МӮМИЁ ДАВОИ БИСЁР БЕМОРИҲОСТ
Мӯмиё
- моддаи сиёҳранги қирмонанде, ки дар баъзе ғорҳо аз дарзҳои санг таровида мебарояд ва хӯрдани он барои зуд пайванд ёфтан ва сиҳат шудани устухони шикаста нофеъ аст;
- ҷасади ба таври махсус бо доруҳо хушконидашуда, ки дер меистад;
Баъди санҷиши клиникии дуру дарози мумиё дар ҳайвонҳо ва одамон олимони Ӯзбекистон меъёри (доза) ба касалҳо додани мумиёро муайян кардаанд. Мумиёро саҳар дар шиками холӣ пеш аз хӯроки саҳарӣ дар як рӯз як бор, дар шакли хока, сахт ё маҳлули обӣ истеъмол менамоянд. Мумиёро бо об, чой, ширу шакар ё ширу асал менӯшанд. Вояи қабул аз синну сол ва ҳолати бемор вобастагӣ дорад, Вояи якрӯзаи қабули мумиё барои калонсолон 0,15г-0,2г. Баъди 10-рӯзи қабули мумиё 5 ва 10 рӯз танафус карда мешавад, баъд қисми дуюми (давоми қисми якум) табобатӣ сар мешавад. Ҳамин 2 - курс барои табобат ёфтани бемор кифоя аст. Вале ҳангоми шикастани устухони калон (кос), миён, зону 3,4,5-курси табобатӣ тавсия гардидааст.
Барои кӯдакон вобаста ба синну оол мумиёро ин тавр истифода мебаранд: аз 3 моҳа то 1 сола 0,01-0,02г (10-20мг) дар як шабонарӯз, то 9-солагӣ - 0,05г (50мг) дар як шабонарӯз, аз синни 9 то 14 сола - 0,1г (100мг) ҳар рӯз. Мӯҳлати қабул ва курси қабул ҳамчун тавсия барои калонсолон як хел аст.
Соли 1969 профессор Исмоилова В.Н. (Тошканд) дар шароити клиникӣ мумиёро барои табобати устухонҳои шикастаи коси кӯдакони аз сини 2 то 16 сола истифода намудааст. Касалҳо мумиёро ба микдори 0,1-0;2г ду маротиба дар як шабонарӯз, вобаста ба синну солашон қабул кардаанд. Вояи аз ҳама зиёд 0,5г-ро ташкил медод. Аз 52 нафари беморони табобатгирифта, ду нафари онҳо дар рафти муолиҷа ба ҳодисаҳои иловагӣ аз қабили қайкуни дучор гаштаанд. Ба ҳамаи беморони боқимонда мумиё таъсири мусбат расонидааст.
Солҳои 1968-1970 Ю. Н. Нуралиев (Тоҷикистон) ба каламушҳо мумиё ҳӯронида, протсееси раванди таҷдиди (регенеративӣ) амалӣ гаштаи захми дистрофиро дар меъдаи онҳо мушоҳида карда, натиҷаҳои мусбат ба даст овардааст. Дар ду клиника, дар кафедраи проиедевтикавии касалиҳои даруни Институти тиббии Қирғизистон ва «Санитарию гигиенӣ» - и Леиинград (Санкт - Петергбурги ҳозира) таҳқиқи муолиҷавии касалиҳои захми меьда ва рӯдаи 12-авгушта гузаронида шудааст. Табобат дар шароити статсионарӣ гузаронида шуда, мумиёро ҳамчун илова 6а хӯрок ба миқцори ОДг дар як қошуқ чой ё оби чӯшонидашуда, ба касалиҳо 2 маротиба дар як рӯз ба мӯҳлати 26 рӯз додаанд. Баъди 7 рӯзи табобат беҳтаршавии ҳолати ногувори беморон рӯ ба беҳбуди овардааст ва дар охири табобат ҳамаи онҳо бе ягон ҳодисаҳои ногувори иловагӣ сиҳат гаштаанд...
Мӯмиё низ мисли дигар доруҳо усули махсуси истифодаро дорад. Онро, масалан, шумо метавонед, дар тӯли 10 шабонарӯз, шабона, 0,2 грамммӣ истеъмол намоед. Метавон ҳамроҳи равған, инчунин бо зардии 3-4 дона тухм истеъмол намуд. Баъд аз ин ҳатман 5 рӯз танаффус кунед ва муолиҷаро боз 3-4 маротибаи дигар давом диҳед.
Ба ҷойҳои дардманди бадан компрес кардани мӯмиё низ нафъ дорад.
Бо ин мақсад З грамм мӯмиёро дар 100 мл. об ҳал кардан лозим аст. Беҳтар мешуд, ки қабл аз оғози табобат шумо организми худро аз ҳар гуна боқимондаи маҳсули мубодилаи моддаҳо (шлакҳо) ва кислотаи пешоб тоза намоед. Бо ин мақсад 7-10 рӯз парҳез карданатон лозим меояд (гуруснагии муолиҷавӣ).
ХОСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИИ МӮМИЁ.
Мӯмиёро аз қадим барои табобати фишори паст, инфаркти миокард, сардард, дарди меъдаю рӯда, дарунравӣ, гулӯдард, сили устухон, бемориҳои пӯст ва экзема истифода мебурданд.
Инчунин барои пайвасти узвҳои шикастаю зарбдида ва дигар намуди ҷароҳат, сӯхтагӣ истифода менамоянд.
Дар баробари ҳамаи ин шифобахшии мумиё ба касалҳои ҷигар, гурда, роҳҳои пешоб, захми меъда, бемориҳо аз таъсири нур ва хуни сафедгардида низ ошкор шудааст.
Дар тибби Ҳиндустон онро барои диабети қанд низ истифода мебаранд. Хосияти хуби мӯмиё дар он аст, ки ба одам таъсири таксинӣ надорад. Мӯмиё ҳатто ба зани ҳомила низ ҳеҷ хел таъсири манфӣ надорад. Вобаста ба намуди касал мӯмиёро ҳам менӯшанд ва ҳам чун малҳам истифода мебаранд. Мӯмиёро махдул карда нӯшед.
Барои бемории даҳон, гулӯ, меъда, дар 10 қошуқ об 0,2 г-ро омехтан лозим аст. Давомнокии табобат 30 рӯз бо танаффуси 5-10 рӯзӣ мебошад. Истеъмоли мӯмиё бо оби ҷӯшида ва шир барои тарбод низ шифобахш аст. Барои бартараф намудани заҳри неши ҳашарот низ кӯмак мекунад.
Ба вуҷуди одам қувват мебахшад. Барои сиҳат шудани устухонҳои шикаста ва ҷароҳатҳо кӯмак менамояд.
Мӯмиёро бо шир ё асал нӯшидан даркор аст, вагарна истеъмоли давомноки танҳо мӯмиё ба луобпардаи зери меъда зиён мерасонад. Аҳамият ва шифобахшии мӯмиё ба тозагӣ ва вақту соати истеъмол ва риояи меъёри он вобастагии сахт дорад.
Тавсия дода мешавад, ки мӯмиёро субҳи барвақт ва шаб се соат баъд аз хӯроки шом нӯшидаи ба мақсад мувофиқ мебошад. Баъди нӯшидани мӯмиё ҳатман як соат беҳаракат дар ҷойгаҳи хоб будан шарт аст.
Меъёри нӯшидани мӯмиё барои одамони калон 0,2 гр, кӯдакони аз семоҳа то яксола 0,001-0,002 гр, аз яксола то 9 сола 0,05 гр. аз 9 сола то 14 сола - 0,1гр. мебошад. Мӯмиёи тоза бӯйи тез ва таъми талх дорад.
Зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст.
Олимон ва табибони машҳур мумиёро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулӯ, баъзе бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунин ҳангоми газидани мор ва дигар ҷонварҳо чун подзаҳр истифода мебурданд. Дар Ҳимолой, кӯҳистони Арабистону Эрон ва мамлакатҳои дигар ёфт мешавад.
Хусусияти шифоӣ:
Таъсир ва қобилияти шифобахшии мумиё ба макроэлементҳо ва микроэлементҳои таркиби он вобаста аст. Тадқиқотҳои кимиёӣ нишон доданд, ки мумиёи тоза 29-30, начандон тоза 21-23 ва ифлос 14-15 хели макро ва микроэлемент дорад. Миқдори моддаҳои органикӣ (то 22 %) ва хусусан нитроген (32-46 %) зиёд мебошад. Омӯзиши фармакологӣ безарар будани мӯмиёро исбот намуда, нишон дод, ки мӯмиёи бо усули махсус тоза карда шуда, барои муолиҷаи захми меъда, захми пӯсту мушакҳо, иллату омоси асабҳо, шикастагии устухон ва ғайра ёрӣ мерасонад.
Ҳазору як хислати мӯмиё:
Мӯмиё — мӯмиёи аслӣ, балзами кӯҳӣ маҳсули биологии қатронӣ буда, фаъолияти физиологиро баланд мебардорад.
Он аз замонҳои қадим дар тиб истифода мешавад. Абубакри Розӣ аз он барои дарди сар, чарх задани сар, хунукии асаби рӯй ва хуруҷ истифода кардааст. Абӯалӣ ибни Сино онро доруи «умумӣ» номидааст.
Мӯмиё як моддаи мулоим ва талх аст, ки дар об ҳал мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳои олимон дар мӯмиё кариб 30 элементи ҷадвали даврии Менделеев ва 63—65 фоиз моддаҳои органикӣ мавҷуданд.
Мӯмиё микробҳоро кушта, ҷароҳат, захм ва устухонҳои шикастаро зуд шифо мебахшад. Мӯмиё шираи аз харсангҳо ҷоришуда, «Марҳами мӯъҷиза»-и қадим аст.
Мӯмиё аз замонҳои қадим дар табобати бисёр бемориҳо самаранок истифода мешавад. Дар таркиби мӯмиё макро ва микроэлементҳо, даҳҳо оксидҳои металл, зиёда аз бист кислотаи аминокислотаҳо, гормонҳои стероидӣ, сафеда, як қатор витаминҳо, равғанҳои эфирӣ мавҷуд буда, ба мубодилаи моддаҳо таъсири беназир дорад.
Мӯмиё вазифаи шабакаҳои асабҳои периферикии заиф ё марказҳои анализаториро дар майна барқарор мекунад.
Механизми амали мӯмиё хеле мураккаб буда, ба фаъолияти организм ва равандҳои дар он ба амаломада таъсири гуногунҷабҳа дорад.
Ҳангоми табобат бо мӯмиё нӯшидани машрубот манъ аст. Мӯмиё доруи муқаддас буда, дар зиёда аз 50 бемориҳо истифода мешавад. Дар таркибаш пайвастагиҳои муҳими барои организм зарурӣ мавҷуд аст.
Ҳар яке аз элементҳо, аз ҷумла калий, калсий, магний, алюминий, оҳан, фосфор, барий, молибден, хром, руҳ вазифаи худро доранд. Норасоии ин элементҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад.
Аз ин рӯ, ҳангоми ба беморон додани мӯмиё он микроэлементҳои дар бадани бемор нарасидаро иваз мекунад. Он системаи иммунии баданро фаъол мекунад ва қобилияти кори онро зиёд мекунад. Мӯмиё дар об хуб ҳал мешавад, онро ҳал карда, дар меъдаи холӣ мехӯранд.
Баъд аз ин, шумо набояд 20-30 дақиқа хӯрок хӯред. Мӯмиёи софро дар шакли таблетка, малҳам, маҳлул ва дигар доруҳо истифода мебаранд. Мӯмиёро вобаста ба вазни бемор истеъмол мекунанд. Беморони вазни то 70 кг 0,2; ба онҳое, ки вазнашон 80 кг аст, тавсия дода мешавад, ки 0,3 г истеъмол кунанд. Барои бемориҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла ҷигар, гурда, дил, шуш мумиёро дар оби гарм ҷӯшонида, бо асал бихӯранд. Тавсия дода мешавад, ки онҳоро то ҳадди имкон дар холӣ будани меъда бихӯред...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё