Зеҳн

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор — Шеърҳо

ЗЕ
Зеҳн8 ноябри 2024 · 12 дақиқа хондан

ЧӢ ДОРӢ?

Эй хоҷа, ба ҷуз симу зар чӣ дорӣ?

ЧУН ИЛМ надорӣ, дигар чӣ дорӣ?

Зарру гуҳаратро агар ситонанд,

Эй хоҷаи влогуҳар, чӣ дорӣ?

Аз илм шавад хоки беҳунар зар,

Бингар, ки зи илму ҳунар чӣ дорӣ?..

Гўӣ падарат дошт илму дониш,

Аз донишу илми падар чӣ дорӣ?

Гар зар зи ривоҷ афтад баногоҳ,

Ту баҳри хўриш моҳазар1 чӣ дорӣ?

В-ар кор ба фикру амал гарояд2,

Аз фикру амал баргу бар чӣ дорӣ?

В-ар аз ватан афтӣ ба шаҳри ғурбат,

Сармоя дар он буму бар чӣ дорӣ?

Ин зар, ки ба даст андар аст, зар нест,

3-он зар, ки бувад зери сар чӣ дорӣ?

Зўри тану ИҚДОМУ азму мардӣ,

Завқу фану ҳушу фикар3 чӣ дорӣ?

Имрўз тўи миру корфармо,

Фардо, ки шудӣ коргар, чӣ дорӣ?

Аз санъати мардум барӣ таматтўъ

Худ санъате, эй номвар, чӣ дорӣ?

3-он ҳирфаву пеша, ки ояд аз он

Нафъе зи барои башар, чӣ дорӣ?

Дорӣ гуҳари маъданӣ фаровон,

Аз маъдани дониш гуҳар чӣ дорӣ?

Дорӣ қутуби арзишӣ муқаррар2,

3-он ҷумла яке хат зи бар чӣ дорӣ?

Бе илм башар шохаест бебар,

Эй шохаи бебар, асар чӣ дорӣ?

Бе завқ раҷул3 гулбунест бегул,

Эй гулбуни бегул, самар чӣ дорӣ?

Бар фарқи ту ҳаст ин кулоҳи зебо,

Дар зери кулоҳ остар чӣ дорӣ?

В-он ҷомаву рахти ту сахт нағз аст,

Бинмой, к-аз он нағзтар чӣ дорӣ?

Эй хоҷа, зи илму ҳунар гузаштем,

Аз дину мурувват, нигар чӣ дорӣ?

Аз ҷуду саҳо4 як ба як чӣ донӣ?

В-аз меҳру вафо сар ба сар чӣ дорӣ?

Ҷуз ҳилаву макру дағал чӣ хондӣ?

Ҷуз нахвату уҷбу батар5 чӣ дорӣ?

ЭЙ ЗАН!

Ҷавонбахту ҷаҳонорой, эй зан!

Ҷамолу зинати дунёй, эй зан!

Садаф хон-асту соҳибхона ғаввос1,

Ту дар вай гавҳари яктоӣ, эй зан!

Ту якто гавҳарӣ дар дурҷи2 хона

В-аз он беҳтар, ки гавҳарзоӣ, эй зан!

Ту дар айни латофат зўрмандӣ,

Ту ҳам гавҳар, ту ҳам дарёӣ, эй зан!

Чу мағз андар сару чун ҳуш дар мағз,

Баҷову лоиқу шоёӣ, эй зан!

Ту нури дидаи равшандилонӣ,

Аз иро дархўру дарбоӣ3 эй зан!

Табиат худ чу коне пур зи лафз аст,

Ту он алфозро маъноӣ, эй зан!

Таолиллаҳ, ки дар боғи накўӣ,

Чу гул покизаву зебоӣ, эй зан!

Хато гуфтам, зи гул некўтарӣ ту

Ки ҳам зебову ҳам доноӣ, эй зан!

Туро ҳоҷат ба ороиш набошад,

Ки худ по то ба сар ороӣ, эй зан!

Наими1 зиндагиро бо ту бинам,

Ҳамоно нури чашми моӣ, эй зан!

Муаммои ҷаҳон ҳал кардию боз,

Ту худ асли муаммоҳоӣ, эй зан!

Набудӣ зиндагй гар зан набудӣ,

Вуҷуди халқро мабдоӣ2, эй зан!

Бинои некбахтиро ба гетӣ,

Ту ҳам меъмору ҳам банноӣ3, эй зан!

Кавокиб4 ҷумла тан гўшанд, чун ту

Шабонгаҳ гарми ло-лолоӣ5, эй зан!

Биғалтад ашки анҷум чун бари тифл,

Ту чашм аз хоби хуш бикшой, эй зан!

Табиат ҷазбаи ишқ аз ту омўхт,

Ки ту худ ишқро мабноӣ9 эй зан!

Табоеъ гоҳ лутфу гоҳ қаҳранд,

Ту лутф аз фарқи сар то поӣ7, эй зан!

Биҳишти воқеӣ ҷоест к-аз меҳр

Ту бо фарзандгон он ҷоӣ, эй зан!..

Дареғо, гар ту бо ин ҳушу идрок,

Ба ҷаҳл аз ин фузунтар поӣ, эй зан!

Дареғо, к-аз ҳисоби худ ватанро

Ба ниматан фалаҷ, фармоӣ, эй зан!..

ЗИНАТИ МАРД

Зинати мардум ба ақл асту ҳунар,

Не ба пўшоку ҷалолу фарраҳӣ1.

Дидаам донишвароне бохирад,

Дар либоси жанда чун абду раҳӣ2.

Низ дидам сифлагоне бекамол,

Карда бар тан ҷомаи шоҳаншаҳӣ.

Пўшиши олӣ нишони ақл нест,

Фарқ бошад аз варам то фарбеҳӣ!

Бебаҳо бошад либосе, к-андар ў

Нест ғайр аз аҳмақию аблаҳӣ.

Кисаи карбос бошад пурбаҳо,

Чун дар ў резанд зарри даҳ-даҳӣ3.

Ҷоҳил андар ҷомаи фохир бувад,

Кисаи абрешимин аммо тиҳӣ.

ШЕР БОШ, НА КАЖДУМ!

Тундӣ макун, ки риштаи чилсола дўстӣ

Дарҳол бигсилад, чу шавад тунд одамӣ.

Ҳамвору нарм бош, ки шери дарандаро

Зери қилода1 бурд тавон бо мулоимӣ!

Марди ирода бош, ки девори оҳанин

Чун ним ҷав ирода набошад ба маҳкамӣ.

Рамз аст ҳар чи ҳасту ҳақиқат чуз ин ду нест,

Эй нури чашм, ин ду бувад айни мардумӣ!

Ё роҳи хайри халқ сипардан2 ба ҳусни хулқ

Ё роҳи хайри хеш сипардан ба хуррамӣ,

В-ар з-он, ки ҳиммати ту ба озори мардум аст,

Шерӣ ба ҳар тариқ накўтар зи каждумӣ!

АЗ БАДӢ БИПАРҲЕЗ!

Гузашта гузаштасту оянда нест,

Миёни ду нобуд, поянда чист?

Гузашта агар хуб, агар бад гузашт,

В-аз оянда кас низ воқиф нагашт.

Гузашта ба чанги ту н-ояд дигар,

В-аз ояндаат низ набвад хабар

Даме, к-андар он даъвии ҳасти туст,

Ҳамон аст, к-ин лаҳза дар дасти туст,

Чу дар дасти туст, эй бародар, замон,

Замонро ба андўҳу ғафлат мамон!

Дар ин як дам ар бад кунӣ ё ки зишт,

Замона ба номи ту хоҳад навишт.

Мабодо дар ин як замон бад кунӣ,

Ки гар бад кунӣ, дар ҳақи худ кунӣ.

Бипарҳез аз озурдани некмард,

Ки бо некмардон касе бад накард!

ЧАШМА ВА САНГ

Ҷудо шуд яке чашма аз кўҳсор,

Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор.

Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт:

— «Карам карда роҳе деҳ, эй некбахт!»

Гарон санги тирадилу сахтсар,

Задаш силию гуфт:

— «Дур, эй писар!

Наҷунбидам аз сели зўрозмой,

Кий ту, ки пеши ту ҷунбам зи ҷой?!»

Нашуд чашма аз посухи санг сард,

Ба кандан дар истоду ибром кард2.

Басе канду ковиду кўшиш намуд,

К-аз он санги хоро раҳе баркушуд.

Зи кўшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,

Ба ҳар чиз хоҳӣ, камоҳӣ3 расид.

Бирав, коргар бошу уммедвор,

Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба кор!

Гарат пойдорист дар корҳо,

Шавад саҳл пеши ту душворҳо,

МЕҲРИ МОДАР

Буд дар Басра ҷавоне з-аъроб,

Шуда аз ишқи буте масту хароб.

Духтаре: офати дил, ғорати дин,

Ғамзааш дар раҳи ҷонҳо ба камин.

Чашми ҷодуш ба куфр оғишта,

Сафи мижгон зи худо баргашта;

Ишвааш хуни ҷавонон хўрда,

Дили сад пиру ҷавон озурда;

Нозпарвар санаме, сангдиле,

Бевафо шоҳиди паймонгусале,

Басра аз ғамзаи ў гашта хароб,

Ронда Шаттул-араб аз чашм нур об,

Басраро з-он хами зулфи шабранг

Дода бим аз хатари лашкари занг.

Дили мардони араб хастаи ў,

Шуд дили марди ҷавон бастаи ў.

Он ҷавон дошт яке модари пир,

Ба ҳаводории фарзанд асир.

Модаре— баста ба фарзанд умед,

Мўй дар тарбияташ карда сафед.

Гуфт бо модари худ рози нуҳуфт,

Модар аз рўи вафо қисса шунуфт,

Хостор омаду бо ранҷи дароз,

Хонда шуд хутбаву шуд ақд фароз,

Хайма гашт аз гули рўяш гулшан,

Ноқа куштанду шуд оташ равшан.

3-он арўсию аз он домодӣ.

Пиразан кард фаровон шодӣ.

Лек аз оғоз арўси бадхўй,

Сар гарон дошт бар он модаршўй.

Зол3 хандон ба тамошои арўс,

В-ок ҷафопеша рух аз қаҳр абўс4,

Зол бо хандаву қурбон, садақа,

Духтар аз чашми фурўзон ҳадақа3.

Зол агар рафтию шир овардӣ,

Духтар аз қаҳр бар он туф кардӣ.

Зол агар об кашидӣ зи ғадир6,

Духтар он об фишондӣ ба кавир7,

Зол нон пухтию хон бинҳодӣ,

Духтар он нон ба сутурон8 додӣ.

Писар овардӣ агар сайд зи роҳ,

Мутааффин шудӣ андар хиргоҳ.

3-он, ки гар зол зади даст бар ў,

Духтар он луқма набурдӣ ба гулў,

Пиразан сабр намуда ба ҷафош,

Бо кас он роз намекардӣ фош.

Лек он духтари бераҳми палид

Кард бо шўй шабе роз падид,

Гуфт:

— Моми ту маро кушт зи ғам,

Баски бо ман кунад аз кина ситам.

Мо насозем ба як ҷой мақар,

Ё маро дор ба бар ё модар!

Зан чу бо марди ҷавон омезад,

Зол бояд зи миён бархезад.

Ману ў ҷамъ наёем ба ҳам,

Андар ин хайма напоем ба ҳам.

Меравам ман сўи қавм аз бари ту,

Баъд аз ин ин туву он модари ту!»

Писар ин қисса чу аз ман бишунид,

Аз сари қаҳр гиребон бидарид,

Аз дари хайма бурун шуд башитоб

Рафту бо модари худ кард итоб.

Зол аз меҳри ҷигаргўшаи хеш.

Сар ба андеша фиканд андар пеш.

Дил надодаш, ки бигўяд он роз,

Ки мабодо шавад он кор дароз:

Духтар аз пеши писар дур шавад,

Писараш волеҳу ранҷур шавад.

Ҳар чи гуфт он санами кофаркеш,

Зол кард он ҳама дар гардани хеш,

То ҷудоӣ набувад байни ду ёр,

Бегуноҳе ба гунаҳ кард иқрор,

Гуфт:

— Оре, рухи бахтам сияҳ аст,

Ман гунаҳгораму ў бегунаҳ аст.

Рост мегўяду бетақсир аст,

Гунаҳ аз модари бетадбир аст.

Марди бечора чу бишнид сухан,

Рафту бўсид сару сурати зан.

К-эй санам, бахш ба ҳоли табаҳаш,

Бигузар баҳри Худо аз гунаҳаш!

Ҷои шармандагӣ аз он чи шунид,

Тезтар шуд зани бешарми палид

Гуфт:

«Хоҳӣ, ки шавам аз ту ризо,

Дур кун модари худро з-ин ӣо.

Ман дар ин хона нашинам бо ў,

Ман дар ин хона нишинам ё ў!»

Марди нодон зи сари кинаву дард,

Бин, ки бо модари бечора чӣ кард?

Бешае буд дар он наздикӣ,

Шўҳра дар мувҳишию1 торикӣ.

Буд машҳур ба водии сибоъ2

В-андар он аз даду аз дом3 анвоъ.

Водии ҳавлу хатарноку нахуф4,

Ҳамчу дўзах ба махофат маъруф,

0б дар зеру наистон ба забар,

Бар шуда хорбунон як ба дигар.

Он наистон, ки дар ў марг чу най,

Раставу баста камар дар раҳи вай.

Кардӣ ар ғўл дар он беша гузор,

Гум шудӣ дар хаму печи найзор.

Девлохе ки дар он варта зи ҳавл,

Дев бар хеш дамидӣ лоҳавл.

Боғи ваҳше на, ки мулке зи вуҳуш2,

Ҳар тараф ваҳшие афканда хурўш,

Ҷангале пиртар аз даҳри сипанҷ3

Чин ба рухсорааш аз мори шиканҷ;

Чун фалак домани паҳновари ў,

Дидаи гург ба шаб ахтари ў;

Ҳар тараф шери наре наъразанон,

Наърааш заҳрадари пилтанон;

Маҳзари4 қатли ҷавонони далер,

Ҷои мўҳраш асари панҷаи шер.

Фарши роҳаш стухонҳои куҳан,

Дандаву ҷумҷумаву5 соқу лаган.

Карда бар хори раҳш чўҷа ғуроб,

Ошён баста ба талҳош уқоб;

Марзаш аз садмати дандони гуроз!

Ҳар қадам карда даҳони гила боз.

Рўи ҳар санг даде садрнишин,

Пушти ҳар бутта паланге ба камин;

Аз ҳар ишкафтию сумҷе6 пайдо

Аждаре ҳоилу море шайдо.

Шоҳмораш аз сари шохи баланд,

Шуда бар гардани заррофа каманд...

Бабр бишикаста гавазнон ба шикор,

Мезбон гашта ба юзу кафтор.

Ҳар тараф ҷонваре дар таку тоз,

Карда гардан зи, паи тўъма дароз

Рўз ҳар як ба каноре рафта,

Ҳар даде бар буни ғоре хуфта;

Шаб бурун омада аз бақри шикор,

Баста бар роҳравон роҳи гузор.

Шуд савори шутур он кўҳна ҳариф,

Модари хеш гирифта ба радиф,

Ронда ҷаммозаву он моми нажанд1,

Андар он водии торик афканд.

Нону обе биниҳодаш ба канор,

Боз гардид ба наздики нигор,

гуфт:

Золе, ки дилатро хун сохт,

Рафт ҷое, ки араб най андохт.

Шаб шуду наъраи шерон бархост,

Баршуд овои дадон аз чапу рост.

Даст бигирифт зан аз ҳавл ба чеҳр,

Модарона ба лабаш хандаи меҳр.

Зери лаб замзамае соз намуд,

Аз ҷидоӣ гила оғоз намуд.

Шермарде зи саворони далер,

Ки будӣ пешаи ў куштани шер,

Падар андар падараш гурду савор,

Ҳама деҳқонманишу шершикор,

Ҷаъба1 пуртиру ба зеҳ карда рамон,

Ба камар ханҷару дар мушт синон,

Гом бардошт дар он беша хамўш,

К-омадаш замзамаи нарм ба гўш.

Рўй бинҳод бад-он савти хафиф2,

Ногаҳон пирзане дид наҳиф3.

Рўй оварда ба даргоҳи Худо,

Кунад аз меҳр ба фарзанд дуо.

Гуфт:

— Золо, ба чӣ кор омадаӣ?

Андар ин беша магар гум шудаӣ?

Ман бад-ин найзаву ин тиру камон,

Андар ин беша набошам ба амон.

Аз куҷоӣ, зи куҷо омадаӣ?

Шаб дар ин беша чаро омадаӣ?

К-андар ин беша ба ғайр аз ману шер,

Шаб касе по наниҳодаст далер.

Пирзан қиссаи худ боз намуд,

Шиква аз бахти бад оғоз намуд.

Паҳлавон гуфт ба он пири аҷуз,

Ки:

— Ту бо ин ҳама озор, ҳанўз

Мекунӣ боз ба даргоҳи Худо,

Ба чунон золими ғаддор дуо?

Пиразан гуфт бад-ў:

— Эй, сарамард,

Гирди кори ману фарзанд магард!

Гар миёни ману ў шуд шакароб1,

Ту мазан дасту машўрон дигар об,

Ки ҷавон асту ҷавон нодон аст,

Ранҷи ў бар дили ман осон аст.

Толиби шодии ў будам ман,

Паи домодии ў будам ман.

Чунки домод шуду ёр гирифт,

Чӣ зиён, гар зи ман озор гирифт?

Ба хатое, ки набудаст бачиз,

Накашам даст зи фарзанди азиз.

Гарчи дорам ҷигар аз ҷавраш реш,

Бад нахоҳам ба ҷигаргўшаи хеш.

Ҳар чи нохун занам андар дили санг,

Ба чуз ин парда надорад оҳанг.

Паҳлавон гуфт ба хеш аз сари дард:

«Лофи мардӣ чи занӣ? Инак мард!

Шермардон зи ту буданд фигор,

Инакат пиразане кард шикор.

Наррашер аст ва ё пирзан аст,

Пирзан нест, магар шерзан аст!

Бо чунин қалбу чунин лутфу, гузашт,

Метавон бар ду ҷахон султон гашт».

Ҳотифе1 гуфт ки ибром2 бинеҳ

Модар аст ин, дилаш озор мадеҳ!

Инчунин дил набувад дар бари кас,

Ин дили модаракон бошаду бас.

Гар бувад ҳеҷ диле арши Худо,

Бувад он дил дили модар танҳо.

Эй писар, модари худро м-озор!

Беш аз ў ҳеҷ киро дӯст мадор!

Ту чӣ донӣ, ки чиҳо дар дили ўст?

Ӯ туро то ба куҷо дорад дўст?

Нест аз ишқ фузунтар меҳре,

Он ки бастаст ба мўю чеҳре,

Ишқ аз васл бикоҳад боре,

Кам шавад аз ғамею озоре,

Лекин он меҳр, ки модар дорад,

Соя кай аз сари мо бардорад?

Меҳри модар чу бувад бунёдӣ,

Нашавад кам зи азо ё шодӣ.

Кўру кар гардию бемору пареш,

Пиру фартуту фақиру дарвеш,

Момро бо ту ҳамон меҳр баҷост,

Нест ин меҳр ки ин меҳри худост!

Гар набудӣ дили модар ба ҷаҳон,

Одамият шудӣ аз чашм ниҳон.

Маънии ишқ дар обу гили ўст,

Ишқ агар шакл пазирад дили ўст.

Ҳаст фирдавси барин1 чеҳраи мом,

Чеҳраи мом биҳишт аст тамом2

В-оби Кавсар, ки равон афзояд,

3-он ду пистони муборак зояд.

Шохи тўбист қаду болояш,

Хезу сар неҳ ба муборак пояш!..

Вой, агар хандаи густох кунӣ,

Оҳ агар бар рухи ў оҳ3 кунӣ,

Баста модар дили дарвой4 ба ту,

Гар кунӣ вой бад-ў, вой ба ту!

Дили ў ҷўй гарат ақлу закост,

К-он калиди ҳама хушбахтиҳост!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба