Зеҳн

Таърихи пайдоиши техникаи ҳисоббарор

КИ
Китобдор4 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Таърих ва шиносоӣ бо асбобҳои аввалини ҳисобкунӣ

Одамон аз давраҳои қадим то ба имрўз доимо ба ҳисобкунӣ ва асбобҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷманд буданд ва ҳастанд. Аввалин асбобҳои ҳисобкунӣ ниҳоят содда буданд. Бо ёрии онҳо фақат чор амали арифметикиро иҷро мекарданд. Мисоли ин гуна асбобҳо ангуштони панҷаи даст буда, якумин асбоби ҳисоббарор аст. Одамон ангуштони панҷаи дасти худро аз давраҳои ҷамъияти ибтидоӣ барои ҳисобкуниҳо истифода мебурданд. Бо ёрии онҳо рақамҳоро аз 0 то 9 байни худ ҷамъ ва тарҳ мекарданд. Барои ҳисобкуниҳо бо ададҳои аз 10 калон бо ангуштҳо мушкилиҳо ба амал меомаданд. Бинобар ин дар ҷамъияти ибтидоӣ одамон барои ҳисобкуниҳо сангчаҳоро истифода мебурданд. Ин сангчаҳоро даҳ донагӣ якҷоя дар шакли пирамида ҷойгир мекарданд. Ин асбоб номи "Пирамида аз сангчаҳо"-ро гирифтааст. Бо ёрии ин асбоб ададҳоро байни худ ҷамъ ва тарҳ мекарданд. Тахминан солҳои 1200-ум Чиниҳо (мардуми Хитой) ин сангчаҳоро сeрох карда, даҳтогӣ дар стержен ҷойгир мекарданд. Ин стерженҳоро ба рамкаи росткунҷашакл параллел пайваст мекарданд. Асбоби сохташуда номи Абакро гирифт. Абак ба счетҳои ҳозира монанд аст. Бо ёрии абак низ амалҳои ҷамъ ва тарҳ иҷро карда мешуд.

Аввалин асбобро барои иҷро намудани амали зарб Ҷон Непер (1550-1617, Шотландия) сохта буд. Ин асбоб чунин сохт дорад: дар болои чeбчаҳои ҳамвори росткунҷашакл ҷадвали зарб навишта шуда буд. Ин гуна чeбчаҳоро паси ҳам гузошта, ададҳои бисёррақамаро бо рақам зарб мекарданд. Ин асбоб номи "Чeбчаҳои Непер"-ро дорад. Тарзи иҷрои амали зарбро бо ёрии ин асбоб шарҳ медиҳем: бигузор рақами 6-ро ба адади 73 зарб кардан лозим бошад. Ҷадвали зарби рақамҳои 7 ва 3-ро паси ҳам мегузоранд. Аз қисми чапи чeбчаҳо зарби рақами 6-ро меёбанд (дар расм бо ақрабак ишорат шудааст). Рақамҳои дар як самт ҷойгир шударо ҷамъ намуда, рақамҳои танҳо аз тарафи рост истодаро бе тағир мегузоранд. Дар натиҷа адади 438 ҳосил мешавад, ки ин натиҷаи амали зарб аст: 6 х 73=438. Айнан ҳамин тавр ададҳои бисёррақамаро ба рақамҳо зарб мекунанд. Иҷрои амали тақсим бо ёрии чубчаҳои Непер душвор аст. Бинобар ин онро барои иҷрои амали тақсим истифода намебаранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба