Зеҳн

Латифаҳо - Афандӣ

ЗЕ
Зеҳн4 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

САЛЛАЮ ҶОМАИ ОШХӮРӢ

Афандӣ бо ҷомаи оддии фақиронаи худ ба туйи бое рафт. Дар туйхона ӯро ба қатори бойҳо ва муллоҳо роҳ надода дар тахти як айвон, дар қатори фақирон шинонданд. Дар ҳолате, ки дар хонаи калоншавандагон ошҳои сергӯшт ва равғанин дароварданд, ба пеши фақирон ва аз ҷумла, ба пеши Афандӣ оши сарқути сардшудаи бегӯшт оварда монданд.

Афандӣ, бе он ки ба он даст расонад, аз туйхона баромада рост ба бозори ҷома рафт ва аз он ҷо як ҷомаи абрешимии зеҳкалонро бо як докаи мисқолӣ киро карда оварду дасторро монанди муллоён бает ва ҷомаро пӯшида, оҳиста-оҳиста қадам партофта боз ба туйхонаи мазкур омад.

Хизматгарон ва соҳиби туй ин дафъа Афандиро «марҳамат кунед, марҳамат кунед!» гӯён дар пешгоҳи хона, дар паҳлуи имом шинонданд ва як табақи ланғарӣ палави гӯшти мурғ оварда, аввал ба пеши Афандӣ гузоштанд.

Ҳама машғули ошхӯрӣ шуданд. Аммо Афандӣ остини ҷома ва фаши салаашро ба рӯи табақи палав оварда:

- Марҳамат кунед, гиред! - гуфтан гирифт.

Имом пурсид: - Афандӣ, ба кӣ гап зада истодаед?

- Ба саллаю ҷомаам! - гуфт Афандӣ. - Ин ҳама иззату ҳурматҳо аз они ҳамин саллаю ҷомаанд. Бинобар ин ошро бояд аввал ҳаминҳо хӯранд.

САҲВ ДАР КӮЗАИ PABFAH

Рӯзе кори Мушфиқӣ ба қозӣ афтоду дид, ки бе пора кораш пеш намеравад. Пас як кӯзаи дугӯшаи равғанхӯрдаро то гарданаш пур аз лой карду андак равғани думбаи обкардаро аз болои он рехта, даҳони кӯзаро бо латта баста, ба қозӣ пешкаш кард.

Қозӣ кӯзаи равғанро гирифта, кори Мушфиқиро мувофиқи табъи вай дуруст карда, ҳукмномае навишта, мӯҳр зада дод.

Фардои он рӯз зани қозӣ палав пухтанӣ шуда, дегро ба оташдон гузошту хост, ки бо кафгир аз кӯза равған бардошта, ба дег андозад, ба рӯи кафгир як парда равган, дигар ҳама лой баромад. Вай ин ҳолро ба шавҳараш маълум кард.

Қозӣ донист, ки Мушфикӣ ӯро фиреб додаст, зуд мулозими худро ҷеғ зада гуфт:

- Ба пеши Мулло Мушфикӣ раву гӯй, ки «дар ҳукмномаи дирӯза як саҳв рафтааст, онро гардонда диҳад, ки эшони қозӣ аз сари нав дуруст карда медиҳанд».

Мулло рафта ин гапро ба Мушфиқӣ гуфт:

- Рафта ба ҷаноби шариатпаноҳ гӯед, ки бояд саҳв дар кӯзаи равған рафта бошад, на дар ҳукмнома, - гуфт Мушфиқӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2