Омўзгор – ҳуснбахши рўзгор
Омўзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти омўзгор вобастагии зич дорад.
Бачаҳо мактабро дўст медоранд ва бо шодию хурсандӣ, бо як ҷаҳон умед ба ин даргоҳ қадам мегузоранд. Дар мактаб кўдаконро омўзгор пешвоз мегирад ва бо тамоми ҳастӣ саъй мекунад, ки ташнагии ин иштиёқмандони илму адабро рафъ созад.
Агар муаллим ба роҳу усулҳои гуногун диққати бачаро ба мавзўи таълимӣ равона карда тавонад, дар шуури хонанда ҳар дарс нақш мебандад. Омўзгоре, ки нисбат ба мактабу шогирдон меҳр дорад, ба синфхона танҳо ба мақсади ором кардани шогирдон ё худ нақли умумии мавзўъ намедарояд, балки ў кўшиш мекунад, ки бачаҳо фаъол бошанду нисбат ба мавзўъ вокунише нишон диҳанд. Муаллим бояд, пеш аз ҳама, бо дониши мукаммал мусаллаҳ бошад ва тарзи ба самъи хонандагон расондани донишро донад.
Омўзгор баробари меҳрубонӣ, сахтгир буданаш лозим аст. Сахтгирӣ ба маънои тарсондани бача нест, балки серталабӣ нисбат ба кўдак аст. Агар муаллим супориш диҳаду минбаъд аз пайи санҷиши он нашавад, бача бепарво шуда, дигар ба сабақомўзӣ дилгарм намешавад. Масалан, бигирем дафтари хонандаро. Он ба назар як ашёи одӣ менамояд, вале вазифаи он бисёр бузург аст. Дафтар хонандаро саводнок мекунад. Агар муаллим саривақт дафтари бачаро санҷида, барои супоришҳои мустақилонаю хонагӣ баҳои лоиқ гузорад, шогирд нисбат ба устоду фанни таълимӣ меҳр пайдо мекунад. Ба шогирдон супориш диҳему натиҷаи ин супоришро пурсон нашавем, бачаро нисбат ба хеш ва фанни таълимӣ бепарво мекунем.
Сарфи назар аз он ки аз кадом фан дарс медиҳад, муаллим бояд сермутолиа бошад. Агар муаллим рўзномаву маҷалла ва китоб нахонад, на донишаш меафзояд ва на таҷрибаву малакаву маҳорат ҳосил мекунад. Мутолиаи китоб баробари васеъ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинӣ ҳисси масъулиятшиносии омўзгорро баланд мебардорад.
Банда бисёр омўзгорони фанҳои риёзӣ, физика ва кимиёро медонам, ки мутолиаи китоби бадеиро дўст медоранд ва аз ин рў, дарсҳояшон хубанд ва шогирдонашон низ пешқадаманд. Маҳз ин қабил омўзгорон ба шогирдон талқин мекунанд, ки китоб чун офтоб замиру хиради инсонро бедору вуҷудашонро нурафшон мекунад.
Муаллиме, ки мағрурона «ман ҳама чизро медонам» гўён аз пайи омўзиш ва тайёрӣ ба дарси ҳаррўза намешавад, батадриҷ сифатҳои омўзгорӣ ва обрўи хешро аз даст медиҳад.
Бале, муаллим меҳвари ҳаёти мост. Рўзгор бе омўзгор маъние надорад, балки тираву тор аст.
Меҳнат фаъолиятест, ки хусусияти иҷтимоӣ дорад ва натиҷаи он ба манфиати аъзои ҷамъият равона карда мешавад. Аҳамияти чунин усули кор дар он аст, ки калонсолон иҷрои вазифаҳои тарбия, муносибати эҳтиёткорона ба ашёи шахсию ҷамъиятӣ, тозагию озодагӣ, интизом ва ғайраҳоро таъмин менамоянд. Дар навбати худ, кўдакон бовар ҳосил менамоянд, ки ба воситаи меҳнат мушкилию нобасомониҳоро бартараф намудан мумкин аст. Намунаи ибрати волидон, мураббӣ низ дар тарбияи иқтисодии кўдакон аҳамияти калон дорад.
Мақсад ва вазифаҳои тарбияи меҳнатӣ вобаста ба синну соли бачаҳо муайян карда мешавад. Мақсади тарбияи меҳнатӣ аз ҷиҳати амалӣ ва психологӣ омода намудани кўдакон ба фаъолияти меҳнатӣ, ташаккул додани муносибати мусбат ба меҳнат мебошад.
Ёд додан, омўзонидани кўдакон ба меҳнат, иштирок дар меҳнати ҷисмонӣ ва ақлию зеҳнӣ вазифаи муҳими оила, кўдакистон ва мактаб аст. Иҷрои ин вазифа дар раванди тарбияи меҳнатӣ таъмин мегардад.
Дар шароити ҳозира яке аз вазифаҳои тадқиқоти илмии кормандони муассисаҳои томактабӣ аз ҷиҳати амалӣ тафтиш ва тадқиқ намудани мазмуни меҳнат дар давраҳои синнусолии томактабӣ, такмил додани методу шаклҳои ташкилу роҳбарӣ ба фаъолияти меҳнатии кўдакон мебошад.
Хусусияти фарқкунандаи меҳнати кўдакони синни томактабиро ба таври зайл арзёбӣ намудан мумкин аст:
Кўдак дар натиҷаи меҳнати худ арзишҳои моддии аҳамияти иҷтимоидоштаро офарида наметавонад, гарчанде меҳнат хусусияти иҷтимоӣ дошта, он ба манфиати ҷамъият нигаронида мешавад.
Меҳнати кўдак хусусияти тарбиявӣ дорад;
Меҳнати кўдакон ба бозӣ наздик аст. Кўдак бозӣ карда истода, ба меҳнат мегузарад ва ё ҳангоми иҷро намудани супориши меҳнатӣ ба бозӣ мегузарад;
Дар рафти меҳнат кўдак маҳорату малакаи аввалини меҳнат карданро аз худ менамояд;
Меҳнати кўдак вобаста ба вазъият, имконият ва хусусиятҳои фардию синнусолии ў ташкил карда мешавад;
Гарчанде ҳама компонентҳо ҷузъҳои таркиби фаъолият вуҷуд дошта бошанд ҳам, фаъолияти меҳнатӣ дар зинаи инкишофёбӣ буда, он иштирок намудан дар меҳнат ва ёрӣ расондан ба калонсолонро дар назар дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё