Зеҳн

Пизишкони тоҷик бори аввал як ҷарроҳии мушкилро анҷом доданд

ВА
Валиев Султон4 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Ба гуфтаи мутахассис усули нав ба бемор осеби камтар мерасонад ва раванди барқароршавӣ пас аз ҷарроҳиро бамаротиб суръат мебахшад

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон бори нахуст бо истифода аз таҷҳизоти муосири видеоэндоскопӣ барои табобати саратон амалиёти мураккаби гадуди зери меъда анҷом дода шуд.

Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ин амалиётро табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии вазорат анҷом доданд.

Ин ниҳод, чунин амалиётро дар рушди тибби саратоншиносӣ дар кишвар як қадами муҳим хондааст.

Ба гуфтаи Акбар Муродзода, мудири ин марказ, усули нав нисбат ба усулҳои анъанавӣ ва ошкоро бартарӣ дорад ва ба бемор осеби камтар мерасонад ва раванди барқароршавӣ пас аз ҷарроҳиро суръат мебахшад.

Гуфта мешавад, ки ҷарроҳӣ барои бемори 50-сола Хайриддин Аминов аз ноҳияи Нуробод анҷом дода шуд, ки баъди ду рӯзи мудохила худро хуб ҳис мекунад ва аллакай озодона ҳаракат карда метавонад.

"Мутахассисони марказ аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар хориҷи кишвар гузашта, малакаи худро такмил дода, усулҳои нави мураккабро дар кишвар ҷорӣ намуданд. Татбиқи боз як усули мураккаби ҷарроҳӣ дар саратоншиносӣ як қадами боварибахш дар самти ташкили ташхис ва табобат мутобиқи талаботи замон аст", - қайд кард манбаъ.

Ба гузориши вазорат, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 73 адад навгониҳо дар самти ташхис ва табобат ворид карда шуд, ки аз ин шумора аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ 25 адад навгониҳо дар раванди ташхиси бемориҳо, аз он ҷумла, холангиографияи фистулавӣ ва ташхиси рентгении рудаи 12 ангушта бо сулфати барий, пайдоиши гепатити музмини иммунотолерантӣ бо аломатҳои пасти клиникӣ ва миқдори ками HBsАg, ДНК мебошад.

Ҳамчунин аломатҳои аввалияи клиникию лаборатории саркопения дар беморони сиррози ҷигар, ҳосилшавии барзиёди ситокинҳои илтиҳобӣ дар ҳолати фаъолшавии сиррози ҷигар, ҳамчун сабаби асосии энсефалопатия, ташхиси антигени ядроии вируси С (соrе-антиген) барои муайян намудани таъсирнокии доруҳои зиддивирусӣ ва эҳтимолияти пайдоиши сирроз ва ғайраҳо аз навгониҳои дигар мебошад.

Дар баробари ин, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ 48 адад навгониҳо дар раванди табобати беморон, аз он ҷумла, истифодаи “Пропранолол” дар кудакони гирифтори гемангиома, истифодаи “Пертузумаб” барои омосҳои саратони сина. массажи лимфодренажӣ дар беморони лимфедема дар давраи баъди ҷарроҳӣ пойдо шуданд.

Ҳамчунин маҷмӯи ҷарроҳиҳои реконструктивӣ-пластикӣ бо истифодаи импланти сина, буриши дисталии ғадуди зери меъда бо усули видеоэндоҷарроҳӣ, истифодаи “Пембролизумаб”, “Ниволумаб”, “Пертузумаб” ва “Рамуцирумаб” ҳангоми саратони меъда ва ғадуди ширӣ аз қабили дигар навгониҳо мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба