Хислатҳои шифобахши челон
Ин самари дарахтест баргаш дарозак, пӯстлохи чӯбаш сурхи холдор, инчунин чӯбаш ҳам сурхранг аст. Самараш ба самари санҷид шабоҳат дорад, баъди расидан, яъне баъди пухтан сурх мегардад, ширин мешавад. Мизоҷи навпухтаи он дар гармиву сардӣ мӯътадил, вале моил ба тарӣ мебошад. Аммо Абӯалӣ ибни Сино дар дараҷаи якум сард ва мӯътадил дар хушкӣ ва каме рутубат дорад, гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: самари челонро бихӯранд, ахлоти ғализро дар бадан мепазонад ва барои дафъ гаштани онҳо муҳайё месозад; узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад; ахлот (моддаҳо)-и рақиқ (суюқ)-ро бо исҳол дафъ менамояд: дағалии узвҳои даруни сина, ҳалқ ва овозро, ки сабабаш ҳарорат бошад, шифо мебахшад; сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дардҳои узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; хунро соф менамояд ва хуни солим аз он пайдо мешавад; тафс ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад; гармӣ ва дарди ҷигар, гурда ва хичакро сокин мекунад; бемориҳои мақъад, сӯзиши меъда ва рӯдаҳоро дафъ мекунад, мизоҷи вайронгаштаи ҷигарро ба ислоҳ меоварад...
Челонро сойида, батанҳоӣ ё бо донакаш кӯфта гузошта банданд, тафс ва варами гарми чашмро таскин медиҳад. Хӯрдани самараи челон барои бемориҳои узвҳои даруни сина, шуш, монанди: сурфа, дамкӯтаҳӣ ва дарди узвҳои даруни сина даво мебошад; дағалии узвҳои даруни сина, ҳалқ ва овозро дафъ мекунад. Хушки онро бо давоҳои муносиб ҳамроҳ карда бихӯранд, аз барои иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш беҳтар аз тару тозаи он аст.
Челон бодангез, дерҳазм ва раддӣ аст барои меъда, вале баъд аз хӯрдан аз он моддаи сара дар бадан пайдо мегардад, андак часпак аст, узвҳои даруни шикам ва синаро мулоим менамояд, ахлоти рақиқро бо исҳол дафъ мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро мепазонад ва он моддаҳоро барои дафъ шудаи тайёр месозад; тафси меъда, ҷигар ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад, ҳоли ҷигар ноҷӯр шуда бошад, ислоҳ мекунад, бемориҳои мақъадро шифо мебахшад (хусусан пухтаи нимхушки он дар ин бобат хубтар аст)...
Агар нимраси онро бихӯранд, дарунро мебандад.
Инро бо донакаш сойида бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад; челони донакдорро монанди орд ос карда ва андак тафсонида, бо оби сард бихӯранд, дарунро мебандад ва исҳолро дафъ мекунад. Ба қавле хӯрдани челони нимрасида барои бемориҳои ҷигар, гурда ва хичак фоида дорад.
Челонро дар арақи коснӣ як шабонарӯз тар карда ё дар он арақ ҷӯшонида, он арақро бо сиканҷабин биёшоманд, барои шаро (аллергия), нағзак (гулак), сурхича (сурхакон)-и сафровӣ дору мебошад; шиддати ҷӯшиши сафро ва хунро таскин медиҳад...
Челонро як шабонарӯз дар гулоб тар карда, баъд он гулобро бо шакар биёшоманд, аксари бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад, инчунин зарари шаробро дафъ мекунад ва кӯряраҳоро фоида дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз челон дар як рӯз то 50 адад аст.
Ба ҷойи ин сагпистонро истеъмол фармоянд, раво мебошад...
Вале хӯрдани челон ба меъдаи хунукмизоҷи тар зарар дорад, бодангез аст, хусусан аз ҳад зиёд бихӯранд, ин хислаташ бештар зоҳир мегардад.
Давои ин зиёнаш шакар, мавизи тоифӣ ва гулоб хӯрдан аст. Инчунин хӯрдани челон маниро кам мекунад, боҳро суст мегардонад. Ва давои ин зарарҳояш асал ва давоҳои қувватбахши боҳ хӯрдан аст.
Чун барги онро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда, ҳар рӯз аз он то панҷ рӯз 150-граммӣ бо каме шакар пай дар пай биёшоманд, хориши баданро дафъ мекунад.
Барги хушкашро маҳин ос карда, бехта, бипошанд, решҳои хӯранда ва решҳои хабисаро хоҳ дар даҳан бошанд ва хоҳ дар узви дигар, шифо мебахшад — ин беҳтарин давоест ба шарте, ки аввал ба он ҷо асал бимоланду баъд бипошанд...
Чун пӯстлохи дарахти челонро маҳин сойида, даруни решҳои раддӣ ва хабисаро аз он пур кунанд, онҳоро аз риму рутубат пок месозад ва шифо мебахшад— дар ин бобат давои беҳамто аст. Аррамайдаи чӯби онро биёшоманд, харошида шудани сатҳи даруни рӯда, хориши бадан ва қӯтурро дафъ мекунад.
Агар инро гузошта банданд, устухони шикастаро ба ҳам пайваст менамояд ва агар инчунин устухон беҷо гашта бошад, ба ҷояш мебарад.
Шилмашро батанҳоӣ ба чашм бимоланд, ҳамаи бемориҳои онро шифо мебахшад; агар бо сирко сиришта бимоланд, барои шукуфаи пӯст дармон мешавад.
Барги тарашро бихоянд, забонро карахт ва беҳис мегардонад, бинобар ин пеш аз истеъмоли давоҳои исҳоловар онро мехоянд, то ки забон таъмҳои ногувори он давоҳоро ҳис нанамояд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё