Зеҳн

Робиндранат Такур

КИ
Китобдор8 ноябри 2024 · 33 дақиқа хондан

АДАБИЁТИ ҶАҲОН

Нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон Робиндранат Такур 7-уми моҳи майи соли 1861 дар шаҳри Калкатта дар оилаи заминдори калон ба дунё омадааст. Ў дар зодгоҳаш ва шаҳри Лондон таҳсили илм кардааст. Солҳои 1878-1880 дар Англия ба омўзиши адабиёт ва мусиқӣ машғул шуд. Романҳои таърихии ў "Соҳили Бибхи" (1882) ва "Роҷаи хирадманд" (1887; аз қобилияти баланди нависандагии Такур шаҳодат медиҳанд. Охири солҳои 80-ум ва солҳои 90-ум Такур як силсила ҳикоёт ва шеъру драмаҳои фалсафӣ офарид ва дар он асарҳо роҳи муборизаи озодии ватанро ҳидоят намуд. Соли 1891 аз ҳаёти деҳқонон ва меҳнати вазнину тоқатфарсои онҳо ҳикояҳои зиёде навишта, дар маҷаллаи "Шадхона" ("Дарки зиндагӣ"), ки муҳаррири он буд, чоп намуд.

Аз охирҳои солҳои 90-уми асри XIX ва ибтидои асри XX дар эҷодиёти Такур майли реалистӣ қувват гирифт. Дар романҳои иҷтимоию маишии "Регреза" (1902), "Завол" (1905), повести "Ошёни харобшуда" (1903) беҳуқуқии занҳои Ҳиндустонро маҳкум кардааст.

Такур соли 1905 маҷаллаи сиёсию иҷтимоии "Бхандар" ("Хазина")-ро таъсис намуд.

Дар романи «Гора" (1907-1910) ва драмаи "Мукофоти амал" (1909) ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Ҳиндустон инъикос ёфтааст. Дар романи "Хона ва ҷаҳон" (1916) империализм ва сиёсати мустамликадории он сахт маҳкум карда шудааст. Такур ба сиёсати сулҳдўстонаи Иттиҳоди Шўравӣ таваҷҷўҳи хоса дошт. 14 сентябри соли 1930 ў ба Иттиҳоди Шўравӣ ташриф оварда буд. Дар "Номаҳо аз Россия" (1931) ў ба сиёсати сулҳдўстонаи Иттиҳоди Шўравӣ баҳои баланд дод. Такур инчунин муаллифи романи "Чаҳор бахш" (1934), повестҳои "Ду хоҳар" (1933), "Гулистон" (1934), маҷмўаи ашъори "Моҳуа" (1928), "Ҷангал" (1931), "Анҷом" (1932), "Баргҳо" (1936), "Дар беморӣ" (1940), "Шеърҳои охирин" (1941) ва гайраҳо мебошад.

Шеъри Такур "Ҷони халқ" (1911) гимни миллии Ҳиндустон мебошад.

Робиндранат Такур дар инкишофи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ ва санъати рассомӣ низ саҳми бузург гузоштааст. Бисёр ҳикояҳо - "Як шаби босаодат" (1927), "Қозӣ", "Қурбонӣ", "Мактуби зан" (1956), "Хорӣ", "Нокомӣ" (1958), шеърҳо – «Гарди хок", "Масъала", "Нолаи най", "Модарам", "Бангола", "Суруди роҳ", "Мўроҷиат ба шоир", "Умеди дили навмедшуда" (1958), песаи "Қурбонӣ" (1959), намунаҳо аз маҷмўаи "Боғбон", "Мурғони роҳгузар" (1961), романҳои "Завол" (1958), «Гора" (1961) ва "Регреза" (1986) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Такур 7-уми августи соли 1941 аз олам гузаштааст.

МУКОЛАМАИ ДУ ПАРАНДА

Мурғаке маҳбус будӣ дар қафас,

Мурғаке дар ҷангали озод буд.

Қисмати бо ҳам мухолиф доштанд,

Он яке ғамгину дигар шод буд.

Мурғи ҷангал гуфт: - Худро вораҳон,

То пар афшонем ҳар ду дар само.

Мурғаки маҳбус гуфто: - Вогузор,

Беҳ, ки андар ин қафас бошем мо.

Мурғи ҷангал гуфт: - На! Як рўз ҳам,

Ман натонам зистан андар қафас.

Мурғаки маҳбус гуфто: - Ҳайф, ҳайф,

Нест бар фарёди ман фарёдрас.

Гуфт он як: - Ҳар баҳорон бо суруд

Бигзарам аз ҷангалу кўҳу дара.

Гуфт дигар: - Ман ҳамонам, ки ҳамон,

Якка мехонам зи пушти панҷара.

Мурғи ҷангал гуфт бар мурғи қафас

-Гар бихонӣ, ҳамчу ман озод хон!

Мурғи маҳбас ҳамчунон посух дод –

Эй... ту ҳам бо шевану фарёд хон!

Мурғи ҷангал гуфт: - На, на! Ҳеҷ гоҳ,

Ман намехонам ба лаҳни дигарон.

Мурғи маҳбас ончунон хомўш монд,

Баски тақлид аст сангину гарон.

Гуфт он як: - Дар замину осмон,

Умр паймудан чӣ сон хуррам бувад.

Гуфт дигар: - Дар қафас бехавфтар,

Балки оромонаву беғам бувад.

Аз қафас берун биё, то пар занем,

Ҳар ду сўи осмони беҳудуд.

-Не, бимон, дар ин замин, дар ин қафас,

Ҳар ду то ёбем хушбахтии худ.

Мурғи ҷангал гуфт: - На, на! Ҳеҷ гоҳ,

Ман нахоҳам боли парвозам шикаст.

Мурғи маҳбас дод посухаш: - Бигў.

Ҳаст пас дар осмон ҷои нишаст?!

Ҳар ду ҷуфти созгор, аммо қафас,

Мекунад ин ҷуфтро аз ҳам ҷудо.

Ҳар ду аз шавқу муҳаббат мезананд

Аз миёни панҷара минқорҳо.

Ҳар ду пар-пар мезананд, аммо чӣ суд?

Ҳеҷ натвонанд то якҷо шаванд.

Ҳар ду аз қисмат ҳаменоланду лек,

Ҳеҷ не, ки ҷуфти беҳамто шаванд.

Мурғи ҷангал гуфт: - Эй маҳбус, дон,

Бо туям андар қафас овоз нест!

Мурғи маҳбас гуфт: - Рав, рав, ончунон,

Дар пари ман қудрати парвоз нест.

РЕГРЕЗА (ЧОКИРБОЛӢ) ПОРЧАҲО АЗ РОМАН

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

Раҷлокҳӣ бо саргармӣ ба келинаш хоҷагидориро меомўхт. Ҳамарўза вақти Аша дар анборхонаҳову ошхонаву ибодатгоҳ мегузашт. Шабона Раҷлокҳӣ ўро дар пазди худ мехобонид, то духтарак дур аз хешу табор худро яккаву танҳо ҳис накунад.

Баъди андешаҳои дуру дароз Аннапурна қарор дод, ки ба ҳеҷ чиз мудохила накунад.

Чӣ аламовар аст, писарбачаеро, ки калонсолон аз дасташ пояи найшакарро кашида гиранду ўро аз лаззати шарбати он маҳрум созанд! Ҳоло Моҳендро худро айнан дар ҳамин ҳол ҳис мекард. Магар ў метавонист хунсардона нигоҳ карда шинад, ки чӣ гуна зани ҷавонаш тамоми латофату назокати хешро сарфи ташвишу тараддуди хоҷагӣ месозад!

Боре ў ба назди Аннапурна даромада гуфт:

- Хола, дидани он ки чӣ гуна модарам Ашаро азоб медиҳад, бароям тоқатфарост!

Аннапурна хуб медонист, ки Раҷлокҳӣ Ашаро тамоман ба ҷон расондааст, бо вуҷуди он ба таскини ў кўшид.

- Чиҳо мегўӣ, Моҳим! - эътироз намуд ў. – Хоҷагидориро омўхтан зарур. Вагарна духтарони ин замона ғайр аз романхониву гулдўзӣ аз ўҳдаи дигар кор намебароянд. Дастбулўрони ҳақиқӣ.

Магар ин хуб аст?

- Бад аст ин ё хуб, ман намедонам, вале духтари ҳозиразамон бояд ҳозиразамон бошад, - бо ҳарорат эътироз намуд Моҳендро.

- Агар завҷаам аз китобхонӣ мисли ман лаз-затёб гардад, ҷои тамасхуру таҳқир нест.

Раҷлокҳӣ овози писарашро аз хонаи Аннапурна шунида ҳама корро монду ба назди онҳо даромад ва нешдор карда пурсид:

- Ҳа, чӣ шуд? Дар чӣ хусус ин қадар машварат доред?

- Дар ҳеҷ хусус, модар, - боизтироб ҷавоб дод Моҳендро.

- Фақат ба он роҳ дода наметавонем, ки ту Ашаро ба хизматгор табдил намоӣ.

Раҷлокҳӣ хашми баҷўшомадаашро ҷилав зада оҳиста ва таънаомез сухан оғоз кард:

- Хўш, бифармо, ба вай чӣ хел муносибат кунам?

- Бо ў худам машғул мешавам, савод меомўзам.

Раҷлокҳӣ чизе нагуфта, аз хона баромада рафт ва пас аз дақиқае аз дасти Аша дошта баргашт. Ў духтаракро рў ба рўи Моҳендро монда гуфт:

-Мана ин зани ту, метавонӣ, ба вай ҳар чӣ хоҳӣ, омўзӣ.

Сипас, ў ба Аннапурна рўй оварда каф ба ҳам гузошт ва бо тавозўи иғроқомез гуфт:

- Лутфан маро маъзур дор! Ашрофияти хоҳарзодаатро фаромўш кардаам; дастакони нозукашро бо асбоби ошхона олудаам. Хоҳиш мекунам, ўро шустушў намо ва либосҳои нав

пўшонида ба Моҳим бисупор. Бигузор вай машғули китобхонӣ шавад, хизматгори хона бошад, - ман мешавам.

Раҷлокҳӣ ҳаминро гуфту дарро бо садо пўшида баромада рафт. Аннапурна малулона рўи фарш нишаста монд. Аша, ки аз сабаби чунин тўфони ногаҳонӣ дар оила бехабар буд, аз шарму ваҳм ранг аз рухсораш парид.

"Бас аст! - гуфт ба худ Моҳендро. - Акнун худи ман бояд аз пайи ғамхории завҷаам шавам".

Мутобиқати орзўву ҳисси вазифадорӣ натиҷае мебахшад, ки аз вохўрии бод бо оташ бармеояд. Дарс, имтиҳонхона, ёру ҷўраҳо дигар таваҷҷўҳи Моҳендроро ба худ ҷалб намекарданд. Ў ба таълими завҷааш машғул гардида тамоми оламро фаромўш сохта буд.

Раҷлокҳии таҳқиршуда ба худ мегуфт: "Писару келинам бо узру ниёз наздам оянд, ба рўяшон нигоҳ нахоҳам кард! Мебинем, ки бе модар онҳо чӣ кор мекунанд!".

Вале рўзҳо мегузаштанду пушаймоншудагон ба остонаи ў наздик намегардиданд. Раҷлокҳӣ дигар тайёр буд, агар онҳо биёянд, аз гуноҳашон гузарад. Аммо онҳоро дарак набуд.

Он гоҳ Раҷлокҳӣ қарор дод худаш ба назди ҷавонон равад. Магар метавонад хашми модар нисбат ба писараш муддати мадид идома ёбад.

Болои боми табақаи сеюм, дар қисми кунҷаки кулбае бино ёфта буд, ки барои Моҳендро чун хонаи хоб ва машғулиятгоҳ хизмат мекард. Чанд рўзи охир Раҷлокҳӣ либоси писарашро тоза намекард, рахти хобашро ба тартиб оварда чанги хонаашро пок накарда буд ва аз он, ки дар анҷоми ғамхориҳои модаронаи худ ғафлат кард, қалбаш фишор меёфту доғе ба дилаш нишаста буд.

Боре пас аз зуҳр ўро фикре ба сар омад: "То дар донишгоҳ будани Моҳим рафта хонаашро ба тартиб меорам. Омада фавран пай мебарад, ки ин кори модараш". Ў бо зина боло баромад. Дари хонаи Моҳендро нимбоз буд. Раҷлокҳӣ чун каси сўзанзада як қад париду дар ҷояш истода монд. Моҳендро рўи ҷойгаҳ мехобид. Аша пушт ба дари хона нишаста оҳиста-оҳиста пойҳои шавҳарашро мемолид.

Раҷлокҳӣ дар равшании офтоби нисфирўзӣ ин манзараи саодати заношўиро дида аз шарму ранҷиши ҷонкоҳ фишурда гашт ва оҳиста поён фаромад.

ФАСЛИ ШАШУМ

Як бегоҳ, ки осмон гирифтаву шитир-шитир борон меборид, Моҳендрои масрур дар тан чодари наву муаттар, дар гарданаш шаддаи ёсамин вориди хона гардид. Ў ҳазлан Ашаро тарсонидан мехост, бинобар он кўшиш мекард, ки бесадо қадам занад. Вале ба хона назар афканда дид, ки тиреза боз, шамоли сахт қатраҳои боронро ба даруни хона мезанад. Чароғ хомўш, занаш бошад, рўи тахт хобида бесадо мегиряд.

-Чӣ воқеа рўӣ дод? - фарёд кард Моҳендро ба сўи ў шитофта. Аша сахттар гиряро сар дод. Моҳендро бо як азоб асли воқеаро фаҳмид; Аннапурна қаҳр карда ба хонаи амакбачааш рафтаст.

"Рафтаст! - мутаассифона, аз фикр гузаронид Моҳендро. Бе ин ҳам имрўз ким-чӣ хел тираву дилгиркунанда аст, ба болои он боз чунин нохушӣ!" Тамоми қаҳру ғазаби Моҳим ба модар нигаронида шуд. Сабаби ин ҳама муноқишаву низоъ - танҳо худи ўст!

- Холаамон куҷо бошад, мо ҳам ҳамон ҷо мешавем! - гуфт ў ба Аша ва ба чизҷамъкуниву ҳаммолдаъваткунӣ даромад.

Раҷлокҳӣ аз воқеа пай бурду оҳиста назди писараш омад ва оромона аз ў пурсид:

-Хўш, ту ба куҷо рафтанӣ?

Моҳендро ба саволи ў ҷавоб надод ва фақат баъди такроран пурсидани модар гуфт:

- Ба назди холаамон меравем.

- Рафтани шумо ҳоҷат нест, - бо ҳамон оҳанги оромона гуфт дар ҷавоб Раҷлокҳӣ, - худам рафта холаро меорам.

Ў фавран ба назди Аннапурна равон шуд.

- Тараҳҳум намо, аз гуноҳам гузар, янга, - каф ба ҳам гузошта илтиҷоомез гуфт ў.

Аннапурнаи даступогумкарда сар ба таъзим оварду ҳаяҷономез нидо намуд:

- Чаро маро гунаҳкор мекунӣ, дидӣ? Ҳар чӣ хоҳӣ, ман ба он розӣ!

- Аз сабаби он ки хонаи моро тарк кардӣ, Моҳендро бо занаш маро партофта рафтанӣ. Раҷлокҳӣ аз хашм ва ранҷишу залолат худашро дошта натавониста гиря карда фиристод.

Занҳо баргаштанд. Борон ҳамон беист меборид. Аша ҳам андак ором гардида буд. Моҳендро бошад, кўшиш мекард ўро хандонад. Дар дилаш умеди он тавлид мегардид, ки шояд ин шоми тира то поён ба ин минвол мағмум набошад.

Дафъатан Аннапурна вориди хона шуд.

- Чунӣ, - рўй овард ў ба Аша, - дар ин ҷо зиндагии маро талх мекунӣ, рафтанӣ шавам, дунболгирам мешавӣ. Наход маро дигар

дар ҷое ором набошад?

Аша чун ғизоли тирзада такон хўрд.

- Хола! - оташин шуда рафт Моҳендро. - Худаш чӣ гап? Аша ба ту чӣ бадӣ кард?

- Тобу тоқати ин гуна зани худсару бетартибро дидан надорам! Ана барои чӣ ман аз ин ҷо рафтам! Барои чӣ модаршўятро ин қадар хафа кардӣ? Аз чӣ маро боз ба ин ҳавлӣ

баргаштан маҷбур сохтӣ?

Моҳендро ҳеҷ вақт холаро чунин асабонӣ надида буд.

Рўзи дигар Раҷлокҳӣ Биҳориро ба наздаш хонда гуфт:

- Писарҷон, ба Моҳендро гўй, ки ба зодгоҳам-Барашот рафта омаданӣ ҳастам, кайҳост ба зиёрати он ҷо нарафтаам.

- Агар кайҳо боз он ҷойҳоро надида бошед, шояд тамоман нарафтан беҳтар бошад? - мутаваҷҷеҳ шуд Биҳорӣ. - Албатта ман дар ин хусус ба Моҳендро гап мезанам. Вале имонам комил, ў ба рафтани шумо розӣ намешавад.

Моҳендро бошад, розӣ шуд.

- Тамошо кардани ҷойҳои таваллудшудаат аҷибу гуворо бояд бошад, - гуфт ў ба Биҳорӣ. - Аммо бигзор ў дар деҳа то дер намонад- ҳоло мавсими борон, дар он ҷо шароит чандон хуб набудагист.

Ба рафтани модар бо чунин осонӣ розӣ шудани Моҳендро Биҳориро хашмгин сохт:

- Модарат яккаву танҳо рафтанист! - хитоб кард ў. - Ки ба вай нигоҳубин мекунад? Ҳамроҳаш занатро фирист, - нешханд зад Биҳорӣ.

Моҳендро аз ин таънаи ниҳонӣ ранҷида кўтоҳакак гуфт.

-Аша бо ман мемонад.

Бо ҳамин мусоҳиба қатъ гардид.

Ҳамин тавр, Биҳорӣ ҳар дафъа ғайри ирода Ашаро ба зидди худ мешўронид. Андешаи он ки Ашаро аз ў қаҳр меояд, барояш ким-чӣ хел масаррати талх мебахшид.

Худ ба худ маълум аст, ки Раҷлокҳӣ тамоман майли ба зодгоҳи худ рафтан надошт. Вале аз рўзе, ки муносибат дар оила тағйир ёфт, ў мисли заврақроне, ки ҳангоми камоб гардидани рўдхона бо мақсади муайян кардани умқ муттасил лот1 меандозад, ҳамон эҳсосоти писарашро месанҷид. Вай ҳаргиз гумон надошт, ки хоҳиши ў роҷеъ ба сафари Барашот ба ин осонӣ қаъри дарёро мерасад.

1 Лот - асбоб барои санҷидани умқи (чуқурӣ) баҳр

"Ҳа, - фикр мекард Раҷлокҳӣ, - рафтани ман аз рафтани Аннапурна чӣ қадар фарқ мекунад! Пас маълум мешавад, ки Аннапурна фариштаи накўкор асту ман фақат модарам ва аз рафтани ман ҳама хурсанд хоҳанд шуд".

Аннапурна аз андешаҳои талхи Раҷлокҳӣ пай бурда ба Моҳендро арз кард, ки вай ҳам ин хонаро тарк карданист.

-Модар, - гуфт он вақт Моҳендро ба Раҷлокҳӣ, - ту меравӣ, хола ҳам, ба хоҷагидорӣ кӣ машғул мешавад?

Раҷлокҳӣ ба як он истодагии худро аз даст дод.

-Чӣ, ту ҳам рафтанӣ ҳастӣ, янга? - бо заҳрханд мўроҷиат намуд вай ба Аннапурна. - Охир ин аз имкон дур аст! Ба хона кӣ нигоҳубин мекунад? На, ту бояд ин ҷо монӣ!

Раҷлокҳӣ дигар сафари худро ба таъхир нагузошт. Рўзи дигар, нисфирўзӣ омодаи роҳ шуд. На Биҳорӣ ва на каси дигар шубҳа надошт, ки худи Моҳендро модарашро то деҳа мегуселонад. Вале ба ҷои ин ў ҳамроҳи модар ду тан аз хизматгоронро фиристод.

- Моҳим, ту ҳанўз тайёр нашудаӣ? - Чун вақти рафтан расид, ўро нидо кард Биҳорӣ.

- Кор дорам, бояд дарс хонам, - илтиҷомандона ғур-ғур кард Моҳендро.

-Раҷлокҳиро худам мегуселонам, - гуфт Биҳорӣ.

Ин кор ба Моҳендро тамоман хуш наомад.

- Биҳорӣ аз ҳад зиёд худнамоӣ мекунад, - мегуфт ў бегоҳ ба Аша. - Нишон доданӣ мешавад, ки аз ман беш ғами модарамро мехўрад.

Аннапурнаро дар хона мондан лозим омад. Вале ў аз сутўҳу хиҷолат тамоман гўшагир шуда монд. Бегонагириҳои холаро дида Моҳендро ба ғазаб омад. Аша ҳам хафа шуд.

ФАСЛИ ҲАФТУМ

Раҷлокҳӣ ба Барашот омад. Фикр карда буд, ки Биҳорӣ ўро то деҳа гуселонида фавран пас мегардад, вале вазъият дар он ҷо мондани вайро металабид. Дар ҳавлии Раҷлокҳӣ ғайр аз ду кампири солхўрда касе набуд. Ба деҳа аз чор тараф ҷангалу буттазори бамбук наздик шуда меомад, оби ҳавз чодари сабз ба рўй кашида буд. Бегоҳӣ тамоман аз наздикиҳо уллоси шағолон ба гўш мерасид. Аз ваҳму бекасӣ Раҷлокҳиро дил мефишурд.

- Албатта ин ҷо зодгоҳи туст, - мегуфт Биҳорӣ, - вале онро дар ҳеҷ сурат "хуштар аз фирдавс" наметавон гуфт. Биё, ба Калкатта гашта равем, модар! Ман тўро дар ин ҷо танҳо монда наметавонам!

Авзои Раҷлокҳӣ дар ҳақиқат бад буд, вале ҳамин вақт Бинодинӣ омада ба таскину тасаллои ў пардохт.

Ин ҳамон Бинодинӣ буд, ки аввал ба Моҳендро ва сипас ба Биҳорӣ доданӣ буданду билохир, ба фармони тақдир шахсе аз ҳамдеҳагони худаш ба занӣ гирифта буд. Ягона хислати хоси ин мард - ҷигари беандоза варамкардаи ў буд. Бечора вазни аз ҳад зиёди онро бардошта натавониста пас аз чанде чашм аз олам пўшид.

Баъди вафоти шавҳараш Бинодинӣ дар ин деҳачаи дилгиркунанда мисли гули печон, ки дар байнии ҷангали анбўҳ яккаву танҳо месабзад, зиндагии якрангу бемасаррат ба сар мебурд. Ҳоло бошад, ў ба зиёрати хеши дураш - Раҷлокҳӣ-хола омадааст. Бинодинӣ бо муҳаббату эҳтироми комил ба назди Раҷлокҳӣ сари таъзим фурўд овард ва аз ҳамин рўз худро ба хизмати ў вақф намуд.

Оре, ин хизмати ҳақиқӣ буд! Бинодинӣ дақиқае ором намегирифт. Ҳама корро бо маҳорату чусту чолокии фавқулодда иҷро менамуд. Вай дар пухтупаз санъаткори оливу дар сўҳбат мусоҳиби беҳамто буд!

- Бевақт шуд, азизам, мегуфт Раҷлокҳӣ, - рав. камтар хўрок хўр.

Дар куҷо! Бинодинӣ намерафт ва то хоб бурдан пиразанро бо бодбезак бод мезад.

- Дақиқае ором надорӣ, ба ин ҳол касал шуда монданат мумкин, - мегуфт ба ў Раҷлокҳӣ.

Аммо Бинодинӣ дар бораи худ фикр намекард.

- Ман баринҳо касал намешаванд, хола, - мегуфт ў дар ҷавоб. - Охир кайҳо боз ба зодгоҳат наомадаӣ! Ғаӣр аз илтифоти худ тўро бо чӣ хуш созам, чӣ гуна эҳтироматро ба ҷо орам? Дар тўли ду рўз Биҳорӣ дар деҳа шахси лозимӣ шуда монд. Яке ба наздаш дору пурсида меомад, дигаре барои машварат дар хусуси масъалаи мудофиавӣ, сеюмӣ бо илтимосу илтиҷои писарашро ба ягон идораи мўътабар ба кор дароварда мондан аз ҷонаш сер мекард, чорумӣ хоҳиш менамуд, ки шикоятнома навишта диҳад. Ва ҳар дафъа хушмуомилавию меҳрубонии бетакаллуфи ў дили шахсони рўй овардаро мусаххар месохт. Деҳотиён нисбат ба Биҳорӣ эҳтироми зиёд зоҳир намуда, ба ў чун ба одами худӣ муносибат мекарданд. Бинодинӣ кўшиш менамуд, то ҳадди имкон зиндагии ҷавони шаҳриро дар шароити барояш ғайриодатӣ дилкаштар созад. Биҳорӣ ҳар дафъа аз сайругашт омада хонаи худро тозаву ороста меёфт; касе ба гулдони мисӣ гулу баргхои тару тоза ва рўи тахт як даста китобҳои Бонкиму1 Динобондҳу Митроро мегузошт. Ин аз ҳадди меҳмоннавозии маъмули деҳот боло мерафт.

Вақте ки Биҳорӣ дар ҳузури Раҷлокҳӣ Бинодиниро таъриф мекард, ба ў пиразан "Шумо бо Моҳендро чунин духтарро аз даст додед", - мегуфт.

- Кӣ медонад, шояд беҳуда мо ўро рад намудем, - писханд мезад Биҳорӣ, - аммо беҳтар, ки аз зан қабл аз издивоҷ мункир шавӣ. Баъди издивоҷ халосӣ аз вай басо мушкил аст!

Бонким - Бонкимчондро Чоттопадхай (1839-1894) классики адабиёти банголи Динободҳу Митро (1829-1873) - драматурги машҳури банғол

Раҷлокҳӣ бошад, фақат дар хусуси як чиз фикр мекард: "Ин духтар метавонист келини ман шавад. Чаро ин тавр нашуд!".

Ҳамин ки Раҷлокҳӣ аз бозгашт ба Калкатта гап мекушод, чашмони Бинодинӣ пур аз ашк мегардиданд.

- Аз чӣ ба чунин муддати кўтоҳ омадӣ, хола! - мегуфт ў. То даме, ки тўро намедонистам, дар ин ҷо ба як навъ зиндагӣ мекардам, метарсам минбаъд бе ту ба чӣ ҳол мешуда бошам!

- Худоё, чаро ту келини ман нашудӣ! - беихтиёр аз даҳони Раҷлокҳӣ баромад. - Дар он сурат ҳамеша ҳамроҳам мебудӣ!

Аз шунидани ин сухан ҳар дафъа Бинодиниро ҳаё пахш мекард ва ў саросема аз хона берун мерафт.

Раҷлокҳӣ чашм дошт, ки писараш ба вай мактуби пушаймонӣ мефиристад. То ҳол ў Моҳимро бо чунин муддат танҳо монда нарафта буд. Албатта фироқи модар ўро дилтанг хоҳад кард! Ва Раҷлокҳӣ бетоқатона мактуби аз гилаву навозишҳои писарона саршори Моҳимро интизорӣ мекашид.

Ба ҷои ин аз Моҳендро ба номи Биҳорӣ мактуб омад. Вай менавишт, ки модар баъди чанд сол ба зодгоҳаш баргашта ниҳоят хушбахт будагист.

-"Ҳа, - фикр кард Раҷлокҳӣ, - Моҳендро ранҷидагист".

"Хушбахт!" Гўё модари бечора бе Моҳим худ дар ягон ҷо хушбахт метавонад шавад!

- Ку Биҳорӣ, Моҳим боз чиҳо менависад?

- Дигар ҳеҷ чӣ, модар, Биҳорӣ мактубро қат карду ба хонаи дигар даромада ба қабати китобе пинҳон намуд.

Раҷлокҳӣ дигар чӣ гумон карда метавонист? Ў қарор дод, ки Мохендро мактубро дар ҳолати ранҷидагӣ аз модар навиштааст, бинобар он Биҳорӣ онро пурра нахонд.

Сар ба пистони модар задани гўсола фақат боиси ҷўши меҳри модагов ва зиёд шудани шири ў мегардад. Хашми Моҳендро низ баробари озор дар дили Раҷлокҳӣ амвоҷи меҳри модарии ўро ба талотум андохт ва ў аз гуноҳи писараш гузашт.

- Хайр чӣ, - оҳкашон фикр мекард ў. - Моҳим бо занаш саодатманд аст, - бисёр хуб! Бигзор хушбахтона зиндагӣ кунад. Минбаъд ба туфайли ў ҳаргиз ба писарам муноқиша намекунам.

Бинед - пештар ў дақиқае бе ман истода наметавонист, ҳоло бозгашти модарро шунида шояд димоғаш сўзад!

Чашмони Раҷлокҳиро пардаи ашк гирифт.

Ҳамон рўз, Раҷлокҳӣ гуё бар ҳасби иттифоқ чанд маротиба ба Биҳорӣ мегуфт:

- Писарам, рафта оббозӣ мекардӣ.

Биҳорӣ бошад, на майли оббозӣ кардан дошт, на ғизо хўрдан.

- Зиндагии ман барин гумроҳон бе тартибу низом хуштар мегузарад... механдид ў.

Вале Раҷлокҳӣ беором исрор менамуд:

- Не, не, ҳаво ниҳоят гарм, рав оббозӣ карда биё.

Билохир, Биҳорӣ хоҳиши ўро қабул карда ба оббозӣ рафт.

Баробари аз хона баромадани ҷавон Раҷлокҳӣ саросемавор мактуби қатшудаи писарашро аз қабати китоб гирифт ва Бинодиниро ҷеғ зада гуфт: - Ҷонакам, биё мактуби Моҳимро хонда деҳ!

Бинодинӣ ба хондани мактуб шурўъ намуд. Чанд сатри аввал дар хусуси модар сухан мерафт (ин порчаро Биҳорӣ хонда буд), боқӣ ҳама дар бораи Аша. Мумкин буд гумон кард, ки ў аз хушбахтӣ девона шудааст. Бинодинӣ чанд сатрро бо овози баланд хонду хиҷолатмандона хомўш гардид.

- Давомашро хонам, хола?

Раҷлокҳии аз сатрҳои нахусти мактуб ба риққат омада шах шуда монд.

- Кофист, - гуфт ў пас аз андаке хомўшӣ ва мактубро пас нагирифта берун рафт. Бинодинӣ мактубро ба хонааш бурд ва дарро маҳкам карда худро ба рахти хоб партофту аз нав ба хондани он шурўъ намуд. Фақат худи Бинодинӣ медонист, ки аз ин шуғл ўро чӣ лаззатест. Вале ин кунҷковии оддӣ набуд. Гоҳ-гоҳе чашмонаш чун рег дар офтоби нисфирўзӣ дурахшида, нафасаш чун боди саҳро

шадиду мунқатъ мегардид. Вай бо тамоми ҳастӣ кўшиш мекард тасаввур намояд, ки Аша чӣ гуна бояд бошаду Моҳендро чӣ гуна ва онҳо то чӣ андоза ҳамдигарро дўст медоранд. Дар ҳолате, ки такя

ба девор дода пойҳояшро дароз карда менишаст, мактубро ба сина фишурда чашм дар нуқтаи ноаён то дер беҳиссу ҳаракат монд.

Биҳорӣ мактубро кофта наёфт.

Нисфирўзӣ ғайри мунтазир Аннапурна омад. Аз эҳсосоти нохуши қалби Раҷлокҳӣ мефишурд, вале ў ба пурсуҷўӣ ҷуръат накарда, пахта барин сап-сафед, бо забони лол, чашм аз Аннапурна наканда меистод.

- Дидӣ, хона тинҷӣ, ҳама саломатанд, - ба ором кардани Раҷлокҳӣ шитофт ў.

- Пас чаро ту омади?

- Хонаву хонадориат ба худат насиб кунад, - гуфт дар ҷавоб Аннапурна, - дунё ба дилам зад. Ман ба зиёрати Банорас меравам. Қасдан ё надониста тўро ранҷонида бошам, аз гуноҳам гузар. Келини ту бошад, аз они туст... - Аннапурна гиря карда сар дод, - ў ҳанўз тифл аст, модар надорад... Бад аст ў ё хуб - охир

акнун ту барояш бегона нестӣ.

Аннапурна аз гиря гап зада наметавонист.

Раҷлокҳии баҳаяҷономада рафт, ки барои ғусл обу барои хўрдан ғизое тайёр кунад.

Вуруди Аннапурнаро шунида аз маъбади Дурга1 Биҳорӣ тохта омад. Вай боэҳтиром Аннапурнаро хайрамақдам гуфта бонг зад:

1 Дурга – модархудо ҳамсари Шива. Мўътақидони ў махсусан дар Банғола зиёданд

- Хола, худаш чӣ гап?! Наход то ҳамин дараҷа хафа шудӣ, ки моро партофта меравӣ?

- Биҳорӣ, маро аз фикрам нагардон, - базўр ашконашро боздошта гуфт Аннапурна. - Бахт ёратон гардад. Маро бошад, дигар дар дунё дилкашолие нест.

Медонам, ту барои Моҳендро шуда меравӣ. Ў дар ин бора таассуф хоҳад кард!

-Не, не, Биҳорӣ! Ин тавр нагўй! - ҳаросон фарёд зад Аннапурна. Ҳаргиз аз Моҳим хафа нестам, вале то ман наравам, дар оила осудагӣ нахоҳад буд.

Биҳорӣ чӣ кор карданашро надониста хомўш меистод. Аннапурна як ҷуфт дастпонаи рехтаи тиллоиро ба Биҳорӣ дароз кард.

- Ин дастпонаҳоро эҳтиёт кун, писарам, - гуфт, ў. - Вақте ки хонадор мешавӣ, онҳоро якҷоя бо дуои хайри ман ба арўс пешкаш намо.

Биҳорӣ бо эҳтиром дастпонаҳоро ба пешонӣ бурд ва дар ҳолате, ки базўр худро аз гиря бозмедошт, ба ҳамсояхона баромад. Вақти видоъкунӣ Аннапурна аз Биҳорӣ хоҳиш намуд:

- Моҳиму Ашаро фаромўш накун, писарам.

Сипас, ба Раҷлокҳӣ ким-чӣ хел коғазеро дода гуфт:

- Ин ҳуҷҷат тасдиқ менамояд, ки ҳар чӣ аз шавҳарам мондааст, ба Моҳим мебахшам. Ба хароҷоти ман моҳе понздаҳ рупия кофист.

Ў хам шуда чун зуҳури эҳтиром даст ба пои Раҷлокҳӣ расонид ва бо ҳама хайрухуш карда раҳсипори ҷойҳои муқаддас гардид.

ФАСЛИ ЁЗДАҲУМ

Ба Аша дугонае лозим буд. Ҳатто базми ишқ ҳам, агар дар вай фақат ду кас иштирок дошта бошад, носоз мебарояд. Шахсе зарур аст, ки ба ў саодати худро баён карда тавонӣ. Бинодинӣ, ки қалбаш аз ҳасрати меҳрубониву самимият лабрез гардида буд, нақли муҳаббати ҷавонзанро бо шавқи тамом гўш меандохт. Ин қабил сўҳбатҳо ақли ўро хира карда, хунашро ба ҷўш меоварданд.

Боре, нисфирўзӣ, ҳангоме ки Раҷлокҳӣ хобидаву хизматгорҳо дар поён буданд ва Моҳендро бо исрори Биҳорӣ ба дарсгоҳаш рафта буд, Аша дар хонаи хоб рўи кат ёзида мўйҳои дарози худро кушода партофт. Бинодинӣ аз пахлуи Аша ҷоӣ гирифта бо тамоми ҳастиаш нутқи чун садои ҷўӣборон гуворои ўро гўш мекард; рухсорааш лолагун шуда аз чуқур-чуқур нафас кашиданҳо синааш мавҷангезӣ менамуд.

Ў ба Аша саволҳо дода ҷузъиёти ҳар як воқеаро батафсил фаҳмида мегирифт ва ҳозир буд нақли ҷавонзанро борҳо гаштаву баргашта гўш кунад. Баъзан ба тасаввўроти хаёлӣ мепардохт, ки агар воқеа ин тавр ба ранги дигар сурат мегирифт, чӣ мешуд. Дар пайроҳаи вазъияти гуногун хаёли қадамзанон аз ишқи худ суханронӣ кардан ба Аша низ гуворо буд. Гапро Бинодинӣ оғоз менамуд:

- Агар тўро Биҳорӣ ба занӣ мегирифт, чӣ мешуд?

- Ақлатро гум кардӣ магар? Чӣ хел ба ин гуна гапҳо забонат мегардад? Ҳатто шунидани чунин суханон бароям шармовар аст! Агар худи ту ба вай ба шавҳар мебаромадӣ, чӣ мешуд? Охир як

вақтҳо мехостанд ҳардуятонро тўй кунанд!

-Харидорам кам набуд! Гап ин ки тўйи мо нашуд, вассалом! Ҳамин тавр ҳам зиндагиам хуб аст...

Аша ба вай эътироз мекард. Бо он ки гўё зиндагии Бинодинӣ нисбат ба зиндагии ў - Аша беҳтар аст, розӣ шудан мумкин буд магар?

- Ба шавҳари ман мерасидӣ, чӣ мешуд, - мегуфт ў, - охир метавонист ҳамин тавр ҳам шавад!

Оре, дар ҳақиқат метавонист ҳамин тавр шавад.

Ин рахти хоб ва кате, ки рўи он Аша нишастааст, замоне ўро мунтазир буданд. Бинодинӣ ба хонаи пурҳашам нигариста дар хусуси он ки метавонист кор ба дигар сурат анҷом ёбад, фикр накарда наметавонист. Вале ҳоло ў дар ин хона ҳамагӣ меҳмон асту бас - имрўз нисбат ба вай таҳаммул зоҳир менамояду фардо, шояд рафтан лозим меояд...

Бинодинӣ мўйҳои Ашаро бомаҳорат оро дода қариби шом назди шавҳараш фиристод ва худ хаёлан аз паси зани ороста ба хонаи сокит, хонае, ки он ҷо ўро Моҳендрои дилбохта интизорӣ мекашид, роҳ паймуд.

Баъзан Бинодинӣ Ашаро то дер назди худ медошт.

-Биё боз андак нишин, - мегуфт ў- Шавҳарат ба ҳеҷ кучо гурехта намеравад. Охир вай гавазни ромшуда аст, на оҳуи афсонавӣ. - Бинодинӣ ба ҳар макру фанд барои ҳар чӣ дертар дар назди худ доштани Аша кўшиш менамуд.

- Дугонаат аз чӣ сабаб бошад, ки раворавиро ҳам фаромўш кард, - хашмгин мешуд Моҳендро. - Кошкӣ тезтар мерафт!

- Чӣ ҳад дорӣ аз Регрезаи ман хафа шавӣ, - ба ў дармеафтод Аша. - Кош медонистӣ, вақте дар бораи ту накл менамоям, то чӣ андоза ба вай маъқул, пеш аз ба наздат гуселонидан бо чӣ ҷидду ҷаҳд маро орову торо медиҳад!

Раҷлокҳӣ намехост, ки Аша ба хоҷагидорӣ машғул шавад. Бинодинӣ баръакс кўшиш менамуд, ўро ба корҳои хона андармон созад. Худи ў тамоман рўзро ба умури хоҷагӣ масраф намуда Ашаро ҳам намегузошт, ки бекор нишинад. Вай корҳои хонаро чунон ба роҳ монда буд, ки барои Аша ягон дақиқаи холӣ намонд. Бинодинӣ чӣ гуна дар боло, дар кулбаи бекас дилтангу ғазаболуд нишастани Моҳимро тасаввур намуда худ ба худ бадхашмона механдид.

- Акнун ман меравам, Регрезаи азиз, вагарна ў боз асабонӣ хоҳад шуд, - изтиробомез мегуфт ба вай Аша.

- Азизам, ҳозир корҳоямонро, ки ба анҷом расонидем, фавран меравӣ, ҷавоб медод Бинодинӣ.

Баъди андак Аша боз таваллоомез хоҳиш менамуд:

- Рухсат деҳ равам, вагарна, дар ҳақиқат, ў хашмгин мешавад.

- Бигзор андак асабонӣ шавад! Ишқи берашк мисли сабзавоти бемурч мазза надорад!

Бинодинӣ таъми он мурчро хуб медонист, фақат сабзавот дар ихтиёр надошт! Гўё алангае дар қалби ў оташфишонӣ мекард. Ба ҳар ҷо назар афканад, дар чашмонаш як даста шарора барқ мезад. "Чӣ хонаву ҷое! Чӣ шавҳари меҳрубоне" - аз фикр гузаронид ў. -Сарриштаи ин хоҷагӣ мумкин буд насиби ман гардад! Ҳамин шавҳарро ман метавонистам ба ғуломи худ табдил диҳам! Он вақт хоҷагӣ дар чунин ҳол мебуд магар? Ин мард ҳам чунин мебуд магар? Вале ба ҷои ман ин лўхтаки бефаросат! Баъд Ашаро ба оғўш кашида гуфт:

- Канӣ, азизаки ман, - нақл кун, шаб дар чӣ хусус сўҳбат кардед? Суханони ёд додаамро ба вай гуфтӣ? Охир медонӣ, ки бо ҳикоёти ишқи шумо дили худро таскин медиҳам.

ФАСЛИ ДУВОЗДАҲУМ

Боре тоқати Моҳендро тоқ шуду модарро ба наздаш хонда гуфт:

- Дар хона нигоҳ доштани ҷавонзани тамоман бегона, боз бева, ба кӣ лозим, оча? Ба зимма гирифтани чунин масъулият зарур аст магар? Ман ба ин кор муқобилам. Кӣ медонад, оқибат чӣ мешавад?

- Бинодинӣ зани Бипини худамон, - эътироз намуд Раҷлокҳӣ, - вай барои ман бегона нест.

- Не, оча, ин кори беҳуда. Ба фикрам, дар хонаи мо мондани ў дуруст нест.

Раҷлокҳӣ медонист, ки дар мубоҳиса бо Моҳендро ғолиб омадан саҳл нест. Бинобар он аз Биҳорӣ имдод талабида хоҳиш намуд, ки ў писарашро розӣ кунад.

- Фақат ба туфайли Бинодинӣ дар пиронсолӣ ақаллан андак ором мегирам, - мегуфт ў, - бигузор ў бегона ҳам бошад, вале аз фарзандони худам ин хел илтифотро кай мебинам.

- Моҳим, ту дар бораи Бинодинӣ -фикр кардӣ?

- Набошад чӣ, шабҳо маро хоб намебарад, ғайри дар хусуси ў фикр кардан шуғли дигар надорам! - хашмгинона хандид Моҳендро. - Беҳтараш янгаат ба ту ахборот диҳад. Акнун дар ин хона ҳама кор бо хоҳиши Бинодинӣ иҷро мешавад. Аша ба шавҳараш нигоҳи маломатомез афганд.

- Наход? - тааҷҷуб намуд Биҳорӣ. - Тамоман романи "Дарахти заҳрнок"1 барин-ку!

- Билкулл! Барои ҳамин ҳам Чунӣ муштоқи аз ў халос гардидан аст.

Боз чашмони Аша аз таги ҳиҷоб ба Моҳендро газаболуд барқ заданд.

- Хуб, фарз кардем, ту ўро ба деҳа фиристодӣ, дилаш хоҳад, боз гашта омадан мегирад - дия, - гуфт Биҳорӣ. - Беҳтараш ўро ба шавҳар дода аз дарди сар халос шав.

- Кундоро2 ҳам ба шавҳар дода буданд, - гур-ғур кард Моҳендро.

- Биё, муқоисаро як сў монем. Ман дар хусуси Бинодинӣ аксар фикр мекунам. Вай якумр бо шумо монда наметавонад, албатта. Вале ба он чои дурдаст фиристодани ў ҳам бетараҳҳумист.

Моҳендро то ҳол Бинодиниро надида буд. Вале Биҳорӣ ўро дида хуб фаҳмид, ки ба ким-кадом гўшаи ҷангал маҳкум намудани ҳаёти чунин зан беадолатист. Ҳаминро ҳам нағз медонист, ки шўълаи шамъе, ки хонаро мунаввар месозад, инчунин метавонад онро ба хокистар табдил диҳад. Ин ҳол ўро хавотир накарда наметавонист.

Моҳендро муддате ба дилсўзии Биҳорӣ хандид. Худи Биҳорӣ ҳам механдид, вале дар дил эътироф менамуд, ки бозӣ бо ин зан хатарноку беэътиноӣ нисбат ба вай аз имкон берун аст.

Раҷлокҳӣ Бинодиниро пешакӣ огоҳониданӣ шуд...

- Духтарам, - гуфт ў, - аз келини ман худатро дуртар дор. Ту дар деҳа калон шудаӣ, урфу одати ин ҷойҳоро намедонӣ. Вале зани хушақлӣ, дурустакак фикр кунӣ, мефаҳмӣ, ки барои чӣ ман

ба ту ин гапҳоро гуфта истодаам.

Баъди ин суханон Бинодинӣ аз Аша канорагирӣ мекардагӣ шуд.

- Ман дар ин чо кистам? - мегуфт ў ба Аша - Ҳеҷ кас. Ақаллан барои як лаҳза дар ин шароит ман чӣ гуна рафтор доштанро фаромўш мекардам, Худо медонад, ба сарам чиҳо меомад.

1. «Дарахти заҳрнок» - романи Бонкимчондро Чоттопадҳай. Дар асар нақл карда мешавад, ки чӣ гуна бевазани ҷавон ғайриихтиёр сабаби вайрон шудани оила мегардад.

2 Кундо - каҳрамони романи "Дарахти заҳрнок"

Аша ўро илтиҷо мекард, ашк мерехт, вале Бинодини устувор буд.

Ин замон оғўши Моҳендро ҳам нисбат ба пештара сусту нигоҳи меҳрангезаш гўё аз хастагӣ хира гардида буд. Бетартибии гирду атроф, ки то ин вақт ба назараш аҷоиб менамуд, акнун ўро ба ғазаб меовардагӣ шуд. Дар зиндагӣ ноозмудакории Аша баъзан ба дараҷаи таҳаммулнопазир мерасид. Вале ў ба ин лом нагўяд ҳам, Аша пай мебурд, ки нури муҳаббати онҳо рўз аз рўз хира мегардад. Дар навозишҳои Моҳендро сохтагиву сунъият ҳис карда мешуд, - аз ҳад зиёд илтифот зоҳир месохт, худфиребӣ мекард. Дар чунин мавридҳо халосие чуз фирору давое ҷуз фироқ нест. Аша ғаризатан кўшиш менамуд худро аз Моҳендро дур гирад. Аммо вай аз Моҳим канорагирӣ карда гайр аз Бинодинӣ ба назди кӣ ҳам метавонист равад?

Моҳендро аз нашъаи ишқ ҳушёр гардида боз ба масъалаҳои дигари зиндагӣ, аз ҷумла машғулиятҳои донишгоҳ, рағбат паӣдо намуд. Аз ким-кадом кунҷи хона китобҳои дарсиашро кофта ёфт ва ба пок кардани чанги онҳо даромад. Сипас, либосҳои ба коллеҷ пўшида мерафтагиашро бароварда ба офтоб паҳн намуд.

ФАСЛИ ПАНҶОҲУ ПАНҶУМ

Раҷлокҳӣ оламро падруд гуфт.

- Ман илми тибро омўхтаам, Биҳорӣ, - гуфт Моҳендро ба дўсти худ пас аз маросими дафн.

- Иҷозат фармо, ман ҳам дар кори ту ширкат дошта бошам. Чунӣ хоҷагидори хубест, кўмаки ў ҳам хоҳад расид. Мо ҳама якҷоя дар Балӣ иқомат хоҳем кард.

Ту бояд ин масъаларо ҳаматарафа фикр карда бароӣ. Ин кор ба ту писанд меомада бошад? Дар зери таъсири эҳсосоти яклаҳзагӣ чунин бори гаронро ба дўши худ гирифтан нашояд.

- Охир худат мебинӣ, ки - эътироз кард Моҳендро, тарзи ҳаётам ба худам маъқул нест. Бекорӣ маро ба ҳалокат хоҳад расонд. Ту шояд иҷозат диҳӣ, ки ҳамроҳат кор кунам.

Устувории Моҳендро Биҳориро розӣ кунонид. Вақти рафтани Аннапурна наздик меомад. Ў ҳамроҳи Биҳорӣ воқеаҳои ғамангези рўзҳои охирро муҳокима менамуд.

- Хола, як дақиқа ба наздат дароям мумкин аст? - аз паси дар овози Бинодинӣ ба гўш расид.

- Даро азизам, бишин.

Бинодинӣ ворид шуд. Аннапурна бо ў каме сўҳбат карда бо баҳонаи он ки бистарро ба айвон барорад, Бинодиниву Биҳориро танҳо гузошт.

- Акнун ман бояд чӣ кунам? - пурсид Бинодинӣ.

- Худат, гўй, чӣ кор кардан мехоҳӣ?

- Гуфтанд, ки ту дар боғи соҳили Ганга барои бенавоён шифохона кушодаӣ. Метавонистам дар он ҷо кор кунам, ақаллан ошпаз бошам.

- Ман дар болои ин ҳама масъалаҳо хеле андешидам, хоҳарам, ба гап сар кард Биҳорӣ. Байни мо носозиҳои бисёре ҷой доштанд, риштаҳои ҳаёти мо гиреҳ андар гиреҳ гардиданд. Аммо

ҳоло рўзе расидааст, ки ин гиреҳҳоро во кунем. Ҳама бояд фаҳмову равшан бошад. Ба ман шуҷоат даст намедиҳад, ки мувофиқи тақозои дилам рафтор кунам. Аммо то ҳамаи рўйдодҳоро пурра дарк накунам, то ором нашавам, наметавонам,

ки ба истиқболи ҳаётам ба таври бояду шояд тайёрӣ бинам. Агар гузашта халал намедод, танҳо ту метавонистӣ дар тамоми тўли ҳаётам боиси хушбахтии ман бошӣ. Аммо ҳоло ман бояд озод

бошам. Орзўи мо дар бораи бахт беҳуда аст. Мо бояд сазовори омурзиши бадиҳои содиркардаамон шавем.

Дар ин лаҳза ба хона оҳиста Аннапурна даромад.

- Модар, - муроҷиат кард ба ў Бинодинӣ, - ба ман дар пеши пои худ ҷой деҳ, мани гунаҳкорро аз худ дур нарон.

- Ҳамроҳам ба Банорас биё, азизам, - таклиф кард Аннапурна.

Рўзи сафари Бинодинӣ ва Аннапурна фаро расид. -Мехостам нишонае аз ту дошта бошам, - гуфт Биҳорӣ, вақте ки бо Бинодинӣ танҳо мондан муяссараш гашт.

- Ман ба ту чӣ тўҳфа карда метавонам? - ҳайрон шуд зан.

- Англисҳо одате доранд, - шармгинона гуфт Биҳорӣ, - ки як ҳалқа мўи маҳбубаашонро бо худ дошта бошанд. Агар ту...

-Чӣ шармандагӣ! Мўи ман ба ту чӣ лозим! - фарёд зад Бинодинӣ. Ин бадтарин аз моли ман аст. Лекин агар дар кори ту ширкат дошта натавонам, мехостам ба ту чизе ҳадя кунам. Бигў, ки ту тўҳфаи маро қабул мефармоӣ?

- Албатта.

Он гоҳ Бинодинӣ аз мағзи сориаш ду коғази ҳазоррупиягиро бароварду ба Биҳорӣ дароз кард. Биҳорӣ бо чашмони пурмеҳр дер гоҳ ба чеҳраи Бинодинӣ нигоҳ карда монд.

- Ман ба ту чӣ тўҳфа кунам? - пурсид Биҳорӣ.

- Дар ман нишонаи ту ҳаст, - вай доғи захмеро, ки дар дасташ буд, нишон дод. - Ин зинати ман аст ва касе қудрат надорад, ки онро аз ман бираҳонад. Бароям чизи дигар лозим нест.

Биҳорӣ дар ҳайрат монд.

- Шояд фаромўш карда бошӣ, - шарҳ дод Бинодинӣ. – Боре ту маро задӣ. Ин доғи захм аст. Ту онро пас гирифта наметавонӣ.

Сарфи назар аз фармони Аннапурна Аша худро маҷбур карда наметавонист, ки ба Бинодинӣ хайрхоҳона рафтор кунад. Онҳо якҷоя хизмати Раҷлокҳиро мекарданд, лекин ҳар боре, ки Аша Бинодиниро медид, дилаш хун мешуд, барои ў бо Бинодинӣ гап задан бори гарон буд, табассум кардан аз ин ҳам мушкилтар. Хусусан аз мадади Бинодинӣ истифода кардан ба Аша ногувор буд. Аз рўи одоб ў бетели Бинодинӣ тайёркардаро мегирифт, вале баъд оҳиста ба як сў ҳаво медод. Ва инак лаҳзаи видоъ фаро расид. Холааш бори дуюм хонаи онҳоро тарк мегуфт. Ашк дили Ашаро нарм кард, ҳамроҳи сиришк дар дили ў нисбат ба собиқ дугонааш ҳисси шафқат низ бедор шуд. Дар дунё кам дилеро дучор мекунӣ, ки ҳангоми видоъ ҳама гуноҳҳоро набахшад. Аша фикр мекард, ки Бинодинӣ Моҳендроро дўст медорад. Дигар хел шуданаш магар мумкин аст? Аша аз худаш қиёс мекард, ки ўро дуст надоштан аз имкон берун аст. Ёд дорад, ки баҳри ин муҳаббат чӣ ранҷҳое кашидааст ва акнун ба Бинодинӣ, ки аз Моҳендро якумра ҷудо хоҳад шуд, ҳамдардӣ накарда наметавонист. Ин гуна ҷазои мудҳишро Аша ба душманаш ҳам орзў намекард. Аз ин андешаҳо чашмони Аша пуроб шуданд. Як вақтҳо ў Бинодиниро дўст медошт, ҳоло ки муҳаббат гўё тайёр буд аз нав дар қалби ў бедор шавад, Аша назди Бинодинӣ омаду бо андўҳи маҳзунона пурсид:

- Ту ҳам меравӣ, хоҳарам?

Бинодинӣ бо навозиш аз зери занахи Аша гирифт.

- Бале, хоҳарам, меравам. Як вақтҳо маро дўст медоштӣ.

Акнун ҳам, ки ту хушбахтӣ, як зарраи он муҳаббатро дар дил нигоҳ дор, боқӣ ҳамаро фаромўш кун!

- Маро бубахш, - гуфт Моҳендро ба Бинодинӣ ва чуқур таъзим карда, аз пои ў хок гирифт. Дар чашмони ў ашк чарх зад.

- Ту ҳам бубахш, - гуфт Бинодинӣ. - Оллоҳи таъоло ба ҳамаи шумо бахт ато кунад!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба