Табиб бисёр донишманд
Овардаанд, ки дар замони ҳукумати подшоҳ Маъмун аз шаҳри Рум ба назди ӯ табибе фиристоданд. Табиб бисёр донишманд буд, ба дараҷае, ки сесад касро ҷамъ оварданд ва ҳар яке аз онҳо ба шишаҳо пешоб карданд ва шишаҳоро бо якдигар иваз карданд. Яке шишаи дигареро гирифта ба пеши табиб мебурд.
Ҳатто пешобҳои чанд нафареро дар як шиша андохта, ба назди ӯ бурданд.
Донишмандии ӯ чунон буд, ки соҳиби аслии ҳар кадоми он шишаҳоро ёфта, доруи онҳоро муайян менамуд. Ҳама аз донишмандии ӯ ҳайрон шуданд, лекин ӯ ба Худо бовар надошт.
Мегуфт: агар касе бар ҳастии Худо далел орад, ман мусалмон мешавам. Олимҳои Рум аз далели боварибахш овардан оҷиз монданд. Ҳама ҷамъ шуда машварат намуданд ва гуфтанд, ки дар фалон деҳа Хоҷа Аҳмад гуфтанӣ шахси донишмандест, ӯ метавонад, бо табиб баҳс кунад. Подшоҳ барои овардани ӯ шахсеро равон кард ва воқеаро ба вай расониданд.
Хоҷа Аҳмад гуфт: шумо маҷлисро ташкил кунед ва ӯро ба сухан машғул гардонед, ман дертар меоям. Маро суол кунед, ки чаро дер омадӣ?
То ман ҷавоб гӯям.
Ҳамчунон маҳфил оростанд. Хоҷа андаке дертар ба маҷлис ҳозир шуд.
Подшоҳ аз вай пурсид: Хоҷа, чаро дер омадӣ?
Хоҷа гуфт: ба лаби дарё рафтам, то ин ки таҳорат кунам, аҷоиберо дидам, ба тамошои он дер мондам.
Подшоҳ гуфт: чӣ дидӣ?
Хоҷа гуфт: дидам, ки дарахте аз замин баромад бе он ки ӯро касе бибурад, бияфтод ва дар замон тахтаҳо шуд ва дар якдигар баста шуд. Ва бе дуредгар киштӣ шуд ва бе ронанда ба рӯи об равон шуд. Машғули тамошои ин шудаму дер мондам.
Табиб ин суханро шунида гуфт: ин пири беҳудагӯй омадааст, ки бо ман баҳс кунад, ин девона аст, баҳсро нашояд.
Хоҷа гуфт:‘беҳудагӯй ва девона чароям?
Табиб гуфт: Муҳол мегӯйӣ. Ҳаргиз дарахт ҳуд намебарояд, ки худ афтода тахта шавад ва дар якдигар баста шавад ва бе дуредгар киштӣ шаваду бе ронанда дар об равон шавад.
Хоҷа гуфт: пас, эй ноҷавонмард, вақте ки дар сохтани як киштӣ ин муҳол омад, ки бе созанда дар об равон нашавад, оламе бад-ин оростагӣ чи гуна бесонеъ бибошад ва ин осмон бад-ин баландӣ ва ин замин бад-ин маҳкамӣ ва ин чандин ҳазор сурат бад-ин зебоӣ худ ба худ чӣ гуна мавчуд шаванд? Касе, ки оламро бе сонеъ гӯяд, пас беҳудагӯй ва девона ӯ бошад.
Табиб ҳайрон шуда лаҳзае андешид, баъд аз он cap бароварда гуфт: бар худ такабур натавон кард ва гуфт: Ла Илоҳа Илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ ва мусулмон шуд.
\* \* \*
Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,
Ҷуз ба фармони худо макшой лаб.
Хоҷа ин суханро аз барои ҳуҷҷат гуфт, на барои дурӯғ гуфтан.
Бародар ва хоҳари азиз, худовандро, ки шинохтӣ, бояд ба гуфтаҳои ӯ амал намоӣ, то ки дар дунё ва қиёмат сарбаланд ва обрӯманд бошӣ. Шахсе, ки даъвои мусалмонӣ мекунад, ӯ бояд бидонад, ки имон чист? Ва ислом чист? Ва дин чист? Ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳу алайҳи мегӯяд, ки имон иқрор кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, ҳамин калимаи шарифро - Ла Илоҳа Илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ, яъне нест Худое ғайри Худои таборак ва таоло ва Муҳаммад фиристодаи Худои таолост.
Ислом бошад, худро ба шариат супоридан ва амрҳои шариатро ба гардан гирифтан аст. Имон бе ислом ва ислом бе имон дуруст намешавад. Аз ин фаҳмида мещавад, касе ки ба Аллоҳ бовар дошта бошад ва амалҳои исломиро ба ҷо наёрад, имони вай комил нест ё амалҳои исломиро ба ҷо орад ва ба Аллоҳ бовар надошта бошад, имони ӯ низ комил нест. Барои ҳамин кӯшиш кардан лозим аст, ки баъди Аллоҳро шинохтан амалҳои исломиро ба ҷо биоварем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё