вусъати миқёси фаъолияти иқтисодии инсон воқеият гардид. Аз ибтидои солҳои 80-ум ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 1 намуд (ё зернамуд) ҳайвонот ва як намуди растаниҳо ҳар ҳафта (зиёда аз 20 ҳазор намуд дар зери хатари нобудшави карор дорад) аз байн рафтааст. Тақрибан 1000 намуди парандагон ва ҳайвоноти ширхур (асосан сокинони ҷангалҳои тропикӣ, ки бо суръати даҳҳо гектар дар як дақиқа кам мешаванд) зери хатари нобудшави қарор доранд.

Ҳар сол тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор ҳар сол тақрибан 1 миллиард тонна сӯзишвории стандартӣ сӯхта, садҳо миллион тонна оксидҳои азот, сулфур, оксиди карбон (як қисми онҳо дар шакли борони кислота бармегардонд), дуд, хокистар ва ҷанг ба атмосфера партофта мешаванд. Обу хок бо партовҳои саноатӣ ва маишӣ (соле садҳо миллиард тонна), маҳсулоти нафтӣ (чанд миллион тонна), нуриҳои минералӣ (тақрибан сад миллион тонна) ва пеститсидҳо, металҳои вазнин (симоб, сурб ва ғ.) олуда мешаванд, яъне хавфи вайрон кардани пардаи озонии замин вқҷуд дорад. Қобилияти биосфера барои худтозакунӣ ба ҳад наздик аст.

Бо дигар мисол метавон гуфт, ки хавфи тағйирёбии беназорати муҳити зист ва дар натиҷаи ин таҳдиди мавҷудияти организмҳои зинда дар рӯи замин, аз ҷумла ба одамон барои ҳифз ва ҳифзи табиат чораҳои амалии қатъи дидан, танзими ҳуқуқии истифодаи сарватҳои табииро талаб мекунад.

Барои ҳалли ин муамо ташкили технологияи бепартов, иншоотҳои тозакунӣ, ба тартиб андохтани баъзе моддаҳо, инчунин ба вуҷуд овардани минтақаҳои муҳофизати заминҳо дохил мешаванд.

Шарипова М.М.- дотсенти

кафедраи бемориҳои кӯдакона №2.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба