Зеҳн

Мухаммас бар ғазали Бедил - Садриддин Айнӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ7 ноябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Абри хат бебок чун бар рўи моҳе меравад,

Ашки сурхам з-ин алам бар чеҳрагоҳе меравад.

Гарчи имрўзат лақаб навхат паноҳӣ меравад,

«Баъд аз инат сабзаи хат дар сиёҳӣ меравад,

Эй зи худ ғофил, замони хушнигоҳӣ меравад».

Нест ҳоҷат корвони ишқро бонги дуҳул,

Ошиқонро аз назар пўшида мебошад субул,

Аз куҷо омад, надонӣ, нашъа дар минои мул,

«Кист, гардад монеи ранг аз тавофи барги гул,

Хуни ман дар доманат, хоҳӣ — нахоҳӣ, меравад».

Мурдам аз ҳиҷрон, нашуд аз боғи васлат накҳате,

Ай сарат гардам, худоро, бар асирон раҳмате,

Дил зи каф шуд муфт,дар роҳат надидам шафқате,

«Cон ба пеши табъи бебокат надорад қимате,

Ройгон ин гавҳар аз дасти сипоҳе меравад».

Аз фироқат тан фитад ҷоею ҷон — ҷои дигар,

Гар ҳамин соат намеорӣ ба болинам гузар,

Дар ҷаҳон з-ин пас нахоҳӣ ёфтан аз ман асар,

«Бе ҷамолат ҷуз ҳалоки худ надорам дар назар

Марг мебинад, чу об аз чашми моҳӣ меравад».

Дард агар пирист, аз дармон на уммеди беҳист,

Ҳосили умрам зи ишратгоҳи даҳр ин огаҳист,

Қадди мино хам агар бошад ба базм, аз май тиҳист,

«Бо қади хамгашта фикри сайди ишрат аблаҳист,

Ҳамчу мавҷ, аз чанги ин қуллоб моҳӣ меравад».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба