Зеҳн

Равшангарӣ бузургӣ таърих - Қисми 3

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2024 · 13 дақиқа хондан

Фитрат охируламр ба роҳи пантуркизм даромад. Айнӣ мегўяд, ки пас аз инқилоби феврали 1917, ки дар Русия рўй дод, дар Бухоро «Дар сари ҳаракати ислоҳотталабӣ мисли Фитрат ва Усмонхоҷа ҷадидоне гузаштанд, ки онҳо дар Туркия хонда омада, ташвиқоти пантуркистӣ мекарданд. Онҳо на танҳо дар байни худ, балки ба мардуми шаҳри Бухоро ҳам, ки бештарини онҳо забони ўзбекиро намедонистанд, ба забони туркии усмонӣ гап мезаданд». Онҳо даъво доштанд, ки тоҷикон дар асл «ҳамон ўзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд».

Чун Русия бар асари ҷанги якуми ҷаҳон ва инқилоб суст шуд, дар дили пантуркистҳо умеди истиқлоли сиёсӣ ва барпо намудани давлати бузурги туркӣ пайдо гардид. Ин аст, ки баъзе ҷадидон бо мақсади соҳиб шудан ба ҳокимият ҳизби коммунистӣ таъсис карданд ва соли 1920 лашкари шўравиро ба сарнагун кардани амири Бухоро даъват намуданд. Истилои артиши Русия «инқилоби халқии Бухоро» ном гирифт ва Файзулло Хоҷаеви мазкур, ки дасти росташ Фитрат буд, сарвазири Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро шуда. соли 1924 бо ҳамдастии Абдулло Раҳимбоев, ки низ тоҷик буд, Бухорову Хоразмро ба Иттиҳоди ҷамоҳири Шўравӣ илҳоқ карда, Ўзбекистони бузургу қавии шўравӣ ба вуҷуд овард ва бар маснади сарвазирии он нишаст. Яъне Бухороро фурўхтанд. Бухоро ба унвони як давлат, ки қарнҳо вуҷуд дошт, аз байн рафт. Азбайнбарандаи он низ дар маснади сарвазирӣ дер наосуд: шўравиён Файзулло Хоҷаевро соли 1937 ҳабс карданд ва куштанд. Дар террори умумии соли машъуми 1937 Абдулло Раҳимбоев низ кушта шуд. Расми дунё ҳамин аст: ватанфурўшон ва хоинони миллат ҷон ба саломат намебаранд.

Падаркушро нашояд падшоҳӣ,

Агар шояд, пас аз шаш маҳ напояд.

Садриддин Айнӣ моҳи марту апрели 1917 пай бурда буд, ки рў ба сиёсат ва «муборизаи инқилобӣ» овардани баъзе ҷадидон даст кашидан аз маслаки маорифпарварист. Дар ҳақиқат сиёсатгароии туркона ва ҳокимиятҷўии ҳаром ба сари мардум, хусусан ба сари мардуми тоҷик бисёр фоҷиаҳо овард. Мо инро поинтар хоҳем дид. Мутаассифона, чанде аз ҷадидони покдил низ гумроҳ шуда, аз пай он «инқилобиён» рафта буданд.

Аммо Айнӣ роҳи равшангароии худро ҳамчунон идома медод. Вай аз ҳукумати шўравии Файзулло Хоҷаев мансабе нагирифт, ҳама пешниҳодҳоро рад кард. Ў барои мансаб маорифпарвар нашуда буд. Дигар то охири умр ҳадафҳои маорифпарварии ў ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил наёфт, балки ҳамеша сиёсатгароии маҷбурӣ ва ихтиёрии ў ҳадафи маорифпарварӣ дошт. Гўё дар вуҷуди ў он ҳақиқат таҷассум ёфта буд, ки асли маорифпарварӣ баланд бардоштани машъали фарҳангу маънавият аст, ки дигар мақсадҳои иҷтимоъиро ба худ тобеъ мекунад. Лекин сиёсат зотан ҷанбаи васвасаангезӣ низ дорад ва сиёсатгароӣ хавфе бо худ меорад, ки андешаи волои башардўстиро ба ҳукми худ дароварад ва таҳриф созад. Аз ин рў равшангари асил то имкон ҳаст, берун аз сиёсат меистад ва мехоҳад раҳнамои он ба сўи инсонпарварӣ бошад. Шояд Айнӣ инро барвақт пай бурда бошад.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ин ҳама соли 1918 Айнӣ низ ақидаи инқилобӣ пайдо кард. Террори соли 1918, ки ба номи «маъракаи ҷадидкушӣ» шўҳрат дошта, даҳшатҳои он дар китоби Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро» тасвир шудааст, ўро ба инқилобхоҳӣ овард. Дар ин террор додари ў Сироҷиддинро, ки низ аз фаъолони неҳзати маорифпарварӣ буд, моҳи март ваҳшиёна куштанд. Айнӣ моҳи август дар кушта шудани Сироҷиддин марсияи пурсўзе гуфт, ки банди аввали он дар охирин таҳрир ин аст:

Дўстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рўҳ аз тану нур аз басарам.

Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш

Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?!

Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст

Додарам—қуввати: рўҳу дилу қути ҷигарам.

Аз ҳуҷуми, аламам қуввати фарёд намонд,

То чунин дашнаи бедод фалак зад ба сарам.

Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам

Ҷигарам, во ҷигарам,во ҷигарам,во ҷигарам!

Охирин банди он тарҷеъбанд ин аст:

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!

Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод!

Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,

Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!

Хоҳам он тоҷ, ки зеби сари хунхоре шуд,

Бо сари соҳиби худ зебдиҳи зиндон бод!

Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,

Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!

Хоҳам он зумра, ки имрўз таҳаккум дорад,

Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!

Ҳоҳам он муфтиву он қозиву он шоҳу вазир,

Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

К-ин ҳама зулм ба даврон, ки бад-ин ваҳшат рафт,

Баҳри омодагии ишрати ин ҳазрат рафт.

Чунон ки мебинем, Аннӣ акнун мехоҳад, ки он «маҳкамаи ҷавр» бо табаддулоти шадиди инқилобӣ зеру забар шавад. Ў дигар равшангарӣ ва ислоҳоти тадриҷии демократиро кифоя намедонад, зўроварӣ ва амалиёти қатъии фавриро зарур мешуморад. Вале аз навиштаҳои онвақтаи ў маълум нест, ки инқилобе, ки ў мехоҳад, ба он инқилобо, ки « ҷадидони ҷавон» мехостанд, монандие дорад ё аз он бояд фарқ кунад. Ба инқилоби болшавикон, ки чанд гоҳ пештар аз гуфта шудани ин марсия дар Русия ба вуқўъ пайваст, чӣ робита, чӣ нисбате метавонад дошта бошад. Маълум нест, ки Айнӣ инқилобро дар Бухоро аз кадом нерўҳо чашм дорад. Ҳамин маълум аст, ки чун соли 1920 воқиае бо номи инқилоби Бухоро рўй дод, Айнӣ онро ба сифати инқилоб эътироф кард. Ин ҳам маълум аст, ки инқилоби болшавикии октябри соли 1917-ро бо рўҳбаландӣ пешвоз гирифт ва соли 1918 мустазоде ба номи «Ба шарафи Инқилоби Октябр» гуфт:

Эй машъали рахшони адолат зи куҷоӣ?

К-имрўз ба моӣ!

Торикии бедод зи гетӣ бизудоӣ!

Моно, ки зиёӣ! ,

Онҳо, ки ба болои раъоёи ситамкаш

Буданд чу оташ,

Хокистарашон аз ту шуд имрўз ҳавоӣ,

Ту ,рўзи ҷазоӣ!

Дунёи куҳан аз қадамат зеру забар шуд,

Дунёи дигар шуд,

Онҳо, ки задандӣ ҳама дам лофи худоӣ,

Карданд гадоӣ...

Меҳнаткаши бечора пас аз дидани сад ҷабр

Эй вақъаи уктабр!

Аз марҳаматат ёфт зи андўҳ раҳоӣ,

Ту мурғи ҳумоӣ!

Аз теғи ҷафо хуни басе бегунаҳон рехт,

Чун оби равон рехт,

То чеҳраи гулгунаи таҳқиқ намоӣ

Дар даҳри риёӣ.

Баҳри дили ёрони ситамдидаи мазлум.

Меҳнаткаши маъсум

Дар даҳр абадуддаҳр кунӣ ҳукмравоӣ,

Ҳам дер бипоӣ!.

Аз ин шеър ва дигар навиштаҳои онвақтаи Айнӣ аён аст, ки ба вуқўъ омадани чунин инқилобро дар Бухор низ лозим медонад

Дар нахустин солгашти ииқилоби октябр Айнӣ шеъре бо номи «Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» гуфт, ки онро дар Самарқанд талабагони мактабе, ки ў омўзгораш буд, суруда ба идгоҳ рафтанд. Ин шеър ба ҳавои «Марселеза»-и инқилоби фаронсавиён, ки ҳоло суруди миллии кишвари Фаронса мебошад. гуфта шудааст ва бинобар ин дар ҳама бандҳо вазни ҳар мисраи байт аз ҳам тавовут дорад:

Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Ин аст, ки устод Айнӣ ба хидмати инқилоб даромад. Дигар ҳама фаъолияти ў ба рўҳи инқилоб ,ба рўҳияи замони нав, ки ба сўи дигаргуниҳои куллии иҷтимоиву сиёсӣ роҳ пеш гирифт, созгорӣ дошт, тобеъи рафтӣ замони инқилоби иҷтимоии бунёдкане буд.Дар осораш бедориву озодиро тараннум мекард.

Аз соли 1917—1918 давраи дувуми ҷаҳонбинӣ ва фаъолияту эҷодиёти Садриддини Айнӣ оғоз ёфт.

Садриддини Айнӣ ба хидмати инқилоби шўравӣ камар баст, вале камарбанди ў ҳамин камарбанди маорифпарварӣ буд.

Маорифпарварӣ пас аз инқилоб ҳам давом ёфт. Мо адабиётшиносони шўравӣ, ки мегуфтем: маорифпарварӣ вазифаҳои иҷтимоии худро хуб ё бад то инқилоб анҷом дод ва инқилоб дар пеши ҷомеа ба тамом вазифаҳоӣ дигар гузошт, ба назари ин камина ин ақида аз баъзе ҷиҳатҳо чандон дуруст набуд. Оре, инқилоб ҷомеаро ба куллӣ ба роҳи дигаре даровард, рушду таҳаввули табиъии афкори иҷтимоъӣ ва адабиёту санъат (ҳунар)-ро қатъ карда, ба мафкураи марксистӣ, ки маҳсули . шароити таърихӣ ва иҷтимоиву иқтисодии дигаре буда, дар Туркистону Бухоро замина надошт, зўран тобеъ намуда, ҳама сохтори ҷомеаро аз беху бун дигар кардан гирифт, ҳатто мардумро ба сўи атеизму илҳод — бединӣ бурдан хост, вале ботинан эътиқоди мардум ҳамчунон побарҷо буд, зеҳну тафаккури миллат баъзе хусусиятҳои умдаи худро то ба охир як андоза нигоҳ дошт. Инқилоб натавонист бархе аз равандҳои иҷимоъӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайра, аз ҷумла маорифпарвариро ба куллӣ нест кунад. Маорифпарвари чун як ҷараёни иҷтимоии

фарҳангӣ дигар вуҷуд надошта бошад ҳам, идеалҳои олии он зинда буд ва фидоиёни роҳи равшангариро ба ҷидду ҷаҳд, водор мекард, Аксари онҳое, ки инқилобро хуш пешвоз гирифтанд, ҷадидони маорифпарваре буданд, ки бо мақсади равшангарии маорифпарварӣ ба инқилоб пайвастанд. Аз ҷумла Ҳабибуллоҳ —махдуми Авҳадӣ (1900—1938) дар ғазале, ки ба ҷавоби ғазали машҳури Абулқосим Лоҳутӣ «Инқилоби сурх» гуфтааст, чунин байте дорад:

Аз инқилоб мақсади аввал маориф аст,

Ин як сабақ ба гўш бидор аз китоби сурх.

Инқилоби Бухоро, ки фарзанди инқилоби октябр аст, ҳаргиз наметавонист маорифро мақсади аввал ба шумор оварад. Ҳадафи он зеру забар кардани олам (аз ҷумла маориф) ва барпо сохтани «ҷомеаи бидуни синфу табақот» буд. Аз ин рў доираҳои расмии шўравӣ аз нимаи даҳаи бистум маорифпарварӣ ва ҷунбиши ҷадидияро маҳкум карда, неҳзати аксулинқилобӣ қаламдод намуданд. Маорифпарварон бо вуҷуди ин маҳкумият ва таъқибот кори худро идома медоданд, вале фаъолияти онҳо кам-кам шаклу мазмун дигар мекард, ба талаботи замон ва тағайюроти он созгорӣ пайдо менамуд. Чигунагии ин дигаргуниҳои маорифпарвариро аз кору талошҳои Айнӣ метавон дид.

Айнӣ рўзноманигорӣ ва фаъолияти фарҳангии худро, ки пас аз инқилоб хеле ба суръат густариш ёфт, «танвири афкор» номидааст, яъне равшангарӣ донистааст. «Танвири афкор» номи дувумин мақолаи ў дар маҷаллаи тозабунёди «Шўълаи инқилоб» аст, ки 7 декабри соли 1919 (№23) чоп шудааст ва маромномаи ўро барои солҳои баъд,баён месозад. Вай дар ин мақола ақида изҳор кардааст, ки «бадбахтона, мо форсиён ҳанўз дар кўчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем», зеро инқилоби муқаддасро ба ҳолате истиқбол кардем, ки на илм дорем, на идрок, на хат дорем, на савод, на фикр до- рем, на хаёл, на орзу дорем, на омол». Ва ҳол он ки «қавми беилм имрўз ё фардо маҳкуми заволанд». Аз ин рў Айнӣ ба «ранҷбарони форсизабон», ба «форсиёни Туркистон» муроҷиат мекунад, ки «фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсиа на- моем».

Ин аст, ки Айнӣ баъд аз инқилоб хоҳ муаллимӣ мекард, хоҳ дар рўзномаву маҷаллаҳои форсии тоҷикӣ ё туркии ўзбекӣ мақола менавишт, хоҳ баъдтар, пас аз соли 1924 ки Тоҷикистон таъсис шуд, китобҳои дарсӣ тартиб медод, мушовиру муҳаррир (виростор)-и нашриёти давлатӣ шуда, аз ҷавонон нависандаву тарҷумон тарбия менамуд ва ҳоказо дар ҳама мавридҳо ба роҳи «танвири афкор» яъне ҳамон равшангарӣ адои хидмат ба ўҳда гирифта буд. Дар ҳамаи ин мавридҳо кори ў ҳамбастаи таблиғу ташвиқ, маънидоди рўйдодҳои дирўзу имрўз, кўшише дар роҳи кушодани чашми миллат ба ҳоли худ, ба ҳолӣ оламу одам буд.

Ба ин маънӣ устод Айнӣ дар даҳаи бистуму сивум низ маорифпарвар буд, вале акнун равшангарии ў хусусиятҳои нав пайдо кард. Як хусусияти тозаи маорифпарварии ў ин буд, ки ҳамеша каму беш ранги сйёсӣ дошт. Пеш аз инқилоб ў то ҳадди имкон аз сиёсатгароӣ мегурехт, вале акнун илоҷи гурез набуд. Инқилоб ба ҳама навъҳои фаъолияти иҷтимоъӣ ранги сиёсӣ дод ва маорифпарварии Айнӣ ҳам гоҳ маҷбуран, гоҳ ихтиёран ва сидқан фаъолияти фарҳангии инқилобӣ ва сиёсӣ буд.

Боз як дигаргунӣ, ки пас аз инқилоб дар афкори Айнӣ ба вуҷуд омад, ин буд, ки рўҳияи танқидии ў ба ғоят қувват гирифт. Айнӣ пас аз инқилоб ба танқидгарии Аҳмади Дониш баргашт ва дар фош кардани қабоҳатҳои тартиботи аҳди Манғитиён суханаш чун сухани Аҳмади Дониш неш баровард. Вай соли 1920 дар китоби «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» гуфтааст: «Мо дар зикри амирони манғитияи Бухоро, хусусан дар тарҷумаи ҳоли амир Абдулаҳад суханро зиёда бепарда рондем. Чизҳоеро, ки ба нашри онҳо одоби қалам мутлақо мусоидат намекард, фошофош нигоштем. Яҳтамил хонандагон нависандаро ба ин кирдораш муохаза намоянд, ба беодобӣ ва беназокатиаш нисбат диҳанд. Дар воқеъ ҳақ доранд. Мо низ аз ин кирдори худ хеле мутаассир ҳастем, лекин чӣ бояд кард? Таърих моро ба навиштани ин қабил фаҷоеъу фазоеҳ маҷбур намуд. Бояд фармони таърихро би-р-раъс ва-л-айн иҷро намоем, вагарна дар назди таърих масъул ва муаххаз хоҳем буд.Мо дар ин амалиёти худ чун ҷарроҳи сахтдили чобукдаст бо нештари қалами бераҳмона ҷароҳатҳои омоскардаамонро шикофтем ва буридем

¢¡Оре! Сафҳаҳои мусаффо бо чирку хун омехта кардем.Лекин умедаст,ки ин захмҳои амалиятдидаи мо баъд аз ин ба ҳам омада , ҷисми фигори моро сиҳҳати комил муяссар гардад»Яке аз муҳимтарин моддаҳои маромномаи эҷодкории илмиву адабии Айниро аз ин беҳтар шарҳ додан шояд аз доираи имкон берун бошад. Аз ин гуфтаи Айнӣ равшан аст,ки интиқоди бераҳмонаи ў,ки рў ба дирўзи таърихӣ дорад, дорои як сабаби ҷиддии бунёдист.Зарурати танқиди сахт аз масъулиятшиносии таърихӣ сар зада буд.Устод Айнӣ худро ва ҳар касеро дар пеши таърих масъул медонист ва зарур мешуморид,ки ҳар чӣ дар таърих буду ҳаст,бояд дар лавҳи хотири миллат нақш бандад,ёди таърихии миллат бояд ҳама рўйдодҳои моҳияткушои ҳар асру замонеро нигаҳдорӣ кунад,то аз он сабақ бигирад ва дар пеши ҷаҳониён ҷавоб бигўяд.Ҳар неку бад ба даргоҳи таърих баҳисоб аст, бидуни аҷр нест.Масъулиятшиносии таърихӣ бештар рў ба оянда дорад.Подоши дирўзу парирўз имрўз хоҳад расид ё фардову пасфардо хоҳад омад.

Мумкин аст, дирўз фардоро хароб кунад ё баръакс барои дарёфти дармони дардҳо ва пайдо кардани роҳи дуруст ба кор ояд. Вагарна таърих маъное нахоҳад дошт.

Ҳаққонияти комил ва умед аз оянда нуқтаи асосии назарияи таърихии Айнист. Мутаассифона, бисёре аз умедҳое, ки Айнӣ ва ҳаммаслакони ў аз инқилоб доштанд, бар бод рафт. Аз ҷумла «ҷисми фигори моро сиҳҳати комил муяссар» нагардид ва дардҳои нав илова шуд. Вале назарияи таърихии Айнӣ ҳамчунон боқӣ монд, роҳи амалӣ шудан меҷуст, пайваста такмил меёфт.

Маромномаи таърихии Айнӣ аз «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1920—1923) повест (қисса)-и «Ҷаллодони Бухоро» (1922), сар карда, дар бисёр асарҳои илмиву адабӣ ва фаъолияти рўзноманигории ў амалӣ шудааст. Кўшише дар роҳи ин, ки ёди таърихии миллат мазмуну мўҳтавое наздик ба воқеъият дошта бошад, яке аз муҳимтарин ҷузъҳои равшангарии Айнӣ дар давраи пас аз инқилоб то охири умри ўст.

Амиқбурди ҳофизаи таърихии миллат ва фаъолсозии он, ки аз аввали маорифпарварӣ, аз замони Аҳмади Дониш зарурат пайдо карда буд, дар даврони инқилоб бештар аҳамият касб намуд. Инқилоб ҷомеаро ба роҳи нав,ба як роҳи ношиносу ноҳамворе бурд, ки ҳар рўз душвориҳое пеш меовард. Гардиши қатъиву куллии таърих ва рафти пурсуръати замон лузуме ба миён овард, ки ҷомеа тафаккури таърихӣ дошта бошад ва ёди таърихии ў ба шиддат ба кор дарояд, то миллат битавонад аз гузашта дарс омўхта, чашмаш бештар биноӣ ва дилаш тавоноӣ пайдо кунад ва ба сўи ояндаи устувор қадам занад.

Мутаасифона ҷомеаи тоҷикон ҳанўз ба амиқбурди шуури таърихӣ омода набуд ва дар бисёр мавридҳо биниши таърихӣ надошт, вале дар натиҷаи талошу пайкорҳои сахти даҳаи бист муяссар шуд, ки ёди таърихӣ, ки асоси шуури таърихист, нав шавад, дороӣ афзояд ва дар ҳалли сарнавишти миллат чун як омили пурзўр амал намояд.

Таърихномаҳои Айнӣ, повести «Ҷаллодони Бухоро», тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» ва дигар нигоштаҳои ў дар ҳамин роҳ хидмат кардаанд,ки мо инро дар поинтар хоҳим дид.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба