АНДЕША ОИДИ ОДОБИ МУОШИРАТ
Ахлоқ дар ҳаёти мо аҳамияти бениҳоят калон дорад ва ин моро водор месозад, ки дар бораи нисбат ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доштанамон ҷиддӣ мулоҳиза кунем.
Маданияти ҷомеа ҳар андоза тараққӣ кунад, услубу одобу рафтор ҳамон андоза бештар аҳамият пайдо мекунад. Ва ин табиист. Дар замони мо ҳаёти ҷамъиятӣ, тартибу мароми он бениҳоят мураккаб шудаанд ва мураккаб шуда истодаанд. Ба туфайли афзоишу тараққии истеҳсолот дар ҳудуди начандон калон, аҳолӣ ҷамъ меояд ва дар натиҷа адади муносибату алоқаи байни одамон беандоза меафзояд. Миллионҳо одамон паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳар рӯз ҳангоми корравӣ, дар кучаву нақлиёт ва дигар ҷойҳо бо садҳо ҳазорони дигар одамон дучор меоянд. Дар чунин шароит, албатта масъалаи рафтори ҳар одам, маданияти муоширати вай бо одамон, масалаи бениҳоят ҷиддист, зеро он ба ҳаёти худи одам ва атрофиёни вай таъсири калон мерасонад.
Мо аз таҷрибаи худамон медонем , ки ҳатто беҳтарин нияти нек ҳам бе саҳву хато анҷом намеёбад, ки ёдоварии он аксаран табъи касро хира мекунад. Бинобар ин инсоният дар просеси инкишофи мадании худ қоидаҳои муайяни рафторро тартиб додааст, то ин ки ҳамфикрии одамон осонтар, низову ихтилоф, ки муносибати одамонро душвор мекунад, ҳар чӣ камтар шаванд ва дар айни ҳол ба олами ботинии одам ниятҳои густоҳона роҳ наёбад. Одобу услуби муошират, ки он бояд ҳатман ба маданияти ботинии одамон вобаста бошад, аз ҳамин қоидаҳо , аз риояи ҳамин қоидаҳо иборат аст, зеро маданияти ботинии одамон ба ҳамон принсипу меъёрҳои ахлоқ вобаста мебошад, ки дар ҷамъияти мо ташаккул ёфтаанд.
Услубу одоби рафторро надониста, азизу мӯътабар донистани одамонро ёд нагирифта , инсонпарвар шудан амри маҳол аст. Хулқу рафтор оинаест, ки дар он ҳар кас симои худро аён мекунад. Одами бомаърифат ҳам дар ҷои кор, ҳам дар хона, ҳам дар байни мардум ва ҳам дар танҳоӣ аз рӯи ҳамон як принсип рафтор мекунад.
Эҳтиром кардани одамон аз чӣ иборат аст, он дар рафтор ва хулқу атвори мо чӣ гуна зоҳир мегардад?
Боинтизомӣ, хоксорӣ ва бетакаллуф муомила кардан бо одамон, ба кибру ғурур ва худписандӣ роҳ надодан, мулоҳизакору хушмуомила ва ботамкин будан ҳамаи ин хислатҳо аломатҳои эҳтироми одамон аст. Ин аломатҳоро як қадар муфассал таҳлилу маънидод мекунем.
Боинтизомӣ чунин маънӣ дорад, ки одам бояд меъёру қоидаҳои рафтори дар ҷамъиятамон маъмулро ба ҷо биёрад ва барои рафтораш дар назди ҷомеа ва дар назди худ масъулият ҳис кунад. Боинтизомӣ хислатест, ки тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти одами маданиро муайян мекунад. Он фаъолияти меҳнатии одам, муносибати ӯро бо одамони дигар муайян мекунад.
Дар услуби одоби муносибат ба одамон хоксорӣ аҳамияти калон дорад. Хоксорӣ низ як шакли эҳтиром кардани атрофиён аст. Маънои хоксорӣ ин аст, ки одам нисбат ба худ серталаб бошад, ба рафтору донишҳои худ аз назари танқидӣ муносибат карда тавонад. Хоксорӣ кибру ғурур ва ҳавобаландиро намепарварад.Одамон ҳар қадар маданӣ бошанд ба одамон ҳамон андоза хоксорона муносибат мекунанд, ба корҳои худ ҳамон қадар ботаҳаммултар баҳо медиҳанд, эҳтиромаш нисбат ба одамони дигар ва ҷамъият ҳамон қадар бештар аст. Зуҳуроти хоксорӣ гуногун аст. Миёни сухани ҳамсӯҳбатро набурида, дағалонию густохона эътироз накарда, гапи ӯро гӯш дода тавонистан, ба сӯҳбати шахсони ношинос ҳамроҳшавиро фаҳмидан нишонаҳои хоксорист. Хоксории одамро аз рӯи тарзи гапзанӣ, либоспушӣ, тарзи рафтораш дар хона, дар кӯча, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муайян кардан мумкин аст.
Унсури дигари услуби одоби рафтор хушмуомилагист. Хушмуомилагӣ забони маъмул ва ҳатмии муошират бо одамон аст, ки он эҳтироми нисбат ба онҳо доштаи моро ифода мекунад. Маданияти рафтор ба одамон, ба фикру ақида, завқ, одати онҳо бо камоли диққат муносибат кардан, хайрихоҳу ғамхор, нисбат ба худ серталаб ва нисбат ба одамони атрофи пурсабру тоқат буданро тақозо мекунад.
Маънои хушмуомилагӣ ин аст, ки одам бояд на танҳо манфиат ва ҳузуру аловати худ, балки манфиат ва ҳузуру аловати дигар одамонро низ ба эътибор гирад.
Одами хушмуомила пеш аз ҳама дидадаро, ғамхор мешавад ва ҳамеша тайёр аст, ки ба одамон ёрӣ расонад, хизмат кунад.Чунин хушмуомилагӣ на танҳо ба одамони дигар, ки ба мо муносибат доранд , ҳаловат мебахшад, балки ҳаёти моро гуворотар мекунад, моро аз нохушиҳои ночизи зиндагӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ наҷот медиҳад, табъамонро хуш ва ҳатто саломатиамонро беҳ мекунад.
Парваридани хислатҳои маданӣ кори мушкил ва тӯлонӣ аст.Ин ҷиҳат аз одам баъзан кӯшиши зиёд, назорати доимиро металабад, одам бояд ба рафторҳои худ диққат диҳад ва ба қоидаҳои дар ин ё он ҷамъият қабулу маъмулшудаи одоби муошират бо диққати тамом риоя кунад. Одоби муошират ҷузъи муҳими ахлоқ буда, дар ин бобат шаъну эътибор ва камолоти маънавӣ, эстетикии шахсро муайян мекунад.
Андешаи муовини раиси КИ ҲХДТ дар ш.ХОРУҒ Мавлобахшзода Райҳонбегим
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё