Зеҳн

Камолиддин Биноӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ8 ноябри 2024 · 22 дақиқа хондан

«Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёна аст. Ҷои таваллудаш шаҳри Ҳирот мебошад. Қобилияти ў бағоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил машғул шуд. Дар ин соҳа рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омўхт, хеле корҳо тасниф кард ва оид ба адвор рисолае навишт».

Алишер Навоӣ

Ҳаёти шоир

Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн ҳадду канор надошт. Падар ба ў Шералӣ ном мегузорад. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ дар мактаб нағз мехонд, ба сухани устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кўшиш буд, ки ў бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ў бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳанўз дар айёми мактабхониаш шеърҳои хуб менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегўяд:

Ёдам омад, ки баҳри касби адаб, Мешудам тифл ҷониби мактаб. Табъи мавзун маро ғаризӣ буд, Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд. Сар зи ман завқи шеър бар мезад, Шеърам аз рўи завқ сар мезад.

Ҳар чӣ рў менамуд, мегуфтам,

Неку, бад-ҳар чӣ буд, мегуфтам.

Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда аз бар менамуд. Баъд ба худ тахаллуси Биноӣ ва Ҳолиро интихоб мекунад. Вале ў бештар ба тахаллуси Биноӣ машҳур аст.

Биноӣ дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ мекард ва дар он рўзгор Ҳирот яке аз марказҳои асосии илму адаб ба ҳисоб мерафт. Аз ин рў, дар сабзиши ў роли мактаби адабии Ҳирот басо бузург аст. Биноӣ яке аз шогирдони беҳтарини Абдураҳмони Ҷомӣ буда, баъдтар ба дарбори Ҳусайн Бойқаро даъват мешавад.

Мақому шўҳрати Биноӣ дар байни хосу ом, аҳли илму адаб зиёд мегардад. Биноӣ на танҳо бо шеърҳои намакинаш дар байни мардум машҳур мегардад, балки дар донистану иншо намудани илмҳои мусиқӣ таърих ва ғайра ангуштнамои замонаш буд. Ў доир ба илми мусиқӣ ду рисолаи илмӣ таълиф намуд. Илова бар ин, ба шеърҳояш оҳанг баста, суруд мехонд. Шоир бо камоли ифтихор дар ин бора мегўяд:

Ёдам омад, ки дар овони шубоб,

Будам дар гуфтугў чу оташу об.

Шеъри ман шўҳрати тамоме дошт,

Дар мамолик зуҳури оме дошт.

Сад ғизол аз ғазал шуда ромам,

Ба муаммо баромада номам.

Дар баёни улуми таҳқиқӣ,

Карда касби фунуни мусиқӣ.

Доим аз нақши тоза бар тоза,

Буд дар хар мақомам овоза.

Маҷлиси ому хосу шоҳу гадо,

Дошт аз савти ман садову нидо.

Биноӣ гумон дошт, ки дарбор ҷои олимон ва шоирони бузург аст. Дар он ҷо кас метавонад асарҳои шоиста эҷод кунад. Вале баъд аз он ки бо аҳли дарбор шинос мешавад, мебинад, ки дар байни олимон, донишмандон ва адибони бузург як гурўҳ лаганбардорон, хушомадгўён ва ниҳоят одамони пасту разил низ ҷамъ омада, ҳамеша аз пайи озори якдигар мебошанд. Ба муқобили аҳли фазлу хирад шеърҳои ҳаҷвӣ эҷод карда, онҳоро масхара менамоянд. Биноӣ дар байни онҳо чанде зиндагӣ карда, аз фитнаю найранги ҳасудон, шоирони маддоҳ ба фарёд меояд ва азобу ранҷи зиёде мекашад. Байтҳои зерин ҳаёти онрўзаи шоирро хеле барҷаста инъикос намудаанд:

Ситамгаро, фалако, қаҷраво, ҷафокоро!

Нагўямат, ки маро мулки подшоҳӣ деҳ.

Туию кўҳнаработи хароб бар сари роҳ,

Зи ҳар кӣ хоҳӣ, ситонӣ, ба ҳар кӣ хоҳӣ, деҳ!

Биноӣ аз ҳасудон халосӣ ҷуста, соли 1487 аз шаҳри Ҳирот баромада ба Табрез меравад. Шоир баъд аз 4 сол, яъне соли 1491 боз ба Ҳирот меояд. Вале дар ин вақт Осиёи Миёна ва Хуросон майдони ҳарбу зарбҳои хунин қарор гирифта буд. Ҳуҷуми Муҳаммад Шайбонӣ ва Шоҳ Исмоили Сафавӣ мамлакатро нотинҷ ва халқро қашшоқ гардонид. Биноӣ маҷбур шуд, ки як макони осудае ёбад, то ки солҳои охирини ҳаёти худро каме оромтар гузаронад. Аввал ба Самарқанд меравад. Чанд муддат зиндагӣ мекунад. Вале аҳволаш беҳ намешавад, ба қадраш касе намерасад:

Дар Самарқанд агарчӣ беқадрам,

Чун Умар дар вилояти Кошон,

На ба ирфони ман касеро илм,

На касеро ба илми ман ирфон.

Дар ғарибӣ агарчи беқадрам,

Чун камар дар авохири мизон,

Аз ҳамин сабаб ба Қаршӣ меравад. Вале дар тирамоҳи соли 1512 лашкари Шоҳ Исмоили Сафавӣ бо сардории Наҷми Сонӣ барои забти Мовароуннаҳр лашкар кашид. Бисёр шаҳру ноҳия ва деҳаҳои ободро вайрон карда, мардумро бехонумон гардонд. Аз ҳама ваҳшонияте, ки ин сардори мутаассиб дар ин кишвар кард, қатли оми мардуми Қаршӣ буд. Дар ин куш-тор, ки соли 1512 ба амал омад, Камолиддин Биноӣ дар қатори садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ дар айёми ҷўшу хурўши эҷодӣ аз байн рафт.

Дар бораи марги фоҷиавӣ ва мероси адабии Биноӣ ҳамасри шоир муаллифи «Шоҳаншоҳнома» чунин мегўяд: «Рақами қатли ом бар номи тамоми сиғор ва кибор (хурд ва калон)-и он диёр (Қаршӣ) кашид... ва қариби понздаҳ ҳазор одамӣ аз зан ва мард, хоҳ аҳли силоҳ ва хоҳ аҳли набард арсаи теғ ва синони эшон гаштанд. Мавлоно Биноии Хуросонӣ, ки афзали шуарои Ҳирот буд ва муддате буд, ки сокини билоди Мовароуннаҳр шуда буд, аз осори ў назм ва наср дар миёни ахли камол боқӣ, дар он қатли ом арсаи теғи тақдир шуд».

Мероси илмию адабии шоир

Биноӣ чи дар назму чи дар наср ба мо аз худ мероси бойе гузоштааст. Аввалан, доир ба қоидаю қону ни илми мусиқӣ ва амалияи он ду рисола таълиф кард, ки мутаассифона то замони мо нарасидаанд. Сониян, дар наср ду асари таърихӣ: «Шайбонинома» ва «Футуҳоти хонӣ»-ро иншо намуд, ки онҳо дар бораи ҳодисаҳои таърихии нимаи аввали асри XVI, ки дар Мавароуннаҳру Хуросон ба вуқўъ омада буданд, баҳс мекунанд.

Асарҳои номбурда барои равшан намудани бисёр масъалаҳои таърихӣ ба муаррихони имрўза кўмаки калон мерасонанд.

Вале асосан Камолиддин Биноӣ шоир аст ва дар эҷодиёти ў назм мавқеи калон дорад. Дар мероси адабии шоир қариб ҳамаи жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва ғайраро дидан мумкин аст. Аммо ғазал дар мақоми аввал меистад. Биноӣ дар ғазалсароӣ пайрави Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавист. Дар ин бора шоир дар мақтаи як ғазалаш мегўяд:

Биноӣ мешавад охир баландовоза чун Хусрав,

Ки дар таври ғазал тарзи Ҳасан меоварам берун.

Ё:

Биноӣ дар тариқи шеър мерафт аз пайи Хусрав,

Ки дар тарзи ғазал ҳамроҳ шуд тарзи Ҳасан бо ў.

Мавзўи ғазалиёти шоир гуногунанд. Шоир муҳаббати поки инсон ва саодату меҳнати ўро дар ғазалиёташ хеле зебо ба қалам додааст.

Тавре ки аз тарҷумаи ҳоли шоир бар меояд, бештари ҳаёти адиб дар ғарибӣ, дурӣ аз Ватану, ёру диёр гузаштааст ва дар ғарибӣ зиндагиро падруд гуфтааст. Албатта, ин ба эҷодиёти адиб таъсири калон расонид. Аз ин ҷост, ки мавзўи ғарибӣ - ёди Ватан, хешу ақрабо дар лирикаи ў мавқеи калон дорад. Қаҳрамони лирикӣ ёди ёру диёр карда, оби чашмаш шашқатор мерезад, оҳи сард аз дили пурдард мекашад ва худашро ба шахси мотамзада, ғамзада, аламзада монанд мекунад:

Дар ғарибӣ ҳама шаб ғамзадаеро монам,

Ваҳ куҷо ғамзада, мотамзадаеро монам.

Рўз ҳам аз ситами гардиши гардун чу ҳилол,

Шаҳрбигрехта-мотамзадаеро монам.

Шаб чунон, рўз чунин мегузаронам ношод,

Ҷои он аст, агар ғамзадаеро монам.

Не сари оламиён дораму не оламашон,

Пушти по бар ҳама оламзадаеро монам.

Биноӣ намояндаи табақаи поёни ҷамъият аст. Табиист, ки зиндагии мардуми ин табақа бо азобу машаққат мегузашт. Нони серӣ ва тани пўшидаро намедиданд. Рўзгори Биноӣ чи дар ватан ва чи дар ғарибӣ ҳамин тавр қашшоқона мегузашт. Ў саъю кўшиш карду илм омўхт, дар ин роҳ ранҷу сахтиҳои зиёде дид, аммо ба муроди дил нарасид. Бинобар ин шикояти қаҳрамони лирикӣ аз замонаи бемурувват на танҳо ба рўзгори адиб дахл дорад, балки шикояти садҳо, ҳазорҳо мардуми бечораю бенавост. Ба ҳамин тариқ, дар тасвири шоир образи қаҳрамони лирикӣ характери ҷамъбастӣ мегирад. Ин мазмун дар ғазали зер амиқу равшан ба қалам дода шудааст:

Дар умри худ муроди диле ҳосилам набуд,

В-аз умр як нафас ба муроди дилам набуд.

Бе дарду ғам наям нафасе, гўй аз азал,

Ҷуз дарду ғам сиришта дар обу гилам набуд.

Эй дил, магў, ки сабр чаро ёриат накард,

Бечора мурду воқеае мушкилам набуд.

Будам ба холи хеш, Биноӣ, тамоми умр,

Ҳаргиз хаёли мозию1 мустақбилам2 набуд.

1 Мозӣ - гузашта, пешина.

2 Мустақбил - оянда

Бештари қитъаю рубоиёти шоир мавзўъҳои панду ахлоқӣ доранд. Биноӣ дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро ситоиш намуда, инсонҳоро ба поквичдонию ростқавлӣ, хоксорию накўкорӣ ҳидоят мекунад. Дар баробари ин дар бисёр қитъаю рубоиёташ ашхоси мутакаббир, дилсиёҳ, золим ва беадолатро мазаммату накўҳиш намудааст. Биноӣ баъзан дар рубоиёташ ҳаёти қашшоқонаашро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки агар шахс барои қонеъ намудани қути лоямути худ ва аҳлу аёл чизе надошта бошад, ў наметавонад илму фарҳанг омўзад, асар эҷод кунад, умуман, рўзгорашро пеш барад. Албатта, ин фикр воқеӣ ва табиист. Барои исботи фикр Биноӣ худашро мисол мегирад. Ба ин восита аз зиндагӣ, аз замона шикоят менамояд:

Онро, ки на хўрдан асту на пўшидан,

Дар илму ҳунар куҷо тавонад кўшид?

Биноӣ дар қасидасароӣ низ дасти тавоно доштааст. Шоир, асосан, дар ин масъала ба анъанаи қасидасароёни гузашта пайравӣ кардааст. Дар эҷодиёти адиб қасидаҳои мадҳӣ ва ҳасбиҳолӣ бештаранд. Масалан, шоир дар қасидаи «Маҷмаулғароиб», ки соли 1498 навишта шуда, аз 501 байт иборат аст, фазилатҳои хуб, донишу истеъдоди баланди Алишер Навоиро ситоиш намудааст:

Ман чи гўям, ки аз фазоили ту,

Ҳар чӣ гўянд, ҳаст сад чандон.

Гар ба тадвин1 расад фазоили ту,

Натавон забти ў ба сад девон...

Он чӣ рондам зи давлати ту сухан,

В-он чӣ додам зи дониши ту нишон.

Нест иғроқи шоирона дар ин,

Нест тахъили2 муншиёна дар он.

Бегумон воқеъ асту ҳаст яқин,

Не яқин собит асту нест гумон.

Яке аз муҳимтарин хусусияти қасидахои шоир дар он аст, ки содаю равонанд. Онҳоро кас хонда бузургӣ, зебоӣ ва назокату латофати инсонро дарк мекунад. Махсусан, ташбиби қасидаҳо пуробуранг буда, дилро ба шўру ҳаяҷон меоранд. Ин қисмати қасидаҳо бештар ба ғазал шабеҳанд. Ба тамом риоя кардани таносуби сухан, истифода кардани санъатҳои шеърӣ ва калимаю ибораҳои рехтаи халқӣ ба каломи шоир ҳусну таровати махсус бахшидаанд. Барои исботи фикр ташбиби қасидаи зерро гирем:

Лола рух бинмуд, оламро гулистон кард боз,

Кўҳро доман пур аз лаъли Бадахшон кард боз.

Ғунчаи гул бар гиребон тугмаи ёқут дошт,

Гул ба нохунҳои рангинаш гиребон кард боз.

Бо асои сабз омад сабза бар атрофи ҷўй,

Хизр, пиндорӣ, ҳавои Оби Ҳайвон кард боз.

Ғунчаи наргис зи тоби гул назар барбасту гуфт:

«Бар рухи хуршеди рахшон дида натвон кард боз».

Ҷоми зар мондаст бар симин табақ наргис, нигор

Хешро аз соқиёни базми султон кард боз.

Чунон ки мебинед, дар ин ташбиб ҳар як калимаю ибора дар ҷояш бамавқеъ омадааст. Хонанда аз ин намуна зебоии забони модариашро ба хубӣ эҳсос мекунад. Дар пеши чашм баҳор бо тамоми шукўҳаш ҷилвагар мешавад. Шукуфтани лола, сабзу хуррам гардидани дашту ҳомун, аз нав эҳё гардидани зиндагии инсонҳо ва олами набототу ҳайвонотро шоирона ситу-дааст. Ба ин восита адиб таъкид менамояд, ки ҳар як шахс аз ин зебоиҳо оқилона бояд истифода барад.

1 Тадвин - таълиф кардан, иншо намудан.

2 Тахъил - хаёл кардан, гумон кардан, тасаввур намудан.

Достони «Беҳрўзу Баҳром»

Достони «Беҳрўзу Баҳром» дар эҷодиёти шоир мақоми аввал дорад. Асар дар муддати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки соли 1507 маснавӣ ба анҷом расидааст. Мақсади шоир аз эҷоди достон дар чист? Худи Биноӣ ба ин савол ҷавоб дода чунин мегўяд:

Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ,

Ҷустам, аз ҳар кӣ буд дар офоқ.

Бар сару пои он кутуб1 гаштам,

Бар баду неки халқ бугзаштам,

Ҷамъ кардам фавоид2 аз ҳад беш,

Бар гирифтам тариқи мақсади хеш.

Қасди он доштам, ки ин мақсуд,

Сар зи ғайб оварад ба ҷайби шуҳуд?

Турфа бадре аҷаб зуҳур кунад,

Зулмат аз коинот дур кунад.

Сар барорам чу абри найсонӣ.

Каф кушоям ба гавҳарафшонӣ...

Ки чу маҳсули ман ба рафъ4 расад,

Хўшачин аз ў ба нафъ расад.

Чунон ки дидем, мақсади Биноӣ аз навиштани асари мазкур ба халқ хизмат кардан будааст. Шоир дар бораи ахлоқ аз бузургони гузашта асарҳои зиёдеро мутолиа кардааст. Пас аз ин фикру мулоҳизаҳои онҳоро ҷамъбаст намуда, дар бораи ахлоқи ҳамида ва зишт ва дигар масъалаҳои тарбиявӣ андешаҳои шахсии худро зимни образҳои маснавӣ ба қалам додааст.

Масъалаи тарбияи шахс дар замони шоир яке аз проблемаҳои умда ба ҳисоб мерафт. Зеро ахлоқ ва махсусан ахлоқи табақаи болои ҷомеа бад шуда, ислоҳ металабид. Шоир хостааст, ки бо ин рох аҳли ҷомеаро тарбия намояд ва бо ҳамин васила дар назди виҷдон ва халқ хизмати худро адо кунад. Аммо барои ба мақсад расидан усули анъанавии бузургони гузаштаро такмил додааст. Достони шоир аз асарҳои ахлоқии гузашта, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки шоир барои баёни афкори ахлоқиаш на танҳо бо суханони умумии қахрамони лирикӣ қаноат мекунаду халос, балки бо роҳи додани сюжет дар рафти воқеаю ҳодисаҳои асар андешахои ахлоқии шоир характери ҷамъбастӣ мегиранд. Аз рафти ҳодисаҳои ибратбахш хонанда панд гирифта ба хулоса меояд.

Композитсия ва сюжети асар.

Достони «Беҳрўзу Баҳром» аз наъту муноҷот шурўъ мегардад. Пас аз ин шоир дар сабаби назми китоб, мақсаду мароми хеш аз таълифи асар сухан мегўяд. Баъд ду боби ба ҳам алоқаманд, ки яке ба масаълаҳои ахлоқи нек ва дигаре ба ахлоқи бад бахшида шудаанд, меоянд. Дар ин қисматҳо шоир ҳамчун қаҳрамони лирикӣ намудор шуда, муносибати худро ба ин ду масъала баён кардааст. Сипас бевосита сюжети асар шурўъ мегардад.

Дар шаҳри Ҳамадон ду бародар - Хоҷа Хусрав ва Хоҷа Азиз дўстона зиндагӣ мекарданд. Хусрав Гулчеҳр ном духтари соҳибҷамол ва Азиз бошад ду писар - Баҳром ва Беҳрўз дошт. Ҳар се дар мактаб якҷоя мехонданд. Гулчеҳр ва Беҳрўз бисёр нағз хонда, ба сухани устодон бо мароқ гўш мекарданд. Дар сари вақт вазифахоро ичро менамуданд. Боақлу боодоб буданд. Саъю кўшиш, меҳнату машаққати Гулчеҳр ва Беҳрўз зоеъ нарафт. Онҳо бисёр илмҳои маъмули замонаашонро ба хубӣ аз худ карда, аз илму фар-ҳанг бархўрдор гардиданд. Баҳром танбалу коргурез буд, ба мактаб, ба омўзиши илму дониш майл надошт. Ў бо одамони бадахлоқ ҳамроҳ шуда, вақти худро ба корҳои беҳуда мегузаронид. Ба ҳамин тариқ, ў ба як шахси, сиёҳдил, бефарҳанг ва умуман зарарноки ҷомеа табдил ёфт. Дар баробари ин Баҳром мехоҳад ба Гулчеҳри зебо издивоҷ кунад. Аз ин рў, падарашро маҷбур менамояд, ки ба хонаи амакаш рафта духтарашро барояш хостгорӣ кунад. Гулчеҳр ва падараш ба издивоҷ розӣ намешаванд. Гулчеҳр Баҳромро бад мебинад. Аммо ба Беҳрўз майлу рағбат ва муҳаббат дорад. Беҳрўз хам Гулчеҳрро нағз мебинад. Вале ишқашро изҳор намекунад. Хусрав муҳаббати ҳар дуи онҳоро фаҳмида, ба бародараш Азиз мегўяд, ки ман духтарамро танҳо ба Беҳрўз медиҳам.

1 Кутуб - шакли ҷамъи китобҳо.

2 Фовоид - шакли ҷамъи фоидаҳо.

3 Шуҳуд - фикрҳои хубу марғуб.

4 Рафъ - баланд шавад, маълум гардад, шўҳрат ёбад.

Баҳром ин хабарро шунида ба хашму ғазаб меояд. Бадкирдориаш боз ҳам зиёд мегардад. Одамкушӣ ва дуздӣ мекунад. Аз зиёнкории ў мардум ба дод меоянд. Ўро борҳо ба маҳкамаи қозӣ бурданд. Падараш Хоҷа Азиз тамоми дороию сарваташро дар ивази бадкирдориҳои содиркардаи Баҳром ба товон медиҳад. Падару модар ба фарзанд ҳарчанд насиҳат мекунанд, аммо зиёнкориаш боз зиёдтар мегардад. Пас аз ин Хоҷа Азиз аз Беҳрўз, ки дар он рўзгор ҳамчун яке аз шахсони донишманду хирадманд эътироф шуда буд, хоҳиш мекунад, ки ўро насиҳат карда, ба роҳи рост раҳнамун созад.

Сипас қисмати дуюми достон шурўъ мегардад. Ин кисматро «Насиҳатномаи Беҳрўз» гуфтан равост. Насиҳатнома аз 20 боб иборат буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тарбиявию ахлоқиро дар бар мегирад. Ҳар як боб ба масъалаҳои алоҳида бахшида мешавад. Шоир ҳангоми кушодани масъалаҳо барои тақвияти фикр ҳикояю масалҳои ахлоқии зиёдеро меорад, ки онхо бобҳоро шавқовар гардонидаанд.

Вале бояд гуфт, ки дар ҳамин ҷо хати сюжети асар канда мешавад. Ҳаёти минбаъдаи қаҳрамонҳои асосии достон Гулчеҳр ва Бехрўз ба хонанда норавшан мемонад. Маълум намешавад, ки «Насиҳатномаи Беҳрўз» ба Баҳром то чӣ андоза таъсир расонд. Оё ў ислоҳ шуд, аз роҳи бад баргашт? Хулосаҳои дақиқ бароварданро адиб ба хонанда ҳавола кардааст.

Мавзўи достон.

Дар достони «Беҳрўзу Баҳром» образи анъанавии адабиёти гузашта, муборизаи қувваҳои бадию некӣ мавқеи асосӣ дорад. Баҳром бадкирдор, бадтинат, вале Беҳрўз нексиришт аст ва Камолиддин Биноӣ ҳам беҳтарин ақидаҳои пешқадами худро дар симои Беҳрўз нишон додааст. Биноӣ ба воситаи кушодани характерҳо муносибаташро ба ҷомеа ва таълиму тарбияи инсон нишон додааст. Шоир дар достон ҳамчун рўҳбардору мададгор ва ҳимоятгари омма, шахсони бечораю мазлум ба назар мерасад. Беҳрўз дилсоф ва поквиҷдон аст. Ў меҳнат кардан ва бо меҳнати ҳалол нон хўрданро хислати бузургу вазифаи муқаддаси ҳар як фард ҳисоб мекунад. Аз меҳнату дастранҷи дигарон нон хўрдан нашояд. Албатта, ҳамаи ин суханон ба муфтхўрон ва золимони замонааш дахл доранд:

Рахши давлат ба зулм агар ронӣ,

Ҳамчу хар дар халоб дар монӣ.

Поймоли ҷафо ба кас маписанд,

Ки ба мехи ҷафо шавӣ побанд.

Тавсани зулм агар барангезӣ,

Уфтӣ зуду дер бархезӣ.

Синаи халқ агар чу наъл бурӣ,

Мех дар дида ҳамчу наъл хўрӣ.

Нармрў бошу зулм соз макун!

Чун инсон дастҳо дароз макун!

Барои ҳамин шоир ба золимон таъкид карда мегўяд, ки ту худатро ба ҷои мазлум гузор, дар ҷои ў тасаввур кун, пас он зулме, ки дар ҳаққи ў раво дидаӣ, дар худат имтиҳон карда бин, ки ту тоқати онро дорӣ ё не:

Зулм бар худ агар раво н-орӣ.

Даст боре зи халқ водорӣ.

Ба хато бар касе ҷафо накунӣ,

Даст аз пои худ хато накунӣ...

Қадам аз ҳадди худ бадар наниҳӣ.

Пой аз андоза пештар наниҳӣ.

Ахлоқи нек - зиннати инсон.

Барои ба роҳи бад нарафтан бояд ақлу хирадро пешаи зиндагӣ намоӣ. Мисли Беҳрўз хирадманду софдил, ҳалолкор ва ба инсонҳо нафърасон бошӣ. Аз ин ҷост, ки Биноӣ ҷанбаи ахлоқии асарашро пурқувват намуда, «Насиҳатномаи Беҳрўз»-ро дар анҷоми дос-тон меорад. Ў ба ин восита мехоҳад инсонҳоро тарбия намояд. Шоир дар ин қисмат, пеш аз ҳама, дар бораи пайдоиши ахлоқ, сабабҳои объективии он фикру андешаҳои пурқимати худро дар симои қаҳрамони асосии асар-Беҳрўз баён кардааст.

Биноӣ рўирост баромад карда, сабаби пайдоиши ахлоқи одамони ҷамъиятиро дар асоси далелҳои эътимодбахш дар образҳои қаҳрамонҳои асосии достони «Беҳрўзу Баҳром» равшан менамояд. Шоир доир ба сабабҳои пайдоиши ахлоқ ду ақида дорад. Ў чун бисёр бузургони гузашта ахлоқу одобро дар аввал ирсӣ мегўяд. Вале дар охир бар хилофи фикри боло баромада, назарияи нави материалистии худро ба миён мегузорад. Ў қайд мекунад, ки ахлоқи инсон, хоҳ вай бад бошад, хоҳ нек, дар натиҷаи таъсири муҳит ташаккул меёбад:

Ҳар кӣ сар зад ба гулхани пурдуд,

Ҷомааш бўи дуд гирад зуд.

Нашавӣ хоҷа ҳамнишини бадон,

То нагардӣ зи хайли бехирадон.

В-он кӣ бо гулхане шавад ҳампой,

Ҷуз ба хоки сияҳ нагирад ҷой.

Ҳар ки атвори неку бад гирад,

Ҳама аз ҳамнишини худ гирад.

Биноӣ барои исботи фикраш ҳамеша кўшиш мекунад, ки аз зиндагии одамон мисолҳои зиёд оварад. Мисолҳои овардашуда бештар воқеӣ буда, онҳоро ё худи шоир бевосита аз сар гузаронидааст, ё ин ки ягон дўсташ ба ў ҳикоят кардааст. Чунончи, доир ба масъалаи таъсири муҳит ба шахс дар маснавии «Беҳрўзу Баҳром» чор ҳикоят оварда шудааст, ки ҳар кадом хулосаҳои шоирро тасдиқ мекунанд. Дар ҳикояти дуюм Биноӣ саргузашти як рафиқашро нақл мекунад. Ин рафиқаш дар давраи мактабхониаш ниҳоят ҷавони нағз, ҳалим, боодоб ва аз ҳамаи корҳои ношоиста парҳезкор буд. Вале баъд, ҳангоме ки бо одамони бад нишастухез мекунад, тағйир ёфта таҳсилро тарк мекунад ва рафта-рафта, дар натиҷаи таъсири онҳо ба як нафар шахси хиёнаткор, разил ва ниҳоят ахлоқан вайрон табдил меёбад.

Ягона рохи халосӣ аз ин кирдорҳои разилона, ба фикри шоир, тарки ҳамсўҳбатон кардан ва бо одамони хуб ҳамнишин шудан мебошад:

Гуфт:~ Бигзар аз ин сиёҳрўзон,

Пой баркаш зи оташи сўзон!

То аз ин ҳамдамони бадгуҳарат,

Чӣ бало хохад омадан ба сарат!

Ба ҳамин тариқ, Биноӣ доир ба пайдоиши ахлоқ ақидаи мутафаккирони гузаштаро давом додааст. Агар шоир, аз як тараф, ирсӣ будани шахсияти фардиро тарафдорӣ карда бошад, рафта-рафта, дар натиҷаи омўхтани ҳаёту зиндагии одамон ба хулосаи ҳаётӣ омада: таъсири муҳиту ҳамсўҳба-тонро барои дигар шудани ахлоқ эътироф мекунад.

Биноӣ дар «Беҳрўзу Баҳром» ба масъалаи кибру ғурур аҳамият додааст. Албатта, дар он замоне, ки шоир зиндагонӣ мекард, аҳли сарват ва табақаи доро бештар соҳиби чунин хусусият буданд. Ҳатто дар байни аҳли илму ҳунар пайдо шудани кибр ҳам як ҳодисаи воқеӣ гардида буд. Олим ва ё ҳунарманде, ки ба дониши худ мағрур мешавад, - мегўяд ў, -аз самари он дониш асаре боқӣ намемонад. Олим бояд аз кибр дурӣ ҷуста, ба тавозўъ ва хоксорӣ рў орад, зеро фақат ба ҳамин роҳ мақбули омма шуда метавонад:

В-он ки кибр оварад зи илму ҳунар,

Ҳунару илмро намонад асар.

Гар тавозўъ ба илм натвонӣ,

Аҳли дониш наӣ, ту нодонӣ.

Албатта, сарчашмаи пайдоиши ахлоқи бад бидуни сабабҳои объективӣ ва субъективие, ки дар боло зикрашон рафт, ба ақидаи Камолиддин Биноӣ истеъмоли май, ё арақ низ будааст. Сарчашмаҳои илмӣ ва адабӣ пурра собит менамоянд, ки касалии майнўшӣ дар замони адиб, махсусан, дар байни табақаи боло хеле вусъат ёфта буд. Дар «Бадоеулвақоеъ» Зай ниддин Маҳмуди Восифӣ зимни баёни ҳодисаю воқеаҳои воқеӣ ин масъаларо инъикос намуда, сабаби ба вуҷуд омадани кинаю адоватро ба май ва майнўшию мастӣ алоқаманд мекунад, ки аслан дуруст аст. Вақте ки шахс маст гардид, аз ақл бегона мешавад ва ҳар чизе, ки ба забон омад, гуфтан мегирад. Биноӣ дар рўзгори хеш аз таҷриба зиёну зарари майнўширо бисёр дидаву мушоҳида кардааст. Ба ақидаи Биноӣ аксарияти гуноҳҳои содиркардаи одамон пас аз майнўшӣ ба амал меоянд. Одам ки маст шуд, беодоб мешавад, хоксорӣ, ақлу тамиз ба бод меравад. Мастӣ ба инсон на танҳо зарари рўҳию ҷисмонӣ мерасонад, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ инсонро хароб мекунад. Ба ақидаи нависанда ин як касалии сахт ва зараровар аст, ки инсон бояд аз он даст кашад:

Эй бародар. маёр рў ба шароб!

Баҳри андўҳу меҳнат аст ин об.

Душмани ақлу хасми ҷон аст ин,

Хонавайронкуни ҷаҳон аст ин.

Кист майхора? - «Марди маҷнунваш,

Зада дар худ ба дасти худ оташ.

Шаб чу девона ҳарзагўй шуда,

Рўз бемору тундхўй шуда.

Чун шавад маст ҳушёри фақир,

Саги девонаест бетадбир.

Хешу бегона фарқ натвонад,

Душману дўстро яке донад.

Дар порчаи боло Биноӣ ҳолати одами мастро хеле табиӣ ва шоирона ба қалам додааст. Масалан, арақ баҳри бетаги гаму андўҳ, душмани ақл, хасми ҷон, хонавайронкуни ҷаҳон аст. Одами мастро ба девона, тундхўй, ки дигар на дўстро мешиносаду на душманро монанд кардааст. Маст, ки ба хона омад, дар он ҷо ба сари зану фарзандон даст мебардорад. Умуман, ҳамаро нороҳат мегардонад:

Эй басо хонаҳо, ки сели шароб,

Дод барбод бар мисоли хубоб!

Аз ин суханон маълум мегардад, ки ашхоси аз ин касалӣ зарардида дар замони шоир кам набудаанд. Мастӣ инкишофи ҷамъиятро боз медорад. Зеро май, ба саломатии инсон зарари калон дорад, май шуури инсонро хароб ва иллатнок мегардонад. Камолиддин Биноӣ зарари марговари май ва мастиро дарк намуд ва ба муқобили он ошкоро, берўю риё баромад карда, онро сахт маҳкум кард:

Бода чун аклро кунад зоил,

Башарият ба шар шавад моил.

Бода чун бар димоғ хира шавад,

Шўъла мирад, чароғ тира шавад.

Шоир дуруст мегўяд, ки ҳар ҷои боданўшист, дар он ҷо пастист. Аз одами маст некӣ намебарояд, баръакс хамеша бадкирдорӣ, бадандешӣ меояд. Воқеан суханони оқилонаи Биноӣ имрўз аҳамияти боз ҳам зиёдтар пайдо кардаанд.

Ғайр аз ин, шоир он шахсонеро, ки аз пушти хешу табори савлат мекунанд, низ мазаммат мекунад:

Мард бояд ки худ падар бошад,

Боиси фахри сад писар бошад.

В-арна фазли падар чӣ суд кунад,

Фазли шахси дигар чӣ суд кунад?

Чанд аз пои хеш мегўӣ,

Фазли бобои хеш мегўӣ?

Биноӣ мақоми сухан ва одоби сухан гуфтанро ҳам муҳим мушуморад. Аз ҳамин сабаб як боби алоҳидаи маснавии «Беҳрўзу Баҳром»-ро маҳз ба ҳамин масъала мебахшад. Биноӣ мегўяд, ки айб ва нуқсонҳои одамӣ бисёранд. Ин нуқсонҳо дар навбати худ ба воситаи забон зоҳир мешаванд. Бинобар ин, дар вақти сухан гуфтан эҳтиёт кардан лозим аст. Ҳаминро фаромўш кардан даркор нест, ки агар одам як сухани лозимаро дар вақташ нагўяд, баъд афсўс мехўрад, вале як сухани ногуфтаниро гўяд, аҷаб нест, ки то охири умраш хиҷил бошад:

Суханеро, ки гуфтанй бошад,

Дар маҳал ё нуҳуфтанӣ бошад,

Як таассуф хўрӣ, ки мебоист

Гуфтанаш хомўшӣ намешоист.

Лек агар як нагуфтанӣ гўӣ,

То қиёмат кашӣ сияҳрўӣ.

Аз ҳамин сабаб, барои он ки хиҷил нагардӣ, - мегўяд шоир, - аввал он суханро дар тарозуи ақл санҷ, пасу пеши онро мулоҳиза кун ва пас аз он ки ба дуруст будани он боварӣ ҳосил кардӣ, ба забон ор:

Бар ту бодо, ки чун сухан гўӣ,

Бо тааммул раҳи сухан пўӣ.

Дилат аввал сухан қарор диҳад.

Баъд аз он бар забон гузор диҳад.

Суханеро, ки дар мақол орӣ.

Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.

Ба ҳамин тари, Камолиддин Биноӣ қисмати асосии эҷодиёти худро ба манфиати омма бахшида, орзую омоли онқоро тараннум намудааст, Шоир чи дар жанрҳои хурди лирикӣ ва чи дар достони «Беҳрўзу Баҳром» аз нуктаи назари синфии худ тарзи давлатдорӣ, зулми золимони замонаашро танқиду мазаммат менамояд, Дар баробари ин ба ҳимояи мазлумону ситамдидагон бармехезад. Инсонро аз ҳама мавҷудот баландтар мегузорад. Роҳҳои ба даст овардани илму дониш, одобу ахлоқи накўро ба воситаи образҳо, ҳодисаю воқеаҳои ҳаётӣ боварибахш нишон медиҳад.

Дар масъалаи ташаккул ёфтани шахсият нисбат ба гузаштагон хеле пеш меравад ва материалистона собит менамояд, ки ҷамъият, муҳит дар ташаккули инсон роли калон мебозанд.

Дуруст аст, ки Биноӣ фарзанди замони худ буд. Адиб ба муқобили ҳама гунна беадолатиҳо муборизаи беамон бурда, инсони покро ситоиш намуд. Одамонро ба илмомўзӣ, накўкорӣ, парҳезкорӣ, поквиҷдонӣ ҳидоят кард, ки имрўз ҳам фикрҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоир қимати худро гумм накардаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба