Хурӯс ва рангҳо.
Расоме расми Хурӯсро кашид, аммо ранг кардани ӯро аз хотираш баровард. Ҳамин тавр Хурӯс ба сайру гашт баромад. Дар саҳни ҳавлӣ ҳама ба ӯ нигоҳ мекарданду механдиданд. Ҳатто чуҷаҳо ҳам.
- Чаро онҳо ба ман механданд? - пурсид Хурӯс аз саг.
- Охир ту бе рангу бор гашта истодаӣ, ба худат як назар кун - гуфт саг. Хурӯс ба сӯи ҳавзчае рафта, акси худро ба об диду гуфт: - Рост, саг ҳақиқатро мегӯяд ва бисёр андӯҳгин шуд. - Ғамгин нашав, - гуфт саг, - ба назди Рангҳо рав онҳо ба ту кӯмак мекунанд.
Ку-Ку - куҷоянд Рангҳо? - қуд- қуд карда садо зад Хурӯс. - Онҳоро аз куҷо ёбам? - Ман ба ту нишон медиҳам - гуфт саг. - Ба ҳамин роҳ рост рав ва ба ягон канор тоб нахур. Аз ҷангал мегузарӣ, аз куҳҳо мегузарӣ, аз дарёву кӯлҳо мегузарӣ ва баъд ба макони Афсона мерасӣ. Дар ҳамонҷо рангҳоро меёбӣ! Хамин тавр Хурӯс ба роҳ баромаду аз паи ҷустанӣ рангҳо шуд ва ба даруни ҷангали торики пурпечу тоб, танҳо ба рост мерафт... Ӯ метарсиду худро медошт, ҳарросашро нишон намедод...
Рубоҳбачаҳо ӯро диданду фарёд заданд: -Модарҷон, модарҷон! Нигоҳ кун - Хурӯсак!
Дар куҷо, кани? - саросемавор пурсид Рӯбоҳ. - Ана вай! Тамоман наздик аст! - гуфтанд рӯбоҳбачаҳо.
Рӯбоҳ Хурӯсро диду гуфт: - не-не ин намешавад. - Чаро намешавад? - қариб гирякунон пурсиданд рӯбоҳбачаҳо. - Ӯ бе рангубор аст. Хурӯси ҳақиқӣ нест! - гуфт модарашон.
Хурӯс бошад танҳо ба рост мерафт ва ногаҳон бо Харгушаки сафед вохурд. - Ба ман бигӯй Харгушак, - дар куҷои Афсона Рангҳо зиндагӣ мекунанд? - Ҳамаи ин ҷойҳо Афсона аст, Рангҳо бошад, дар наздикианд. Ман ҳоло дар назди онҳо будам, - рангуборкунӣ рафта будам.
- Рангкунӣ? - ҳайрон шуд Хурӯс. - Ту тамоман сафед ҳастӣ ку, моманди ман ранге надорӣ.
Не-не, гуфт Харгуш - ман тобистон хокистаранг будам. Дар зимистон бошад, мо харгушакҳо рангамонро сафед мекунем: то ки гург моро дар барфтудаҳо наёбад.
Ҳамин хел Харгушаки сафед, ба Хурӯсак Рангҳоро нишон дод. Хурӯсак ба назди хоначаи рангин омада, дар назди дарича истоду қаннотҳояшро таконда фаррёд зад: - КУ- КА- РЕ- КУ!
- Кист дар онҷо? - пурсиданд аз пушти дар.
- Ин ман, Хурӯс.
Рангҳо ба пешвози Хурус баромада гуфтанд: - Салом Хурӯс, гап зан, барои чӣ марҳамат кардӣ?
Хурӯс сарашро хам карда, таъзим карду гуфт:
- Рангҳо, Рангҳо , ба ман кӯмак кунед!
- Биё, марҳамат кун! - Ман ба ту кӯмак мекунам - гуфт, Ранги Сурх ва тоҷу ришҳояшро ранг кард. Ранги Кабуд бошад - парҳои думашро ранг кард. Ранги сабз бошад - қаннотҳояшро, ва ранги Зард - қафаси синаашро рангубор карданд.
Хурӯсак дар оина нигоҳ карду худро нашинохт. Ин хел хушрӯ!
Хурӯсак ба Рангҳо миннатдории худро баён карду , хурсандона ба хона қадам зад - танҳо ба рост.
Дар ҷангал Хурӯс фарёд зад: КУ- КА- РЕ- КУ!
Рӯбоҳбачаҳо ӯро диданду гуфтанд: - Модарҷон, модарҷон! -Хурӯс баргашта омада истодааст!! Хомӯш! Ман аллакай ба шумо гуфтам, ки ин Хурӯс намешавад, ӯ беранг аст, ӯ ҳақиқӣ нест. - Модарҷон! Ӯ ҳақиқӣ аст - Хурӯси ҳақонии зинда!
Рубоҳ мехост, Хурусакро дорад, аммо дер кард.
Ҳамин тавр Хурӯс ба ҳавлиашон баргашт.
- Акнун ту Хурӯси ҳақиқӣ шудӣ, - гуфт саг.
Дигар ҳеҷ кас ба Хурӯс намехандид, ҳатто чуҷаҳо ҳам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё