«Нахудак» Афсона
Афсона дар тарбияи ахлоқии кӯдакон нақши муҳим мегузорад. «Нахудак», ки яке аз афсонаҳои хеле қадими мардуми мост, меҳру муҳаббат, вафодорӣ, эҳтироми волидайн барин сифатҳои волоро тарғиб мекунад. Умед аст, ки хурдсолон аз мутолиаи он як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебардоранд.
Нахудак
Буд набуд, дар як замоне, дар як маконе як пирамарди дилсоф буду як кампири дилҷӯ. Дардо, ки умри ҳар ду азоби бефарзандӣ мекашиданд. Кампир ҳар рӯз аз ғами бефарзандӣ оҳ мегуфту мисли абри навбаҳор зор-зор мегирист. Пирамард ғам хӯрда, мегуфт, ки «мо назди Худо чӣ гуноҳ кардаем, ки ба мо фарзанде надод. Агар фарзанде медоштем, мисли дигарон тӯй мекардем, ба мардум ошу нон медодем, аз таънаи мардум халос мешудем».
Як рӯз ба таги дарвозаи онҳо «Ҳақ дӯст, ё Аллоҳ, садақа радди бало!»-гӯён гадое омад. Кампир ноне гирифта пеши дарвоза омаду ба гадо нигоҳ кард, ки вай ба гадо он қадар монанд не, як мӯйсафеди қадбаланди нуронӣ, ришаш сап- сафед, асояш тило баринҷило медиҳад.
Дили кампир якбора гарм шуду гум зад. Вай бо умед ба муйсафеди нуронӣ гуфт:
-Шумо одами ҷаҳонгаштаю кордида барин, мо фарзанд надорем, пеши мардум сархаму музтарем, хонаи равшан ба назарамон торик, ҳавлии обод нообод менамояд. Дар ҳаққи мо дуо кунед, Парвардигори оламро раҳмаш биёяду ба мо фарзанде диҳад.
Муйсафед аз хӯрҷинаш як дона себ бароварда ба кампир доду гуфт:
-Ҳамин себро ду пора кунеду як пораашро худатон хӯред, пораи дигарашро ба шавҳаратон диҳед, Худо хоҳад, шумо соҳиби писар мешавед.
Кампир хурсанд шуда ба хона даромаду себро ду ҳисса карда як пораашро хӯрд, чунон бомаза буд, ки дар умраш чунин себи хуштаъм нахӯрда буд. Худдорӣ карда натавонист ва пораи дигарро ҳам хӯрду аз шарм ба пирамард чизе нагуфт.
Нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соат гузашту пиразан писараке таваллуд кард. Аҷабо, хурдтарак мисли нахӯд. Ҳар ду ҳайрон шуданд, пирамард оҳи сард кашида гуфт:
-Мо як умр фарзандгадо будем. Худо оҳамонро шунида раҳмаш омаду фарзанд дод, лекин чаро ин қадар майда-а? Мардум «ҳамин ҳам бача шуд?»-гуфта, ба ҳоли мо намехандида бошанд?
-Ба ҳамин майдача ҳам бояд шукр кунем, - гуфт кампир, - рӯйи фарзандро надида, мурда мерафтем, чӣ мешуд?
Онҳо маслиҳат карда, номи писарашонро Нахӯдак монданду орзу карданд, ки тезтар калон шавад, дастёраки ҳушёру чаққон шавад.
Нахӯдак табъи дили падару модар як бачаи зираку ҳушёру чаққон шуд. Хурсанд шуданд пирамарди дилсофу кампири дилҷӯ. Кампир аз чашма об овардани шавад, Нахӯдак тозон омада: «модарҷон, шумо овора нашавед, ман барои об меравам»-гуфта, кўзаро аз дасташ мегирифт.
Падар ҳезум шикастанӣ шавад, «падарҷон, шумо дам гиред, ман чӯбҳоро мешиканам»-гуфта, табарро аз дасташ мегирифту дар як дам ду-се шоху кундаро майда карда мепартофт. Модараш ҳавлӣ рӯфтанӣ шавад, тозон омада «модарҷон, ҷорӯба ба ман диҳед!»-гуфта, ҷорӯбро мегирифту як ҳавлии калонро об зада, рӯфта, лесида мондагӣ барин тоза мекард.
Одамон медиданд, ки пирамард дигар ба бозор ҳам намеравад. Писарчааш хӯрҷинро ба китфаш партофта, тозон рафта харид карда меояд. Ҳамсояҳо ҳайрон шуда, аз ҳасад «худаш ин қадар майдаю кори се-чор одами калонаро мекунад» мегуфтанд.
Як рӯз пирамард ба саҳро рафту кампир хӯрок пухта бурдани шуд.
-Модарҷон, ман мебарам,-гӯён Нахудак табакро бардошта, болои сар гузошту сурудхонон пеши падараш равон шуд.
Мардум ҳайрон шуда, ба чор тараф нигоҳ мекарданд: ин чӣ хел одам будааст, ки овозашро мешунавему худашро намебинем?! Вақте Нахӯдакро диданд, боз бештар ҳайрон шуданд, ки як бачаи хурдакак як табақи калонро болои сар бардошта, озодона роҳ меравад.
Нахудак ба саҳро омад, табақро дар сари киштзор гузошту ба гандумзор даромада, аз дасти падар досдро гирифта гуфт: -Падарҷон, шумо хӯрок хӯрда дам гиред, ман дарав мекунам.
Дос аз Нахӯдак ду баробар калон буд, дили падар сӯхта гуфт:
-Писарам, ту монда шуда омадӣ, дам гир, хӯрокро хӯрам, худам дарав мекунам.
-Не, падарҷон, ман монда нашудаам, - бо хушҳолӣ гуфт Нахӯдак ва досро гирифта, дар як замон гандумзорро даравида, дарза басту болои ҳам чинда ғарам кард.
Падар хурсанд шуд.
Акнун, ту, Нахудҷони падар, ба хона рав, - хушҳолона гуфт падар, -ман гандумро кӯфта, боду ғалбер карда ба хона мебарам.
Нахудак суруд хондаву бозӣ карда ба хона мерафт, ки дар роҳ овози ӯро гурги гурусна шунид. Гург «ана Худо дод, акнун шикамам сер мешавад»-гӯён сари роҳи Нахӯдакро гирифт.
-Эй, ман туро одами калон гӯям, ту нахӯдак барин майдаяк-ку! Ту хурдакак ҳам бошӣ, ман туро мехӯрам, ҳоло ишкамам нагора менавозад.
-Маро агар хӯрӣ, пушаймон мешавӣ, нотарсида гуфт Нахудак, - бехуда овора нашав, ба ҷойи дигар раву шикаматро сер кун!
Гург ба гапи Нахӯдак гӯш накарда, ӯро як луқма карда фурӯ бурд. Фурӯ бурду зиёдтар гурусна монд. Рафт, рафт, рамаеро дид. Оҳиста, рӯ-рӯйи алаф хазида, баррачаеро доштанӣ шуд, ки Нахудак аз даруни шикамаш дод гуфт:
-Чӯпон, ҳо чўпон, ҳушёр бош, гург гӯсфандатро мехӯрад!
Чӯпон сагҳояшро киш-киш дода, ба сари гург давид. Гурги гурусна гурехта, базӯр халос шуду боз дашту дараро кофта- кофта, як рамаи дигарро дида монд. Боз аз даруни вай Нахӯдак:
-Эй чӯпонҳо, ҳушёр бошед, ки гурги гурусна гӯсфандҳоятонро мехӯрад! - садо баланд кард.
Чӯпонҳо чӯбдасташонро бардошта, ҳайҳуйкунон гурги гуруснаро ронданд.
Гург тамоман беҳол, аз Нахӯдак безор ва аз кардааш пушаймон шуда, ба лаби як чоҳ рафт. Аз ин тарафи чоҳ ба он тарафи чоҳ парида, худашро афшонда буд, ки Нахӯдак аз қафояш ба чоҳ афтид. Гург «ҷонам халос шуд» гуфту гурехта рафт.
Нахӯдак ҳарчанд зӯр зад, аз чоҳ баромада натавонист. Бо умеде, ки ягон кас овозашро шунаваду ба сари роҳ биояд, бо садои баланд суруд хондан гирифт.
Аз наздикии чоҳ рамаи гӯсфандон мегузашт. Садои Нахудак ба гӯши чӯпонҳо расид: «Ин овози аз даруни гург баромадагӣ барин-ку, ин гурги гуруснаи лаънатӣ дар ҳамин ҷойҳо пинҳон нашуда бошад»-гӯён Онҳо ба ҷустуҷӯ даромаданд.
Чӯпонҳо овозро мешуниданд, аммо дар гирду атроф на гургро медиданду на соҳиби овозро.
-Ба лаби чоҳ биёед, ба даруни чоҳ нигаред, - Нахӯдак чӯпонҳоро ба ёрӣ даъват кард.
Зери чоҳ торик буд, ба чашми чӯпонҳо чизе наменамуд. -Нуги чӯбро дароз кунед! - гуфт Нахӯдак аз зери чоҳ.
Чӯпонҳо нуги чӯбдасташонро дароз карданд, Нахӯдак хушҳолона ва саломат аз чоҳ берун омад.
-Ҳамоне ки аз даруни гург садо медод, ту набуди? ҳайрон-ҳайрон ба писараки хурдакак нигаристанд чӯпонҳо.
-Ҳа, ман будам, - далерона гуфт Нахудак.
-Ту гӯсфандҳои моро наҷот додӣ, ташаккур!, - чӯпонҳо ба ивази некӣ ба Нахудак як хурмача қаймоқ доданд.
Нахудак хурмачаро болои сар монду гӯё ҳеҷ воқеае рух надода бошад, сурудхонон ба хона омад.
Падараш кайҳо боз аз саҳро баргашта буд, пирамарду кампир «писарамон гум шуд, ӯро гург хӯрд ё шоғол хӯрд, акнун мо чӣ кор мекунем?», - гӯён гиря мекарданду оби дида мерехтанд. Нохост суруди Нахӯдак ба гӯшашон расид. Хурсандона аз хона баромада, Нахӯдакро сиҳату саломат диданд. Хурсандиашон ҳадду канор надошт, Нахудакро мебӯсиданду мебӯсиданд. Мардум чанд дег оши пирамарду кампирро хӯрда, дар ҳаққи Нахудак дуои нек намуданд. Акнун пирамарду кампир ба Муроду мақсадашон расиданду ба Худованд шукр мегуфтанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё