Зеҳн

Муҳит - табиатшиносӣ

КИ
Китобдор4 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Аз фанҳои табиатшиносӣ маълум аст, ки табиати зиндаи моро ихотакунанда, аз организмҳои гуногун иборат аст. Онҳо сохт ва шаклҳои микроскопӣ, ҳамчунин макроскопиро доранд. Муайян шудааст, ки дар табиат олами ҳайвонот 1,5 миллион ва олами наботот ним миллион намудро ташкил медиҳанд. Ҳар як организм дар табиат дар муҳити ба худаш хос зиста, сабзиш ва инкишоф ва такмил меёбад.

Муҳит маҷмуи омилҳои табиӣ (физикӣ) аст, ки организмҳои зиндаро иҳота карда, ба онҳо робита ва ё муносибати хос ва таъсири бевосита ё бавосита дорад, аниктараш таъсири манфӣ ё мусбат мерасонад. Муҳит, агар ба таври соддатар гӯем, ҷойи ишғолкардаи ин ё он намуди организм мебошад, ки аз маҷмӯи шароитҳо ва ё омилҳо иборат аст. Муҳит дар навбати худ аз қисмҳои асосии таркибии гуногун ва тағирёбанда иборат аст.

Моддаҳо байни муҳит ва организм дутарафа гардиш доранд: организм - муҳит - организм. Маҳз бо чунин роҳ мувозинаи экологӣ ифода ва идома меёбад.

Дар табиат шароити зисти организмҳо гуногун аст.

Масалан, ҳашароти хурд як умр дар дохили барги печутобхурдаи растанӣ ҳаёт мегузаронад ва ин шароит барояш дунёи пурра ҳисоб мешавад. Ҳайвоноти дигар, ба монанди гавазн, наханг, паррандаҳои гуногун масоҳати калону беканорро ишғол мекунанд. Дар кӯҳҳо намояндаҳои намудҳои гуногун ҳаёт ба сар мебаранд, ки ба онҳо маҷмӯи омилҳои экологии хархела таъсир мерасонанд .

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масоҳаташ ба 143,1 ҳазор километри мураббаъ баробар аст, кишвари кӯҳӣ буда, 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Қариб 50 фоизи масоҳати Т оҷикистон дар баландии зиёда аз 2500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Дар чунин шароити экологӣ ҳазорҳо намудҳои растанӣ ва ҳайвон зиндагӣ доранд, ки бисёре аз онҳо нодиру эндемикӣ (тахчой) мебошанд Растании кифгул, баъзе намудҳои лола, пиёз, хамчунин архар, қабқи ҳилол, нахчир ва намудҳои гуногуни ҳашаротҳо ба намудҳои тахчой мансубанд.

Дар табиат чор хел муҳит мавҷуд аст, ки аз якдигар бо мавҷудоту шароитҳои ҳаётӣ фарк мекунанд: муҳити обӣ, муҳити хокӣ, муҳити фазоӣ ва муҳите, ки худи организмҳои зинда ташкил мекунанд, яъне муҳити байниҳамдигарӣ.

Ба мақсади баланд бардоштани маърифати экологии шогирдон ҳамасола дар мактаб озмунҳои экологӣ баргузор мегарданд. Миёни мактаббачагон бо унвони “Сабз бодо, мактабам” дар бахшҳои расмкашӣ, аксбардорӣ, навиштани эссе, мақола озмун баргузор шуд.

Ҷойе хондаам: донишманде менависад, ки “шахси дорои маърифати экологӣ, яъне муҳити зист онест, ки зарари кучактаринро ба табиат пешгирӣ мекунад, мисли сарвари заводе, ки дудбарои мошинҳои корхонааш филтр ( асбоби соф кардани ҳаво) гузоштааст, коргаре, ки пасмондаҳои дастгоҳи кориашро ба зарфи махсус гузоштааст, кўдаке, ки барои парандагон дар шохи дарахтон лона сохтааст, кайҳоннаварде, ки партовҳоро ба фазо наандохта, ба замин оварда, безарар гардондааст”.

Инсон ва табиат ҷузъи аз ҳам ҷудонашвандаанд ва ҳар ду ҳам бе ҳамдигар будан наметавонанд. Агар муносибати инсон ба табиат оқилона ва ғамхорона бошад, ҳатман муҳите, ки зиндагӣ мекунад, тозаву озода аст ва аз ҳавои мусаффо нафас мекашаду оби ширин менўшад:

Табиат мекунад моро табобат,

Ки бошад зиндагӣ зебову роҳат.

Бояд зикр кард, омўзгори мактаб бештар вазифадор аст, ки шогирдонашро дар рўҳияи ватандўстӣ, ки як ҷузъаш эҳтироми муҳити зист мебошад, тарбия намояд. Агар кўдак дар ин синну сол дарк кунад, ки ба гулу хори Ватан эҳтиром гузоштан вазифаи ҷонии ўст, ҳатман дар сарсабз нигоҳ доштан, гулҳоро об додан, партовҳоро дар ҷойи муқарраршуда гузоштан саҳми худро мегузорад. Омўзгор бояд пайваста ҳифз намудани ҳар як гулу гиёҳу дарахтро, тоза нигоҳ доштани синфхонаро ба онҳо бифаҳмонад, то шогирд ҳамеша ба ёди хеш бигирад, ки ниҳолу гулу рустаниҳоро бояд ҳам дар мактаб ва ҳам дар хонаву кўчаву хиёбонҳои шаҳри зебоамон ҳифз кард, зеро гулу буттаву дарахтонанд, ки муҳити зистро сабзу хуррам мегардонанд, боиси болидагии рўҳи инсон мегарданд.

Ҳар қадар кўдак аз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист огоҳ бошад, ҳамон қадар ҳам дар мактаб ва ҳам дар хонаводааш кўшиш мекунад, ки дар як муҳити тозаву озода кору зиндагӣ намояд. Ў обро сарфа мекунаду мизи дарстайёркуниашро тоза нигоҳ медорад. Аз ин лиҳоз ман ҳамчун омўзгор вазифадорам, ки бо шогирдо-нам бифаҳмонам, ки табиати Ватанро дўст бояд дошт ва эҳтиром бояд кард.

Имрўз тамоми шаҳрвандони шаҳри Душанбе ва меҳмонони он мебинанд, ки чӣ қадар шаҳри мо гулистон шудааст. Мо сарфарозем, ки дар “Шаҳри гулҳо” зиндагӣ ва таҳсилу фаъолият мекунем. Ман гоҳе шогирдонамро барои тамошо ба боғҳои зебои шаҳр мебарам ва дар хусуси ҳар гулу гиёҳ бо онҳо суҳбат намуда, аҳамияти дарахтони сояафкану гулҳои ороиширо барояшон дақиқ мефаҳмонам. Ва ба ин восита мехоҳам дар қалби онҳо эҳсоси масъулият ва зебопарастиву ватанпарастӣ маскан бигирад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба