Саноии Ғазнавӣ - Маснавии Тариқуттаҳқиқ
ПАНД
Умр зоеъ макун ба бехирадӣ,
Дур шав дур аз сифоти дадӣ.
Бо даду дев чанд ҳамнафасӣ,
Илм омўз то ба Ҳаққ бирасӣ.
Ҳар кӣ аз илми ҳақ нашуд огоҳ
Дар биёбони ҷаҳл шуд гумроҳ.
Охир ин кори илмбозӣ нест,
Илми дин порсию тозӣ нест...
Чист илм? Аз ҳаво раҳонанда
Соҳибашро ба Ҳаққ расонанда.
Ҳар кӣ бе илм рафт дар раҳи Ҳаққ
Хонадаш ақл кофари мутлақ.
Аз ҳузураш, ки ҳаст номаҳдуд
Ҳар киро илм нест, шуд мардуд.
Агарат ҳаст орзўи қабул
Рав, ба таҳсили илм шав машғул.
Ҳикмат омўз то ҳаким шавӣ,
Ҳамраҳу ҳамдами Калим шавӣ.
Чун ту дар банди илми дин бошӣ,
Сокини хонаи яқин бошӣ.
Нафси аммораро бидонӣ чист,
Гоҳу бегоҳ ҳамнишини ту кист.
Ту агар неки некӣ, ар бади бад
Баду неки ту бо ту бошад х(в) ад.
Чун бадӣ, пас бидон, ки бехирадӣ,
Ки хирад нест раҳнамуни бадӣ.
Хар кӣ парвардаи хирад бошад,
Кай дар ў феъли деву дад бошад.
Ҳар киро иззи он ҷаҳон бояд,
Домани дил ба бад наёлояд.
Гар кунад ақл некият талқин
Пас туву боргоҳи иллайин.
В-агарат дев раҳнамой бувад,
Асфал-ассофилин-т ҷой бувад.
Некии ту зи хушсипосии туст,
Бади ту зи ношиносии туст.
Гар ишорат бувад шиносу сипос,
Ин нидот ояд: анта хайрун-нос...
Ҳикоят
Буд дар аҳди мо шаҳе кофар,
Номи ў дар ҷаҳон ба адл самар.
Сояи адл дар ҷаҳон густард,
Халқро дар хати амон овард.
Мулки худро ба адл кард обод,
К-офарин бар шаҳони одил бод.
Меҳрубон буд бар раияти хеш,
Аз барои салоҳи давлати хеш.
Дар паноҳи раият осуда,
Ў ба доду деҳиш бияфзуда.
Эзидаш иззи инҷаҳонӣ дод,
Муддате дер зиндагонӣ дод.
Рўзгоре ҷаҳонгўшоӣ кард.
Комронию подшоҳӣ кард.
Боз дидам, ки золимон буданд,
Дар чаҳон ҳафтае наёсуданд.
3-он ки ў золими мусулмон буд,
Халқ оҷиз, Худой нохушнуд.
Чашми дил боз кун зи рўи яқин,
Зулми Ҳуҷоҷу адли Кисро бин.
Он яке кофари писандида,
В-ин мусулмон вале накўҳида.
Зулм аз ҳар кӣ ҳаст нек бад аст,
Он ки ў золим аст, бехирад аст.
Ҳар куҷо зулм рахт афгандаст
Мамлакатро зи ранҷ баркандаст.
Ҳар куҷо адл рўй бинмудаст
Неъмат андар ҷаҳон бияфзудаст.
Адл бозўи шаҳ қавӣ дорад,
Қомати мулк муставӣ дорад.
Адл шамъе бувад ҷаҳонафрўз,
Зулм шуд оташе мамоликсўз.
Рахна дар подшоҳӣ орад зулм,
Дар мамолик табоҳӣ орад зулм.
Шаҳ чу золим бувад напояд дер,
Зуд гардад бар ў мухолифгир.
Зулм то дар ҷаҳон ниҳод қадам,
Офият шуд дар инзивои адам.
Адл то соя аз ҷаҳон бардошт,
Хушдилӣ рахт аз ҷаҳон бардошт.
Модари хуррамӣ ақим бимонд,
Ғусса дар синаҳо муқим бимонд.
Ҷигари аҳли дил пур аз хун шуд,
Дили арбоби фазл маҳзун шуд.
Дар ҷаҳоне, ки ҳаст кавну фасод,
Даркашиданд рух салоҳу садод.
Даври гардун нигар, ки чун дун шуд,
Ҷунбиши ахтарон дигаргун шуд.
Баркашид осмон лаимонро,
Тира кард ахтарон каримонро.
Хок бар тораки заифон бехт,
Обрўи ҳама шарифон рехт.
Ин лаимон, ки сар бароварданд,
Одату расми дигар оварданд.
Ҳама аз дониш аст даъвишон,
Лек бедонишист маънишон.
Илмашон баҳри фитнаангезист,
Фазлашон аз барои хунрезист.
Бўи ганд ояд аз фазоилашон
Дев бигрезад аз шамоилашон.
Хештан носипосу беадабанд,
Ҳама озори Ҳақро сабабанд
Он чӣ бинӣ, ки муштариназаранд
Ки зи кайвони наҳс наҳстаранд.
Ҳам забоншон зи фаҳш н-осуда,
Ҳам даруншон ба хубс олуда.
Оламе пур зи деву дад бинӣ,
Ҷумла масти шароби худбинӣ.
Ҳам яке ҳамчу дев дар таку пўй
Ҳама дур аз Худову дунёҷўй.
Ту чӣ гўӣ чунин ки эшонанд.
Бикан андешаи мусулмонанд.
В-ин гуруҳи дигар, ки мазлуманд
Андар ин рўзгор маҳруманд.
Ҳама саргаштаву парешонанд,
Хастаи таънаҳои эшонанд.
Оҳашон сўхт сақфи гардунро,
Ашкашон Даҷла кард ҳомунро.
Аҷаб, ар оҳашон асар накунад,
Дуди дилшон ҷаҳон сақар накунад.
Ҳаст агар нест, ў сухандонтар,
Кори ў дар ҷаҳон басомонтар.
В-он кӣ донад, ки дину дунё чист,
Як нафас хуш наметавонад зист.
Ҳикоят
Рўзе аз рўзҳо ба роҳи гузар
Хараке бар дўкони оҳангар
Аз қазо мегузашт бо ҳима
Шараре ҷаст аз яке нима.
Ҳама оташ гирифту яксар сўхт,
Охируламр дар миён хар сўхт.
Оташат хислати замимаи туст,
3-он ки феъли замима ҳимаи туст.
Чун ту бо ҳима бар сақар гузарӣ,
Ачаб ар бигзарӣ ва ҷон бубарӣ.
Нагзарӣ з-он ки бас гаронборӣ
Зери бори гарон гирифторӣ.
Хўрдану хуфтан аст одати ту,
Баҳра ин аст аз саодати ту...
ДАР ВАҲДОНИЯТ
Ба яқин Воҷибулвуҷуд якест,
Ҳар чӣ дар ваҳму хотир ояд, нест.
Моликулмулк, подшоҳи баҳақ
Муншии нафсу фоили мутлақ.
Ҳар чи дар кулли кавн кўҳна, нав Ўст,
Ҳаст мафъулу фоили ҳама Ўст.
Бе қалам сурати бадеъ нигошт,
Бе сутун хаймаи рафеъ фарошт.
Моябахши уқули авло Ўст,
Фотири сурату ҳаюло Ўст.
Назми таркиби офариниш дод,
Чашми дилро камоли биниш дод.
Нақшбанди вучуд ҷуз Ў нест
Мустаҳаққи суҷуд ҷуз Ў нест.
3-он ки маъбуди инсу ҷон аст Ў,
Мубдеъи ҷисму ақлу ҷон аст Ў.
Дар раҳаш чарху анҷуму аркон
Ҳама дармондаанду саргардон.
Ҳама пўяндаанд дар талабаш
Ҳама ҷўяндаанд рўзу шабаш.
Ҷунбиши ҳар як аз сари шавқест
Ҳар якеро аз ин талаб завқест.
Ҳалқаи ҳукми ўст тавқи ҳама,
Ў муназзаҳ зи завқу шавқи ҳама.
Фориғ аз завқу шавқу неку бад аст
Бартар аз ваҳму фикрату хирад аст.
Номҳои бузурги тоҳири Ў
Ҳаст авсофи сунъи зоҳири Ў.
Кас надонад, ки чист илло Ў
Сифаташ ло илоҳ иллал ҳу.
Ҳар кӣ хоҳад, ки зикри Ў гўяд
Дар нагунҷад забон, ки ҳу гўяд.
Ба забон зикри ҳу, ки дорад гуфт,
Ҷон бувад он кӣ ҳу тавонад гуфт.
Зикри ў аз забони баста талаб,
Маърифат аз дили шикаста талаб.
Чанд бе Ў ба каъба дар таку пўй,
Дар харобот ою Ўро ҷўй.
Чун ту дар ҷустанаш намоӣ ҷид,
Дар харобот чисту дар масҷид.
Роҳи ҷустан зи ту, ҳидоят аз Ў,
Ҷаҳд кардан зи ту, иноят аз Ў.
Дар ҷаҳони боқӣ гўяд
Бигзар аз нақши олами гил ту,
Раҳ туӣ, роҳрав ту, манзил ту.
Раҳравӣ, рав сухан зи манзил гўй,
Ҳамраҳу ҳамнишини муқбил ҷўй.
Чун ту ғофил нишинӣ аз корат,
Набувуд лутфи эзидӣ ёрат.
Дар сарои асир хоҳӣ монд,
Ҷуфти ранҷу зи хайр хоҳӣ монд.
Ҷаҳд кун, к-аз асир дар гузарӣ,
Ба саломат магар, ки ҷон бибарӣ,
3-ин ҷаҳони ҷаҳон табарро кун,
Рав, ба бўстони ҷон тамошо кун.
К-он ҷаҳон з-ин ҷаҳон шарифтар аст,
Хоки ў з-ин ҳаво латифтар аст.
Рахт берун фиган аз ин маъво,
Хайма зан дар фазои он саҳро.
Чашм бикшой то ҷаҳон бинӣ,
В-он ҷаҳонро ба чашми ҷон бинӣ.
3-он ки з-идроки ҳисса берун аст,
Остонаш варои гардун аст.
Хоки ў анбар, оби ў тасним,
Меҳнаташ офият, самум насим.
Мояи иззаш аз ҳавон фориғ,
Чамани боғаш аз хазон фориғ.
Бадри гардунаш аз хусуф эмин,
Қурси хуршидаш аз кусуф эмин.
Сокинонаш мусаббеҳу зокир,
Ҳама якранг ботину зоҳир.
Ҳосили ҷумла давлати сармад
Мояи умрашон бақои абад.
Гар бикўшӣ зи худ бурун ойӣ,
Чун бад-он ҷо расӣ биёсоӣ.
Булбули бўстони унс шавӣ,
Ҳамдами сокинони қудс шавӣ.
Ҳазрате бинӣ аз варои макон
Фориғ аз истиҳолати даврон.
Ошиқоне чу Одаму чу Калим
Чун Ҳабибу Масеҳу Иброҳим.
Аз паи васли дилситон ҳамаро
Сар бар он фарру остон ҳамаро.
Он чунон ҳазратеву ту ғофил
Тан зада ин-т аблаҳу ҷоҳил.
Ҳар кӣ ёбад бар остонаш бор
Битавонад задан дами асрор.
Нутқро борагиш ланг шавад,
Арсаи моҷарош танг шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё