Дўстони болдор ба ғамхорӣ ниёз доранд
Тарғиби табиат ва дороиҳои он яке аз мавзўъҳои муҳими рўзгори инсон аст. Ҳамин заруратро ҳаётшиносон ва арбоби маориф борҳо таъкид кардаанд. Аз ҳамин сабаб дар мактаб дар баробари дигар фанҳо табиатшиносӣ, ҳаётшиносӣ (биология), зоология ва ҷуғрофия ба таври васеъ таълим дода мешавад.
Парандагон ҳусни табиат ва дўстони инсон ба ҳисоб мераванд. Ин ҳакиқатро доимо ва ба таври таъсирбахш таъкид кардан шарт аст. Омўзгорони соҳибтаҷриба новобаста ба фанни худ дар лаҳзаҳои зарурӣ аз табиати Тоҷикистон ва парандагони гуногуни он ёд меоваранд. Доир ба қаҳрамонони афсонаҳо ва парандагони аҷоиб қиссаҳо мекунанд. Танҳо ба ёд овардани достонҳои «Шоҳнома» кофӣ аст, ки мо аз манфиати парандагон шогирдонамонро огоҳ кунем. Рустами Дастон бо ёриву маслиҳати Симурғ ба дунё омад. Чунин ҳолатҳои ҳаяҷонангезу ибратбахш ниҳоят зиёданд. Дар ҳаёти имрўза бо сабаби тараққиёти илму техника мавқеи парандагон хеле танг шуд. Масоҳати ҷангалу водиҳо ва кўҳистон, ки макони асосии онҳо буд, ба хотири кушодани заминҳои нави кишт ва сохтмони корхонаҳои саноатӣ маҳдуд гашт. Шикори бераҳмонаи парандагони кўҳистон ҳам шумораи онҳоро кам кард. Вазифаи асосии мактаб ва омўзгор аст, ки барои пешгирӣ кардани нобудшавии парандагон ҷаҳд намоянд.
Ин ҷонварони беозор дар паҳлуи мо зиндагонӣ мекунанд ва ба ғамхории мо эҳтиёҷ доранд. Мо бояд дар фасли зимистон, ки барои онҳо як мавсими сахту мушкил аст, ба онҳо ғамхортар бошем. Шогирдонро водор кунем, ки барои онҳо дон диҳанд, дар шохи дарахтону бомгўшаҳо лонаҳо созанд. Дар мактаб гузаронидани чорабиниҳои махсус, аз қабили «Парандагон- дўстони мо», «Парандагон – ҳусни табиат» бисёр муфид аст. Хонандагон аз корҳои дар ин самт анҷомдодаи худ ба роҳбарони синф маълумот пешниҳод мекунанд. Фаъолони чорабинӣ ҳатман қадрдонӣ карда мешаванд. Илова бар ин, гузаронидани озмуни «Парандаи дўстдоштаи ман» ҳам муфид аст. Хонандагон сурати парандагони дўстдоштаи худро мекашанд, доир ба онҳо шеърҳо мегўянд. Ин кор истеъдод ва ҷаҳонбинии шогирдони моро комил мекунад. Дар оянда онҳо саъй мекунанд, ки парандагонро озор надиҳанд ва ҳимоя кунанд. Доир ба ин мавзўъ ҳамдастии волидайн ва омўзгорон ниҳоят муҳим аст. Агар мо ҳамдилона амал кунем, дўстони болдори худро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медорем. Ин байти шоир бояд шиори зиндагонии шогирдони мо гардад:
То сухан парвоз омўзад зи мурғони ҳаво,
Лонаҳои мурғакон дар шохсорон зинда бод!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё