Зеҳн

Султони қалбҳо

ЗЕ
Зеҳн9 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Бечорагии инсонҳои замони мо дар он зуҳур меёбад, ки бисёре аз меъёри арзишҳои маънавияшонро аз даст дода, бар замми ин нисбат ба паёмбарон, бахусус, нисбат ба Сарвари анбиё, Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фикру тасаввуроташон тағйир ёфтааст. Ҳол он ки Ӯро бо меъёрҳои одии башарӣ арҷгузорӣ кардан дуруст нест. Ва ҳатто номумкин аст. Зеро Ӯ инсонест, ки бо рӯҳу қобилиятҳои мустасно муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҷихати танзим ва тарроҳии дунё ва кушодани уфуқҳои навин баҳри инсоният фиристода шудааст. Аз ин рӯ баҳогузорӣ намудани Ӯ аз меъёрҳои мо болотар меистад. Ҳамин тавр, ҳар касе дар васфи Ӯ ҳар чӣ мегуяд, наметавонад Ӯро пурра тавсиф намояд. Аз ин ҷост, ки яке аз беҳтарин шоирони замони Ӯ Ҳассон ибни Собит (р) мегуяд:

«Ман бо суханонам Муҳаммадро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) насутудам, балки бо зикри номи Ӯ суханонамро ситоиш кардам».

Пас он чӣ суханҳои зеборо зебо сохтааст, мавҷудияти номи ҷалили Ӯ дар он суханҳост. Вагарна суханҳои мо чизе ба зебоии Ӯ намеафзоянд. Суханҳои ба ин монандро бо андаке дигаргуни Абу Таммом гуфта буд ва яке аз мутафаккирони замони мо низ ҳамин суханҳоро дар мавриди Қуръон ба кор бурдааст:

«Ман бо суханони худ Қуръонро васф накардам, балки суханонам аз ҳақоиқи Қуръон зеб гирифтанд».

Ҳамаи ин натиҷаи шуури муштарак ва андешаю тафаккури воҳид аст. Ҳамаи онҳо аз як манбаъ илҳом гирифта, айни суханҳоро бо таъбирҳои гуногун тараннум кардаанд. Агарчи баъзеашон кӯтоҳ, баъзеашон батафсил гуфта ва баъзе шоирона суруда, аммо ҳамагӣ ба даври як меҳвар чархидаанд.

Ҳамчунин мо низ мехоҳем арзи иродат кунем ва имтиёзу ҳушнудии худро баён намоем, ки уммати Ӯ ҳастем. Воқеан ҳар қадар ҳамду ситоиши Парварди горро ба ҷой оварем, кам аст, чун Ӯ Моро бо бузургтарин неъмат сарфароз намуда, ба Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) уммат гардонид. Ин фазли илоҳи аст. Ӯ фазлашро ба ҳар касе хоҳад ва ба ҳар андозае, ки хоҳад, ато мекунад. Аммо он чӣ ба мо ато фармудааст, ба андозае зиёд аст, ки дар ҳеҷ тарозу ва меъёре намеғунҷад ва дар муқоиса бо неъмати дигарон дарёи беканоре аз эҳсон аст.

Вале ин масъала ҷанбаи дигаре ҳам дорад, ки набояд саҳл гирифт: Оё мо дар қалби худ тахти шоистае барои он Султони қалбҳо дорем ё на? Оё Султон дар тахти худ орамидааст? Оё дилҳои мо ҳамеша барои ӯ боз аст? Оё ҳангоми нишастану бархостан, Ў хӯрдану ошомидан ва дар тамоми феълу атворамон фикру мулоҳизаи Ҳазрати Муҳаммадро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар сар дорем? Ва оё тарзи зиндагии мо бо фармудаҳои ӯ мутобиқат мекунад?

Агар ҷавоб мусбат бошад, пас хуш бар ҳоли мо! Зеро дар ин ҳол хобу ҳаёлҳоямон бо чеҳраи зебои Ӯ музайян мегардад ва ин маънои онро дорад, ки мо уммати сазовори муҳаммадӣ шудаем. Ҷамъияте, ки бо ахлоқи муҳаммадӣ мутахаллиқ мешавад ва ҳар сафҳаи зиндагияшро тавассути одоби муҳаммадӣ зиннат мебахшад, он ҷамъият унсури тавозун дар рӯйи замин ба шумор меравад. Ба гумони ман, ягона сабаби ба чунин тавозун даст наёфтани мо аз он иборат аст, ки то ҳол ба сатҳи шоистаи рӯҳу маънии муҳаммадӣ нарасидаем.

Ӯ инсони фавқулоддаест, ки Худованд ба хотири иҷрои ӯҳдадориҳои махсус офаридааст. Ҳамчун як фард ба ҷамъияти мо омадани Ӯ бузургтарин саодат барои инсоният аст. Ҳатто боғҳои ҷаннат аз ташрифи Ӯ шарафманд гардидаанд. Аз ин рӯ ба инсонҳо ба таври шоиста шиносонидани он қомати воло бузургтарин вазифаи мост. Зеро инсоният дар натиҷаи шинохт ва пайравии Ӯ ба манзалати ҳақиқии инсонӣ даст меёбад. Ман ҳамин гуна ният дорам, агарчи аз оғоз қабул мекунам, ки марди ин майдон ва хатиби ин хутба нестам. Аммо ягона орзуям ин аст, ки дар роҳи муаррифӣ ва шарҳи зиндагии Ӯ талош кунам ва дар ин ҷода тамоми ҳунарам аз ҳамин самимият ва нияти холисам иборат аст.

Муддатҳои тӯлонӣ худро «қитмир»-е ба остонаи Ӯ ҳисобида, тасаллӣ меёфтам. Вале бо гузашти чанд муддат умедамро як андоза аз даст додам. Сипас ба худ гуфтам: «Эй кош, аз инсон дида, мӯйе дар тани мубораки Ӯ мебудам. Оҳ, агар метавонистам ба ин ҳад дар наздики инсоне қарор бигирам, ки мазҳари лутфи хоси илоҳист!» Ин орзуи ҳамешагиям буд.

Аммо ҳарчи Ӯро бештар шинохтам, хуб дарёфтам, ки шоистаи чунин мазҳарият нестам. Акнун ҳамаи орзуям аз он иборат аст, ки фарде аз афроди уммати Ӯ бошам. Зеро умедворам, ки Худованд инсонеро, ки дар миёни чунин ҷамъият карор дорад, аз шафоати Ӯ маҳрум намесозад. Шояд ҳикмати «Онҳо ҷамоате ҳастанд, ки ҳамнишинашон ҳаргиз маҳрум нахоҳад монд» маро низ фаро бигирад.

Оре, бо вуҷуди ҳамаи ин банда тасмим гирифтам, ки он шахсияти волоро муаррифӣ кунам ва шарорае дар қалби насли худ биандозам, то оташи муҳаббати Ӯ дар дилҳояшон шуълавар гардад. Чӣ гӯям? Ин ба кӯшиши мўрчае монанд аст, ки қасди зиёрати Каъба мекунад! Ҳамеша ният дорам, ки то поёни умр дар ин роҳ бошам.

Ӯ инсонест, ки ба табақаҳои комилан фарқкунандаи ҳаёт тааллуқ дорад. Он чӣ аз мо тақозо мешавад, ҳамин аст, ки бояд ҳаёти худро бо меъёри ҳаёти Ӯ ҳамоҳангу мутобиқ созем. Вақте ки мутобиқат сурат мегирад, гуфтугӯи сареҳу рамзноке оғоз меёбад, ки идораи он бевосита дар зери назорати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарор хоҳад дошт. Кайфияти ҳузур дар ҷамъияте, ки Ӯ идора мекунад, ба ҳадде улвию зебо ва вораста аз тавсиф аст, ки фариштагонро ба ҳавас меорад.

Шояд ин ба назари баъзеҳо муболиға намояд. Аммо аҷобат надорад, зеро ҳама рӯз се-чор ҷавоне бо чеҳраҳои дурахшон аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) башорат мегиранд. Ва ҳатто баъзеҳо нақл мекунанд, ки бо Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бепардаву беҳичоб ва дар ин олами шаҳодат мулоқот доштаанд...

Ӯ бо рӯҳоният ва ҷисми нуронии худ ҳамеша дар миёни мо аст. Имом Суюти зикр мекунад, ки беш аз ҳафтод маротиба бо Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бевосита дидору гуфтугӯ кардааст. Воқеан Ӯ ба маъние, ки мо мефаҳмем, намурда, балки ба табақаи дигари ҳаёт гузаштааст. Пас даргузашти Ӯро ҳамчун марги инсонҳои одӣ пиндоштан иштибоҳ хоҳад буд. Зеро Куръон таъкид мекунад, ки дар ҳаққи шаҳидон, ки ду дараҷа аз мақоми паёмбарон поёнтаранд, таъбири «мурда»-ро ба кор набарем. Пас чӣ гуна мумкин аст, ки мо ба маънии маъмули ин таъбир дар хаққи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бигӯем, ки ӯ даргузашт. Дар асл, мо фақат метавонем бигӯем, ки Ӯ ба абъоди дигаре гузашт. Аз ин рӯ инсонҳое, ки диду басирати расо доранд, Ӯро дар он ҷо мебинанд ва мушоҳида мекунанд.

Онҳое, ки аз зиндони ҷисму бадан раҳоӣ ёфта, ба авҷи ҳаёти қалбиву рӯҳӣ расидаанд, дар як замон метавонанд ҳам дар гузашта ва ҳам дар оянда зиндагӣ кунанд. Аз ин рӯ афроди ин буъди ҳаёт ҳангоме ки дар канори шумо нишастаанд, метавонанд ҳамзамон дар «Асри саодат» дар ҳузури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қарор дошта бошанд. Гурӯҳи ашхосе аз миёни авлиё, ки ба унвони «абдол» ёд мешаванд, метавонанд, дар як замон дар чандин макон ҳузур дошта бошанд. Пас чаро он Султони анбиё (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар як вақт ҳам дар охират, ҳам дар дунё, ҳам дар назди мо ва ҳам дар баробари малоику анбиё ҳузур напазирад? Албатта ҳузур дорад ва ҳузур хоҳад дошт!

Мехоҳам ҳамаи гуфтаҳои қаблиро зербинои гуфтаҳои ояндаам қарор диҳам. Ҳангоми баррасии мавзӯи паёмбарон ва хусусан, Паёмбари гиромиямон (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нуқтаи назар ва диду нияти инсон хеле муҳим аст. Магар мумкин аст, ки паёмбаронро бо дилу нияти олудаву нопок дуруст дарк намуд? Дар ҳоле ки ҳатто барои дарку эҳсоси авлиё, асфиё, аброр ва муқаррабин сафвати рӯҳ ва покии дилу дида зарур аст...

Пас вақте кӯшиши фаҳмидани онҳоро мекунем, моро зарур аст, ки бо тамоми қобилияту латоифи худ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Бахусус, шинохти шахсияте ҳамчун Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) таваҷҷуҳи бениҳоят хосро тақозо мекунад. Бо вуҷуди ин ҳар як инсон вобаста ба фаросат ва маҳорати чашми дил метавонад ба дарку эҳсоси мавзӯе даст ёбад. Ва касе наметавонад Расули Худоро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо тамоми маъни фаро бигирад. Воқеан шоири машҳур Бусирӣ дуруст гуфтааст:

Ҳақиқати Туро чӣ гуна идрок кунанд, Онон, ки ба хоб тасаллӣ ёбанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба