Зеҳн

АНДЕША, Донишҷӯ

КИ
Китобдор5 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Чаро мо (бархеҳо) ба камсаводии худ дигаронро айбдор медонем? “Бештарини ҷавонон камсавод ҳастанд!” – ин нуктаро насли калонсол зимни санҷиши донишу ҷаҳонбинӣ ва афкори насли нав борҳо гуфтаанд ва мегӯянд.

Вақте ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин мушкил посухе меҷӯяд, натиҷа ҳар гуна ҳосил мешавад, яъне баъзан ҷавонону волидон ва ё муаллимон айбдор ҳисоб меёбанд. Ман низ як тан аз ҷавонони насли имрӯз ҳастам ва рӯшод иқрор мешавам, ки кам мехонам. Бештари вақт бо Интернет сари кор мегирам ва доир ба ихтисос ва мавзӯъҳои ҳаётан муҳим дониши сатҳӣ (андак) дорам. Дар ин матлаб кӯшиш мекунам, ки ба суоли зерин посухи наздиктаре дарёбам: Ба китбохон набудан ва дониши казоӣ (малакаҳои нави касбӣ) надоштани ҷавонон кӣ айбдор аст? Калонсолон: Бачаҳо хонанду кор накунанд, чӣ фоида !?

Дирӯз дар як маърака гуфтугӯеро тифоқо шунида мондам. Ҷавоне, ки имсол довталаб будааст, бо тағояш суҳбат дошт. – Ҷияни тағо, мактаб адо шуд, аз ин пас чӣ кор мекунӣ? – ба ҷавон савол дод марди миёнсол. – Ҳуҷҷатҳоямро ба кластери 5 – ум супоридам, – гуфт ҷавон. – Чӣ нафаҳмидам? – мард бо тааҷҷуб тарафи ман, ки дар паҳлӯи онҳо менишастам, нигоҳ кард ва шарҳи гапи ҷиянашро мехост. – Тағо, ба Донишгоҳи тиббӣ даромаданиям, – гапашро то охир нагуфта, хап шуд ҷавон, чун тағояш ғайриинтиҳор хандаи истеҳзоомез карду гуфт: – Бачам, ту як умр дар таги гов, дар даруни замин будӣ, чӣ хел Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавӣ? Духтароне, ки аз ту саводи хуб доштанд, дохил нашуданд. Ба фикрат, ту метонӣ? Не, наметавонӣ! – гуфт тағои ҷавон. Ҷавон дар ҷавоб ба тағо чизе нагуфт. Тири хаёлаш ба ким- кадом ҷонибе ҳаво хӯрд. Он марди миёнсол дар идомаи суҳбат гила кард, ки бачаҳои вай маълумоти олӣ гирифтанд, аммо кори муносибе, ки маоши арзанда дорад, наёфтанд. Аз ин рӯ, вай дигаронро низ ҳушдор медиҳад, ки бо хондани сарсарӣ худро фиреб надиҳанд. Ин лаҳза гувоҳӣ он аст, ки баъзан вақт насли калонсол ба ният ва тавоноии насли нав хӯрдагирӣ мекунанд. Эҳтимол нест, ки чунин шеваи муносибат, яъне “нахон”, “хондан кори ту нест”, “кори серпул ёб” – гуфтани калонсолон бархеро аз роҳи хондану андеша кардан боз дорад.

Ҷавонҳо: ҳам кор кардан, ҳам хондан душвор аст! Чанде пеш дар таксӣ бо чанде аз ҳамсолон, ки донишҷӯӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд, ҳамсафар шудем. Яке аз онҳо ба ҳампаҳлуӣ худ гуфт: – Ман дигар кори шабона намеравам, он шаб як намуд бефараҳе шудам, ки то соати 12 хоб рафтам. Ҳамон рӯз маҷбуран дарс рафтам, ки ғоиб нагирам. Он рӯз дар синфхона базӯр нишастам, сарро аз миз боло кардан натавонистам, куҷо расад ба дарсгӯшдиҳӣ. Шунавандаи ин гапҳо дар ҷавоб гуфт, ки: “Агар ту ба кор наравӣ, пули роҳкиро, обед, интернет ва сарулибосро аз куҷо мегирӣ? Маоши падари муаллиматро поида мешинӣ?”. “Не, ман корро намепартоям. Фақат басти рӯзона меравам. Дигар илоҷ нест, азоби ҳам кору ҳам дарсро мекашем”, – гуфт ҳамсоли ман.

Ба фикри ман, аз ҷиҳати молиявӣ таъмин набудани донишҷӯ як сабаберо мемонад, ки бештарини ҷавононро аз донишомузӣ дур карда, ба фикру талоши ризқҷӯӣ мебарад. Аз ҷиҳати дигар, агар донишҷӯ роҳҳои таъмин кардани талаботи моддиро омӯзад, таҷрибаи хубест, албатта, дар сурате, ки ин роҳҳо ӯро аз омӯзиш пурра дур насозад. Ман донишҷӯи факултети журналистика ҳастам ва бешубҳа мегӯям, ки устодони мо тамаъҷӯ нестанд ва дар роҳи таълим имконот ва донишу малакааашонро аз донишҷӯ дареғ намедоранд. Онҳо моро ба самти зарурӣ роҳнамоӣ мекунанд. Он тараф ихтиёр дар дасти худи мост. Бовар дорам, ки дигар устодони ҳақиқии Донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ҳамин гуна сифат доранд. Вақте мо барои хондану андешидан ва омӯхтани малакаҳои нав вақт, завқу хоҳиш ва шароит надорем, пас дуруст нест, ки устод, волидайн ва дигар омилҳои ҳаётиро сабаб донем. Ҳамсолони азиз, дар роҳе, ки интихоб кардаеду бо нияти нек равонед, барор мехоҳам. Хаста набошед!

Файзуллохон Обидов,

донишҷӯи соли 4- ум

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба