Собит падари ҳазрати Имоми Аъзам
Собит падари ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳу алайҳи буд. Дар вақти пеш аз оиладорияш рӯзе аз ҷӯйчае мегузашт, ки об себеро овард. Себро аз об гирифта газид, баъд аз он дар хотираш омад, ки ин себ моли дигар кас аст ва ман чаро онро бе иҷозати соҳибаш газидам? Дар фикр афтода дар чустуҷӯи соҳиби себ қад-қади ҷӯйча равон шуд. Ҷӯйча аз даруни боғе меомад. Даруни боғ даромада, соҳиби боғро ёфта аз ӯ узр пурсид, ки ман ба ғайри қасд ин себро газидам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳамин себро ба ман бифурӯшед ва ё ин ҷинояти маро бубахшед, то ки дар қиёмат дармонда нашавам.
Соҳиби боғ аз худотарсии ҷавонмард дар ҳайрат монда гуфт, ки ман як шарт дорам, агар шартро қабул кунӣ, ҷурматро мебахшам, агар қабул накунӣ, онро намебахшам.
Собит пурсид:Он кадом шарт аст?
Соҳиби боғ гуфт:
-Як духтар дорам ҳам кур аст, ҳам кар аст, ҳам гунг аст, ҳам шал аст ва ҳам чӯлоқ. Ҳамонро агар ба занӣ қабул кунӣ, ман аз даъвои себ мегузарам.
Собит фикри бисёре карда, ноилоҷ ба он шарт розӣ шуд. Соҳиби боғ ӯро ба хонааш бурда духтарашро никоҳ карда ба ӯ дод ва ӯро гуфт, ба фалон хона рав зани ту дар ҳамон хона аст.
Собит рафта дари хонаро кушода дид, ки он ҷо як духтари соҳибҷамоле нишаста аст, дарҳол дарро пӯшида ба қафо баргашт. Гумон кард, ки ин он духтар нест. Духтар аз хона овоз бароварда гуфт:
- Куҷо меравӣ, баргард. Ҳамон духтари ваъдакардаи падар манам, биё даро.
Собит гуфт: -Ваъдакардаи падарат ин гуна набуд.
Духтар гуфт:
-Падарам маро кур гуфт, аз он ҷиҳат, ки ман ягон номаҳрамеро надидаам, маро кар гуфт, барои он, ки овози номаҳрамеро нашунидаам, маро гунг гуфт аз он сабаб, ки ба номаҳраме сухан нагуфтаам, маро шал гуфт, ба он хотир, ки ба касе даст дароз накардаам, маро чӯлоқ барои он гуфт, ки аз хона берун набаромадаам.
Чун падар дар луқмаи худ эҳтиёт кард ва модар покдоман ва парҳезгор буд, аз ин падару модари Худотарс ҳазрати Худованд Имоми Аъзам раҳматуллоҳро ба дунё овард, ки мову шумо дар мазҳаби ӯйем ва сифати ӯ ба таъриф рост намеояд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё