Зеҳн

Барои чӣ абрҳо ба Замин намеафтанд?

АХ
Ахбор8 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Ин савол дар назар соддаву осонфаҳм менамояд лек аксарияти мо шояд, ки илман мафҳуми ин ҳодисаро надонем. Инҷо хостем ҷиҳати илмии ин ходисаро ба шумо фаҳмонем.Ба ҳама маълум аст , ки абр аз шумораи зиёди қатрачаҳои оби ва кристалчаҳои яхи таркиб ёфтааст. Қатрачаҳои об дар абр андозаҳои гуногунро соҳибанд аз ҳиссаи микорметр то якчанд миллиметр. Қатари ях чӣ миқдоре набошад ҳам, вай аз ҳаво вазнинтар аст. Пас табиатан савол ба вуҷуд меояд: чӣ тавр қатарҳои об дар умум абр дар ҳаво нигоҳ дошта мешавад ва ба Замин намеафтад. Дар айни замон саволи дигаре ба амал меояд. Дар кадом хусус қатраҳои об ҳолати худро дигар намуда ҳамчун борон ба Замин бар мегарданд.

Заррачаҳову кристаллчаҳои буғи ҳаво доимо дар ҳаракати бетартибонаанд ва эҳтимолияти бо ҳам бархӯрданашон хело калон аст. Ҳангоми бо ҳам бархӯрдан қисми зиёди онҳо бо ҳам мечаспанд ва қатрачаҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин қатрачаҳо бо қатрачаҳои дигар якчоя шуда калон мешаванд. То он вақте калон мешаванд, ки вазни онҳоро ҳаво нигоҳ дошта тавонад. Ҳар чӣ қадар ин қатрачаҳо калон бошад, ҳамон қадар молекулаҳои ҳаво ба мушкили онро аз ҷояшон меҷунбонанд. Яъне, ки ҳамон қадар ҳаракати броуни сустар ба амал меояд. Дар ин ҳолат таъсири ҷозибаи Замин меафзояд. Вакте, ки радиуси қатра ба микрометр баробар мешавад , ҳаракати брауни тамоман қатъ мегардад. Баробари вазнин шудан, қувваи вазнинӣ ба он таъсир намудан мегирад. Дар ин ҳолат қатра аз ҳисоби қувваи вазнинӣ шитоби доими гирифта ба поён ҳаракат менамояд. Ва онгоҳ дар ибтидо омили нав, ки монеъи ҳаракати афтиши катра мегардад - муқовимати миёнаи ҳавост. Ҳамзамон бо зиёд шудани суръати қатра қувваи муқовимати ҳаво, ки ба қатра таъсир мекунад зиёд мешавад, он муқобили қувваи вазнинӣ буда кўшиши месозад то суръати афтиши зараро суст намояд.

Бо рафти афзоиши қувваи муқовимат суръати афтиши катра тамоман суст мегардад. Вақте, ки қувваи муқовимат ба қувваи вазнинӣ аз рўи модул баробар мегардад ҳаракати босуръати минбаъдаи қатра қатъ мегардад ва қатра минбаъд мунтазам ҳаракат менамояд. Ҳаракати мунтазами чунин қатраро сели ҳавои гарми болобароянда метавонад боз дорад, ҳатто метавонад боло бардорад. Ин гуна ҳавои гарм аз Замин, ки аз тарафи офтоб гарм карда мешавад, доимо ба боло мебарояд. Гузашта аз ин, дар ҷараёни афтиш қатра метавонад худ ба худ бухор гардад.. Ва ё ба шумораи зиёди қатрачаҳои хурд тақсим шавад, ки ин аз сатҳи поёнии ҳаво вобаста аст.

Инчунин қатра метавонад калон шавад, бо қатрачаҳои дигар ҳамчоя шавад ё ин, ки конденсасия шавад бо буғҳои сатҳи болои ва онвақт ҳамаи онҳо ба Замин ҳамчун борон мерезанд. Ҳамингуна боришот ба амал меояд. Ба ҳамин маъни гуфтан мумкин аст, ки боришот (борон ва ё барф) ин афтиши абрҳо ба Замин , танҳо дар он вакт сурат мегирад, ки қатраҳои борон ва ё зарраҳои барф шумораи бениҳояд зиёдро дошта бошанд то, ки дар натиҷаи ба ҳам бархўри абрро ба вуҷуд биёранд.

Масрур ҲОДИЕВ, аспиранти ДМТ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба