Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст
Нақл аст, ки Абдуллоҳи Муборак соле ба ҳаҷ рафта буд. Баъд аз адои ҳаҷ дар хоб дид, ки ду фаришта аз осмон фуруд омаданд. Яке аз дигаре пурсид, ки имсол чанд нафар ба ҳаҷ омадаанд?
Гуфт: шашсад ҳазор.
Боз он фаришта пурсид, ки ҳаҷи чанд нафар кабул гардид?
Гуфт: ҳаҷи ҳеҷ кадомаш кабул нагардида аст. Абдуллоҳи Муборак мегӯяд:
Чун ин сухан бишунидам, ларза дар вуҷудам пайдо шуд, -гуфтам кори мушкил, ки шашсад ҳазор бандаи мӯҳточ аз гӯшаву канори олам бо машақкати тамом биёбонҳо бурида ва риёзазҳо кашида омадаанду ин ҳама бекор шавад ва ҳаҷи ҳеҷ кадомаш кабул нагардад.
Он гоҳ фаришта гуфт:
Дар Димишқ мардест, номи вай Алӣ бинни Мавфиқ. Ӯ ба ҳаҷ наёмадааст, аммо ҳаҷи ӯро Худои таъоло қабул кардааст ва хаҷи ин шашсад ҳазор ҳоҷиро ба туфайли ӯ қабул кардааст.
Чун бедор шудам бо рафиқони худ хайрухӯш намуда ба сӯи Димишқ рафтам ва хонаи вайро талаб карда ба шитоб ба дари хонаи вай омадам ва дарашро куфтам. Шахсе берун омад, гуфтам:
- Номи ту чист?
Гуфт:
- Алӣ бинни Мавфик.
Ӯ гуфт:
Номи ту чист?
Гуфтам:
Номи ман Абдуллоҳи Муборак.
Чун номи ман бишунид, наъра бизад ва беҳуш шуд. Чун ба хуш омад, он хобро бо вай ҳикоят кардам ва гуфтам:
Маро аз ҳоли худ хабар деҳ, ту чи кор кардаӣ, ки ҳаҷи туро қабул кардаанд ва шашсад ҳазор ҳоҷиро ба ту бахшиданд?
Гуфт:
- Бидон, ки ман марди кафшдӯзе ҳастам ва си сол маро орзуи хаҷ буд. Аз порадӯзӣ сесад дирам ҷамъ карда будам ва нияти ҳақ доштам. Ҳамсарам дар хона ҳомила буд, аз хонаи ҳамсоя бӯи таом шунид, маро фиристод, ки аз он таоми ҳамсоя камтар барояш биёрам. Ба дари хонаи ҳамсоя рафтам ва фарёд кардам. Ҳамсоя берун омад, он ҳол бо ӯ гуфтам. Гирён шуду гуфт: эй Алӣ ибни Мавфик, ин таом, ки мо сохтем бар шумо ҳалол набошад. Бидон, ки се шабонарӯз аст, ки кӯдакони ман таом наёфтаанд ва дар ҳамаи шаҳри Димишқ ҳеҷ коре наёфтам ва касс маро кор нафармуд. Хари мурдаеро дидам, ба қадри зарурат аз ӯ гирифтам, то барои тифлон таом созам, ки он бар шумо ҳалол набошад.
Чун ин сухан бишнидам, дарде дар дарунам пайдо шуд. Ба худ гуфтам: ба Каьба куҷо меравам, хаҷи ман ин ҷо аст. Он сесад дирам бад-ӯ додам ва гуфтам ин пулҳои хонаи Каьба рафтанам буд, бигиру бар аҳлу аёли худ нафақа кун, ки ҳаҷи ман ин аст.
Абдуллохи Муборак гуфт:
Рост гуфтанд малоикахо дар хобам.
Азизи ман, дилҳои шикастагонро дарёб, дардмандонро хотирҷӯӣ кун, дармондагонро ёрӣ кун, ки ба ҳақиқат ҳаҷи мабрур ва амали мақбул он аст.
Тавофи Каъбаи дил кун, ки аз тавофи Қаьба зиёдат аст.
Дил ба даст оред, ки ҳаҷҷи Акбар аст.
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.
Каъба эҷоди Халили озар аст,
Дил назаргоҳи ҷалили Акбар аст.
Илоҳӣ моро ба роҳӣ рост ҳидоят намуда, ҳаҷи мабрурро насибамон гардонӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё